JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Ноябри 2017 10:48

Пайванди наслҳо (ба умеди «мо» шудани «ман»-ҳо)

Муаллиф:

         Мисли дарё умри мо андар гузар,

         Мисли дарё шӯри авмоҷаш ба сар,

         Гоҳ хомӯшу гаҳе тӯфонасар,

         Гоҳ аз хешу аз олам бехабар,

         Аз пайи шому саҳар,

         Рӯ ба рӯ бо сад хатар,

         Дар талоши баҳру бар,

         Меравад осемасар.

  Воқеан, зиндагӣ ва умри мо мисли дарё равон асту равон, ба қафо таваҷҷуҳ намекунад ва танҳо масири пешро ҳадаф қарор дода, бар он самт ҳаракат менамояд. Инсон ҳам, ки вобасти умр аст, марҳилаҳои зиндагӣ – тифлӣ, наврасӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ, миёнсолӣ ва солмандиро пушти сар намуда, ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад. Аз ибтидо то интиҳои умр инсонро маргу нестӣ интизорӣ мекашад ва оқибат ба коми худ фурӯ мебарад. Ҳамин аст, ки инсон ба таври бевосита ва бавосита аз маргу нестӣ ранҷ мебарад ва ин ранҷурӣ ҳамеша ӯро ба сӯйи мубориза раҳнамун месозад ва дар баробари мушкилоти рӯзгор қоим медорад. Барои ҷуброни ранҷурӣ инсон василаю воситаҳои гуногуни равобити иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ, ахлоқӣ, динӣ-мазҳабӣ ва амсоли инҳоро ҷустуҷӯ менамояд ва аз ин тариқ худро тасалло мебахшад. Тамоми ҷаҳду талоши инсонӣ дар тӯли таърих ба ҳамин масъалаи меҳварӣ – маргу нестӣ ва қудсияти зиндагӣ тамаркуз доштааст ва аз ин обишхӯр сарчашма мегирифтааст. Халлоқият ва эҷоди инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи инсонӣ дар доираи ранҷурӣ аз маргу нобудию нестӣ ва гиромидошти ҳасту буд ва зиндагӣ чарх мезанад. Ҳасту буд барои инсон қиматтар аз ҳар чизи дигар аст ва ҳар гоҳ ки инсон фориғ аз кору фаъолият мешавад ё ба истилоҳ, аз ҷунбуҷули рӯзона меосояд, ногузир бо ҳадиси маргу нестӣ бархӯрд намуда, дар сукуту хомӯшӣ бо даҳшату ваҳшати он дасту панҷа нарм мекунад. Дар ин ҳолат мувофиқи тавон ва имконоти эҷодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва умуман, маънавӣ бо андешаи марг муқовимат мекунад ва бо фаъолиятҳои рӯзмарра худро маънаван, оромиш мебахшад. Ба ин маънӣ:

Марг аст, ки зиндагӣ басе дар табу тоб аст,

Одам ҳамагӣ дар пайи фурсат ба шитоб аст,

Гаҳ масти шароб асту гаҳе масти рубоб аст,

Саргарми гуноҳ асту гаҳе майли савоб аст,

Нобудии мо асли ҳама ранҷу азоб аст,

Асрори китоб аст,

Меъёри ҷавоб аст. 

  Ин муқаддима ба он хотир ироа гардид, ки ҷомеаи инсонӣ ба ҳар роҳу васила ранҷурии хешро аз маргу нестӣ, ки бо ҳасту буд(зиндагӣ) зиддияту таноқузи ҷавҳарӣ дорад, ҷуброн месозад ва дар ҷодаи талош барои идомати зиндагӣ қадам мебардорад. Василаи аз ҳама дастрас барои инсонҳо дидани дидори якдигар ва дар ростои мулоқот маънии тоза бахшидан ба умр ва тоза кардани хотирот аст. Гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ --шарикдарсон, ҳамсабақон, ҳамсинфон, дӯстон, ҳампешагон ва амсоли инҳо, ки солиёни дароз ҳаққи дӯстӣ, ҳамкорӣ, ҳамшарикӣ, ҳамсабақӣ, ҳамдарсӣ доштаанд, бо ҳукми тасодуф ва ё зарурат якдигарро мебинанд ва ба истилоҳ, «дида тоза» мекунанд. Ҳамин гуна дидору мулоқотро, ки ба таври тасодуфӣ миёни шарикдарсони устод Комил Бекзода дар манзили устод Бекзода итттифоқ афтод, санаи 12 ноябри соли ҷорӣ мушоҳида кардам. Мо (ман, Нозим Нурзода ва дӯстам Меҳр Собириён), ки рӯзи истироҳатӣ(якшанбе) барои суҳбат ва дидорбинӣ ба манзили устод Бекзода омадем, тасодуфан шарикдарсони устод – олимони шинохтаи тоҷик, доктори илми фалсафа, профессор Саидҷон Аҳмадзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов, арабшинос Сайиднуриддин Шаҳобуддинов, иқтисодшинос Марҳамат Тӯтизода ва омӯзгор-арабшинос Қосимов Эргаш, шоири маъруф, устод Мирзо Боқиро дар хонаи устод вохӯрдам. Ин гурӯҳ ба хотири дидор тоза кардан ва ё ба истилоҳи адабӣ, «таҷдиди дидор» ба манзили устод Бекзода ташриф оварданд. Ин тасодуфро бинед, ки устодон-шарикдарсони устод Бекзода дар 50- солагии хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин(ҳозира ДМТ) ба дидори якдигар расиданд ва он ҳам дар манзили ҳамсабақашон. Ин сир ҳангоме ошкор шуд, ки ҳамсабақон ба олами ҳазлу шӯхиҳои даврони донишҷӯйӣ сар зада, ҳар яке аз хотироти ширини он айёми гуворо қиссаҳои кӯтоҳ, вале омӯзанда карданд ва мунтаҳо, ба гузаштани панҷоҳ сол аз замони таҳсил пай бурданд. Ростӣ, қаблан шахсиятҳои мазкурро мешинохтам, вале намедонистам, ки инҳо шарикдарсанд ва дар як давра – соли 1962—1967 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардаанд. Муҳим ин аст, ки дар маҳфил ва дидори ҳамсабақон, ки ба таври тасодуфӣ иттифоқ афтода буд, ҳузур пайдо кардам ва аз суҳбату шӯхиҳои ин насли дувуми муҳассилин-хатмкунандагони донишгоҳ баҳравар гардидам. Синни ҳар яке аз ҳамсабақон аз ҳафтод гузашта, донишу таҷриботи фаровон андӯхта, дар зиндагӣ ва ҷомеа ҷойгоҳи муносиб касб намудаанд. Дар риштаҳои гуногуни илм ва маориф фаъолият карда, то имрӯз, агарчи дар синни нафақаанд, барои халқу ватан заҳмат мекашанд. Агар доктор Саидҷон Аҳмадзода дар самти таҳқиқи масоили фалсафӣ муваффақ бошад, устод Ҳабибулло Раҷабов дар самти ҳиндшиносӣ дасти тамом дошта, ба қалами ӯ китобу рисолот ва мақолоти зиёде дар бахши ҳиндшиносӣ нашр гардидаанд ва феълан устод вазифаи раисии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро бар уҳда доранд. Ҳамин тариқ, устод Сайиднуриддин Шаҳобуддинов китоби «ал-Қонун»-и Ибни Синоро аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, солиёни дароз дар мамолики арабӣ мутарҷим будааст, Марҳамат Тӯтизода ва Эргаш Қосимов дар хориҷа ба сифати тарҷумон солҳо ифои вазифа карда, имрӯзҳо ба омӯзгорӣ машғуланд, устод Мирзо Боқӣ, ки ду ҷилд китоби гаронвазну гаронарзиши манзуму мансур таҳти унвони «Ҷовидоннома» (дар ҳаҷми зиёда аз панҷу ним ҳазор саҳифа) ба мерос  гузошта, дар пайи ба чоп расонидани ҷилди сеюми китобаш бо номи «Замон ва безамонӣ» аст, нависанда Мирзонасриддин(ки бо роману қиссаҳои замондархӯри худ миёни ҷомеаи мадании тоҷик маъруф аст), устод Комил Бекзода бошад, дар ҳавзаи фикрию фарҳангии тоҷикӣ ба ҳайси озодандеш, файласуф, мутарҷим ва андешаманди миллӣ маъруф аст. Дар матбуоти даврӣ матолиби зиёди таҳлилӣ, таҳқиқӣ, фалсафӣ ва илмӣ ба табъ расонида, ахиран монографияи илмиаш таҳти унвони «Шуубия: диссиденты средневекового ислама» аз тариқи нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳо мунташир гардид, ки ба муҳимтарин ҷунбиши иҷтимоӣ, фикрӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангии асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ – Шуубия бахшида шудааст.

  Бад-ин минвол ҳамсабақон муддати чанд соат бехабар аз даргузашти панҷоҳ соли таҳсил бо ҳам гуфтугӯйи самимӣ доштанд ва мо аз суҳбати онҳо лаззат бурдем. Суҳбату гуфтугӯйи онҳо маҳфили илмӣ ва фарҳангиеро мемонд, ки метавон онро, шартан маҳфили «Дидор» номид. Дар аввал, фикр кардем, ки шояд ҳузури мо меҳмонон-ҳамдарсонро нороҳат кунад ва онҳо имкони роҳаттар суҳбат карданро дар атрофи масоили гуногуни зиндагӣ ва радду бадалҳои даврони донишҷӯйӣ маҳдуд созад. Вале ин тавр нашуд. Ҳамсабақон роҳату озод аз ҳар хусус суҳбат карданд ва махсусан, устод Комил Бекзода дар мавриди корномаи ҳаётӣ ва ҳирфавии ҳар яке аз шарикдарсонаш муфассал изҳори назар кард. Аз ҷумла устод Бекзода доир ба зиндагиномаи шарикдарсоне, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ёдовар шуд ва симои маънавии онҳоро барои мо як-як тасвир намуд. Аз чеҳра, ваҷоҳат, андеша, дид, мушоҳида ва суҳбати устод Бекзода чунин бармеомад, ки воқеан, муштоқи дидори дӯстону ҳамсабақони айёми донишҷӯйиаш мебошад. Ин иштиёқи самимӣ ва отифиро аз ҳар сухан, ҳаракат, диду нигоҳ ва имову ишороти устод пай бурдан мумкин буд. Мо, ки бештар ба сифати мушоҳидакор дар ин маҳфили «Дидор»-и шарикдарсон ҳузур доштем, ин нуктаро дарёфтем, ки ҳозирини маҳфил аз фаъолияти тӯлонии худ қаноатманданд ва хидмат ба халқу ватан ва миллатро қарзу вазифаи виҷдонӣ ва инсонӣ медонанд.  Мо, ки намояндаи наслҳои баъдием, аз ҳузур ёфтан дар ин мулоқот меболем, чаро ки тавассути ин нишаст раванди таҳкими пайванди наслҳо сурат мегирад ва наслҳои ҷавон ва миёнсол аз насли солманд таҷрибаи зиндагӣ омӯхта, риштаи васли наслҳоро ба дуриҳои дур мекашанду интиқол медиҳанд. Омӯхтани андеша, биниш, таҷриба ва савобиқи рӯзгори ин насли солманд роҳро барои ташаккул ва рушди фарҳангу маънавиёти ватанию башарӣ ва густариши муносибатҳои миллию фаромиллӣ ҳамвор мекунад. Чизе, ки имрӯз дар иҷтимои тоҷик кам ё ба истилоҳ, дефитсит шудааст, ҳамин пайванди воқеии наслҳост. Наслҳо аз ҳам гусехтаанд, ҳарчанд ки зоҳиран, риштаи пайвандӣ вуҷуд дорад, вале ботинан ва сириштан, ин риштаҳо дар ҳоли парешонӣ ва дур аз ҳамдигар қарор доранд. Гусехтагӣ ва марказгурезии яке аз наслҳо кори созии ансамбл ё симфонияи муоширатро дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ ноҷӯр месозад ва ба ҷойи гармония дисгармонияро дар муносиботи рӯзмарраи иҷтимоӣ тавлид мекунад. Дисгармония ҳамон ноҷӯрист, ки оҳангу овози умумиро халалдор месозад ва навои сохтаю сунъӣ ё «фалш»-ро дар фазои ҳамсадоии иҷтимоӣ танинандоз мекунад. Ин аст, ки пайванди воқеии наслҳо дар робитаи самимӣ ва отифии наслҳои солманд, миёнсол, ҷавон ва наврас имконпазир мегардад ва вуҷуду русухи мулоқоту дидорҳои самимию ҳадафманд(на зоҳирию сохта)-и наслҳо риштаи пайвандро мустаҳкам мекунанд. Ин гуна пайванд, агар воқеӣ, самимӣ ва дур аз ғараз бошад, ба сони қутбнамо ҷомеаро ҳамеша ба сӯйи худсозӣ, хештандорӣ, инсоншиносӣ, адолатпарварӣ, мардумпарастӣ, таҳаввул, тараққӣ ва пешравӣ раҳнамун месозад. Ба умеди пайванди муваффақи наслҳо бо байти зайл иктифо мекунам:

Агар насле ба насле ошно шуд,

     Агар ман буд, мебинӣ, ки мо шуд.

Нозим Нурзода

Хондан 2437 маротиба