JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 17 Ноябри 2017 09:49

Феномен (падида)-и Эмомалӣ Раҳмон

Муаллиф:

«Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод,балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд»

                                                          Эмомалӣ РАҲМОН

   Дар таърихи инсоният аксари халқҳои мутамаддин ва давлатҳо дар марҳилаҳои гуногуни таърихии хеш ҷангҳои шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, чуноне ки аз таҳлили таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ бармеояд, аслан дар заминаи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, психологӣ, этникӣ ва миллӣ ба вуқӯъ мепайванданд.Агар таърихи асри XX халқи тоҷикро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки  аксар заминаҳои зикргардида дар ҳаёти халқи  тоҷик ҷой доштанд.

  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ аз нигоҳи иқтисодӣ яке аз ҷумҳуриҳои қафомонда маҳсуб меёфт. Сиёсати рушди сохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, бо назардошти хоҷагии халқи мамлакати абарқудрат Шӯроҳо амалӣ мегардид.Маҳз аз ин лиҳоз инфрасохтор ва низоми коммуникатсионии Тоҷикистон дар байни минтақаҳои табиӣ - иқлимӣ ва ҷуғрофӣ  ба таври гуногун тақсим шуда буд. Масалан, дар тӯли   соли тақвимӣ вилояти Суғд, ноҳияҳои водии Зарафшон, Бадахшони Кӯҳӣ,  водии Ҳисор, гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм аз ҳамдигар,инчунин аз пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе ҷудо буданд. Аз ин рӯ, рушди нобаробари иқтисодӣ-иҷтимоии минтақаҳо, ки дар заминаи омилҳои таърихиву табиӣ-иқлимӣ асос ёфта буданд, заминаҳои неругирии анъанаҳои маҳалгароиро махсусан, байни зиёиёни ҳизбӣ, эҷодкор ва илмӣ ташкил доданд.

  Махсусиятҳои вазъи демографӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX ба болоравии шумораи аҳолии аз истеҳсолот дур ва дар ибтидои солҳои 90-ум ба бекории амиқ оварда расонданд, низ омили муҳими тезутундшавии вазъи иҷтимоӣ, пурқувватшавии бархӯрди шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалли ҳамаи масъалаҳои зикршуда  ба дӯши худи халқ, арбобони сиёсӣ ва пешвоёни миллат  вогузор гардид.

  Омили берунӣ низ дар вусъати муноқишаи миёни тоҷикон таъсири худро расонд. Агар иштирокчиёни асосии “бозии бузурги шоҳмот” дар саҳнаи байналхалқӣ гирифтори густариши минбаъда ва таҳкими мавқеи хеш дар ҳудудҳои лагери сотсиалистии собиқ ва ҷумҳуриҳои қисмати аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ бошанд, пас “бозингарони миёна” имконияти густариши таъсири сиёсиву иқтисодии хешро ба гӯшаҳои ҷанубии ҳудудҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Осиёи Марказӣ ва Моварои Қавкоз аз даст надоданд. Тоҷикистон барои онҳо баҳри ба даст овардани ҳадафҳояшон, пеш аз ҳама, ҷиҳати тарғиби идеологияи хеш, истифодаи минбаъдаи ҳудудҳои Осиёи Марказӣ баҳри манфиатҳои иқтисодии худ ва минбаъд воридшавӣ ба ҳудудҳои Россияи Ҷанубӣ мувофиқ буд.

  Ҳамин тавр, воқеаҳои таърихии  солҳои 1991-1992, ки бо омилҳои дохилӣ ва берунии дар натиҷаи чораҳои мушаххаси баъзе давлатҳои исломӣ ҷиҳати густариши таъсири хеш дар харобаҳои собиқ империяи Шӯравӣ амиқгардида  асос ёфтаанд, ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд.

  Лозим ба тазаккур аст, ки ба ивази хароҷоти зиёди моддиву маънавӣ, инчунин муборизаи қаҳрамонона ва ҷонбозиҳои бемисл, халқи тоҷик тавонист, ки таҷовузи минбаъдаи экстремизм ва терроризм, ҷараёни мутаассиби динӣ ва густариши тартиботи истибдодии диниро на фақат аз Осиёи Марказӣ, балки аз тамоми қисматҳои ҷанубу шарқии қитъаи Авруосиё боздорад. Муқоиса ва таҳлили амиқи воқеаҳои таърихии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баръало нишон медиҳанд, ки бо муваффақият пайдо кардан ва нерӯманд шудани ҷонибдорони тартиботи конститутсионӣ ва заиф гардидани гурӯҳҳои яроқноки лӯхтакмонанди экстремистӣ, ин кӯшишҳо ба минтақаи Қафқоз, ба хусус ба Ҷумҳурии Чеченистон интиқол меёбанд.

  Дар тамоми давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ-Шӯроҳо ва органи олии қонунбарор Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон маҳсуб меёфтанд. Баъд аз қабули “Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ” мамлакати мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва ҳокимияти қонунӣ дар тамоми қишрҳои идоракунии давлатӣ Шӯроҳои депутатҳои сатҳҳои гуногун ба ҳисоб мерафт.

  Ҳамин тавр, органи олии қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шӯрои Олӣ, ки аз ҳисоби депутатҳои халқӣ бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ  таркиб ёфтааст, дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ягона ҳокимияти қонунгузоӣ буд. ҲКИШ ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ҳанӯз дар давраи бозсозӣ, вақте ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон институти президентӣ таъсис ёфт, заиф гардида буданд. Маҳз Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар иҷлосияҳои худ бо роҳи овоздиҳии вакилон  президентҳои мамлакатҳои хешро интихоб карданд.Истеъфои Президенти ИҶШС Михаил Сергеевич Горбачёв ва гузариш ба шакли парламентии идоракунӣ дар Федератсияи Россия ба таҳким ва болоравии дараҷаи қонунии Шӯроҳои Олии вакилони халқӣ  имконият дод. Дар Тоҷикистон маҳз парламент-Шӯрои Олӣ тибқи конститутсияи вақт истеъфои президент Қаҳҳор Маҳкамовро қабул кард. Дар давраи байни истеъфои Қ. Маҳкамов ва интихоботи нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз Шӯрои Олӣ идоракунии кишварро ба уҳда дошт. Интихоби президенти навбатӣ Раҳмон Набиев бесамарии шакли президентии идоракуниро дар вазъияти мушаххаси  таърихии Тоҷикистон  маълум кард. Намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба фалаҷ шудани ҳокимияти Раҳмон Набиев оварда расонданд. Ҷустуҷӯи василаҳои баҳамоӣ бо роҳи таъсиси шаклҳои гуногуни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва гуфтушунидҳои намояндагони неруҳои даргир натиҷаи дилхоҳ надоданд. Пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ миёни гурӯҳҳои гуногуни муқобилияткунанда, ташкилотҳои ҷамъиятӣ- сиёсӣ ва ҷамоаҳои динӣ-фарҳангӣ ҳалли тақдири таърихии ҷамъият аз нав ба уҳдаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ во гузошта шуд. Мураккабӣ ва зиддиятнокии вазъи сиёсӣ зарурияти даъвати иҷлосияи Шӯрои Олиро берун аз шаҳри Душанбе ба миён овард. Ҳамин тавр, Шӯрои Олӣ ба боварии халқ сазовор гардида, роҳҳои аз буҳрони сиёсӣ берун кардани ҷамъиятро меҷуст. Акнун роҳҳои ояндаи раванди таърихӣ аз иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буд.

  Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар шароити набудани роҳбари давлат оғоз кард. Дар ҷараёни иҷлосия, баъд аз мубоҳисаҳои зиёд ҷиҳати идомаи иҷлосия, институти президентӣ барҳам дода шуда, раиси Шӯрои Олӣ  ҳамчун роҳбари давлат аз нав интихоб гардид.

 Шакли президентии идоракунии давлат мутамарказонидани ҳокимияти васеъро дар ихтиёри шахси интихобгардида, ки барои қабули қарорҳо ҷавобгариро ба уҳда дорад, пешбинӣ менамуд. Дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ миёни гурӯҳҳои даргир  нигоҳ доштани чунин шакли идоракунӣ барои давлати тозабунёд на танҳо каммаҳсул буд, балки мураккабии вазъи сиёсиро дар дохили ҷамъият амиқ мегардонд. Дар иртибот ба ин, шакли парламентии идоракунӣ, вақте ки қарори қабулкардаи роҳбари мамлакат бо намояндагони халқ мувофиқа карда шуда, дар натиҷаи овоздиҳии вакилони халқ амалӣ мегардад, ягона шакли мувофиқ ба ҳисоб мерафт.

  Хушбахтона, Иттиҳоди мухолифини тоҷик беоқибатии мавҷуд набудани ҳокимияти қонунӣ ва роҳбари давлатро дарк карданд. Вакилони халқии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манфиатҳои мухолифинро ҳимоя мекарданд, низ ягона роҳи ҳалли  мушкилотро дар интихоби роҳбари нави давлат медиданд. Роҷеъ ба чигунагии нуқтаи назари онҳо, воқеаҳои солҳои 1993-1997   гувоҳӣ медиҳанд.

  Имкониятҳо ва махсусиятҳои характери пешвоёни сиёсии давраи оғози ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ва давраи Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил ва баҳогузорӣ намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки интихоби вакилони халқӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ба вазифаи роҳбари парламенту давлат, боақлона, қонунӣ буда, аз мантиқи таърих бармеояд.

  Ҳамин тавр, Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари нави давлатро интихоб кард. Ба ин вазифа роҳбари 40-солаи вилояти Кӯлоб, ки қаблан роҳбарии яке аз хоҷагиҳои пешқадами минтақаи ҷанубии мамлакатро ба уҳда дошт - Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Роҳбари нави мамлакат, ки дар оилаи деҳқон ба воя расида буд, мактаби меҳнати ҷисмонӣ ва хизмати ҳарбии сесоларо дар сафи Кувваҳои ҳарбӣ- баҳрии уқёнуси Ором гузашта, таҷрибаи бои зиндагӣ дошт. Ӯ оиладор, соҳиби писарону духтарон буда, наздикони худ-падар ва бародари калониашро аз даст дода буд. Хамроҳи халқи худ солҳои вазнини оғози ҷанги шаҳрвандиро таҳаммул карда, аз хатарҳое, ки ба ҳаёти ӯ баҳри истиқрори сулҳ дар замини тоҷикон ва ояндаи дурахшони фарзандону халқи азизаш таҳдид мекард, натарсид. Саломатии бардавом, ҷасорат ва диловарӣ, заковат, меҳнатдӯстӣ ва матонат, ки ба ӯ аз табиат эҳдо шудаанд, барои фаъолияти муваффақи ӯ ба сифати Роҳбари давлат ва дар оянда ба сифати Пешвои миллат воқеан ҳам, кӯмак расонданд.

  Дар он рӯзҳо савол ба миён меомад, ки “оё ҷавоне, ки таҷрибаи давлатдорӣ надорад, метавонад ҷумҳуриро идора намояд?” Аксарияти депутатҳо ва пешвоёни минтақавӣ  ба интихоби Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо мақсади боздоштани хунрезӣ ва ба воситаи ӯ барқарор намудани вазъияти нисбатан муътадили сиёсӣ розӣ шуда буданд. Онҳо ҳалли бомуваффақиятонаи вазифаҳои иқтисодӣ ва сиёсати хориҷиро таҳти сарварии сиёсатмадори ҷавон ғайриимкон гумон карда, худро дар “тахт”- и Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол медиданд.

  Аммо Эмомалӣ Раҳмон тамоми хусусиятҳои беҳтарини роҳбари давлатро дар ҳалли масоили сиёсати дохилӣ зоҳир карда, ҳамчун дипломати соҳибтаҷриба  дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ баромад намуд. Ӯ сиёсатмадори ботаҷриба, донои масъалаҳо ва роҳҳои ҳалли вазифаҳои аграрӣ, саноатӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ на танҳо  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки дар сатҳи минтақа, ҳамчунин дар дараҷаи вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ҳатто деҳаҳои Тоҷикистон аст.

  Барои Пешвои мамлакат, махсусан давраи аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи ноябри соли 1994 марҳилаи вазнинтарин ба ҳисоб мерафт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи фаъолияти хеш амалан дар ҳолати ҳарбӣ-саҳроӣ қарор дошт. Ҳокимияти ӯ ҳудудан маҳдуд буд. Қисмати муайяни ҳудуди Тоҷикистон дар таҳти назорати қумандонони ҳарбӣ-саҳроӣ қарор дошт. Эмомалӣ Раҳмон мураккабии вазъият ва зарурати роҳандозии сиёсати нозуки дохилиро баҳри муттамарказонидани мамлакат ва унсурҳои давлат хуб дарк карда буд.

  Ӯ дар давраи гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик матонат, фазилати сиёсӣ, истеъдоди баланди дипломатӣ зоҳир кард. Дар давраи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар сохтори давлатӣ ва органи қонунбарори мамлакат ислоҳот гузаронида, Парламенти дупалатагии касбӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.

  Дастоварди бузурги Пешвои миллат гузаронидани ислоҳот дар низоми молия ва ба истифода баровардани асъори нави миллӣ буд. Вазифаҳои стратегии мамлакат, амалан идеяи миллии халқи тоҷикро ташкил доданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ-вазифаҳои стратегии таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷӣ буда, асоси рушди минбаъдаи некӯаҳволии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд.

  Ҳамчун Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон масоили иҷтимоии халқи хешро низ хеле хуб дарк мекунад. Навовариҳо, аз қабили танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани мавқеи занон дар  ҷомеа ва ҳоказо, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоӣ ворид гардида, дар ҳаёти моддӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик таъсири куллӣ расониданд.

 Фаъолияти беназирии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ба масоили характери глобалидошта бетафовут буда наметавонад.

 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори фаъоли барқарор кардан ва таҳким бахшидани амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ борҳо аз минбарҳои баланди иҷлосияҳои генералии СММ, маҷлисҳои ташкилотҳои байналхалқӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба хатари таҳдидкунандаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ ҷалб кард. Тоҷикистон ба иштирокчии асосӣ ва ташаббускори фаъол дар масоили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таҳкими нуфузи сиёсӣ дар саҳнаи байналхалқӣ, дар чорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ табдил ёфт.

  Ибтикороти ӯ дар ибтидои асри XXI ҷиҳати ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ саривақтӣ ва рӯзмарра буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Дар ҳоле, ки роҳбарони давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайгири татбиқи ҳадафҳои тамаъкорона ва мустамликавии хешанд, Пешвои миллати тоҷик диққати кишварҳои пешқадами ҷомеаи ҷаҳониро баҳри ҷустуҷӯи роҳҳои наҷоти тамоми инсоният аз равандҳои манфии ҷаҳонӣ, ки ба мавҷудияти ҳаёт дар замин таҳдид мекунанд, ҷалб менамояд.

  Воқеан, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири халқи тоҷик ва таърихи нави давлатдорӣ рӯйдоди тақдирсоз буда, марҳилаи зиёда аз 70 -солаи ҳаёти халқи моро дар ҳайати империяи бузургтарини ҷаҳонӣ-Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъбаст менамояд. Эъломияи 9-уми сентябри соли 1991, ки дар натиҷаи балвои нокоми августии соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон дошт, оғози марҳилаи расидан ба истиқлолияти воқеӣ буд.

  Аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 1992 ҷамъияти тоҷикон гирифтори бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ шуда, ҳамаи сохторҳои ҳокимият фалаҷ гардиданд. Дар ин давра мамлакат мувоҷеҳи хисороти  азими моддӣ ва маънавӣ гардид. Андозаи хисороти моддиро мутахассисон бо беш аз 10 милиард доллари амрикоӣ баробар медонанд. Зиёда аз 150 ҳазор ҳалокшуда, зиёда аз як миллион гуреза, муҳоҷирони иҷборӣ ва кӯдакони ятиммонда талафоти бебозгашт ба ҳисоб мераванд.

  Маҳз қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони нави мамлакатро имкон доданд, ки масоили муҳими ҳаётро ҷиҳати манъи ҷанги бародаркуш, бозгашти гурезагон ба ватан, дарёфти роҳҳои гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди мухолифини тоҷик, бунёди давлатдории нав ва низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳал намоянд.

Иҷлосия  тавонист, ки роҳбари нави давлатро интихоб намояд. Маҳз  Эмомалӣ  Раҳмон пешвои ҳақиқии халқ сазовори вазифаи роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

  Барои чӣ маҳз  Эмомалӣ Раҳмон? Хусусиятҳои хоси шахсӣ ва қобилияти зеҳнии ӯ, таҷрибаи ҳаётӣ ва малакаи роҳбарӣ ба халқи тоҷик имконият доданд, ки таҳти роҳбарии ӯ беш аз 26 сол дар шароити истиқлолияти давлатӣ рушд ёбанд, масоили иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаро бомуваффақиятона ҳал намоянд. Дар тӯли 26 сол, баъд аз баргузории иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик роҳи бузургро ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ватани хеш тай намуд.

  Дар иртибот ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷикро ҳадафҳои азим дар пешанд. Таҷрибаи таърихии солҳои сипаришуда моро мутмаин месозад, ки ин вазифаҳо низ  бомуваффақиятона ҳалли худро меёбанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи сазовори хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ишғол менамояд.

Зикриё АКРАМӢ    

доктори илмҳои таърих, профессор

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

Хондан 2009 маротиба