JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

    Миллате, ки соҳиби савод ва хиради фитрист, дар гардиш ва табаддулоти ҷаҳон саҳми босазо мегузорад ва пойдору ҷовидон мемонад. Эҷоду ободкорӣ аз фаъолтарин инсонҳо ёдгор боқӣ мемонад. Инсони накӯ аввал манфиаташ ба миллати худ ва баъдан ба ҷаҳон муассир аст. Ҳамеша инсони соҳибақл миллату ватани худро азизу муътарбар медорад. Аввалдараҷа ба ҳар фард марзу буми кишвараш бояд муқаддас бошад.

    Ҳар қавму нажод ва миллате орзу ва таманное дар худ дорад, ки соҳиби сарзамин бошад ё ҳеч не порчае аз заминро дар ихтиёр дошта бошад. Миллати фарҳангофару хирадгустари тоҷик, шукрона, ки дар гузаштаву имрӯз соҳиби марзу бум буду ҳаст. Ва ҷаҳониён ин миллати покнажоду нексириштро эътироф кардаанду қоил шудаанд, ки миллати воҳид ва ҳиссагузор дар пешрафти фарҳанги башарият буда.

 Ба саволи «барои чӣ ҷисмҳо ба Замин меафтанд?», одамон аз замонҳои қадим ҷавоб меҷустанд. Дарвоқеъ ҳангоми аз даст раҳо шудани санг ва ё чизи дигар вай ҳамоно ба поён ба сӯи замин ҳаракат менамояд (меафтад). Барои чӣ?

 Ба ин савол аввалин шуда физики бузурги англис Исаак Нютон (1642-1727) ҷавоби дуруст додааст. Мувофики маълумоти мавҷуда [1] Нютон соли 1666 дар синни 24 солагӣ ба кашфи қонуни ҷозиба муваффақ шудааст. Бинобар он солҳо он қадар дақиқ набудани масофаи Замин ва Моҳ, то дастрас шудани маълумоти дақиқ чопи натиҷаҳои худро мавқуф гузоштааст. Ҳамин тавр, пас аз ба даст овардани натиҷаҳои боварибахш, пас аз 16 сол (1682) ин натиҷаҳоро ба чоп расонидааст. Ба ҳар ҳол ҳоло зиёда аз 300 сол мешавад, ки ин қувваи универсалии табиат ошкор ва қонуни ҷозиба муқаррар карда шудааст. Ин кашфиёти беназир дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад.

     Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз инсоният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз  ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.

  Омӯзиши таҷрибаи дигарон суръати ҳаракати моро баланд мебардорад. Дар пайраҳае, ки мо бояд пеш равем, дигарон пештар аз мо ҳаракат кардаанд ва ҳар хатое, ки дар ин ҷода доштанд, барои мо дарси ибрат буда метавонад. Яъне, такрор накардани хатоҳои онҳо ва пешопеш огоҳ будан аз баъзе мушкилоти мавҷуда дар пайраҳаи мазкур имкон медиҳад, ки вақту маболиғи зиёде сарфа шавад. Ё дар мисоли кишварҳои номуваффақ мо метавонем донем, ки сиёсати иқтисодии онҳо чӣ камбудиҳое дошта буд ва мо онро такрор накунем.

Китобҳо