JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 24 Ноябри 2017 08:41

НОМАИ КУШОД ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ

Муаллиф:

 “Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрӯзхо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурхонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумхурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш  борони тухмату бухтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел норохат намудааст, ки  ӯ  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шахри бостонии мо иснод меорад.  Бо мақсади пешгирӣ аз бадномсозии минбаъдаи диёрамон  мо  — як гурӯх сокинони шаҳр тасмим гирифтем, бо номае ба сафири Ҷумхурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда,  асли ин шахсро барояшон  тавзех дихем.

 Баъди иншои нома  гурӯхи мазкур банда — Юлдошев Илхом Эргашевичро муваззаф намуд, ки онро ба ҷаноби сафир расонам. Онхо бароям рохпулӣ ҷамъ намуда, мусофирбареро киро карданд ва  ман рӯзи чоршанбе, 17-уми октябри соли 2017  озими шахри Душанбе гаштам. Ду ағбаю ду нақбро гузашта ба пойтахт расидам. Ба хастагӣ нигох накарда, соати 14.00  ба Сафоратхонаи Ҷумхурии Исломии Эрон рафтам ва аз шахсони масъул хохиш кардам, ки ба ҷаноби сафир хохиши маро расонанд. Баъди чанд дақиқа як корманди эронии Сафорат баромада шахсияти ман, чӣ кора буданам ва мақсади вохӯриамро бо сафир пурсид. Худро муаррифӣ намудам ва гуфтам, ки аз номи гурӯхи сокинони шахри Истаравшан ба   ҷаноби сафир    номае дорам, ки тибқи хохиши аксарият  онро бояд  шахсан ба номбурда расонам. Корманди Сафорат изхор дошт, ки «Ҷаноби сафир масруф хастанд ва Шумо    бо рақами 4888810 дар тамос шавед, бароятон  мерасонанд, ки эшон Шуморо кай мепазиранд»… 

Ба ин рақам занг задам, аммо натавонистам бо касе пайваст шавам. Маҷбур шудам   боз ба Сафорат равам. Боз хамон нафар  маро қабул кард ва гуфт, ки «рақами телефон иштибох шудааст ва дар асл ин рақам 48888610 мебошад. Ҷаноби сафир холо нестанд, давоми рӯз занг занед, натиҷаашро ба Шумо хоханд гуфт». Рӯзи дигар занг задам, нафаре аз кормандони эронии Сафорат гӯширо гирифт ва чун мақсадамро изхор кардам, посух дод, ки «Ҷаноби сафир  хеҷ касро ба хузур намепазиранд. Ман бошам, вақт надорам. Холо як корманди тоҷики Сафоратамонро даъват мекунам,  то арзи Шуморо бишунавад»…

Чун дидам муроде хосил намешавад, хайрону музтар  мусофиркашеро кироя намудам, ду ағбаю ду нақбро гузашта, хастаю бемадор  ба шахри Истаравшан баргаштам.

Дар рох як фикр хеҷ оромам намегузошт, ки «чаро сафири  кишвари бузург, танхо дар Душанбе фахмидам номаш оғои Фағонӣ будааст, як омӯзгори одиро, ки бо хохиши гурӯхи шахрвандон наздаш омадааст, қабул намекунад, вохӯриро бо ӯ ор медонад, вале дар мамлакаташ  Кӯри Юнусро, ки давлати хамдину хамзабонашонро пайваста сиёх мекунад,  дар сатхи болотарин  пазируфта, шароити кору зиндагиашро дар қаламрави кишвар фарохам месозанд. Ин чӣ муаммост?»

   Чун ба шахри Истаравшан расидам, ба сокинон вазъро фахмонидам ва тасмим гирифтем, ки номаро дар расонахо нашр кунем. Шояд ҷаноби сафир вақт пайдо намуда онро мутолиа мекунад. Боқӣ қазоват аз онхост”.

 

БА САФИРИ ҶУМХУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶҶАТУЛЛОҲ ФАҒОНӢ

 

Мухтарам ҷаноби сафир!

Аввалан, мо — муаллифони нома салому паёми худро аз номи сокинони шахри Истаравшан, ки баёнгари андеша ва раъйи онон мебошем, ба Шумо ва дар симоятон ба тамоми мардуми Ҷумхурии Исломии Эрон арза медорем.

Истаравшаниёнро бо мардуми Эрон таърих ва фарханги муштарак ба хам мепайвандад. Ин муштаракот водор месозад, ки хомӯшӣ ихтиёр накунем ва бо ин нома рӯ ба Шумо орем. Намедонем то кадом андоза мурољиати мо боиси пазироиятон қарор мегирад, вале навиштани ин нома ва бад-ин васила шикастани оромии бадтар аз марг, ки тӯли солхои зиёд давом дорад, қарзи шахрвандӣ ва номуси ватандории мост.

Ҷаноби сафир! Шумо ва хар фарди рӯшанзамири Ҷумхурии Исломии Эрон таърихи шахри бостонии Истаравшанро хуб медонед. Он яке аз қадимтарин шахрхои Осиёи Марказӣ ва дуввумин шахри азими вилояти Суғд аст, ки таърихи зиёда аз 2500-сола дорад. Шояд шумо инро хам хуб медонед, ки асосгузор ва меъмори ин бостонзамин Куруши Кабир буда, шахр бо номхои Курушкадаву Киропол (асрхои 529—559 пеш аз милод) шухрат ва махбубияте миёни мардуми Тоҷикистон ва хориҷӣ он дорад. Махз ин шахр ва мардуми шуљоъю механпарасташ ба хуҶумхои пайдархами Искандари Мақдунӣ муқобилиияти шадид нишон доданд. Ин сарлашкар дар ин сарзамин маҷрӯхгардид ва танхо бо макру хила, мухосираи дурудароз ва баъди овардани нерӯхои иловагӣ вориди Киропол гашта буд.

Шояд инро хам хуб медонед, ки мардуми баномус ва далери Истаравшан дахсолахо алайхи арабу муғул мубориза бурдаанд. Шумо шояд ёдномахои фармондехони русро дар мавриди хаштод рӯзи пайкори мардуми далери Истаравшан алайхи лашкари Русияи подшохӣ ( аз 2 октябри соли 1866), мутолиа карда бошед. Пайкор дар рохи покии дину оин ва номи неки ватан, пос доштани рӯхи аҷдоди мубориз хамеша шиори истаравшиниён буд, хаст ва мемонад.

Истаравшан (Киропол, Курушкада, Уструшана, Ӯротеппа) ватани бузургони илму адаб чун Шиблӣ, Шахдӣ, Зуфархон Ҷавхарӣ, академикхо Ахрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Улмас Мирсаидов, Пӯлод Бобољонов, Хуршеда Отахонова ва қахрамонони арсаи кору пайкор Набӣ Акрамов, Камол Охунов, Сабохат Ҷамолова ва садхои дигар аст, ки на танхо боиси фахри хамдиёрон, инчунин кишвару хориҷи онанд.

Ҷаноби сафир! Гумон мекунем шумо хадафи моро аз ин муқаддима дарк кардед. Мо мехохем, ки хокамон, ватанамон чун забонамон, ки орӣ аз тасаллути олоишхост, пок аз онхое бошад, ки мехоханд бар домони мардуми диёрашон доғ гузоранд. Инро мехохем тавассути Шумо ба онхое, ки лофи хамзабонию хамдиниву хамфархангӣ зада, чун воизон дар минбар якею паси парда харфхои дигар мегӯянд, бирасонем.

Акнун ба сари мақсад меоем. Сухан дар бораи Сайидюнус Бурхонов ном шахсе меравад, ки дар Ҷумхурии Исломии Эрон панох бурдааст ва бо истифода аз тахаллуси Истаравшанӣ мардуми моро бадном месозад. Мо ба ақидаи ӯ, роху равиши ӯ, хадафхои нопоки ӯ кор надорем. Вале намехохем ва нахохем гузошт, ки бадгухаре бо бори накбати худу аҷдод номи поки Истаравшан — сарзамини мардуми механпарасту покизаимонро доғдор созад. Мо намехохем нохалафу луъбатаки дасти дигаронро кишвари хамдину хамзабоне чун Эрон намояндаи миллати мо, шахри мо донад ва истифода аз ӯ кунад.

Истаравшаниён имрӯзу дирӯзи Сайидюнус Бурхоновро хуб медонанд ва мехоханд, ки Шумо ва мардуми Ҷумхурии Исломии Эрон низ онро донанд.

Бобои Сайидюнус — Бурхон дар замони қахтию гуруснагӣ, ки мардум нони хӯрдан надошт, вазифаи мудири анборро бар дӯш дошт. Ба иқтизои нафси бад гандум медуздад ва ба хотири рӯпӯш кардани афъоли ноҷо анборро оташ мезанад. Барои ин амал ӯро хабс ва дах сол ба Сибир бадарға месозанд.

Мева аз дарахт дур намеафтад. Падари Сайидюнус Аббос низ миёни мардуми Истаравшан бо аспдуздӣ «шухрат» дорад. Ӯ аспхоро дар ТоҶикистон дуздида, дар кишвари хамсоя мефурӯхт. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Сайидюнусе, ки мехохад номи Истаравшанро доғдор кунад, кист, бо як овоз мегӯянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чӣ гуна, падар намуна» мегӯяд мақоли мардум.

Сайидюнус, ки аз камсаводӣ натавонист тахсилро дар омӯзишгохи касбӣ идома дихад (аз ин даргох ронда мешавад), рохи осонро интихоб менамояд ва аз «баракат»-и замона мулло мешавад. Ӯ бо фиреб духтари устодаш мулло Маъруфро ба занӣ мегирад ва хамсарашро ба тӯдаи тундгароёни салафӣ ҷалб месозад. Ин зани соддаи фиребхӯрда дар хамсоякишвари Тоҷикистон ба махбас афтода, дар ғурбат, дур аз фарзандон ғамбемор дар зиндон ҷон медихад. То хол хешу табори ин зани ба доми фиреб афтода дар Ҷустуҷӯи Сайидюнус Бурхонов хастанд, ки дар диёри мо бо номи “Кӯри Юнус” хам маъруф аст.

Фитнахои ин «дӯст»-и кишвари Шумо бо ин анҷом намеёбад. Ӯ бо фиреб Сангова Сумаяи 17-сола, сокини Истаравшанро барои тахсил ба Қуми Эрон мебарад. Ханӯз замони дар зиндон будани зани аввалаш ин духтари дар мусофират танхою рахгумзадаро бо ваъдаи хонаи ободу зиндагии хуш ба никохи худ медарорад. Як сол бо ӯ зиндагӣ карда, сохиби духтар мешавад. Муддате пас Сайидюнус аз Сумая хам ҷудо мешавад. Холо ин зан бо кӯдакаш бесохибу хайрон ва сарсону саргардон аст.

Сайидюнуси мулломаоб хангоми дар Тоҷикистон будан ба тиҷорати маводи мухаддир машғул шуда, бо хазор найранг хешу таборашро хам ба ин кор сафарбар намуд. Ба хотири пулу сарват бародараш Бурхонов Юсуф Аббосовичро ба қочоқи маводи мухаддир ҷалб кард ва охирин беш аз 5 сол пушти панҷараи зиндон қарор дошт. Бародари дигараш — Бурхонов Мансур Аббосовичро барои тахсил ба Мозандарони Эрон фиристод, ки соли 2002 бо ҷурми дастдорӣ дар ҷиноятхои бо экстремизм алоқаманд ба муддати 12 сол аз озодӣ махрум гашт. Баъдтар авф гашта бошад хам, ба қочоқи маводи мухаддир даст зада, бори дигар ба махбас афтод.

Тавре мебинем, Сайидюнуси Истаравшанӣ на онест, ки худро дар шабакахои интернетӣ аз Эрон Ҷилва медихад. Ӯ онест, ки Хофиз гуфта:

Воизон, к-ин Ҷилва дар мехробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кор дигар мекунанд.

Ҷаноби сафир! Умедворем, ки Шумо чехраи Сайидюнус Бурхоновро, ки чун сутури аз гала мондаи аз охури бегона ба серӣ алаф хӯрда, аз ҷониби сохиби охур ба майдони шабакахои интернетӣ ба «харбу зарб» андохта шудааст, хуб шинохтед.

Сити муохадаи дӯстиву бародархондагӣ дар байни кишвархои мову Шумо то ба фалак равад хам, ба ин наздикихо ин сутур сар аз охур бардоштанӣ нест. Мутаассифона, сохибонаш хам ҷонвари камхарҷро дигар рахо карданӣ нестанд!

Боиси таассуфи мо, сокинони Истаравшан аст, ки ҷойи ахли фазли кишвархои моро, ки тӯли таърих тавассути офаридахои Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Хофизу Саъдӣ сухбатхо доштанд, хамакнун Сайидюнус (Кӯри Юнус, бачаи Аббоси аспдузд) аз авлоди нихоят бадномшудаи Истаравшан гирифтааст!

Ҷаноби сафир! Бигзор, Сайидюнус Бурхонов нависад, гӯяд, харчи ихтиёри хоҷагонаш бошад, аз сарзамини Эрон он кунад. Хадаф аз номаи мо танхо як чиз аст: номи Истаравшани азизи мо, ки ифтихор аз қахрамонӣ, механпарастӣ фазилату маърифати фарзандонаш дорад, аз исми Сайидюнус – зодаи хонадоне, ки бобояш ба Ҷурми дуздии нони мардум, падараш ба аспдуздӣ, худаш муҷиби ҷон додани зане дар махбас, занҷаллобӣ, дар нимарох монондани хамсару фарзанд, сабабгори бо экстремизму қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудани бародарон гаштааст, бардошта шавад.

Ба он далел ки Сайидюнус Бурхонов дар панохи Ҷумхурии Исломии Эрон қарор дорад, Шумою руасои кишвари Эронро хосторем дар кори хайр – гирифтани тахаллуси «Истаравшанӣ» аз номи Сайидюнус мусоидат намоед.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Паёми Истаравшан» №40 (9250) аз 20.10.2017 с.

Хондан 1854 маротиба