JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Июни 2019 10:02

Масъулияти муҳимми мудирият

Муаллиф:

 Яке аз душвортарин вазифаҳои мудирият роҳбарӣ ба шумор меравад. Вақте дар ин боб суҳбат меравад, ҳунари мудириятро аз мушкилтарин бахшҳои вазифаӣ муаррифӣ менамоянд.

Мудирият дар асл ду вазифаи масъулиятро бар дӯш дорад: Аввалан, тайёр ва ҷобаҷогузории масъулон дар лоиҳаи мушаххаси илмӣ, воҳидҳои идорӣ ва созмонҳои тиҷоратӣ; Дувум, муайян  намудани вазифаҳои масъул ва мушаххас сохтани меъёрҳо ба он, дастуруламалҳо ва эҷоди робита байни воҳидҳои идорӣ, ки дар ҷараёни фаъолият матлуб ва муҳим дониста мешавад.

Ба таври умумӣ ҳадафҳои идораи куллиро метавон ба таври зайл хулоса намуд:

Ҷалби шахсони сазовор барои фаъолият дар идора;

Эҷоди ангезаҳои мусбат барои тақвияти рӯҳияи афрод дар идора;

Истифодаи самаранок аз неруи инсонии шомили кор дар идора;

Таълиму тарбия, бозсозӣ, тавсиъа ва комилгардонии истеъдодҳо ва маҳорати оргарони мавҷуда;

Дар равиши паҳлӯ ба паҳлӯи маъмурият ва кормандон бояд аз нақшаи муайяншуда истифодаи дуруст сурат гирад, ки ин ҳама дар мақола баррасӣ шудааст.

 Пеш аз инқилоби саноатӣ мавзӯи мудирият ва умури кормандон он қадар ба назар намерасид. Дар он замон неруи кор, ки аксар марбут ба корҳои зироаткорӣ ва системаи ибтидоии ғайритахассусӣ буд, сарнавишти коргарон дар дасти феодалҳои замон ва аз онҳо баҳрабардорию истифодаи бештару ғайримантиқӣ гирифта мешуд. Вале дар охири асри XIX инқилоби саноатӣ чеҳра намуд ва моҳияту вазъии умури маъмурӣ ва коргаронро дигаргун сохту аҳаммияти он дар ҷаҳон равшан гардид [3,107].

Дар авохири қарни XVIII бо рӯи кор омадани мошин ва инкишофи сареъи системаҳои мошинӣ, ки ношӣ аз инқилоби саноатӣ буд, барои аввалин саноатӣ бофандагӣ, ресандагӣ шурӯъ ба фаъолият намуда, корҳои дастӣ ба корҳои мошин табдил шуд, ба мурури замон кашфиёти ҷадид дар арсаи саноат рӯнамо гардид. Дар соли 1769 мелодӣ шаҳри Манчестер нисбат ба ғаномандии саноатӣ пахта ва дигар маҳсулоти пахта дороӣ шуҳрати зиёди ҷаҳонӣ гардид. Дере нагузашта дар аввалҳои қарни XIX ба саноатӣ пашм низ таваҷҷуҳи хос равона шуд. Маълумот ва мавҷудияти ашхоси муносиби идорӣ,  идора ва корҳои саноат бошад ба дасти феодалҳо ва ашрофи он замон буд. Онҳо ба мутахассисон ва аҳли фан аҳамият қоил набуданд ва барояшон он қадар эҳтиёҷ ҳис намегардид ва аз нерӯи инсонии онҳо ба музди кам истифода мешуд ва асосан инсонҳо асири мошин буданд, ба инкишоф ва тавсиаи саноъат фикру андешаҳои нерӯи инсонӣ собит шуд ва дар фикру андешаҳои ҷадидии кор шуданд. Ҳаводис ва инкишофи ҷадид ва сохту васоили ҷадиди тавлид мардумро во доштанд, то афкори хешро мутобиқи хосту тақозои асру замон фаъол созанд. Инқилоби саноатӣ фикру андеша ва тағйирот зиёдеро дар таркибу ташкили нерӯи инсони ба бор овард ва боиси таҳаввули вазъи мардум дар таъйин ва табдили маҳаллоти маскунӣ шуданд ва ба мурури замон ба нерӯи инсонӣ низ эҳтиёҷ махсус гардид. Ин таҳавулот боиси эҷоди риштаҳои мухталифи ҷадиди саноат гардид [4,138].

Суръати рӯзафзунии пешрафтҳои илму техника ношӣ аз иқилоби саноатӣ дар кишварҳои Аврупо, Амрико боиси ин шуд, то аҳамияти нерӯи инсонӣ дар саноат бештар эҳсос шавад ва кори инсон яке аз омилҳои тавлид дар паҳлӯи дигари тавлид аз қабили замин, ки сармоя аст ба нерӯи инсонӣ аҳамият бахшид. Дар риштаҳои мухталифи ихтисосӣ дастрасӣ пайдо кард, ҷиҳати дарёфти қуқук ва муздӣ ҳаққаи xyд ба эҷоди иттиҳодияҳои коргарон ва системаи таъини музд, ки ба асоси воҳиди вақт таъин ва пардохт мешавад, онро ба системаи ягонаи тавлид мубаддал сохт.

Мудирияти персоналӣ ба ду мавзӯи асосӣ сару кор дорад:

Ин ки таҳия просеҷерҳо ва лоиҳаҳо ва системаҳои муайян ва мушаххаси илмӣ ҷиҳати истихдоми (ба кор қабул кардан) шахсон барои воҳидҳои идорӣ, созмонҳои тиҷоратӣ.

Таъйини вазифа ва мушаххас сохтани меъёрҳо, дастуруламалҳо ва эҷоди робитаҳо байни воҳидҳои идорӣ,  ки дар раванди истихдом матлуб ва муҳим аст. Дар ба кор бурдани вазифаҳои супурдашудаи идории идораи корҳои кормандон лозим аст, ки аввалан шахсоне, ки соҳиби маҳорат ва лаёқат дар кори умури идорӣ бошанд ва дар шинохти шахсият маҳорату шоистагии хос дошта бошанд ва баъдан умури маҳвалаи шахсиро анҷом диҳад ва муқим он ки шахсони вазифадор аз тамоми қонунҳо, муқаррарот, лоиҳаҳо, корҳои истихдом ва вазифаҳою масъулиятҳои шахсии марбути идора иттилои комил дошта бошад [8,73].

Ба таври куллӣ идораи умури кормандон ба мавзӯот ва масалаҳои истихдоми шахсони матлуб ва воҷиди шароит ва дар бартараф кардани шахсони номатлуб сару кор дорад. Дар интиҳою интисоб ва истихдом ашхос бояд аз усул ва мувозинаи идораӣ,  хусусан шинохти мушаххасоти вазифа аз як тараф ва мушаххасоти шахсони матлуб аз тарафи дигар, истифодаи азиме сурат тирад. Ба таври умум бо такя бар назарияи олимон ё донишмандони риштаи мудирияти ҳар созмони иҷтимоӣ, хоҳ давлатӣ ва хусусии саноатӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ, омӯзиш ва хадамотӣ бошад, дороӣ ду навъи вазоифӣ,  яъне взоифи идорӣ ва вазоифи амалиётӣ мебошад ва бояд гуфт, ки ҳар созмон дороӣ ахдофи мушаххас ва муайяни худаш аст.

Дар ин ҷо назар ба иртиботи мавзӯъ, аввалан ҳадафҳои идораи шахсӣ ва ба таъқиби он вазоифи марбути идораи умури шахсӣ таҳти омӯзиш қарор мегирад.

Аввал аҳдофи мудирияти умури шуъбаи кадрҳои кормандон.

Тавре ки қаблан зикр шуд, созмонҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳар як дорои ҳадафҳои мушаххас ва муҳим ҳастанд, ки созмон ба таҳаққуқи он вазифадор мебошад[1,36].

Вазифаи асосии мудирияти кормандон ҷазбу ҷалби шахсони воҷиди шароит ба вазифаҳои мадди назар, эҷоди шароит байни воҳидҳои созмон дар ҳиссаи ҷалби ҳамкорииҳои он дар ҷараёни истихдом ва ҳам шинохти вазифаҳо ва масъулиятҳо ва таъйини ҳуқуқ ва ваҷоиби онҳо ба муқобили анҷоми вазифа мебошад. Бо дар назардошти аҳамияти вазоиф идораи умури персоналии шуъбаи кадрҳо) шахсоне дар ин воҳидҳо кор намояд, ки дорои маҳорат, собиқадорӣ, таълимоти лозимӣ буда. соҳиби шинохти шахсони матлуб барои созмон бошад.

Ҷиҳати ин ки мудирони кадрҳо ба наҳви матлуб аз нерӯи инсонӣ барои таҳаққукӣ аҳдофи созмонӣ истифодаи матлуб намоянд, лозим аст, ки дар ташкилоти идории худ як воҳидро ба номи воҳиди персоналӣ таъсиси намоянд, то ба кӯмаки мутахассисон ва афроди соҳибназар ин воҳид коркунони матлуби марвиди зарурат ва бокифоятро ҷустутҷӯ ва истихдоми онҳо иқдом намояд ва ҳамчунон таъйини ахдоф бо воҳидҳои идораро тавре тайёр созад, ки расидан ба ахдофи созмонро осон намояд.

Инкишофи зиёдит саноат эҷоди касб ва риштаҳои мухталиф саноат боиси густариши масъалаҳои умури персоналӣ гардид ва рӯз ба рӯз масоили умури идораи умури персоналӣ ташкили такомулро ба худ ихтиёр намуда, бо доштани вазоиф ва масъулиятҳои умури персоналӣ,  ҳадафҳо ва мақсадҳои он низ густариш ёфта, бо дар назардошти аҳамият ва мақсадҳои марбути идора, марбути персоналиро метавон яке аз муҳимтарин роҳи расидан ба аҳдофи созмон муаррифӣ намуд. Ҷазб ва истихдоми мардум дар як созмон, бо доштани як идораи солим, ки дар он ҳуқуқи моддӣ ва маънавии коргарон маҳфуз ва муяссар шуда метавонад масалаҳои робита ва сулуки рафтори инсонӣ байни коргарон ва корфармоён боиси эҷоди ривоҷ ва ангезаҳои мусбати коргарон ба кору беҳи корҳои матлуб ва эҷоди шароит ва имконоти беҳтари муҳим бошад, аз ҷумла аҳдофи муҳимми идораи умури персоналӣ мебошад [6,64].

Аз ҳадафҳои дигари идораи шуъбаи кадрҳо, ки расидан ба ҳадафро муяссар созад, ки аз системаи таҷрибаи шуғл бо вазифа, яъне шинохти мушаххасоти афрод ва нави мушаххасоти вазифа буда ва ҳам аз ҷумла аҳдофи матлуби идораи умури кадрҳо, мӯзиш ва парвариш, бозсозӣ ва эҷоди ҳисси ибтикороти коркунони идора мебошад. Ба  системаи омӯзиш ва парвариш коркунон дар ҳини анҷоми хидмат (Training on the Gin) таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, ки аз он дар ҷояш тазаккур ва маълумоти бештар дода мешавад.

Дар барномаҳои созмон бояд равобит байни коргарон ва маъмурият, таъйини ҳудуд ва салоҳиятҳо ва масъулиятҳои мутақобил ва таъмини имконоти рифоии коргарон, ки ҷилавгири аз хатарот ва тасодумоти пайдо шуда аз муҳити кор аст, мушаххас ва муайян  бошад ва барнома тавре таҳия гардад, ки мунҷар ба зиёдшавии каммият ва кайфияти кор гардад ва коргаронро ба корҳои бештар ба беҳтар ташвиқ ва тарғиб намояд.

Албатта ҷиҳати расидан ба ин мардум дар идора контрол ва назароти дар корҳои марбут низ зарур пиндошта мешавад. Контрол ва назорат тавассути вогузории. салоҳиятҳо ва масъулиятҳое, ки аз тарафи сарварони олирутба, тибқи қавонин ва муқаррароти идора ба маъмурони зердаст анҷом мегирад, вазифаи назоратгарон аст, ки корҳои идораро тавре мутадовим ва самаранок муроқибат ва дар сурати пайдо шудани мушкилот, норасоиҳо дар корҳои идора, мавӯъро ба мудирони марбут, бо дарназардошти он ба силсиламаротиби идорӣ, мерасонад. Албатта вазифаи назораткунандагон ба додани гузориш ба мақомоти марбута хатм намешавад. Назоратчиён ва маъмурони болоӣ муштаракан ба мақомоти олирубта ба рафии мушкилот ва норасоии идора бо ҳам ташрики масоӣ менамоянд [2,106].

Розӣ ва хушҳол нигаҳ доштани коркунон аз тариқи эҷоди муҳити солиму муносиб ва адами табъизоти (дискриминация) нажодӣ ва гуруҳӣ дар он созмон, аз ҷумлаи ахдофи муҳимми идораи муҳимми персоналӣ низ маҳсуб мешавад, ки бо таъмини ин ҳадаф дар созмон адолат эҷод шуда ва сабаби анҷом шудани корҳо ба вақту замонаш мегардад. Албатта, хушҳол нигаҳ доштани коргарон, пардохтани ҳадди аъзамии музди маъош таъсири зиёд дорад.

Асосан ангеза ва ҳадафи ҳар созмон афзоиши каммӣ ва кайфии сатҳи тавлид ва  анҷоми хадамоти бештару беҳтари муштариён аст ва аз омилҳои тавлиди аслии ва муҳимми инсонӣ замоне хубтар ва беҳтар истифода шуда метавонанд, ки бо хусусиёти рӯҳӣ ва равонии онҳо мутобеат ва ҳамоҳангӣ дошта ва афрод бояд ба сифати василаи тавлид дар назар гирифта шуда бошад, на ба ҳайси мошин ва афзор. Асосан мушкилоти бештар дар як идора аз ду нуқта мавриди арзёбӣ қарор мегирад Мушкилоти дастаҷамъӣ бештар масоили куллӣ, аз қабили ҳуқуқи музд ва маоши хоркунон ва дигар хостаҳои дастаҷамъиро дар бар медорад. Шинохти комили ин мушкилот, чӣ фардӣ бошад ва чӣ дастаҷамъӣ, корест мушкил ва ягона роҳ чиҳати шинохти комили ин мушкилот идораи умури кадрӣ хоҳад буд, ки аз тариқи таҷзияву таҳлили омилҳо метавон мушкилотро дарк намуд ва дар роҳи бартараф хардани мушкилот, аз тариқи додани машвараҳои лозим иқдом намуд [5,7].

Қобили тазаккур аст, ки бо бартараф кардани чунин мушкилот тааддул ва таваззун дар омилҳои кор ба вуҷуд омада ва сабаби таъмили беҳтари корҳо, анҷоми раҳбарии беҳтар ва беназорат дар созмон мегардад.

Замоне, ки мушкилоти созмон бартараф мегардад ва аз инсон ба сифати омили аслӣ кору тавлиди кор гирифта мешавад ва коркунон аз тамоми ҳуқуқ ва имтиёзоти марбут бархурдор мегардад ва дар байни коргарон ва корфармоён робитаи ҳасана мавҷуд бошад ва корҳо ба аҳли он вогузор шуда бошад, дар ин сурат ба яқин метавон гуфт, ки дар ин идора адолат ҳукмфармоӣ дошта ва идораи умури кадрӣ дар анҷоми вазифаи - марбути хеш, ки боиси зиёдшавии каммӣ ва кайфии маҳсули кор муваффақ мебошанд, ба таври кулли ҳадафҳои идораи умури кадриро метавон таҳти маводи зайл чунин хулоса намуд:

  • - ҷазби шахсони матлуб барои истихдом дар идора;
  • - эҷоди ангезаҳои мусбат ҷиҳати тақвияти рӯҳияи афроди идора;

3 - истифодаи матлуб аз нерӯи инсонии шомили кор дар идора;

4 - таълиму тарбия, бозсозӣ, тавсиа ва такомули истеъдодҳо ва маҳорати коргарон;

5 - истикрори робитаи матлуб ва таъмини рифоҳ ва ҷилавгирӣ аз хатароту тасодуфоти ношӣ аз муҳити кор;

6 - эҷоди полисии персоналӣ ;

7 - назароти коркунон ва контроли давомдори фаъолиятҳо ва иҷроот;

8 - хушҳол намудан ва хурсанд нигаҳ доштани коргарон;

9 - эҷоди роҳҳо ҷиҳати анҷоми корҳои идора ва истифодаи матлуб ва муассир аз коркунон дар вазоифи маҳвала ва пардохти тамоми ҳуқуқ ва имтиёзот ба вақти муайянашон [2,107].

Албатта маводи мутазаккираи фавқ ҳар кадом қобили тафсил ва тафсири бештаре аст. Бояд илова намуд, ки беҳтарин равишҳо ва истифода аз технологияи нав ва барномаҳои илмӣ ва таҳқиқӣ, замоне муваффақона анҷом мегирад, ки амалкардҳои он тавассути ашхоси бозаковат, боақл, солим ва бо эҳсос ва соир эҷоди ангезаҳои мусбат, ки барои тақвия ва рӯҳияи коркунони идора бошад, анҷом пазирад.

Бо дар назардошти густриши илмҳо лозим менамояд, ки дар кор ва фаолиятҳои умури кадрҳо ба умури плангирӣ дар он шахсон ва василаҳои мавриди зарурати тавсиаи коргарони умури кадрӣ, васоили расидагии беҳтар ба умури марбута истихдом мешавад. Эҷоди робитаи умумӣ, таҳқиқоти корҳои персоналӣ, ки дар он масъалаи равонӣ ва шинохти ашхос ва коркунони идора аз назари ақида ва рӯҳия ва ғайра шомил мебошад, зиёдтар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

Сеюмин вазифаи идораи умури кадрӣ ҳидоят ва раҳбарӣ аст, ки ин амал яке аз муҳимтарин афзорест, ки мудирон, аъзоён ва коркунони воҳидҳои марбута идораро ба самт, ки аҳдофи идораро муяссар созанд, ҳидоят ва раҳбарӣ меноманд, ё ба иборати дигар тавассути раҳбарии саҳеҳ эҷоди ангезаҳои муассир ба манзури ҳамкорӣ дар ҷиҳати мақосиди идора муяссар мегардад.

Вазоифи идораи умури персоналӣ яке аз вазоифи асосии идорӣ буда, дар ҳақиқат тамоми вазоифи умури персоналиро ба уҳда доранд.

Барои ҳалли мунозеот равишҳои мухталиф вуҷуд дорад. Яке аз он равиши дӯш ба дӯш мебошад. Ба хотири равиш худро омода созед. Тарзи тафаккури шумо дар як маколамаи мушкил накши бузург дар натиҷаи кор ифо мекунад. Аз нигоҳи идрок тасвир дар зеҳни мо муҷассам мешавад. Мавзӯъро дар ин равиш муҷассам созед ва мусбат фикр кунед ва дар ин равиш дар филтирҳои идрокии худ огоҳӣ ҳосил кунед ва дар равиши дӯш ба дӯш бояд аз плани дуруст истифода сурат гирад. Танзими вақт, ҳозир шудан ба вақти муайян, маҷзо сохтани мушкил ё ихтиёрот аз фарзиёт, гӯш додани фаъолӣ ва дар суртаи зарурат ба таъхир андохтани он таваҷҷухи ҷиддӣ сурат гирад.

Ниҳоят, масъулият ва мудирияти коркунон дар қиболи вазифаҳои супурдашуда ба ду мавзӯи умда сару кор дорад:

Аввал ин ки таҳияи просеҷерҳо ва лоиҳаҳо ва системҳои муайяну мушаххаси илмӣ ҷиҳати истихдоми ашхос барои воҳидҳои идорӣ, созмонҳои тиҷоратӣ;

Дуввум муқаррариҳо ва мушаххас сохтани меъёрҳо ва дастуруламалҳо ва барқарор кардани робита байн и воҳидҳои идорӣ,  ки дар амалияи муқаррарҳо муҳимаст.

Ҳабибуллоҳ Муманд

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №2 (242)

Адабиёт

  • Девисл, Антонелли. Мудирият ва фарҳанги созмонӣ. Тарҷумаи Носир Мирсипоҳи. Чопи аввал, Теҳрон, Интишороти Сафо, 1373. -214 с.
  • Дуъоӣ Ҳабибуллоҳ. Мудирияти манобеи инсонӣ (нигариши колрбкрдӣ). Машҳад, Тарҷумаи Муҳаммал Алии Тусӣ,  Муҳаммад Сотибӣ,  чопи чорум, Теҳрон, Маркази омӯзиши мудирияти давлатӣ,  1371, -374 с.
  • Дулон Шимун, Ал, Хашулер, Рендол, Ас. Мудирияти умури коркунон ва манобеи инсонӣ,  траҷумаи Мухаммад Алии Тусӣ,  Мухаммад Соибӣ,  чопи чорум, Техрон. Марказ: мӯзиши мудирияти давлатӣ.  -402с.
  • Родинг Ален. Мудирияти дониш, мавқеият дар иқтисоди ҷаҳонӣ мубтани бар иттилоот. Тарҷумаи Муҳаммад Ҳусайн Латифӣ,  Теҳрон, Интиштороти Самт, 1383. -362с.
  • Ризоиён, Алӣ.  Усули мудирият, Теҳрон, Интишорти Самт. 1372. -132с.
  • Содлер,Филип.Мудирияти тағйир. Тарҷумаи Ғуломризо, Исмоилӣ,  Теҳрон, 138. -217с.
  • Саодат, Исфандиёр. Мудирияти манобеи инсонӣ.  Теҳрон, Самт, С. 15. -177с.
  • Алоқабанд, Алӣ. Муқаддимоти мудирияти омузишӣ. Теҳрон, Интишороти донишгоҳ Паёми навин. -208с.

 

Хондан 1301 маротиба