JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 26 Июни 2021 04:37

Ваҳдати миллӣ - омили рушди босуботи мамлакат

Муаллиф: Раҳимов Фируз Акбарович
Ваҳдати миллӣ - омили рушди босуботи мамлакат https://www.oxus.tj/sites/default/files/4%20Vahdat%202019.jpg

  Дар таърих бистуҳафтуми июни соли 1997  ҳамчун замони нави  давлатдории Тоҷикистон созишномаи сулҳу Ваҳдати милли ба имзо расид. Мо халқи  ватандӯст  хуб дар ёд дорем, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози соли 1991 баъд аз пошхурии давлатҳои итиҳоди Шӯравӣ  дар  Тоҷикистони азизамон гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт.

  Ба бахти тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси чунин шахсияти бузург, ватандӯст, оқилу доно таърихӣ тақдири давлату миллатро ба дӯши худ грифтаанд. Маҳс бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фирориёнро ба ватан баргардониданд, миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони ҳар як точику тоҷикон сулҳу субот, тинҷиву осудаги, меҳру муҳаббат ва сарҷаъмиро таъмин намуданд. Мо ҷавонони замони истиқлолият шукри он мекунем, ки чунин сарвари далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар дорем. Байтҳои зер намунаи барҷастаи мавқеи устувори мавзӯи сулҳу ваҳдату дӯстӣ дар осори шоирони маъруфи адабиёти классикии тоҷик мебошанд:

Ба пеши бародар бародар ба ҷанг

Наояд, агар бошадаш ному нанг.

                     Абулқосим Фирдавсӣ

Агар пилзӯрӣ в-агар шерчанг,

 Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг.

            Саъдии Шерозӣ

   Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,

      Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.

Ҳусну неруи Ватанро мекунад ваҳдат фузун,

Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.

           Меҳмон Бахтӣ

Дӯстие бояд он гуна ҷуст,

К-он абадуддаҳр бимонад дуруст.

           Хусрави Деҳлавӣ

  Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

         Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

 Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

 

  Дар шароити имрӯза бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кунем”, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наврасону ҷавонони мо дар масири ободкориҳо ва шукуфоии Ватани азизамон –Тоҷикистон эҳсоси баланди дӯстдории миллат ва ин сарзаминро нишон медиҳанд.

  Халқи ватандӯст сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи асосии пешрафти ҷомеа пазируфта ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаем.

  Мо, олимони ҷавон фарзандони Истиқлолият бовари комил дорем, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати азизамон буда ҳамеша кӯшиш намоем, ки заррае ҳам бошад барои тинҷиву осудаги сулҳу субот ободи ватани маҳбубамон саҳми худро гузорем. Дар пеш халқи тоҷик ҷашни бузург дорад 9-уми сентябри соли 2021, ки Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбуби мо 30-сола мешавад, ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири ин Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, пойдории озодиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам балантару балантар бардорем.

  Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун рӯзи сулҳу дӯстӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, аз самими қалб ба Шумо татбиқи нақшаҳои минбаъдаатон, саломатии қавӣ, дар ҳамаи ҷодаи фаъолият корҳои пурсамар баҳри рушди Ватани азизамон таманно дорам. Ба Шумо тансиҳативу хонаободӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ба кишвари азизамон осмони софу беғубор таманно дорам ҷашни 24-мин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамватанони азиз.

Раҳимов Фируз Акбарович

МДИ «МТТИ»-и назди АМИТ

н.и.т., ходими пешбари илм

 

Хондан 1937 маротиба