JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 02 Июли 2019 03:42

Шарҳи мушаххасоти нуҳ вазифаи мудирият дар идораи солим

Муаллиф:

  Мудирият иборат аз анҷом додани кор ба василаи дигарон аст. Мудирият илм аст ва он аз ҷумлаи улуми иҷтимоӣ буда, дар он масоили марбут ба ҷомеа, мутобиқ ба хусусиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа мавриди мутолиа қарор дода мешавад, ки роҳ ва равиши расидан ба ҳадафҳои идораро ба сурати умум танзим менамояд. Мудирият иборат аз ҳунарест, зеро ҳунар иборат аз маҳорат дар анҷоми корест, ки ба василаи таҷрибаи такрор ва мушоҳида ба даст омада бошад. Пас, дар мудирият ҳам таҷриба, ҳам назария ва рукни саввумии асос низ шомил мегардад, зеро агар шахс дорои таҷриба ва таҳсил бошаду агар эҳсоси анҷом додани кор дар ӯ набошад, мудириятро беҳтар анҷом дода наметавонад.

  Усулан чанд навъи назорат дар тамоми корҳо мавҷуд аст, ки онро метавон назароти қабл аз шурӯи фаъолият, назарот дар ҷараёни фаъолиятҳо, назорат дар тамоми корҳоро бояд ҷудо намуд. Бисёре аз донишмандон ва назоратчиён муътақид ба ин ҳастанд, ки назарорат қабл аз шурӯи фаъолият дорои аҳамияти хос мебошад, ки натоиҷи корҳо бо ҳадафҳои пешбинишуда мутобиқат намояд. Дар он вақт аст, ки масъулият идораро мутаваҷҷеҳ месозад, то дар навоқис ва авомили инҳироф икдомоти лозим ва матлуб намояд. Дар ин сурат масъулинро маҷбур месозанд, то шароити беҳбуд ва васоили матлуби корро таҳия намуда ва дар интихобҳои воҳид назорат вазъи полисӣ (сиёсӣ)-ҳо дастуруламалҳои назорат ва тарбияи ашхоси лозим ҷиҳати назорат ва котрол мавҷуд созанд. Барои идораи солим ва идоракунӣ бар он бояд шарҳҳои зеро, ки аз нуҳ асл иборат аст, ба хотири шотир супорад:

  1. Усули ҳамоҳангӣ: вуҷуди силсиламаротиби идории тасҳилотро бар он асли ҳамоҳангӣ муяссар сохта, ки ин таҳсилот аз тариқи табақабандии вазифаҳои собит кардани салоҳият дар созмон ба вуҷуд меояд.
  2. Асли силсиламаротиб: ин асл ҳам вуҷуди силсиламаротиби идории тасҳилотро барои асли ҳамоҳангӣ муяссар, ки тасҳилот аз тариқи табақабандии вазифаҳо собит кардани салоҳият дар созмон ба вуҷуд меояд ва муроот аз ин асл дар иҷрооти идорӣ бисёр зиёд мебошад.
  3. Асли тахсис (Специализация). Ин асл бештар ба навъият ва моҳияти кор иртибот дошта ва аз тариқи табақабандии вазифаҳо ва тақсими кормуяссар мегардад. Тақсими кор байни воҳидҳо ва воҳидҳои кӯмакӣ ба истиноди (такя) ин асл сурат мегирад.
  4. Асли ваҳдат дар фармондиҳӣ (Unity Order): ин бapoи эҷоди ҳамоҳангӣ ва ҷилавгирӣ аз парокандагӣ аз корҳо, яке аз усули илмии мудирият буда, ки ба истиноди ин асл маъдунон фақат масъули як амри мофавқ (дар боло ишорашуда) мебошад ва ҳам масъулияти анҷоми корро ба уҳда дорад. Омир (мудир) метавонад дар сурати лозимӣ корҳо ва масъулиятҳоро байни воҳидҳои дувумии худ тақсим ва ҷиҳати додани салоҳият ба онҳо тафвиз ихтиёр намояд.
  5. Асли ҳайати назорат (Spea: of Control): Ин асл, ки бо асли силсиламаротиби идорӣ иртиботи наздик дорад, марбут ба ашхосе аст, ки онҳо ба хубӣ ва осонӣ битавонанд муовинони худро назорат намоянд. Баъзе аз уламои қарни бист Уринк (Urincr) изҳори назар карда, хамон тавре, ки ангуштони навозанда як теъдод маҳдуде аз калидҳо ё навор расидагӣ метавонад, фикру нерӯи инсон наметавонад масулияти сарпарастии беш аз як теъдоди муайян аз афродро қабул намояд. Ба ақидаи вай теъдоди кормандони марбути як амр набояд аз 5 ё 6 нафар зиёд бошанд, вале ин назарот ба каммият ва кайфияти тамаркуз ва адами тамаркуз ва соир авомили дигар низ марбут мешавад.
  6. Асли ихтиёр ва масъулият (Responsibility Authority): Тибқи ин асл дар ҳар идора вазифаҳо, ихтиёрот ва масъулиятҳо, равобити воҳидҳои мухталифи идора бояд сароҳати (ошкори)-и комил дошта, возеҳ ва муайян бошад.

 Масъулияти ҳар шахе ба муқобили мофавқи худ дар ҳудуди ихтиёроте, ки ба вай дода шуда мекунад ва аз анҷоми корҳое, ки аз ҳудуди салоҳияти як корманд хориҷ аст, набояд иқдом намуд ва дар анҷоми фаъолиятҳои идори ва эҷоди равобит мешавад аз ин асл ва асли (муроот аз силсиламаротиби идори) бо аҳмият ва зарурӣ мебошад.

  1. Асли тааддул (Equilibrium): Бо назардошти ин асл, тамоми қонунҳо ва муқаррароти мурбут ба идора тавре тартиби маръӣ (муроот) мегирад, ки адолат дар он муяссар шуда битавонад ва таҳаққуқи ҳадафҳои идора тасҳилотро фароҳам оварад.
  2. Асли инҳитофпазирӣ (Flexibility- гибкость) чун фаъолиятҳо ва корҳои марбути як идора назар ба шароит дар ҳоли тағйир аст, аҳдоф, ташкил ва корҳои марбути як идора ба вазъи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоии он буда, агар тартиботи саҳеҳ ва лозиме барои таъдили планҳои кор ба муқтазои тағйироти ҷадид пешбинӣ нашуда бошад, дар ин сурат бисёр имкон дорад дар иҷро ва такмили нақшаҳо ва программаҳои муассиса сактагӣ ва вақфаҳо(истодагӣ) рӯнамо гардад. Бинобар ин дар идора бояд ҳамоҳангӣ тавре танзим гардад, ки таъдил дар программаҳои кор дар ҳар вақту замоӣ имконпазир бошад. Дар ғайри он фаъолиятҳои идора ба шароити мутмаини иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва омилҳои дигар расидан ба аҳдофи муайянро ташкил месозад.

9.Асли короӣ (кафоӣ, натиҷа) (Efficiency): Дар як созмон ин асл аз тариқи муқоиса намоён мегардад ва масорифҳое, ки аз натиҷаи охири кор ҳосил мешавад, метавон мавриди баррасӣ қарор дод, вале ин асл аз прусаҳои (равандҳои) омил (Input) ва ҳосил (Jutput) ба баррасӣ гирифта мешавад. Умуман ба истинод воҳидҳои пул мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Вале дарвоқеъ дар мавриди ҷараён ё хатми равандҳои омил ва ҳосил метавон баъзе корҳо ва фоидаҳои равонӣ ва хадамотро, ки қобили арзёбӣ ба пул набошанд, вазъ ва тасбит намуд [8.32].

Бояд мутазаккир шуд, ки вазифаи ҳар сардор ё фармондеҳ низ назар ба бузургӣ ва хурдии навъи вазифаҳо, масъулиятҳо ва ҳадафҳои ҳар идора фарқ мекунад, вале дар таъини вазоиф амри аксари олимон аз назари Литер Гулик (Lyrer Gulick) 1937-и амрикоӣ, ки яке аз донишмандони машҳури улуми идорӣ аст, пайравӣ мекунад [4, 73].

Аҳамияти идора                   

-ҳусули аҳдоф ба шеваи дуруст;

-коҳиши масраф;

-такмили фаъолиятҳо бо дарназардошти фаъолиятҳои замонӣ ва пулӣ;

-қаноат ва ризоияти муштариён, тамвилкунандагон ва менеҷмент дар тамоми анвои созмонҳо қобили татбиқ мебошад.

Мушаххасоти идораи солим таври зайл сурат мегирад:

Дар идора пайравӣ аз тамоми усули қоидаҳо ва муқаррароти идорӣ лозим мебошад.

Бояд ташкил бо зарурияти усули идора созгор бошад бо аҳдофи восилии идора ҳамоҳанг ва аз тавваруми ташкилотӣ ҷилавгирӣ ба амал омада бошад, дар интисоб, интихоб, тағйир, табдил ва таъдиёти (пардохти) коркунон аз усули муҳимми идорӣ, монанди асли тааддул, тахассус, мувассирият (таъсирнокӣ) ва мусмарият (самаранокӣ), равобити инсонӣ ва силсиламаротиби идорӣ муроот (риоят) ба амал омада бошад.

Идора бояд ҷудо аз тақаллуби корӣ, истифодаҷӯӣ, ришваситонӣ ва бюрокросӣ (коғазпаронӣ) бошад.

-дар идора ҳамоҳангӣ, системам хуби назорату роҳбарӣ ва пайравӣ аз усули мудирият қарор бигирад.

Вазоифи умдаи мудирият ин аст:

- плангузорӣ;

- созмондиҳӣ;

- хидмат кардан;

- роҳбарӣ;

- назорат [6, 83].

Вазоифи умдаи мудирон бар асоси назарияи Питерд Роккер ба 5 даста тақсим мешавад:

  1. Танзим ва таҳияи нақша (Planning). Калимаи нақша ба маънои мухталиф ба кор бурда мешавад. Дар ин ҷо ба иртиботи мавзӯъ нақша иборат аз пешбинии фаъолиятҳои асосии идорӣ ва роҳҳои иҷрои он ҷиҳати таъмини ахдофи мудирият мебошад.

Имрӯз масоили нақша ва нақшагузорӣ аҳамият ва вусъати зиеде пайдо карда, ки дар идора ва мудирият масоили таъмини аҳдоф, вазъи полисиҳои лозим ва матлуб, роҳҳои иҷрои фаъолиятҳо ва пешбиниҳои он марбут ба умури плангузорӣ шудааст. Агар тарҳи нақшагузории идора бо диққати лозим таъйин ва тасбит намегардад, самти фаъолиятҳои мухталифи идора маълум намешавад ва ваҳдати амалу ҳамоҳангӣ дар фаъолиятҳои идора ба вуҷуд намеояд ва дар фаъолиятҳои идора харҷу марҷ ба вуҷуд меояд.

Масъалаҳои умда, ки дар плангузорӣ матраҳи баҳс қарор мегирад, ин аст, ки чӣ бояд кард, чӣ тавр аҳдоф тавассути мудирият таҳия мешавад ва чӣ тавр ба аҳдоф метавон расид ва тавассути кадом шахс ё ашхос метавон расид ва кадом шахс ё ашхос вазоифи матлубро анҷом хоҳад дод. Ҳалли ин саволот аз ҳама аввалтар марбут ба вазоифи мудирият мебошад ва мудирият он вақт ба ҳалли саволҳо фоиқ мегардад, ки ба масоили марбут як силсила маълумот ва арқоми дуруст ва мунсиҷам қаблан таҳия ва дастраси плангузор қарор гирифта бошад, то аз ин маълумот ва арқом ба ҳайси манбаи асоси барои тасбити фаъолиятҳо ва ахдофи идора истифода гардад. Ва бояд мутазаккир шуд, ки дар умуре аз як силсила тахминот ва таъдилот низ истифода бояд намуд. Плангузорӣ, ки тавъам (якҷо) бо асосоти мудирият мебошад, фоидаи зиёдеро дар бар дошта, ки аз ҷумла чанди он дар ин ҷо зайлан хулоса мегардад [5, 73].

  1. Плангузориҳое, ки ба истиноди тафаккури амиқ ва мудирияти дуруст сурат гирифта бошад, масоили марбут ба планро ба ҳадаф мерасонад.
  2. Тлангузорӣ, ки ба асоси. мудирият сурта гирифта бошад, дар фаъолиятҳои идорот ва муассисоти мухталиф ҳамоҳангии ва ваҳдати назар ба вуҷуд омада ва аз такрори тадохули фаъолиятҳо ҷилагирӣ ба амал ояд.
  3. Нақшагириҳое, ки дар он мудирият ҳукмфармо бошад, ҳатман дар он назорати систематики ба сурати кор амалӣ мегардад.
  4. Мудирият аҳдофи плангузориро густариш дода ва аз равишҳою таҳқиқоти илмӣ барои татбиқи фаъолиятҳо ва корҳои идорӣ истифодаи азиме мешавад, Но гуфта намонад, ки плани кор ба кутоҳмуддат вамутаваситулмуддату дарозмуддат тақсим мегардад назар ба навъи кор, ҳадафи кор, бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ, вақти шурӯъ вахатми кор пешбинӣ шуда ва тасбит мегардад.

Таҷриба нишон дод, ки расидан ба аҳдофи дарозмуддат, замоне бештар, саҳлтар муяссар мешавад, ки ҳадафи дарозмуддат ва мутавасситалмудат бо қайди замон ва мароҳили пешрафти кори он тасбит шуда бошад. Дар плангузориҳо асосан марҳилаҳои зерин дар назар гирифта мешаванд, ки дар ин мароҳил фаъолиятҳо ва роҳи расидан ба ҳадафҳо, муайян, лавозими таҷҳизот ва васоили молии он низ қаблан тасбит мегардад.

Марҳилаи муқаддамотӣ, ки дар ин марҳила ахдофи план, иҷрои саравиҳои қаблии лозим ҷиҳати таҳитяи маълумот ва арқоми мавриди зарурат, навъҳо ва роҳҳои таҳияи лавозим ва таҷҳизоти мавриди зарурати манобеи молӣ ва пулӣ, таъйин ва тасбити қувваи башарии соҳот, навъ ва иҷрои фаъолиятҳо, навъи татбиқи. шохисҳои план, навъи контроли (назорат)-и план ва ғайра масоили планӣ таъйин ва тасбит мегардад.

Марҳилаи иҷро ва татбиқ, ки дар марҳила фаъолиятҳо, барномаҳо, лавозими таҷҳизот ва дигар масоили мавриди зарурати плане, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ тазаккур ба амал омада, татбиқи барнома ва равишҳои муайянаи мавриди иҷрои татбиқ қарор мегирад. Дар ин марҳила контроли фаолиятҳо дороӣ аҳамияти хос аст, зеро назорати фаъолиятҳо тибқи меъёрҳои мушаххас фаъолиятҳоро ба самти аслӣ, бо дар назар дошти ахдофи муайяна савқ дода ва аз инҳироф ҷилавгирӣ ба амал меояд.

Марҳилаи арзёбӣ, ки дар ин марҳила тамоми фаъолиятҳое, ки тибқи барномаҳо ва планҳои муайян сурат гирифта, амалкарҳои марҳилаи татбиқ мавриди арзёбӣ қарор мегирад, ки оё фаъолиятҳои марбут ба меъёрҳое, ки қаблан тасбит гардида, сурат гирифта ё не?

Бояд мутазаккир шуд, ки контрол ва назорат ба фаъолиятҳои шомилаи план дар марҳилаи татбиқ дар фосилаҳои муайян бар ҳасби меъёрҳо зарурӣ пиндошта мешавад, яъне меъёрҳое, ки барои арзёбии натоиҷи фаолиятҳо тасбит гардида бошад, вақт ба вақт таъқиб ва таҳти контрол қарор гирад. Марҳилаи арзёбӣ дар ҳақиқат натоиҷи кору фаолиятҳои марбути контролро марваиди арзёбӣ қарор медиҳад, ки оё дар муддати муайян ба масрафи камтар ва хатми кор бо каммият ва кайфияти беҳтар анҷом ёфта ё аз меъёрҳои тасбитшудаи қаблӣ инҳироф кардааст. Агар корҳо тибқи меъёрҳои қаблӣ ба наҳваи хубтар бо каммияту кайфияти беҳтар ба вақти каму масрафи кам анҷом ёфта бошад, дар ин сурат натоиҷи фаъолият ризоятбахш мебошад. Дар ғайри он бояд илали инҳироф аз натоиҷ ва меъёрҳои пешбинишуда мавриди баррасӣ ва бозпурсӣ қарор гирифт ва иқдомоти лозим ба манзури ҷилавгирӣ аз вуқӯъ ё такрори инҳироф ба амал ояд [1, 19].

  1. Ташкил. Аксари муассисоти давалатӣ ва хусусӣ тибқи қавонин ва муқаррароти мавзӯъ бо назардошти шароити муҳитӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки маншаи аслии он Қонуни асосии он кишвар аст, ба вуҷуд меоянд, ки аксаран тавассути равобити муназзам ва мантиқии афрод ва муассисот дар як воҳиди идорӣ (чӣ хӯрду чӣ бузурд), ки барои ба даст овардани як ё чанд ҳадафи муштарак ва хосе ба вуҷуд меояд, ироа мегардад.

3 Роҳбарӣ, аз назари сиёсатмадорон омирини муассисоти давлатӣ ва хусусии олимон ва муҳаққиқини улум фарқ дошта ва дар мафҳуми воқеъии он ваҳдати назар вуҷуд нест, вале бо он ҳам ба таври куллӣ собитшуда, ки чигунагии роҳбарӣ дар сулук ва рафтори кормандон дар таҳаққуқи ҳадаф ва ё аҳдоф ва шоистагии идораи муосир аст ва ҳар роҳбари хуб метавонад, ки бисёрии аз мушкилоти идораро ҳал намояд ва дар натиҷа собит шудааст, ки масоили роҳбарӣ дар идора боиси тағйир ва табдили руасо(раисон), кормандон дар идорот мегардад.

Таври мисол: таҷрибаи генерал Брадили-раиси умуми нерӯҳои низомии Амрико дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ метавон масодиқи амали роҳбарӣ донист. Дар замони ҷанг лашкари пиёдаи шумораи 90-и Амрико таҳти роҳбарӣ ва фармондеҳии шахсе, ки қудрати роҳбариро надошт, ба ҷабҳа фиристода шуд. Чун шахси мазкур қудрат ва лаёқати роҳбарӣ надошт, қарор буд, ки ҷабҳа дар ҷанг ба нокомӣ мувоҷеҳ шавад ва мушовирони марбут ба генерал Брадили Мерн пешниҳод карданд, ки лашкари пиёдаи шумораи 90-и мазкур ҳар чӣ зудтар мунҳал гардад ва афроди марбути он ба воҳидҳои дигари низомӣ мулҳақ гардад, вале Бредили ба ин пешниҳод мухолифат намуд. Замоне, ки мавзӯъ аз наздик баррасӣ шуд, маълум шуд, ки ҳаллаи ин норасоиҳо аз набудани роҳбарии дуруст маншаъ гирифта ва генерали мазкур фавран роҳбарро табдил ва шахси дигаре, ки сифатҳо ва қудрати хуби роҳбариро доро буда, иваз намуд ва воҳиди ҷабҳаро пас ба комёбӣ кашонид.

Хусусиятҳо ва сифатҳои хуби як роҳбар назар ба воҳидҳо, навъи вазоиф ва созмонҳо ва мушаххасоти ошхос аз ҳам мутафовит аст, вале дар ин ҷо баъзе мушаххасоти муҳим, ки дар роҳбарӣ кардани як воҳиди идорӣ зарур пиндошта мешавад. Онро бо ҷумалоти зайл метавон мушаххас намуд.

Як роҳбари хуб дорои эътимод ба нафс буда ва соир ибтикори тафаккури мусбат ва созанда аст ва ҳам дорои ахлоқи иҷтимоӣ ва иродаи собиту ҳушёр бошад. Бояд мутазаккир шуд, ки дар бораи роҳбарӣ таҳқиқоти зиёде ба амал омада, вале то кунун ба тасбит ва таъин унсурҳои муаиян ва мушаххаси он муваффақ нашудаанд. Вале бо ҳамаи ин мафкураҳо, бехтар ин аст, ки роҳбариро як падидаи ношӣ аз таъсири робитаи мутақобили аврод дар мавқеият, дар шароити хосе ба манзури ҳусули ҳалаф ё ҳадафҳои мушаххас таъриф кард, ки ин падида барои роҳбар иҷоза ва қудрат медиҳад, ки пайравон ва табеини худро аз назари сулук ва рафтор таҳти таъсмир қарор диҳад. Бо дарназардошти таърифи мухтасари фавқ дар як роҳбараи мушаххаса роҳбар бояд мавҷуд бошад.

Назорат монанди танзими болоӣ барои ашхоси мухталиф, мафоҳими мухталиф дорад, ҳама ба назари аслӣ ва кулли аз корҳои марбути назорат ва усули итминон аз татбиқи натоиҷи фаъолиятҳо нисбат ба ҳадафҳои матлуби идора мебошад, Назорат дар тамоми мароҳили мудирият, мисли танзими план, ташкил, ҳамоҳангӣ ва роҳбарӣ дар назар шрифта шуда ва дар ҳар марҳила қобили аҳамияти хос мебошад.

Ҳар назорат асосан дорои се марҳилаи умда мебошад, ки иборатанд аз марҳилаи аввалӣ бо марҳилаи шинохт ва таъйини аҳдоф, равишҳо ва арзёбӣ, ки қаблан пешбинӣ мебошад.

Марҳилаи дувумӣ, ки шомили фаъолиятҳои анҷомшуда ва татбиқи он аз корҳои пешбинишуда мебошад. Ва марҳилаи сеюмӣ иқдом ба истилоҳ навоқис ва ҷилавгирӣ аз такрори инҳироф мебошад. Чанд навъи назарот дар корҳо мавҷуд аст, ки онро метавон қабл аз шуруъи фаъолият, назорат дар ҷараёни фаъолиятҳо, назорат дар тамоми корҳо тафкик намуд. Бисёрии аз донишмандон ва нозирон муътақид ба ин ҳастанд, ки назорат қабл аз фаъолият дороӣ аҳамияти хос мебошад. Таҷрибаҳо собит намуда, ки дар ҷараёни амал камтар иттифоқ меафтад, ки натоиҷи корҳо бо ҳадафҳои пешбинӣ шуда мутобиқат намоянд. Дар он вақт аст, ки масъулини идораро мутаваҷҷеҳ месозанд, ки дар бартараф кардани нуқсонҳо ва омилҳои инҳирофот иқдоми лозим ва матлуб намоянд. Дар ин сурат масъулинро маҷбур месозанд, то шароити беҳбуд ва соили лозими матлуби корро таҳия намуда ва дар интихоби ҳар воҳид илзом ҷиҳати назорат ва контрол мавҷуд бошад.

Дар системҳои идорӣ ҳамеша саъй ба амал меояд аз тариқи амалҳои назоратӣ раҳнамоиҳои лозим барои ин ки чӣ тавр фаъолият бояд анҷом шавад ва чӣ мехоҳад, ки бояд анҷом ёбад, тасбит ва ташхис гардад ва метавон гуфт, ки назорат дар як идора таҳаввули чаҳор марҳилаии фавқуззикр аст, зайлан хулоса мeгардад: [2, 277]

  1. Назорат сабаби тавсиаи меъёрҳои идорӣ мешавад.
  2. Корбурди назорат як васила аст барои таъини меъёриҳои маьлуб ва коркунони он дар идора.
  3. Корбурди назоратсабаби эҷоди системаҳои дуруст вамаълумотдиҳӣ мегардад.

Тавре ки қаблан зикр намудем, назорат як падидаи кайфӣ ва нисбӣ аст ва бешак метавон дар идораи мухталиф як назари меъёр, ки қобили қабули омма бошад, ироа намуд, зеро моҳияти ҳар идора вобастагӣ ба аъзои ташкилдиҳандаи он дорад ва аз тарафи дигар ҳар идора аз назари аҳамияти ҳадаф улувиятҳои хосро бархурдор аст ва ин улувиятҳо ва кадоматҳои аҳдоф аз як идора бо идораи дигар аз ҳам мутафовит аст.

  1. Ҳамоҳангӣ (координация): яке аз вазоифи муҳиммӣ мудирият эҷоди ҳамбастагӣ ва мувозана (ҳамвазг) байни вазоифи мухталифи идора барои ҳадафӣ муштараки як идора мебошад, зеро тавре ки зикр шуд, идора монанди мошин аст ва ҳар ҳиссаи он вазоифи хосро, ки мунҷар ба фаъол шудан он барои ҳадаф фаъол мегардад, анҷом мегирад. Ҳамин тавре, ки ҳифзи баробарӣ ва иртиботи мантиқӣ байни аҷзои мухталифи мошин зарури аст ва барбари вазифаҳо дар байни воҳидҳои идорӣ барои таъини ҳадафи муштарак лозимӣ мебошад.

Асосан дар аксари кишварҳо барои ҳамоҳангии умури идории вазоратхонаҳо ва муассисоти давлатӣ як шӯрои олии мураккаб аз намояндагони бо салоҳият ва аҳли хабари вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ эҷод шуда, то дар корҳо ва фаолиятҳои воҳидҳои мухталиф ҳамоҳангӣ ба вуҷуд овардаанд. Барои эҷод ва таъмини ҳамоҳангӣ умдатан дар се асли зайл, ки Мари Поркер Фолт пешниҳод карда, дар назар гирифта мешаад:

Ҳамоҳангии ба вуҷудомада аз таъсири мутақобилаи фаъолиятҳои як идора таъсири фаъолиятҳои мухталифи идора ва якдигар ҳисси эҷоди ҳамоҳангиро дар идора ба вуҷуд меоварад ва замони ҳамоҳангии комили як идора ба вуҷуд меоварад, ки фаъолиятҳои як воҳид ё фаъолитҳои воҳиди дигари ҳамин идора ва ғайра фаолиятҳои тамоми идора бо ҳамдигар ҳамоҳанг гарданд, ҳамоҳангӣ аз тариқи иртиботи мустақим. Иртибот байни мудирони воҳидҳои идора асосан аз ду тариқ, ки яке аз тариқи иртиботи расмии мустақим (иртиботи амудӣ-вертикалӣ) ва дигар аз тариқи тамоси мустақим (тамоси уфуқӣ) сурат мегирад.

Эҳсоси зараурати хамоҳангии мақом: Раисон ва масъулони идораҳо набояд маҳз дар пайдо шудани мушкилоти идорӣ бо якдигар мулоқот ва табодули назар намоянд, балки барои анҷоми беҳтари вазифаҳо дар мақоми мароҳили мулоқот ва табодули назар байни масъулони идораҳо зарурӣ мебошад ва ҳам бояд афзуд, ки муассисот ва саъйи марказӣ доимо дар ҳоли тағйиранд ва фаъолиятҳои идорӣ ва ҳадафҳои он ҳам таҳти таъсири вазъи иқтисодӣ-сиёсӣ қарор мегирад. Бо ин тағйирот лозим аст тартиботи муносиб барои таъдили барномаҳо ва иҷрооти баъдӣ гирифта шаванд. Бо гузаронидани ҷаласаҳо бо назардошти талаботи ҷадид ҷиҳати эҷоди ҳамоҳангии мудовим дар байни сарварон ва масъулини идораҳо муяссар мегардад.

  1. Усули мудирият: Дар тӯли таърих олимон ва донишмандони зиёд дар бораи усули мудирият назариёт пешниҳод кардаанд, ки дар назариёташон ваҳдати назари комил вуҷуд надорад. Аз ҷумла, донишмандон, аз қабили Ҳенри Фуйел (1961), Муней Рейли (1939) Контз Дониелл ҳам ҳастанд, ки нисбатан дар назариёташон дар бораи усули мудирият пешниҳод ироа карданд, иттифоқи назар мавҷуд аст. Онҳо тасаввури мудириятро ҷудогона вонамуд сохтаанд.

Барои як идораи солим 9 (нуҳ) асл ё мушаххасаҳои иборат аз аслҳои ҳамоҳангӣ силсиламаротиби тахассус, вахдат дар фармондиҳӣ, соҳаи назорат, ихтиёр ва масъулият, тааддул ё адолат, инъитофпазирӣ ва короӣ (кифоӣ, натиҷа) зарурат аст ва яке аз вазифаҳои асосии идора мебошад.

Ҳар асли ин нух мушаххаса барои масъулини идора амри зарурӣ аст, ки пайваста дар татбиқи он кӯшо бошанд. Вазифаҳои идорӣ дар ҳар созмон каммият ва кайфияти ҳуқуматҳо, муассисаҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ ва тааддиҳо аз ҳам мутафовут мебошанд ва наметавонанл барои тамоми созмонҳо вазифаҳои мушаххасу муайян ва ҳаммонандро вазъу тасбит намуд.

Ислоҳи ин ҳама аз назари сиёсатмадорон, омирҳои муассисаҳои давлатӣ ва ҳуқуқӣ, олимон ва муҳаққиқони улум фарқ дошта ва дар мафҳуми воқеии он ваҳдати назар мавҷуд нест, вале бо он ҳам ба тавари куллӣ собит шуда, ки чигунагии роҳбарӣ дар сулук ва рафтори кормандон дар тахассуси ҳадафҳо шоистагии идораи муосир аст ва роҳбари хуб метавонад бисёрии аз мушкилоти идораро ҳал намояд.

Арсалон Гавси

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №4 (244)

Адабиёт

  1. Алиаҳмадӣ, Алиризо, Фатхуллоҳ, Мехди ва Тоҷиддин, Эраҷ. Нигариши ҷомеъ ба мудирияти стратегӣ / А.Алиаҳмадӣ, М.Фатхуллоҳ ва Э.Тоҷиддин.- Теҳрон, Интишороти тавлиди дониш, чопи шашум, 1382, С. 19-25. (363 с.)
  2. Зореӣ, Ҳасан. Мабонии созмон ва мудирият руйкарди иқтифоӣ / Ҳ.Зореӣ.- Теҳрон. Нашрияи донишгоҳи Теҳрон, чопи аввал. 1379, С.276-277. (493 с.)
  3. Зумрадён, Асғар. Нақшагирӣ ва мафоди он/ А.Зумрадён –Кобул. 1391.-С.121.
  4. Истафли Днвис. Мудирияти фарҳангсозон. тарҷумаи Мирсипосӣ ва Наричеҳр Муътамиди Гурҷӣ. Чопи дуюм/ Д.Истафли.- Теҳрон, Интишороти мудирият, 1376, С.73. (285 с.)
  5. Ҳайдарӣ, Нурхон. Плонгузории иқтисодӣ/ Н.Ҳайдарӣ. Нашароти факултьаи иқтисоли донишгоҳи Кобул. 1393, -С.73 (243 с.).
  6. Ошно Ядар, Борсу. Мудирият дар пахнаи фарҳангҳо. -С.83 (214 с.)
  7. Стефан Робниз. Мудирияти. рафтори сохмонӣ/ Р.Стефан. Тарҷумаи АлиПорсоибон ва Саид Муҳаммад Аъробӣ, чопи аввал, Техрон, муассисаи мутолеот ва пажӯҳишҳои бозоргони. Теҳрон, 1374, С. 972-974. (1421 с.)
  8. Шубон, Гуломризо.Теорияҳо, авомил ва сиёсатҳо/ Г.Шубон. Нашароти факултьаи иқтисоли донишгоҳи Кобул. 1390, С. 23. (143 с.).
Хондан 1205 маротиба