JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 27 Июни 2019 15:31

Нақши бозорёбӣ дар тиҷоратҳои дохилӣ ва байналмилалӣ

Муаллиф: Муҳаммад Фавод Азимӣ ва Муҳаммад Раҳим Раҳимӣ

   Қабл аз ин, ки дар мавриди нақш ва аҳаммияти маркетинг ё бозорёбӣ дар тиҷорати байналмилалӣ баҳс сурат гирад, лозим аст то маълумоте чанд атрофии пайдоши ин ришта ва таърифи он ироа гардида, баъд нақш ва и он дар тиҷорати байналмилалӣ тавзеҳот дода шавад.

  Ихтисоси ҷадиди маркетинг аввалин бор дар соли 1931 дар донишгоҳи Миното Ийолоти Муттаҳдаи Амрико дар замоне ба вуҷуд омад, ки буҳрони шадиди иқтисодӣ иқтисоди ин кишварро, хусусан дар бахши иқтисоди зироат таҳдид мекард, таҳавуулоти бунёдиро дар тиҷорати ин кишвар ба вуҷуд оварда, ҳадафи он омӯзиш ва равишҳои тозаи бахши фурӯши махсулоти зироатӣ буд. Аммо дар ин чанд соли ахир, ки инкишофи технологияи дар бахшҳои васоили маълумотӣ чун телевизионӣ, мухобиротии моҳвораӣ, компютерӣ ва Интернетӣ ба ҳадди ғайри қобили бовар расидааст, мутолиот дар ин ришта он қадар васеъ гардида, ки акнун аз аксар улуме, ки қарнҳо дар донишгоҳҳои ҷаҳон тадрис мегардад, комилтар шуда ва китобҳои бештаре дар ин замина ба риштаи таҳрир даромадааст ва натиҷаи ин амал пешрафти тиҷорат дар ин чанд даҳаи ахир буда, ки ин мавзӯъ акнун ба хубӣ барои ҳамагон машҳур аст [4-112].

  Дар қисмати таърифи он бояд гуфт, ҷомеътарин таърифе, ки метавон аз мафҳуми ин вожжа дар байни мардум ёфт, ин аст ки макетинг ё бозорёбӣ маҷмӯае аз фаъолиятҳое аст, ки барои ёфтани бозорҳои ҷадиди фурӯши коло анҷом мегирад. Чун уламо ва донишмандон дар ин ришта таърифҳои зииёде аз макетинг намуда ва ҳар як таърифҳои худро беҳтар ва комилтар аз таърифи дигаронон донистааст, биноан мо ба ин таърифи ҷомеъ ва умумӣ иктифо карда, мегӯем, ки бозорёбӣ ё макетинг иборатанд аз маҷмӯаи фаъолиятҳое, ки дар натиҷаи он колоҳо ва хадамоти мавриди ниёзи мардум дар мавқеияташон ба дастраси онҳо қарор гирад. Ин фаъолиятҳо аз нуқтаи тавлид шурӯъ ва дар нуқтаи масраф хатм мешавад. Ба манзури илмитари он дар натиҷаи фаъолиятҳои бозорёбӣ колоҳо ва хадамот дар замон ва макони мавриди ниёз ба миқдор ва қимати муносиб дар дастраси мардум қарор гирад.

  Ба ин тартиб метавон гуфт, ки агар фаъолиятҳои бозорёбӣ ва аҳаммияти он дар тиҷорат ба таври муфассал тавеҳ гардад, аз ҳавсилаи як ва ё чанд мақола ва китоб берун аст. Биноан, ба таври мухтасар ва хуллас метавон фаъолиятҳои макетинг ё бозорёбиро ба тартиби аввал ва охир анҷоми амали он ин тавр зикр намуд:

1-номгузории коло ё аҷнос: аввалин қадам дар роҳи тавлид ва фурӯши аҷноси ҷадид, интихоби номи муносиб буда ва кори ҳатмӣ аст.

2- тайёр кардан, бастабандӣ: тайёр кардан, бастабандӣ ва сорт кардан (ба навъ ҷудо крдан), ба хусус дар маҳсули тавлидоти зироатӣ аҳаммияти бисёр дорад. Колоҳои тайёршуда боист дар қадами аввал бастабандӣ шавад ва баъд ба бозор фиристода шавад.

3-ҳамлу нақл: бисёр кам иттифоқ меафтад, ки тамоми коло дар маҳалли тавлид ба фурӯш бирасад ва боист ба бозорҳои мухталиф ҳамлу нақл шавад.

4- анбордорӣ (захирагоҳ): ҳар гоҳ тавлиди коло ва аҷнос беш аз ҳад масрафи фаврӣ бошад, ба хусус маҳсулоти зироатӣ, ки фосид мешавад, бояд муддатҳо нигаҳдорӣ шавад ва анбор гардад.

5-мутолиоти бозор: анҷоми мутолиот ба манзури осон сохтан, такмил ва ё тасреҳи тамоми фаъолиятҳои бозорёбӣ дар назар гирифта шавад.

6-рақобат: дар ҷомеаҳои сармоядорӣ колоҳои мушобеҳ маъмулан беш аз як тавлидкунанда дорад ва ҳар як бо соир тавлидкунандагон ба шакли рақобатӣ мувоҷеҳ буда, ки яке аз муҳимтарин мубоҳиси бозорёбӣ аст. Бархе аз масъулини бозорёбӣ ин фаъолиятро таҳти унвони риски умумӣ мавриди баҳс қарор додаанд.

7-табиғоти тиҷоратӣ: таблиғоти тиҷорати василаи суръат додани ҳаракоти колоҳо ва ҳадамот аз нуқтаи тавлид ба нуқтаи масраф аст.

8-стратегияи бозорёбӣ: стратегияи бозорёбӣ як ширкати тиҷоратиро дар бозори хориҷӣ рӯи як барнома ва шароити бозор нишон медиҳад.

9-пахши (прҳн кардан) коло ва аҷнос: колои мухталиф ба миқдори мавриди ниёз ба маркази иҷтимои мардум буда мешавад ва дар нуқоте, ки хубтар дар дастраси мардум қарор гирифта битавонад, пахш мешавад.

10-фурӯш: охирин суръати бозорёбӣ фурӯши колоҳо ва хадамоти таблиғу пешниҳоди фурӯши он аст [1-11].

  Ин буд фаъолиятҳои умда асосии макетинг ё бозорёбӣ дар тиҷорати байналмилалӣ ба таври фишурда зикр гардид, ки ба таври тафсилӣ ҳар шумораи он изофа аз як ҷилд китоб хоҳад буд. Хулоса ин ки тиҷорати байналмилалӣ аз дер боз дар инкишофи иқтисодии ҷаҳон нақши барҷастае дошта бошад, ҳам акнун дар ин авохир бар асри рушди тиҷорат ва сармоягузории байналмилалӣ аҳаммияти бештаре пайдо намудааст, зеро кишварҳои ҷаҳон мекӯшанд, то аз тариқи афзоиши содирот мушкилоти тариқаи пардохти худро бартараф созанд ва мамолики рӯ ба инкишоф ҳам низ имрӯз мекӯшанд, то аз тариқи интиқоли технологӣ раванди инкишофи иқтисодии худро суръат бахшанд ва якояк аз ширкатҳои тиҷоратӣ низ дар талоши суд ҳастанд. Аммо камбуди энергия ва таваррум болои иқтисод, ки давом меёбад, талошҳои бештареро дар заминаи бозорёбии ҷаҳонӣ барангехтааст.

  Ногуфта намонад, ки яке аз вижагиҳои пешрафти тиҷорати байналмилалии имрӯз рушди ширкатҳои тиҷоратии чанд миллиятӣ аст. Ин воҳидҳо ҳамзамон дар чанд кишвар амал мекунанд. Низомҳои ҳамлу нақли ҷаҳонии онҳо ва пешрафти технологияи имрӯзӣ ба онон имкон медиҳад, то маълум кунанд, ки тавлид кардан дар кадом кишвар бо масрафи кам имконпазир аст ва ё дар кадом кишвар беҳтар метавон барои тавлидоти худ бозорёбӣ кард. Ин ширкатҳои бузурги чанд миллиятӣ аз сӯйе ба унвони ин ки бо интиқоли технологӣ ба рушди иқтисои кӯмак мекунад мавриди таҳсин қарор гирифтаанд ва аз сӯйи дигар иддае аз кишварҳои камтар инкишофёфта фаъолиятҳои онҳоро шадидан мавриди интиқод қарор додаанд. Бинобар ин баъд аз 1972 ва 1973 кишварҳои рӯ ба инкишоф хоҳони як силсила тағйирот дар хатту машқу ниҳоди кишварҳои инкишофёфта дар тиҷорати байналмилалӣ ва бозорёбии байналмилалӣ шудаанд, ки ба назари онҳо метавонад рушди иқтисодиро шиддат бахшад [2-24].

  Дар соли 1974 маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид барномаи иқтисодие барои эҷоди назми навини иқтисоди байналмилалиро тасвиб крд, ки назариёти кишварҳои камтар инкишоф ёфтаро дар бораи тиҷорати байналмилалӣ ва бозорёбии байналмиллалиро мунакис месохт. Ин барнома ба яке аз мавориди умдаи ихтилоф байни кишварҳои ҷаҳони камтар инкишофёфта ва кишварҳои пешрафта дар қисмати тиҷорати байналмилалӣ ва бозорёбии байналмиллалӣ шудааст ва дар ин катънома тавсияҳои зерин ба амал омадааст:

1-суръат додани роҳҳои расидан ба ҳадафи иттиҳодияҳои тавлидкунандагон.

2-танзими қарордодҳо ба манзури тасбити зарфият ва миқдори маводи хом дар мамолики рӯ ба инкишоф.

3-аз байн бурдани тадриҷии монеаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти як низоми хостаҳои ом.

4-тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ байни мамолик рӯ ба инкишоф.

5-афзоиши ҷараёни манбаҳои молӣ ба мамолики рӯ ба инкишоф.

6-таҳияи оини рафтор дар мавриди ширкатҳои чандмиллиятӣ.

7-бозорёбиҳои мантиқаӣ ва байаналмилалӣ, ки зарурат ба содирот ва воридоти мамолики рӯ ба инкишоф ворид нагардад.

  Ҳосили ин гуфтугӯҳои кишварҳои инкишофнаёфта дар тиҷорати байналмилалӣ ва сармоягузории байналмиллалӣ метавонад тағйиротеро бор оварда ва барои бозорёбони байналмилалӣ ҳар ду гурӯҳ як масъала мудовим бошад [2-46].

  Пас метавонем бигӯем, дунёе, ки дар он вобастагиҳои мутақобил рӯз ба рӯз бештар мешавад, барои барқарории пайвандҳои муассир байни тавлидкунандагон ва масрафкунандагони ҷаҳон ба бозорёбии байналмилалӣ муттакӣ (такя кардан) аст. Як низоми бозорбии муассир дар тиҷорати байналмилалӣ ба навбати худ барномарезии дақиқ ва стратегияиҳои бозорёбоне, ки тавассути ҳазорон мудир дар саросари ҷаҳон иҷро мешавад, такя дорад. Ин мудирони бозорёбӣ тақозои ҷаҳонии маҳсулот ва хадамотро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, то фурсатҳои бозорёбиро барои ишркатҳои худ кашф кунанд, то ба ниёзҳои муштариёни хос ва ба тағйироти шеваи зиндагии онҳо огоҳӣ дошта бошанд. Пас аз ин баррасии мудирони барномаи бозорёбӣ, барои баровард кардани тақозои амвол ё хадамот барномаи сармоягузориро танзим мекунанд. Барномаи бозорёбӣ барномае аст, ки стратегияи ширкатҳои тиҷоратиро дар бозори хориҷӣ нишон медиҳад. Ин барнома бозтоби ниёзҳои муштариён ва шароити бозор мебошад. Барномаи бозорёбӣ дорои ҷузҳои зерин мебошад:

1-таҷзия ва таҳлили шароити бозор бояд дарбаргирандаи таҷзия ва таҳлили тақозо, таҷзия ва таҳлили рақобатҳо ва эҳсоия (омор) ва риққатбори (нозукии) масрафкунанда дар харид кардаи коло, ангезаи муштариён барои хариди мол, саҳми масрафкунандагони мухталиф дар бозор мебошад.

2-эъломи ҳадафҳои бозорёбӣ бояд дар замони мавриди назари барнома таҳаққуқ ёбад ва бояд тасреҳ шавад, ки ширкати тиҷоратӣ дар садад аст дар ин бозор чӣ саҳме дошта бошад.

3-стратегияи бозорёбӣ барои расидан ба ҳадафҳои эъломшуда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Каналҳои тавзеъ, шакли қиматгузорӣ, хати маши таблиғи амвол, ниёзи созмони бозорёбӣ, пуштивона дар таҳқиқоти бозорёбӣ бояд мушаххас гардад.

4-бароварди натиҷаҳои амалиётӣ, ки ба асоси стратегияи пешниҳодӣ анҷом хоҳад гирифт, ин баровард бояд шомили пешбинии фурӯши будҷаи масрафии ҷараёни нақдӣ ва суди эҳтимолӣ бошад, ки манзури тасҳили назорат ва контрол, равиши назорат бар иҷрои барномаи бозорёбӣ низ бояд дар барнома мушаххас бошад.

5-бароварди манобеи моли ширкат барои иҷрои барномаи бозорёбӣ чизи ҳатмӣ ва лозимӣ аст. Ин баровард бояд шомили масрафи коргарон, масрафи масоили ҳамлу нақл, масорифи маводи мавриди зарурат ва масорифи мудирият дар бозорёбӣ бощад. Ба ин тартиб метавонад маркетинг ё бозоёбӣ дар тиҷорати байналмилалӣ ба рӯи як барнома ва стратегияи муайян ва муфид бошад [5-112].

  Хулоса ин ки масъалаи аҳаммият ва нақши бозорёбӣ дар тиҷорати байналмилалӣ биёр муҳим ва қобили баҳс буда, ки аз ин бояд дар ин ҷо возеҳан ёдоварӣ гардад. Ва он ин аст, ки бозорёбони саросари ҷаҳон дар ҳадафҳои худ масоил ва ҳадафҳои яксоне надоранд. Бозорёбӣ дорои вазоифи бисёр васеъ, мутааддид ва печида аст. Ин ки дар кадом қисмати ҷаҳон чӣ коре ба иртиботи бозорёбӣ анҷом мегирад, вобаста нест. Кори тамоми бозорёбон фақат ин аст, ки манбаҳои муассиса ё ширкати тиҷоратиро рӯйи баровард кардани ниёзҳои масрафкунандагон мутамарказ кунанд. Бозорёбон бо кунҷковии тамом тақозои маҳсулоти худро пешбинӣ мекунанд. Ниёзҳои масрафкунандагон ва ангезаи онҳо дар харид амволро таҷзия ва таҳлил мекунанд, тавзеи амалии маҳсулотро таъмин менамоянд, таркиби муассире аз равишҳои бозорёбиро тарҳ ва барномарезӣ мекунанд ва дар ниҳоят фаъолияти бозорёбиро зери назорати худ қарор медиҳад [3-51].

  Бидуни шак бозорёбии муассир дар тиҷорати байналмилалӣ он қадар муҳим ва ҳаётӣ аст, ки бидуни он масалаҳои тиҷорат ва фаъолияти тиҷоратӣ ғайримумкин мебошад. Дар масъалаҳои бозорёбии дохилӣ низ тасаллути бозорёбии байналмилалӣ бар техника ва мафҳумҳои он чунон ҳоким буда, ки наметавон барои он дараҷа ва меъёрро таъйин кард. Дар воқеъ яке аз мазоёи умдаи тиҷорати байналмилалӣ ва ширкатҳои тиҷоратии чандин миллиятӣ ин аст, ки метавон барои бартарӣ ёфтан бар рақибони худ хабари худро дар бозорёбии дохилӣ ва хориҷӣ мавриди истифода қарор дод.

  Аз муҳтавиёти фарқ чунин натиҷа гирифта мешавад, ки аз лиҳози аҳамияти иктисодӣ бозорёбӣ дар тиҷорати байналмилала ӯҳда дошта ва аз аҳаммияти арзанда ба хотири арзаи маҳсулоти тиҷоратӣ бархурдор аст. Ва он ин аст, ки бозорёбони саросари ҷаҳон дорои ҳадафҳо, масъалаҳо ва фаъолиятҳои яксон набуда ва вазоифашон мутааддид ва печида аст. Кори тамоми бозорёбон фақат ин аст, ки манбаҳои муассиса ё ширкати тиҷоратиро рӯйи бароварда кардани ниёзҳои масрафкунандагон мутамарказ месозанд. Бозорёбон бо таҷассус ва кунҷковии тамом тақозои маҳсулоти худро пешбинӣ мекунанд. Ҳамчунон ниёзи масрафкунандагон ва ангезаи онҳо дар хариди колоро таҷзия ва таҳлил мекунанд. Ба ҳамин шакл тавзеи амалии маҳсулотро таъмин менамоянд.

 Барои барқарории муносиботи қаноатбахш ва муассир байни тавлидкунандагон ва масрафкунандагони ҷаҳон зарурат ба як низоми бозорёбии байналмилалӣ аст.

1-фаъолиятҳои муассири маркетинг ё бозорёбӣ дар тиҷорати байналмиллалӣ барномарезии дақиқ ва стратегияи бозорёбиро бо худ дошта бошад.

2-дар масоили бозорёбӣ таблиғоти тиҷоратӣ беҳтарин васила ҷиҳати фурӯш ва суръатбахши коло ва хадамоти тиҷоратӣ дар бозорҳои ҷаҳон мебошад. Аз ин сабаб фаъолтятҳои таблиғоти аз нуқтаи тавлид то то ба мараф ба таври мусалсал ва пайваста иджома ёбад ва баёнкунандаи кайфият давом ва замонатиколо бошал.

3-дар қисмати маҳсулоти тавлидшуда ва қобили арза ба бозорҳои ҷаҳон бозорёбон боял иаркиби ранг, тарҳ ва нақши бастабандиро бо риояти тарзи фикру салиқаи харидори ҳтимолӣ муайян созанд.

4-ҳар гоҳ бозоёбон дар бозорҳои ҷаҳон дар маърази рақобат қарор гиранд, бояд мавзуоти зеро дар назар дошта бошанд: аввад ин ки бидонанд чанд рақиб доранд, дувум ин ки ин рақибон чӣ вазъи молӣ ва қудрати тавлид доранд. Аз лиҳози фаъолиятҳои фурӯш ва таблиғот чӣ қудрат ё заъфе доранд. Ҳар кадом чӣ саҳме аз бозорро дар қисмати фурӯши маҳсулоти хеш доранд мутолиа намуда ва баъд ба амал дигар бозорёбӣ даст бизананд.

Муҳаммад Фавод Азимӣ

Муҳаммад Раҳим Раҳимӣ

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №4 (244)

Адабиёт

  1. Бахромӣ, Эраҷ. Бозорёбӣ дар бозоргонии пешрафта / Э.Бахромӣ. -Теҳрон. Интишороти муассисаи пешбурд. 1379, -с.119435 С.
  2. Тақавӣ, Муҳаммад. Тиҷорати байналмилали. Интишороти муассисаи пешбурд / М.Тақавӣ. -1379, -с. 42-46. (381)
  3. Жатлер, Филип.Усули бозорёбӣ. Мутарҷим Беҳман Фурӯзанда / Ф.Жатлер. -Исфаҳон. Интишороти муассисаи Отрупат. 1381. –с.51.(273С.)
  4. Кахлер Равил. Бозорёбии байналмилалӣ. Мутарҷим Саъид Рахимӣ. Муқарӣ / Р.Кахлер.- Теҳрон. Интишороти ҷонзада. –с. 280. (457С)
  5. Муҳташам, Таҳмосп Давлатшоҳӣ. Тиҷорати байналмилалӣ. Теҳрон, Донишгоҳи аллома Таботабоӣ / Т.Д.Муҳташам. -1382, -с. 112. (327 с.)
Хондан 1293 маротиба