Ҳар куҷо дар шаҳри мо кӯю хиёбоне бувад,
Пур зи атр аз накҳати зулфи парешоне бувад.
Ҳар куҷо сарве канори боғу майдоне бувад,
Шармсор аз ҷилваи сарви хиромоне бувад.
Метавон кам кошт гул дар кӯчаҳои пойтахт,
К-аз гули рӯ шаҳри мо ҳамчун гулистоне бувад.
Гар парешониву бесомоние дар шаҳри мо
Бошад, он танҳо сари зулфи парешоне бувад.
Инъикоси санъати меъмории миллии мост,
Дар Душанбе ҳар куҷо кохеву айвоне бувад.
Кӯчаҳои пойтахт аз гулрухон гул кардаанд,
Гулшан аст ин шаҳр, ё боғи гулафшоне бувад?
Назрӣ Асадзода
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.