JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Сешанбе, 04 Сентябри 2018 07:56

Фарҳанги китобхониро эҳё кунем

  Шодимуҳаммади Сӯфизода Директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди, докториилми филология, адабиётшинос ва аз пажӯҳишгарони шинохтаи адабу фарҳанги порсии тоҷикист. Дар остонаи «Рӯзи китоб» дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 4-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, атрофи вазъи китобдорию китобхонӣ дар кишварамон бо ӯ суҳбатеороста пешкаши хонанда мегардонем.

Дар таърихи ташаккули илми биология оид ба пайдоиши ҳаёт ва табиати зиндаю ғайризинда бисёр андешаҳои мухталиф баён шудаанд. Масалан, одамони ибтидоӣ чунин ақида доштанд, ки тамоми мавҷудот дорои ҷонанд ва ин ақидаро дар илми муосир анимизм (аз лотинии «onimo» - ҷон) меноманд. Сарчашмаи дигари ақидаҳои қадимаро инчунин, гилезоизм (аз юнонии «gilеo» - модда, шайъ) ном мебаранд, ки мувофиқи ин ақоид ҳаёт моддӣ мебошад. Ба гуфтаи Арасту асосгузори мактаби милетӣ Фалес онҳанрабо (магнит) - ро маҳз ба хотир оҳанро ҷазбиданаш чандир номидааст. Пайравони ин ақида тамоми ҷисмҳои рӯи Заминро зинда ҳисобида, бо ҳамин тафовути ҳаёт ва ҳастиро аз байн бурдаанд. Файласуфи нидерландӣ Бенедикт Спиноза (1632-1677) чунин меҳисобид, ки тамоми сангҳо дорои фикр ва кулли ашёи табиат дорои ҷон мебошад.

Душанбе, 03 Сентябри 2018 07:05

Даҳ дастоварди беназири Истиқлолият

  Дар таърихи 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои Олии ҶТ), қарор ва изҳорот «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

  Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

  Барои муайян кардани он, ки моддаҳои сайёраҳоро бавуҷудоварда пештар дар кадом ҳолат буданд, нақши қонунҳои ҳаракати сайёраҳо хеле муҳим аст. Тахмин мекунанд, ки аввалҳо дар наздикии ҳамвории экваторалии Офтоб абри газӣ мавҷуд буда, он то ба масофаҳои ҳозираи Системаи офтобӣ паҳн гардиду аз ин абр минбаъд сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои Системаи офтобӣ ба вуҷуд омаданд. Имрӯз Система дорои як ситора, ҳашт сайёра бо радифҳояшон, наздики 460 000 астероид (маълумоти соли 2010), 700 кометаи дароздавр, 200 каметаи кӯтоҳдавр, миқдори зиёди метеорҳо (бояд гуфт, ки дар як шабонарӯз ба атмосфераи Замин ~100 млн. метеор ворид мешавад) ва чангу гази байнисайёравӣ мебошад.