JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 31 Августи 2017 06:32

Фалсафаи зиндагӣ

 Қисми зиёди мизҳои чойхонае, ки онро баъдтар ба мақсади афзудани даромад ба ошхона табдил доданд, банд буд. Дар сари ҳар миз ду-се касӣ, гоҳо чортанӣ нишаста, аз ҳар боб, бештар аз хӯрдану хуфтан, умри ғаниматро бо дилхушӣ гузаронидан, ҷону танро ранҷу азоб надодан ҳарф зада, гӯё озмуни меъдаи худро пур кардан доштанд. Мизҳоро шаробу кабоб, помидору бодиринг, кабудӣ, чакка, меваҷот ва дигар хӯришҳо зеб мебахшиданд.

  Бисёрзанӣ ё худ полигамия падидаест, ки дар ҷомеаҳои ибтидоӣ пайдо шуда, то ба имрӯз дар баъзе ҷомеаҳо боқӣ мондааст. Ин ҳамон расмест, ки як мард метавонад чанд зан гирад. Бо расидан ба асри санъатӣ ва боло рафтани огоҳиҳои инсон бисёр ҷомеаҳо аз ин расм даст кашидаанд. Танҳо дар баъзе минтақаҳо боқӣ мондааст, ки бештар вобаста ба боварҳои динӣ-хурофотӣ аст. Қудсияти ин боварҳо сабаб шудааст, ки ин одат баррасии дуруст намешавад ва аз миёни ин ҷомеаҳои боварманд бардошта намешавад.

Рӯзи 28-уми августи соли ҷорӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 70-солагии Истиқлолияти давлатии Ҳиндустон баргузор гашт. Конфронс дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор шуда, академик Юсуфшоҳ Яқубшоҳ дар мавзӯи “Панҳшавии дини будоӣ аз Ҳиндзамин ба Тоҷикзамин” маърӯза кард.

Сешанбе, 29 Августи 2017 05:15

Гардиши айём

  Шавкат Азизии ҳаштодупанҷсола, ки шаст соли умраш ба умеди кушодани гиреҳҳои риштаи илми интихобкардааш сарф шуда буд ва ҳанӯз ҳам нохуни баланди фаҳмаш имкон медод, ки уқдахои вонагаштаро во кунад, бори ҷисми пиронаашро ба пушт, ба рӯи кати дукасаи назди мизи кориаш партофта, чашмонашро тамоми рӯз ва то як ҳиссаи шаб аз шифти хона намеканд. Ба як нуқтаи номаълум, ки асрорашро Худо медонисту худаш, нигоҳи андешаомез медӯхт ва дар ин миён гоҳ-гоҳ лаҳзае хобаш мебурд. Баъди бедор шудан боз нури нигоҳашро ба шифт фиристода, мехост на танҳо ҷои сояафтодаи шифтро, балки фарш, дару девор ва хонаву ҳавлиро равшан кунад. Алқисса мехост, ки тамоми қаламрави диёрашро нуристон бубинад. Вале ба тани орзуяш ҷомаи амал пӯшонда наметавонист. Фақат дар як гӯшаи дури диёр охирин дастаи рӯшаниро медид, ки гӯё аз нурҳои офтоби майл ба ғуруб нишонае дошт.Ва дар ин миён беихтиёр зодгоҳаш ва ҷиянаш Ҷовид ба ёдаш меомад.Суффаи таги дарахти рӯи ҳавлиаш аз ин кати ҳоло хобидааш мулоимтар метофт.