Рӯзноманигори ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ!
Имрӯз – 3 январ дар рӯзҳои нахустини Соли нави мелодӣ дӯсту бародари гиромии мо – Зоҳиршоҳи Сайфулло ҷашни мелод доранд. Ҷуръату ҷасорати Шумо на танҳо дар навиштану таҳия кардани маводи дархури миллӣ, балки дар муборизаву муқовимат алайҳи нодонию ҷаҳолату хурофазадагӣ сутуданист. Дар зимн, зиёд нафаронеро мешиносему медонем, ки бо хурофогту таассубу ҷаҳолату нодонӣ, ки вабои ҳамаи давру замон маҳсуб мешаванд, созиш мекунанд, ба иддаоҳои хушкандешон посух намедиҳанд, фазлфурӯшиҳои аҳли хурофаро бошавқ гӯш мекунанд ва дар баробари хурофадовариҳо таҳаммулпазиранд, аммо Шумо-Зоҳиршоҳи азиз, новобаста ба синнусоли ҷавонӣ, ҳадафмандона бар рағми тоифаи хушкандешу беҳувияту худбохта теғи андеша баркашида, аз асолати миллӣ меросу арзишҳои аҷдодӣ, меросу фарҳанги бумӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дифоъ мекунед.
(мулоҳизоте иҷмолӣ дар ҳошияи маҳфили илмӣ-фалсафии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)
Ҳамасола дар муҳитҳои академӣ ва муҳитҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ панҷшанбеи ҳафтаи севуми моҳи ноябр Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Одатан, дар Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки бо Қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО таъсис ёфтааст, дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмӣ-пажуҳишӣ бо ҳузури файласуфону мутафаккирон, донишмандону муҳаққиқон ва унвонҷӯёну донишҷӯён маҳфилҳои вежаи ихтисосию фалсафӣ ва нишастҳои илмӣ доир шуда, дар ин замина гузоришҳои илмӣ ва мубоҳисаҳои фалсафӣ ироа мегарданд.
(Паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи файласуф ва рӯшангари миллӣ Исомиддин Шарифзода)
Ҳамасола 11 ноябр мо, дӯстону ҳампешагон дар доираи маҳдуд ҷашни мелоди Исомиддин Шарифзодаро ҳамчун Рӯзи рӯшангарию фарзонагӣ таҷлил мекунем. Ин навъ ҷашнсозию рӯзгирӣ, албатта, рамзист, чаро ки дар имтидоди моҳи ноябр як зумра рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ зодрӯз доранд ва дақиқан, ҳамин рӯшанфикрони ватанианд, ки бори гарони масъулияти ватандорию меҳанпарастӣ ва хурофазудоию рӯшангариро бар дӯш доранд ва ҳаройина бо ҷаҳлу нодонӣ ва таассубу таваҳҳум, ки вабои ҳар давру замон будаву ҳастанд, довталабона муқовимату мубориза мекунанд. Дар феҳристи рӯшанфикрону рӯшангарони миллӣ номи дӯсти донишманди мо Исомиддин Шарифзода низ қарор дорад.
Ноябр, воқеан, моҳи мелоди як зумра фарҳехтагони миллӣ бо шумули устод Бозор Собир (20 ноябр), профессор Саъдулло Раҳим (8 ноябр), файласуф Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), инсоншинос Исомиддин Шарифзода (11 ноябр) ва дигарон аст. Мутаассифона, шоири шаҳири миллӣ устод Бозор Собир (1938-2018) ва фарҳангшиносу киношиноси маъруфи ватанӣ профессор Саъдулло Раҳим (1951-2024) миёни мо нестанд ва ба абадият пайвастанд. Ёдашон бахайр ва хотираи некашон гиромӣ бод! Бо истифода аз фурсат тамоми фарҳехтагону зиёиёне, ки дар ин моҳ зодрӯз доранд, самимона шодбош мегӯем.
Дар зимн, дар қатори зиёиёну донишмандони саршиноси миллӣ, ки ноябрмоҳ ҷашни мелод доранд, Меҳр Собириёни мо ҳам қарор дорад ва аввали моҳи ноябр, дақиқтараш 8 ноябр ҷашни мелоди ин дӯсту ҳамепешаи меҳанпарасту фарзонаи мост. Меҳр аз ҷумлаи нафарони саршиноси миллист, ки бо вежагиҳои мутафовите назири мавқеъгирии миллӣ, биниши фалсафӣ, сахткӯшии доимӣ ва дидгоҳи илмӣ миёни дӯстону ҳамназарони мо соҳибэҳтиром гардидааст. Илова бар ин, дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохуриҳо, нишасту маҳфилҳо, баҳсу мунозираҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии Меҳр Собириён, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти бардавоми ӯ шакл гирифтаанд, буруз мекунанд ва ҳайсияти илмию эҷодӣ ва миллии ӯро ба намоиш мегузоранд.