JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 Накуйӣ расму роҳу пешаи мост,

Хирад парвардаи андешаи мост.

Зи беаслӣ мазан ҳарфе, ки Наврӯз

Забону ҳарфу аслу решаи мост!

Панҷшанбе, 17 Марти 2022 09:36

Нек кун, то нек пеш ояд туро

    Дар ҳунар кўш, ки зар чизе нест,

     Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

  Улугхоҷаева Махсуда Яҳёевна 15-маи соли 1946 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1953 ба мактаби №15 ба синфи 1-ум рафта соли 1964 мактаби номбурдаро хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна  худи ҳамон сол  1964 ба факултаи физикаи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупорад, бо сари баланд, донишҷўи ин даргоҳи бомаърифат мегардад.  Соли 1969 донишгоҳро бомуваффақият хатм менамояд, бо роҳхати донишгоҳ ба институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови  АИ ҶТ ҳозира АМИТ фиристонида мешавад. Дар лабораторияи нимноқилҳо ба ҳайси лаборанти калон ба кор шурўъ мекунад. Соли 1976 бошад, барои иҷрои корҳо   Улугхоҷаева М.Я. ба вазифаи ходими хурди илмӣ гузаронида мешавад, то соли 1996 дар ин вазифа кор кардааст.  Солҳои 1976-1982 иштирокчии якчанд конференсияҳои умумииттифоқии даврони Шуравӣ дар мавзуъи  пайвасти нимноқилҳо аст. Улугхоҷаева М. ҳамммуаллиф дар 5- мақолаи илмӣ дар мавзўъи эвтетикӣ дар асоси пайвастагиҳои нимноқилӣ дар солҳои 1980-1984 мебошад. Аз соли 1996 то соли 2010 ходими хурди илмии Маркази омӯзиши татбиқи манъбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти номбурда кор кардааст.

  Мубориза бо офатҳои табиии марбут ба обро одамон ҳанўз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар Мисри Қадим ва Месопотамия қисми зиёди обро аз марказҳои асосӣ ба пастхамиҳо равона мекарданд, ки минбаъд обанборҳо пайдо мешуданд. Нахустин дарғот панҷ ҳазор сол пеш дар Сурия, дар дарёи Оронт сохта шуда буд. Ҳамин тавр, дамбаҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба воситаи онҳо майдонҳои кишту боғу роғ аз обхезӣ эмин ёфтанд. Таҷрибаи хуби мубориза бо обхезӣ асосан аз Шарқ оғоз ёфта, он аз Мисру Чин ба Аврупо гузашт.

(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи дӯсти донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ Абдухолиқ Зуҳурӣ )

  Имрӯз – 21 феврали соли 2022 дӯсти донишманду рӯшанфикри мо Абдухолиқ Зуҳурӣ зодрӯз доранд. Бо Абдухолиқ аз моҳи сентябри соли 2009 ифтихори ошноӣ пайдо кардем ва аз соли 2014 ба ин тараф мавсуф узвияти маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро дорад. Ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ бо афкори озодандешони миллӣ ошно шуда, аз тариқи осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷасорати фикрӣ пайдо намуда, минбаъд тавассути дӯстону ҳампешагон ба муруру мутолеаи адабиёти илмӣ-фалсафӣ машғул мешавад ва миёни доираҳои фаъоли донишҷӯйӣ ҷойгоҳу мақоми шоиста касб мекунад. Замони фаъолият дар кафедраи забони тоҷикӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти сарпарастии доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ сари мавзӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ойини ҷавонмардӣ пажӯҳиши илмиро оғоз мекунад ва то имрӯз дар ин масир устуворона гом бармедорад.