JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад.

Сешанбе, 30 Январи 2018 12:19

Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ

Муқаддима

  Сарфи назар аз қонуниятҳои раванди воқеоти ҷамъиятӣ, ки ногузир будани онҳо барои рушду такомули муносиботи ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар шаклгирӣ ва натиҷаи амали  сиёсӣ нақши фавқулода муҳимро мебозанд. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи "абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқро" тақозо мекунад.

  Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси мақола  баъзе аз паҳлуҳои назариявӣ ва амалии субъекти сиёсӣ дар чаҳорчӯби манфиатҳои амнияти миллӣ  мебошад.

Сешанбе, 30 Январи 2018 10:21

Равони инсон

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Маркази антропологии АИҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Муҳаммадалӣ Музафарӣ иштирок намуда. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Равони инсон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Душанбе, 29 Январи 2018 03:08

Шоҳмот – варзиши фикрӣ

  Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.