JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Ноябри 2017 06:52

Сарнавишти фарҳанги миллӣ дар шароити ташаннуҷи бархӯрдҳои сиёсӣ ва тамаддунӣ

Муаллиф:

«Низоъҳои фарҳангӣ тадриҷан таҳким ёфта, назар ба дигар  давраҳо имрӯз хавфноктар мешаванд»

Ватслав Гавел

  Асри бисту як, чуноне ки донишманди аврупоӣ Артур Кларк гуфта буд: «асри муколамаи инсон ва кайҳон аст», вале, мутаассифона, дастандаркорону зимомдорони сиёсати ҷаҳонӣ ин нуктаро, аслан фаромӯш карда, дар пайи ба вуҷуд овардани низоъҳои нав ба нави динӣ-мазҳабӣ, миллию нажодӣ ва идеологию ақидатӣ ҷаҳду талош намуда, вазъияти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоиро дар қарни бисту як низ муташанниҷ сохтаанд. Воқеан, дар асри нав мушкилоти фарҳангию ақидатӣ на кам, балки афзун шуда, имрӯз мушкилоти мавҷуда тадриҷан боиси саргардонию гирифториҳои зиёди мардуми сайёра мегардад.

  Мусаллам аст, ки муқобилгузории Шарқу Ғарб аз тарафи сиёсатмадорон ва донишмандони пешину пасин боиси сард шудани муносиботи тарафайн гардида, дар тӯли таърих мардуми сайёраи инсонӣ, иҷборан ва шартан ба ду қутб: шарқӣ ва ғарбӣ мунқасим шуда, фарҳангу тамаддуни ин ду қутби сохтаю ҷаълӣ андозагирӣ мешуд ва имрӯз низ ин раванд ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ идома ёфта истодааст.

  Ҳукуматҳои тоталитарӣ ва яккатоз дар тӯли таърихи инсонӣ мардумро ба гурӯҳҳо, мазоҳибу равияҳои мухталиф ҷудо намуда, тухми нобоварию нифоқро байни онҳо коштанд ва таҷрибаи дерину муассир --дасисакорӣ ва найранги сиёсӣ то имрӯз мавриди корбурди менеҷменти сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (қудратҳои сиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар назар аст) қарор гирифта истодааст. Мардум, ки аз моҳияту табиат ё ба истилоҳ, политтехнологияи навин огоҳ нест, ногузир ба бозиҳои хашин кашида мешавад ва дар натиҷа, низоъҳои тӯлонӣ ва ҷангҳои хунин дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегиранд, ки бевосита ё бавосита манфиатҳои гурӯҳҳо - авторитарҳо ва тоталитарҳоро бароварда месозанд. Дар зимн, мусаллам аст, ки ҳукуматҳои худкомаи асри бист боиси сар задани ду ҷанги ҷаҳонӣ шуданд, ки ба асари онҳо ҷони миллионҳо аз даст рафта, ҳазорон нафар ба вартаи фақру ноумедӣ афтиданд.[1] Ба назари донишмандон, тамаддун бояд ҷангу низоъро маҳдуд кунад. Аммо, дар муқобили он, ҷаҳолату нодонӣ сарчашмаи ҷангу даргириҳо дар ҳар давру замон мебошад. Маҳз ҷаҳолату нодонист, ки решаҳои зулму истибдод ва нофаҳмию ноҷуриро дар баданаҳои иҷтимоӣ амиқ карда, мунтаҳо ангезаи кашмакашу даргирӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки дар давоми садаи бистум қатлу куштор ва истибдоду муҷозоти одамӣ ба ҳадде афзуд, ки барои ифодаи онҳо вожаю истилоҳоти нав сохтанд. Аз ҷумла, истилоҳи «генотсид» (соли 1944  сохта шуд ва минбаъд дар гардиши фикрию сиёсӣ қарор гирифт) ба маънои  маҳвсозии насли одамӣ мавриди истифодаи фаровон қарор гирифт.[2] Худпарастӣ ва худкомагии ҳукуматдорони ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дар сади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дар сад расид. [3] Ба сухани дигар, дар раванди ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ҷабаҳот мебошад.[4] Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки чӣ қадар мардуми бегуноҳ қурбони хоҳишу ҳавасҳои бемаънии ҷангҷӯёну фитнагарон гардидаанд ва ин раванд баъди ду ҷанги ҷаҳонӣ дар байни абарқудратон идома ёфта, то имрӯз домани аҳолии осоиштаи баъзе мамолики сайёраро сар надода истодааст.

  Таърихи башар, ба назари муҳаққиқон, таърихи тамаддуни инсонӣ маҳсуб меёбад. Давра ва мароҳили гуногуни ташаккулу таҳаввули тамаддуни инсониро муаррихон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва инсоншиносон (антропологҳо), амсоли Макс Вебер, Эмил Дюркгейм, Осавлд Шпенглер, П. Сорокин, Арнолд Тойнби ва дигарон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додаанд. Яке аз муҳаққиқони урупоӣ Гейр Лундестад  вазъи мавҷудаи сиёсии ҷаҳонро мавриди омӯзиш  қарор дода, ба натиҷаи зайл расидааст: «Дар ҳоли ҳозир мо қудрати бузург ва рақобати мутақобили қудратҳои бузургро мебинем, ки дар як дақиқа вуҷудияти тамоми инсониятро қатъ карда метавонанд».[5] Г. Лундестад ба он ишора мекунад, ки дар шароити имрӯзаи бархӯрди қувваҳои абарқудратҳо мумкин аст, тавассути даргириҳои хашин дар як дақиқа инсоният ва ҷаҳони инсонӣ аз байн равад. Бар ин асос, вазъи куллии ҷаҳонӣ, ки бар мабнои сиёсатҳои ғаразнок ва ба таври сунъӣ сохтани хаос ё бетартибиҳои оммавӣ дар манотиқи мавриди таваҷҷуҳ рӯ ба нооромӣ ва бесуботӣ дорад, ҳамчунон ноустувор боқӣ мемонад ва «дар як дақиқа» ба ҷангу бетартибӣ кашидани ин ё он минтақа ва ё умуман, ҷаҳон аз эҳтимол дур нест.    

  Ҷаҳонишавӣ ё ба истилоҳ, «глобализатсия» тарафи мусбат ва ҳам ҷанбаи манфӣ дорад. Дар фазои пасошӯравӣ, ки Тоҷикистон низ дар ин фазо қарор дорад, ин ҷараён бо тарзу усулҳои гуногуни сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ сурат мегирад. Чи хеле ки ишора кардем, дар ҷаҳони муосир вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамеша муътадил нест. Кувваҳое ҳастанд, ки хоҳони аз байн бурдани фарҳангу маънавиёти мардуми мазлуманд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мардуми манотиқи гуногунро тавассути фишорҳои иттилоотӣ, фикрӣ-идеологӣ, динӣ-мазҳабӣ аз фарҳанги миллӣ дур сохта, дар доираи тафаккуроту тахаюлоти аҷнабӣ нигоҳ доранд. Аз ин кор тарроҳони сиёсии ҷаҳонӣ бурд мекунанд. Дар ҷаҳолати саросарӣ нигоҳ доштани мардумӣ ҳадафи стратегии тарроҳони сиёсӣ мебошад, яъне, вақте ки мардум аз асолати миллӣ дур шуд, ба вартаи мафкураи бегона меафтад ва саранҷом «дар ҳавои оҳанги нақораи бегонагон» рақс мекунад.

  Мубориза дар шароити имрӯза на танҳо бо силоҳу сиёсат, балки бо фарҳангу маънавиёт низ ҷараён мегирад. Муқовимату муборизоти фарҳангӣ яке аз роҳу усулҳои нафъовари раванди ҷаҳонишавӣ мебошад.  Дар натиҷаи ташаннуҷи бархӯрдҳои сиёсӣ ва тамаддунӣ танҳо фарҳанг ва тамаддуне пирӯз мегардад ва худро ҳимоя карда метавонад, ки асолати бунёдӣ, мантиқӣ, илмӣ ва билохира инсонсолорӣ дошта бошад. Албатта, идеологияҳои пурқудрат бар он мекӯшанд, ки фарҳангу маънавиёти худро ба таври ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрӣ, огоҳона ва нохудогоҳ таҳмил намоянд.  Танҳо фарҳанге дар ин раванди хатарзо – бархӯрдҳои сиёсӣ-идеологӣ ва тамаддунӣ эмин мемонад, ки асолат ва таҷрибаи таърихию сиёсӣ дошта бошад ва дорандагону соҳибонаш ба саҳлангорию бепарвоӣ ва фурсатталабию бетарафӣ роҳ надиҳанд.

  Бояд тазаккур дод, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҳоле даргири ҷавомеи асри бисту як шудааст, ки мардум бо ҷангу низоъҳои рӯзафзуни иттилоотию сиёсӣ ва фарҳангию иқтисодӣ  мувоҷеҳ шудаанд ва  ин раванд, бешубҳа, ба фарҳангу сиёсатҳои заиф таъсири амиқ расонда, бисёр миллият ва халқиятҳоро, новобаста аз ин ки собиқа ва пешинаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ доранд, аз саҳнаи зиндагии сиёсию фарҳангӣ берун меандозад.  Дар шароити нави глобалӣ сиёсати абарқудратони ҷаҳонӣ ҳар лаҳза, бо назардошти манофеи сиёсию фарҳангӣ ва фикрию иқтисодӣ тағйир меёбад. Ба қавли сиёсатшинос, ҷомеашинос ва геополитики муосири амрикоӣ ва муаллифи китоби машҳури «Бархӯрди тамаддунҳо» Самюэл Хантингтон: «сиёсати глобалӣ ин сиёсати тамаддунҳост. Рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо сурат мегирад».[6] Аз ин ҷост, ки бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ касб мекунанд. Муҳаррикони асосии ин раванд. асосан миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд.  Бархӯрдҳои хунӣ байни нажоду халқиятҳои гуногун, дину мазоҳиби мухталиф дар манотиқи гуногуни ҷаҳон метавонанд боз ҷиддитар шиддат пайдо намоянд. Назар ба қавли муҳаққиқи муосир Ватслав Гавел, имрӯз низоъҳои фарҳангӣ дар ҳоли густариш буда, аз дигар давраҳо дида хавфноктар шуда истодаанд[7]  ва  вазъияти бавуҷудомада  аз фарҳангиён тақозо менамояд, ки  дар  роҳи ҷилавгирӣ аз чунин низоъҳои бемаънӣ, ки таҳти назорати сиёсатмадорони  худбохта дар амал татбиқ шуда истодаанд,  саҳми бориз бигиранд. 

  Мардум ба таври нохудогоҳ (бар асари ҷаҳолату таассуб), одатан бо «ҷонибдории неруҳои манфиатдор» бар он тамаъ меварзанд, ки худ ва дигаронро ҷудо кунанд ва натиҷатан, ҷаҳон дар ду буъд: Шарқ – Ғарб, Шимол—Шарқ, Марказ—Музофот қарор дода шуда, мавриди таҳлили таҳмилию сунъии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор мегирад. [8] Ҳоло ки ҷаҳон даргири чунин низоъҳо аст, мардум ба ҳоли танги иқтисодию иҷтимоӣ гирифтор шуда, имкони беҳбуд бахшидани вазъи зиндагиашро надорад.

  Дар ин ҳол пурсише моро домангир мешавад ба ин мазмун: Оё мо имкони дар ин раванд муқовимат карданро дорем? Ба ин пурсиш посухи сатҳию бетааммул додан мумкин нест, балки ин масъала ҷавоби мулоҳизакарда ва тааммуломезро тақозо менамояд.  Албатта, мо бо фарҳангу тамаддуни бостонии худ ифтихор мекунем (мутаассифона, аксаран ифтихори сатҳию рӯякӣ ва шиоргуна), аммо имрӯз танҳо ифтихор кардан роҳи хатарноки мушкилоти ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои сиёсию тамаддуниро гирифта наметавонад. Нахуст вазъияти ҷаҳонишавиро аз дидгоҳи илмӣ ва мантиқӣ бозшиносӣ бояд кард, мушаххасот ва манофеи миллию мардумӣ ва ахиран, расидан ба ҳадафи олӣ - ҳувиятшиносӣ, инсонсозӣ ва инсонсолориро, ки дар фарҳанг ва тамаддуни миллӣ собиқаи тӯлонӣ доранд, ҷиддӣ бояд донист ва дар ҳикмати сегонаи бумӣ - пиндору гуфтору кирдори худ татбиқ кард. Ин кори осон нест, бахусус дар шароити имрӯза, ки дар гирдобҳои гуногуни афкори аҷнабӣ ва экстремистӣ гирифторем. Мусаллам аст, ки бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро дар қолаби иттилооти дурӯғину муғризона қарор дода, ба ин васила онҳоро назорат намоянд. Донишманди муосири рус Владимир Истархов  дар ин робита хеле хуб таъкид мекунад: «Ҳадафи онҳо (бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ – Н.Н.) ҳамеша як дурӯғро ба дурӯғи дигар иваз кардан буда, мекӯшанд, инсон аз фазои иттилоотии онҳо, ки худашон омода кардаанд,  берун набарояд».[9] Гурӯҳҳои муғризу дурӯғкор аз манобеи зарурии иттилоотӣ  бархӯрдоранд ва ҷузъиёти  ҷавомеи  заъфандеши ҷаҳониро таҳти контрол-назорати доимӣ қарор медиҳанд. Дар чунин шароит танҳо миллате метавонад буҳронҳоро паси сар кунад, ки огоҳии комили сиёсию фарҳангӣ ва мутаносибан, иттилоотӣ дорад.

  Муҳаққиқи урупоӣ Жак Делор ҳушдор дода буд, ки низоъҳои оянда аз шуълаи авомили миллӣ аланга мегиранд, на аз омилҳои иқтисодию идеологӣ. [10] Бо такя ба ин, миллатро мебояд, ки дар бархӯрд бо тамаддунҳои ҷаҳонӣ аз хотираи  таърихӣ ва таҷрибаи ҳазорсолаи фарҳангию  сиёсии хеш  дақиқ, дар доираи илм ва мантиқ истифода кунад, то  аз ин вазъи хатарзо – ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои сиёсию идеологӣ ва тамаддунӣ  беосеб бадар ояд. 

  Дар минтақаи мо, қабл аз ҳуҷумҳои дигари идеологию фарҳангӣ, таҳоҷуми пантуркистӣ собиқа дорад ва пантуркизм, ки аз оғози садаи бистум ҷомеаи тоҷикиро таҳти таъсири шадид қарор дода буд, то имрӯз ҳамчун хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ба назари муҳаққиқон, дар ибтидои садаи бистум ҳадафи пантуркизм таҳрифи ҳувият ва чеҳраи миллии тоҷикон буд ва ба бар кардани чеҳраи сохтаю ҷаълӣ ва фаромӯш кардани чеҳраи воқеии миллӣ асли идеологияи пантуркизмро ташкил медод.[11]

  Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла идеологияи пантуркистӣ ин сусту заиф сохтани забони миллӣ аст. Бо махлут ва дигар кардани забон имкони тағйир додани тафаккур низ даст медиҳад ва натиҷатан, миллат аз саҳнаи фарҳанги миллӣ бадар омада, ба ҳавзаи фарҳангу сиёсати аҷнабӣ ворид мегардад.[12] Бинобар ин, лозим аст, ки аз ин хатари ҷиддии фарҳангӣ ва идеологӣ низ, ки тавассути идеологҳои берунӣ ва гумоштаҳои дохилӣ дар минтақа интишор ёфта истодааст, пешгирӣ намоем. Хатари пантуркизм (ва дар доираи он гуленизм) на танҳо ҷомеаи мо, балки ҷавомеи мамолики ҳамҷавори мо, мисли Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро низ таҳдид мекунад ва фарҳангиёну сиёсатмадорони баъзе мамолики номбурда, минҷумла Узбекистон дар ин замина тадобири мушаххас андешида истодаанд. Аз ин рӯ, мо низ бояд барои рафъи ин мушкилоти хатарзо чораҳои мушаххас андешем, то минбаъд ин бемории ҷиддӣ – пантуркизм тамоми иҷтимоъро сироят накунад.

  Бояд дар назар дошт, ки забони миллӣ ба сифати аслиҳаи неруманди идеологию фарҳангӣ метавонад таҳоҷуми фарҳангҳои бегонаро пешгирӣ кунад. Забони миллии мо – забони тоҷикӣ ин имкониятро дорад ва онро аз доираи маҳдуди филологӣ берун овардан ва ба иҷтимоъ пайвастан рисолати фарҳангиёну рӯшанфикрони миллӣ аст. То забони тоҷикӣ аз доираи маҳдуди забоншиносию адабиётшиносӣ берун бароварда нашавад ва ба доираи улуми фалсафӣ – фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ, ахлоқшиносӣ, зебоишиносӣ, равоншиносӣ ва амсоли инҳо ҷиддан пайваст нагардад, имкони беҳбуд бахшидани вазъ дар гумон аст. Хушбахтона, дар ин самт кор ҷараён дорад ва бовар дорем, ки фарҳангиён ё ба истилоҳ. интеллигенсияи миллӣ фаъолияти худро дар ин самт гутурдатар карда, дар муассир сохтани унсури забони миллӣ ба унвони аслиҳаи пурқуввати сиёсию идеологӣ ва фарҳангӣ саҳми асосӣ мегиранд.

  Воқеан, дар замони бисёр душвор зиндагӣ карда истодаем ва ҳамеша хатарҳои сиёсию иҷтимоӣ, табиию фарҳангӣ моро аз ҳар тараф дунболагирӣ мекунанд. Ин ҳолати ногувор моро водор мекунад, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи фарҳангӣ ва иттилоотӣ барои дифоъ аз фарҳангу маънавиёти худ садде бисозем ва дар пайи ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ гомҳои мустаҳкам бардорем, вагарна дар баҳри ҳуҷумҳои идеологию иттилоотӣ ва фарҳангие, ки ҳар рӯз тариқи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити муосири иттилоотию техникӣ интишор меёбанд, ғарқ мешавем. Дар ин раванди хатарзо чӣ гуна метавон фарҳанги миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва инсониро, ки тайи таърихи тӯлонӣ дар зеҳну ҳувияти мардуми як қаламрав шакл гирифтаанд, ҳифзу нигаҳдорӣ кард? Ин пурсиши муҳим ба дунболи худ чанд мушкилоти муштаракро мекашад: а) омӯзиш ва шинохти дурусти фарҳанги бумӣ ва вижагиҳои он; б) касби омӯза, мушоҳида ва таҷрибаҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию мафкуравӣ дар муносибат ва бархӯрд бо фарҳангу тамаддунҳои бегона, ки решаи таҳоҷумӣ ва ғасбнамоӣ доранд; в) пур кардани кӯлвори донишҳои муосири сиёсӣ ва фалсафӣ тавассути мутолиоти адабиёти илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла осори ба мавзӯоти муҳими геополитикӣ ва геостратегӣ бахшидашудаи Ҳангтингтон,  Бжезинский, Фукуяма, Комский, Тоффлер  ва дигарон; г) шинохти илмии адёну мазоҳиби ҷаҳонӣ, минҷумла динҳои сомӣ—яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом ва қиёси тафаккуроти динӣ-мазҳабӣ бо теорема, аксиома ва гипотезаҳои илмӣ-фалсафӣ; ғ) омӯзиш ва истифодаи усулу методҳои улуми табиӣ-риёзӣ дар ташхиси падидаҳои табиӣ ва ҳаводиси иҷтимоӣ; д) ҳамиштирокӣ ва ҳамшарикии миллию мардумӣ дар муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани аҷнабӣ ва таблиғи хурофоти динӣ-мазҳабӣ. Қисмати охири мушкилоти дастабандишуда – ҳамшарикии миллию мардумӣ дар раванди муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани бегона марҳилаи ҷамъбастии мубориза маҳсуб меёбад. То он даме ки ҷомеа ва фарҳангиёни миллӣ ба ин марҳила нарасанд (расидан ба ин марҳилаи ниҳоӣ ба сатҳи баланди огоҳии иҷтимоӣ ва миллӣ вобаста аст), гуфтугузор дар мавриди ҳувият ва асолати миллӣ бенатиҷа мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва шинохти арзишҳои миллӣ ва мардумӣ дар марҳилаи аввал зарурат дорад. 

  Асри мо, ба қавли файласуфи муосири тоҷик Комил Бекзода, аз ҳама мардуми ҷаҳон огоҳӣ, бедорӣ, худшиносӣ, фарҳанг, илму дониш ва равшанфикриро тақозо мекунад[13] ва дар ин ҷода миллати тоҷик низ бояд қадамҳои устувор бардорад.  Имрӯз вақте расидааст, ки ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи тоҷик ба ҳам муттаҳид шаванд ва дар раванди бархӯрдҳои империяҳои қудратманд ва низоъҳои сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ ва миллӣ ҷаҳони андешаи миллию ватаниро нигоҳ доранд.

Гузориши мазкурро метавон дар чанд нуқта хулоса ва натиҷагирӣ кард:

1.Вазъи кунунии фарҳанги миллӣ дар шароити ташаннуҷи фазои сиёсӣ ва гуногунрангии муҳити иттилоотии ҷаҳонӣ то андозае нигароникунанда аст. Фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) натиҷаи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тоифаҳо  бо фарҳангашон аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст.[14] Аз ин рӯ, мо, соҳибон ва меросбарони фарҳанги миллӣ дар шароити бархӯрди тезутунди сиёсатҳо ва тамаддунҳо бояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ, бепарвоӣ ва таассуб роҳ надиҳем ва дар партави мутолиоти  гуногунсоҳа,  кору фаъолияти содиқонаю  самимона, донишу биниши ба талаботи замон ҷавобгӯ дар муқобили раванди хатарзои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ истодагарӣ карда тавонем.

2.Фарҳанги миллӣ ба унсури асосӣ – забони миллӣ бастагӣ дорад ва забони муқтадир дониши муқтадир ва натиҷатан, фарҳанги неруманди миллиро ба вуҷуд оварда метавонад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих таҷриба ва савобиқи зарурӣ касб карда, шебу фароз, бурду бохт, тариқоти мураккабу печидаи рӯзгорро аз сар гузаронида, имрӯз, бо истифода аз имконоти мавҷуда метавонад фарҳанги миллиро қуввати тоза бахшад.

  1. Дар таърихи зиндагии башарӣ ягон соҳаи фаъолияти маънавӣ он таъсироту таҳаввулотеро, ки  илм ба инсон ва ҷомеа ато фармудааст, накардааст.[15] Танҳо бо неруи андешаи амиқи фалсафӣ, илмӣ ва ҳувияти фарҳангӣ мо имкони дар баробари ҷаҳони иттилоотӣ ва ҳамалоти гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ фаъолият намудан, ҷараёни осебпазирии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро коҳиш дода метавонем (имрӯзҳо дар фазои ВАО-и мустақили ватанӣ ва хориҷӣ баъзан матолиби баҳсбарангезу ҳангомасози сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доман паҳн карда, муҳити фарҳангии моро аз ҳар ҷиҳат носолим гардонда истодаанд). Роҳи ин раванди хатарзоро танҳо коршиносони варзида, донишмандони сарсупурда, фарҳехтагону нухбагони миллӣ, ки дар маҷмӯъ, дар қолаби «интеллигенсияи миллӣ» инсиҷом меёбанд, гирифта метавонанд.
  2. Зиёиён ва фарҳангиён ҳамчун ниҳоди муассири иҷтимоӣ ва фикрӣ дар масири бедории фикрӣ ва огоҳии иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Донистани ҳақиқати таърихи миллӣ ва ватанӣ ва дарки воқеии гузашта барои ҳалли мушкилоти имрӯзӣ, махсусан дар шароити соҳибистиқлолӣ ҳаётан муҳим буда,[16] иқтидори зарурии зеҳнӣ, ақлонӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии моро таъмин карда метавонад.

5.Омӯзиши ҷиддии «Шашмақом» ва «Фалак», ки мероси арзишманди мусиқии бумӣ маҳсуб мешаванд, дар шароити имрӯза зарурати таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Шашмақом ба унвони достони муҳташами назму наво[17] дар замони имрӯзӣ метавонад халои фарҳангӣ ва ҳунарии бумиро комил созад ва пайванди маънавӣ ва ҳунарии наслҳоро таъмин намояд. Дар замоне ки санъати овозхонӣ ва мусиқии сатҳии бегона, сареҳан вориди фазои фарҳангии мо шудааст, ҳифзу нигаҳдошт ва ташвиқу тарғиби мусиқии миллӣ моро аз буҳрони амиқи фарҳангию ҳунарӣ эмин медорад. Мушоҳида мекунем, ки имрӯзҳо, ба сабаби саҳлангорию бетарафӣ ва бемасъулиятии мо – соҳибони фарҳангу ҳунари миллию ватанӣ, тадриҷан мусиқии асил саҳнаҳои моро тарк карда истодааст. Ҳамин вазъи ногуворро дар самти ҳунари театрӣ низ ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Ба тамошои намоишномаҳои театрӣ рафтани аҳли ҷомеа, билхусус аҳли зиё кайҳо аз ёд рафтааст ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумию олӣ ва баъзе созмонҳои расмӣ-идорӣ, иҷборан ба театр ҷалб мешаванд, ки ин вазъи касби огоҳиҳои гуногунро аз тариқи тамошои намоишномаҳои зинда ноҷур месозад. Гурӯҳи хеле маҳдуд ба театр мераванд, толорҳои театр аз ҳисоби ҷавонони макотиби таҳсилоти мутавассита ва олӣ, кормандони баъзе муассисаҳо иҷборан пур карда мешаванд. Ин ҳолат чанд омилро ба дунбол дорад:

а) асарҳои ҷиддӣ ва доғи рӯз кам ба саҳна гузошта мешаванд;

б) драматургони мо, ба сабаби касодии молиявию иқтисодӣ дар бисёр маворид имкони таълифи асарҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯро надоранд;

в) коҳиш ёфтан ва паст шудани завқи бинанда, шунаванда ва хонанда ба воситаи асарҳои мазмунан хароб ва моҳиятан музахраф, суруду мусиқии беҳадафу бемаънӣ, филмҳои сатҳи паст. Ба сухани дигар, дастандаркорон ва масъулин, аксаран аз пайи завқи омма мераванд ва натиҷатан, ба вартаи безавқӣ, ки марги ҳунару санъат ва илму фарҳанг аст, меафтанд;

г) қасдан фориғболӣ намудани аксари фарҳангиёни кишвар;

ғ) ҷиддӣ нагирифтани вазъи мавҷудаи буҳронӣ дар самти фарҳанги миллӣ.

6.Рушди фарҳангу тамаддун ҳамзистӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи давлатҳои дар сатҳу тавозуни гуногун қарордоштаро мушаххас мекунад.[18] Фарҳанг мафҳуми куллиест, ки дар худ санъат, ҳунар, маърифат, адабиёт, ахлоқ, зебоишиносӣ ва амсоли инҳоро ғунҷонида, механизми татбиқи он дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тавассути забони миллӣ сурат мегирад. Забони миллию давлатӣ ба сифати механизми зиндаю воқеӣ фарҳанги миллиро дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ танзим месозад. Ин аст, ки ба забони давлатӣ ҳамчун унсури асосии фарҳангсоз муносибат бояд кард.

7.Барои ҳифзу нигаҳдошти расму ойинҳои арзишманди миллӣ, ки дар ҷараёни таърихӣ ташаккулу инкишоф ёфта, то замони мо бо тағйироти каму беш расида, тафаккуру ҳувияти миллӣ созмон додаанд, ҷаҳду талош бояд кард. Миллат ва фарҳанги моро танҳо бо расму ойинҳои камназираш, ки аз дарёи таҷриба ва хотираи таърихии миллӣ сарчашма гирифтаанд, мешиносанд, вале, мутаассифона, худи мо дар муаррифии огоҳонаю илмии арзишҳои гузашта саҳми ночиз дорем. Ин бетаваҷҷуҳӣ, ки ба одати хеле бад табдил ёфтааст, сарнавишти минбаъдаи фарҳанги миллиро дар шароити бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ норӯшан месозад.

    8. Шароити имрӯз аз мо тақозо мекунад, ки:

- ҳарчи бештар омӯзем ва таҷриба андӯзем;

- ба мутолиоти саросарӣ пардозем ва мутолиаро ба сифати арзиши миллӣ тарғибу ташвиқ намоем;

- мероси гузаштаи фарҳангиро аз назари илмӣ ҷиддӣ омӯзем ва дар муаррифии беғарозаи он дар шароити ҷаҳонишавӣ саҳми арзанда бигирем;

- таассубу хурофотро дар сатҳҳои гуногуни фарҳангу маънавиёт коҳиш диҳем, зеро ки таассуб ҷаҳолат аст ва чун бемории саратон ақлу зеҳни ҷомеаро аз дарун мехӯрад ва оқибат ба биоробот бадал мекунад;

- аз безавқӣ, ки чандин сол аст иҷтимоъро дунболагирӣ мекунад, парҳез кунем ва омма ва табақоти гуногуни иҷтимоиро ба масири тозаи зебоиписандӣ, илм, ҳунар, санъат, мусиқӣ, адаб, рақс, наққошӣ раҳнамун созем.

9. То замоне ки мустақилона фикр карданро наомӯзем ва дорои мавқеи мустақили фикрӣ ва мавқеъ(позитсия) -и мушаххаси миллӣ нагардем, дигаргун шудани вазъи куллии фарҳангиро дар ҷомеа мунтазир шудан мушкил аст. Ин аст, ки бояд бо андешаи созанда ва орӣ аз таассубу хурофот ҷомеаи навинро бисозем ва дар ҳамкории мутақобилан судманд бо ҷомеаи мутамаддини башарӣ роҳи бунбасту буҳронҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ҷилавгирӣ намоем. Ба қавли шоир:

                     Ҷуз ақл ҷаҳон розкушоянда надорад,

                     Иқболи наку, бахти физоянда надорад,

                     Он қавм, ки худ тухмаи зоянда надорад,

                     Дар арсаи фарҳанг намоянда надорад,

                     Неруи қавӣ, қудрати поянда надорад,

                      Оянда надорад!

Нозим НУРЗОДА

 фарҳангшинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

[1] Арент Ҳ. Тоталитаризм. Тарҷумаи Муҳсин Салосӣ. Теҳрон: Созмони интишороти «Ҷовидон», 1366. -С. 6-7. 

[2] Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 224. 

[3] Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 225.

[4] Состояние мира 1999. Москва: Издательство «Весь мир», 2000. -С. 226.

[5] Лундестад Г. Восток, Запад, Север, Юг. Основные направления международной политики. – Москва: Издательство «Весь мир», 2002. -С. 12.

[6] Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7.

[7] Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7.

[8] Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 10. 

[9] Истархов Владимир. Удар русских богов. - Москва, 2004. –С.4.

[10] Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7.

[11] Шакурӣ М. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. –Душанбе: Адиб, 2010. -С.97.

[12]Шакурӣ М. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. –Душанбе: Адиб, 2010. -С.78.

[13]Бекзода К. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. – Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуќуќи ба номи академик А.М. Баҳоуддинов, 2012. –С.389.

[14] Ҳасан Малик. Идеология ва фарҳанг. Фарҳанг ҳастаи муќовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http: //Kavehroom.Com/–С.145.

[15] Самиев А.Х. История и философия науки. –Душанбе: РТСУ, 2014. -С.7.

[16] Самиев А.Х. Историческое сознание как самопознание общество (социально-философский анализ). –Душанбе: РТСУ, 2009. -С.390.

[17] Низомӣ Аслиддин. Шашмаќом ва назми форси тоҷикӣ (Пайвандии шеъру мусиќӣ дар фарҳанги тоҷик). –Душанбе: «Дониш», 2016. -С.270.

[18] Тузиков А.Р. Основы геополитики. –Москва: КНОРУС, 2013. -С.83.

Хондан 2478 маротиба