Мувофиқи маълумоти расмӣ, содироти кишвар дар соли 2017 133,3 ва воридот 91, 5 дарсадро ташкил дод ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ 30, 2 дарсад ва воридот 69, 8 дарсад мебошад.
Ин нишондиҳандаи хуб аст. Зеро дар солҳои пешӣ содироти кишвар агар танҳо аз ҳисоби алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт, айни замон ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 дарсади соли 2015 - ум ба 30, 2 дарсад дар соли 2017 баробар гардид.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Нозим Нуров иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Айнӣ ва мунавварфикрӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Шеър, қабл аз ҳама, ба ангезиш додани зеҳн, эҳсосу авотиф, такон додани ҷомеа ва бад-ин васила бедор кардани равони хоболуди инсонӣ сари кор мегирад. Шоир ҳама умр талош мекунад, ки ба воситаи шеър ҷомеаро бедору ҳушёр намояд ва ба роҳи худҷӯшӣ ва худсозӣ ҳидоят кунад. Дар ин масири мушкилписанд шоир чашми худро мебандад, то чашми дигарон боз шавад.