JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 21 Майи 2019 09:25

Асосҳои ниҳодии рушди инноватсия: нигоҳи когнитивӣ

Муаллиф:

  Дар мақола қонуниятҳои рушди инноватсия дар ҷомеа ва иқтисодиёт, муҳит ва шароитҳои пайдоиши ғояҳои иноватсионӣ мавриди назар қарор гирифтааст.  Ҳодисоту равандҳои иқтисодӣ  аз нигоҳи илми когнитивӣ тавсиф дода шуда ва онҳоро ҳамчун ҳаракати ғоя, ки дар «воқеият» табдил ёфтааст, барасӣ гардидааст.  Нақши ниҳодҳои  иҷтимоиву иқтисодро дар ҷоригардии инноватсия, ҳамзамон дар ташаккули низоми краетивии иқтисодиёт ва ҷомеа, ки  итилоъро тавлид менамояд, табдил медиҳад ва нигоҳ медорад, асоснок карда шудааст.  Механизми таъсири  итиҳодияҳои касбӣ  ва  нақши менеҷерҳо ба равандҳои инноватсиионӣ  низ таҳқиқ гардидааст.

  Дар бархе адабиётҳои иқтисодӣ муалифон кишварҳои ҷаҳонро аз нигоҳи мавқеъгирӣ дар таъмини рушду тадбиқи илмутехника, равандҳои инноватсионӣ ба се гурӯҳ тақсим менамоянд. Дар гурӯҳи аввал, кишварҳои мутараққиро чун кашофу пешбар дар прогрессияи илмӣ-техникӣ ва нахусттадбиқгари натиҷаҳои он арзёбӣ мекунанд. Дар гурӯҳи дуюм бошад, кишварҳои «индустрияи миёна»-ро дохил намуда, онҳоро пеш аз ҳама чун паҳнкунанда ва оммавию ҷаҳоникунанда тавсия медиҳанд. Кишварҳоеро, ки аслан истеъмолгари неъматҳо ва ё  махсулоти ниҳоии илмӣ-техникӣ мебошанд, ба гурӯҳи сеюм дохил менамоянд. Агар гурӯҳи аввал асосан барои кашфу тадқиқотҳои илмӣ ва нахусттадбиқи минбаъдаи натиҷаҳои, умуман насли навини он, дар иқтисодиёти кишварашон  маблағгузориҳои азимеро ҷудо намоянд, пас гурӯхҳои дигар бошад, барои харид ва ашёгардии минбаъдаи натиҷаҳои илм ва истеъмоли он  маблағҳо ҷудо менамоянд, ки табиатан қисми зиёди он албатта ба кишварҳои гурӯҳи аввал (барои хариди онҳо) равон мешавад. Аз ин ҷост, ки дар ин низоми занҷирии ҷаҳонӣ ва ё тақсимоти байналмилалии меҳнати зеҳнӣ, барои кишварҳои мутараққӣ (гурӯҳи аввал) имконияти инкишофи равандҳои инноватсионӣ боз дучанд мегардад.

  Ин ҷо савол ба миён меояд, чаро маҳз дар кишварҳои гурӯҳи аввал инкишоф босуръат аст ва давраҳои тӯлонист, ки онҳо  дар майдони иқтисоди ҷаҳонӣ ҷойгоҳи устувори худро нигоҳ медоранд? Роҷеъ ба ин савол олимони соҳаи иқтисод, ҷомеашиносон ва коршиносон ҷавобҳои мухталиф додаанд. Бештари муаллифҳо, сатҳи инкишофи босуръати кишварҳои Ғарбро бо сифати маҷро ва ҳаракати мунтазами арзишҳои моддии ҷомеаи онҳо, ки дар он зоиши пай дар паи навгониҳо ва ё инноватсия хос аст, вобаста мекунанд. Воқеан ҳам,  ин гузориш заминаи воқеӣ дорад. Зимнан бояд таъкид намуд, ки бахшҳои мухталифи илмҳои иқтисодӣ тамоюли нави пажӯҳишҳоро мутобиқ ба ин ақида бояд касб кунад. Яъне, дар доираи пажӯҳиш онҳо бояд на танҳо мубодилот ва ё ҷой иваз кардани ҷисмҳои моддиро - ҳаракати молҳоро, балки ҳаракати ғояҳо ва табдили онҳоро ба «воқеият» низ ҷой диҳанд. Дар ин бахши омӯзиш нақши сармояи инсониву иҷтимоӣ, ниҳодхои иҷтимоӣ-иқтисодӣ,  ки ба омили муҳими инкишофи иқтисодиёти ҷомеа табдил ёфтааст, низ дар назар аст. Чаро, ки маҳз онҳо ҳидоятгари маҷрои инноватсионӣ  дар ҷомеа мебошанд. Барои нерӯ бахшидани ин гузориш зикри ақидаи намояндагони мактаби илмии австриягӣ, ки ҷомеа ва иқтисодиётро чун низоми парокандашавӣ, паҳнгардии донишҳо пиндошта буданд, ба маврид аст [6]. Сатҳи суръатнокии ин ҳодисот бошад, на танҳо аз раванди тавлиди ғояҳои нав, балки аз мавҷудияти ниҳодҳои солими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ алоқамандӣ дорад, ки дар поён ҳарф хоҳем зад.

 Маъмул аст, ки инноватсияи дилхоҳ аз ғоя оғоз меёбад. Ғоя бошад маҳсули фитрати инсон аст. Бинобар он, дар мавриди тавлиду баррасӣ ва  ҳаракати ғояҳо, ҳамзамон ҷараёни табдили онҳо ба «воқеият, ки маҳз дар ин маҷро мавҷи инноватсионӣ рӯи кор меояд (инноватсия аз ғояҳои иннватсионӣ оғоз меёбад) зарурати истифодаи нигоҳ ва ё назарияҳои илмӣ-когнитивӣ ба миён меояд. Илми когнитивӣ дар умум равандҳои  азхудкунӣ, табдилдиҳӣ,  бардошт, нигоҳдорӣ ва бозтавлиди иттилоотро меомӯзад. Вай равандҳои ташаккули фитрат ва низоми фитрати инсониро, ки он аслан ба туфайли гудохти (тафаккурронии) ратсионалии манзаравӣ ва ё инъикоси муҳити иҳоташуда дар шуури онҳо ташаккул меёбад,  меомӯзад. Дар ташаккулу рушди ин илм, равоншиносон  Дж. Миллер ва Дж. Брунер,  кибернетики дорои ҷоизаи Нобелӣ Г. Саймон ва Дж. Маккартӣ  саҳмгузоранд. Дар даҳсолаи охир бошад, талаботи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва технологӣ ба ин илм, вобаста ба ҳалли муаммоҳои гуманитарӣ, энергетикӣ ва экологӣ зуҳур шудааст. Аз ин раванҳо илми иқтисодӣ берун намебошад. Имрӯзҳо иқтисодиёти когнитивӣ, ҳамчун як раванди нисбатан нав, ки натиҷаи инкишофи равандҳои пажӯҳиши байнифаннӣ мебошад, рӯи майдон омадааст. Ба ибораи дигар  иқтисодиёти когнитивиро чун иттифоқи эҷодии илмҳои иқтисодӣ, равоншиносӣ ва биология, ки  ба тадқиқи ҳодисоту муаммоҳои қабули қарорҳои иқтисодӣ равона шудааст, метавон арзёбӣ намуд. Яъне, дар мавриди пажӯҳишу ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ дастгоҳҳои илмҳои равоншиносӣ ва биология васеъ истифода мешаванд. Зимнан, бояд таъкид кард, ки солҳои охир маҷрои эксперменталии ин илм, яъне когнитивистикаи эксперименталӣ рушд ёфтааст. Ин маҷро муҳимияти равандҳову ниҳодҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро, ки омили таъсирбахш дар равандҳои когнитивӣ мебошад, ба назар  мегирад. Аслан дар замони муосир ҷӯстуҷуи принсипҳои зоиши инноватсия, ки дониш, кирдору рафтори инсониро афзуну ғанӣ намуда, ташаккулу инкишофи низоми нави иноватсиониро тамин менамояд, вазифаи асосии илми когнитивии амалӣ гаштааст. Аз ин лиҳоз, имрӯз Маркази байналмилалии баҳодиҳии технологӣ (WTEC) мафҳуми NBIC-конвергенцияро пешниҳод намудааст.[1] Дар ин мафҳум N -нано; B -био; I -инфо; C –когно –ро ифода мекунад. Пас, такия ба иқтисодиёти когнитивӣ, аниқтараш ба назарияи яке аз поягузорони илмҳои когнитивӣ, ҷоизадори мукофоти Нобелӣ Ф. Хайек дарку инкишофи ниҳодҳои муосири иҷтимоиву иқтисодиро, ки ба маҷрои инноватсионӣ нерӯ мебахшанд,  дар риштаи таҳлил мегирем. Ин ҷо, пеш аз ҳама ба маънидоди мафҳуми ниҳод, ки аз тарафи яке аз поягузорони иқтисодиёти ниҳодӣ Дж. Коммонс дода шудааст, такия менамоем. Вай ниҳодро чун амали коллективӣ, ки амали фардҳоро зери назорат мегирад, шарҳ додаст [2]. Пас, барои амалӣ шудани ғояи инноватсионии фардӣ, нуфузу таъсири амали коллективӣ хеле бузург аст.   Ғоя пеш аз ҳама табиати фардӣ дорад. Вокеан ҳам дунёи амалҳои ҳар як инсон, фард, бисёрқира буда, дарки он мураккаб мебошад. Аслан  рафтори дилхоҳи инсонӣ аз хусусиятҳои фардӣ ва вазни ҳамонлаҳзвии он бармеояд. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, эҳсосот, кирдори (мотив) вай, нигоҳ, диди ӯ бар вазъияту қабули қарорҳо дар сатҳи муайян берун аз шахсият - дар сатҳи коллектив ташаккул меёбад. Яъне, ин ҷо қонуни диалектикии ягонагӣ ва зиддияти фарду коллектив рӯи кор меояд.

Донишҳои берун аз шахс, хотирот ва амалҳои коллективӣ «ҷисман» дар майнаи ҳар як фард воқеъ аст. Онҳо чун китобхона ва ё объектҳои бо меҳнат сохташуда бегона шудаанд, ашё гардидаанд, ҳамзамон дар намуди тарҳи моддӣ дар олам пайваста бо мавҷудияти инсон боқӣ мондаанд. Ҳамин аст, ки классикон меҳнати инсониро ба меҳнати гузаштаву нав ҷудо намудаанд. Шояд, дар ниҳояти кор субъекти асосии амал фард бошад, ки ин далели рӯшан дар заминаи «методологияи фардпарастӣ»-и («методологического индивидуализма») И. Шумпеттер қарор  гирифтааст [8]. Дар доираи чунин гузориш, вобаста ба масоили ҳосил гаштани рафтори иттиҳодӣ ва ниҳодҳо аз рафтори фардӣ натиҷаҳои судманд ҳам ба даст омадааст [1.]. Аммо, мо дар поён, баръакс, ниҳодро чун объекти ғоявии берун аз шахсият, ки хосияти куллро дорост, арзёбӣ хоҳем намуд.

Чӣ тавре дар боло қайд намудем, илми когнитивӣ дар умум раванди тафаккурро (мышление) чун раванди коркарди иттило баррасӣ мекунад. Ба ибораи дигар, мутобиқ ба он кори майнаи инсон, компютер, ҳамчунин дигар равандҳои иҷтимоӣ чун ҳазмкунандаи (протсессори) иттилоотӣ баррасӣ  мегардад. Дар ин маврид, мо ниҳодҳоро чун низоми донишҳои паҳншуда ва ё пошшуда, ки ҷузъҳо ва ё элементҳои вай на танҳо иттилоотҳоро коркард мекунад (мегудозад), балки мухторият ва ташаббус ҳам дорад, мепиндорем. Чунин низомро бархе олимон на низоми иттилоотӣ, балки низоми креативӣ  ном доданд [6]. Пас, ҷомеаи инсониро ҳамчун низоми креативӣ метавон арзёбӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, агар ба ҷомеаи Тоҷикистон, на чун низоми қолабӣ, балки чун организми зинда, ки мутобиқ бо қонунҳои худ инкишоф меёбад, назар афканем, пас  масъалаи дарку ташхиси инкишофи он ба миён меояд. Куҷо мо ҳаракат дорем? Кадом тағйиротҳо зарур аст ва кадомаш дуюмдараҷа? Барои ҷавоби ин суолҳо зарур аст, ки ягон заминаи қиёсӣ ва ё «ченаки эталонӣ» дошта бошем. Барои дарки ин масъала, сохтори «ҷомеаи ғарбӣ»–ро дуруст дарк намудан ба мақсад мувофиқ аст. Ба сифати сарнуқта «ҷаҳони назариявӣ»-и Фридрих Август фон Хайек  - тасвири «ҷомеаи тартиботи либералӣ»-ро интихоб мекунем ва пас метавон хулосабандӣ намуд [7.] Зеро, ин ҷомеа дар раванди пойдорӣ ва инкишофи худ мӯъҷизаҳои  бешумор овардааст. Бинобар он, ҳатто аксари мардуми кишвари мо ба ҳаёти мардуми ин ҷомеа ҳавас доранд ва чунин ҷомеаро орзу ҳам менамоянд. Ҳарчанд тамсилаи ҷомеаи ғарб аз ҳаёти воқеии кишвари мо хеле дур аст, аммо вай метавонад чун сарнуқта барои таҳлили ниҳодҳои ватании мо хидмат кунад. Хайек оид ба ҷомеаи Ғарб чун «ҷомеаи либералӣ» сухан гуфта, онро ҷомеаи табиӣ, худ ба худ (спонтано) инкишофёфта пазируфтааст. Дар ин ҷомеа сатҳи кофии риояи аслҳои Laissez – faire, яъне  тартиботи худ аз худ, табиатан пайдогарданда чун масъалаи гиреҳӣ ҷойгоҳи устувор дорад. Бархе муаллифон, таъкид ба онанд, ки тартиботи ҷамъияти либералӣ кашфи бузурги инсоният буда, барои вай чун чархи инкишоф хидмат намудааст. Аммо, бархе олимон мегӯянд, ки ин ҷомеа «худ ба худ калон намешавад», бояд предмети «транплантатсия» ҳам бошад: чӣ тавре,  тамаддуни бузурги ИМА бе чарх эҷод шудааст. Тамсилаи  ҷомеаи либералӣ ба маҷмаи муносибатҳо, ки ба ғояи озодӣ ва баробарӣ такия дорад, рушд ёфтааст.  Ҷаҳони назариявии Хайек пур аз фардхо аст, ки онҳо тавлидгари ғояҳои инноватсионӣ мебошанд. Сипас, ғояҳо (объектҳои ғоявӣ) аз фардҳои тавлидкунанда ҷудо шуда ба чизҳои мавҷуди объективӣ табдил меёбанд. Чуноне, ки классикҳо дарк намуда буданд, дар низоми тартиботи либералӣ (капитализм) алоқаҳои иҷтимоӣ аз фардхо бегона шуда, ба туфайли муносибати чизҳо ба вуқӯъ меоянд (фетишизми молҳо).  Фардҳо мутлақан озодона амал мекунанд, аммо на дар ҳама ҳолат - факат дар доираи ваколати (компентация) худ. Ин ҷо маҷмӯи қоидаҳо, ки ин ва ё он фард қабул намудааст, дар натиҷаи интихобу мубодилоти озод бо дигар фардҳо ташаккул меёбанд. Доира ва ё чорчӯбаи умумии ин мубодилотро қонунҳо муаяйн мекунанд, ки хосияти умум, яъне дахлдориро барои кулли фардҳо, доранд.

Амали фардро метавон чун намуди триада тасвир кард: а) ғояеро ҳосил мекунад (объекти ғоявӣ); б) мустақил онро амалӣ мекунад - истифода аз захираҳо ба шакли неъмат, маҳсулот табдил медиҳад; в) онро (ғояро) иҷтимоӣ ва ё мардумӣ мекунад: ин кор маҳз дар раванди эътирофи дигарон рӯи майдон меояд. Ин амалҳои пай дар пайро, ки метавон триадаи заминавӣ номид, берун аз низоми «тартиботи либералӣ» намуди дигар дорад. Дар тамсилаи коллективистӣ (дар сотсиализм) бошад, кадами дуввуми триада чун иҷтимоигардии ғояҳо рӯи кор меояд: фард бояд коллективро (мақомоти давлатиро) ҷиҳати зарурияти тадбиқи ғояҳояш бовар кунонад. Амалигардии он дар марҳилаи сеюм – чун кори умуми коллектив рӯи майдон меояд.           Аммо, дар тартиботи ҷомеаи либералӣ техникаи «кори» фардӣ бо объектҳои идеалӣ алоқамандии устувор дорад: истеҳсоли ғояҳои фардӣ – гурӯҳбандӣ, хулосаҳои мантиқӣ, санҷиши таҷрибавӣ ва тарзи фардии табдили он дар шаклҳои гуногуни «воқеият». Яъне, дар ин ҷомеа, ғоя (объектҳои иделӣ) метавонад дар чизҳои объективӣ бе ягон монеа табдил ёбад. Зеро, ки ин тамаддун якчанд хусусиятҳои хосеро доро аст. Пеш аз ҳама, мафҳуму ғоя новобаста аз вазъу ҳолат мустақилият дорад,  қонунҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ барои ҳамагон ягона аст, далелҳо аслан ҳама вақт санҷида шудаанд, шартномаҳо бешак иҷро мегарданд ва ғ. Мафҳуми  умумии ин ҳаводисро бо забони имрӯз шаффофу шаффофият ҳам меноманд. Фишангҳои коркарди забон чун ниҳод, ки бо ёрии он фардҳо муошират менамоянд ва низоми табодулашонро ташкил мекунанд, чун зернизом аз одамон ҷудо шудааст. Яъне, он ба сифати  бозори озод шабоҳат дорад: фард имконити таъсирро ба забону қоидаҳо, ки амали онхоро ҳам таъмину ҳам маҳдуд мекунад, надорад. Умуман, дар тамсилаи ҷомеаи либералӣ қонунхо «қабул намешавад», балки чун қонуниятҳои воқеан мавҷуда, ки то ҳол номаълум буд, «кушода» мешаванд. Умуман, забон ва мафҳумҳо, ки барои ягон фаъолият истифода мешавад, дар дохили иттиҳодияи касбӣ мутобиқ бо хусусиятҳову қоидаҳои он (иттиҳодия) мавриди муҳокимаи кушод қарор гирифта, пас қабул мегардад ва оммавӣ мешавад. Ин муҳокима наметавонад барои берун аз аъзоёни ин иттиҳод равона бошад. Мисоли ин иттиҳодияҳои касбии гуногун, (иттиҳодияҳои олимон, пизишкон, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, саноатчиён, ва ғ.) шуда метавонад.

      Бояд таъкид кард, ки касб, иттиҳодияи касбӣ ниҳод ва ё фишанги муҳими (сеюми) созишҳои (координация) фаъолият аст, ки аз ниҳоду фишангҳои иерархӣ ва бозорӣ  фарқ дорад. Масалан, суд, пизишк, профессори донишгоҳ ва ғ. дар низоми тобеияти бюрократӣ рост намеояд (намепазирад). Аз тарафи дигар, муносибати пизишк бо бемор, донишҷӯй бо профессор бозорӣ намебошад, зеро на бемор ва на донишҷӯй оид ба сифати хизмати онҳо (пизишку профессор) амиқан баҳо дода наметавонанд. Сифат дар ин асно ба туфайли ниҳодҳо ва механизмҳои  иҷтимоигардӣ ва назорати дохиликасбӣ таъмин мешавад. Фаъолият дар дохили иттиҳодияи касбӣ тибқи триадаи заминавӣ суръат мегирад: «ғоя – амалигардӣ - иҷтимоигардӣ». Аммо, онҳо аз рафтори бозорӣ фарқ мекунанд. Масалан, амалишавии ғоя дар илм метавонад шакли исботи теоремаҳо ва ё гузориши таҷрибаи мутмаинро дошта бошад, бар сифати иҷтимоигардӣ метавонад чопи онҳо дар маҷаллаву иқтибоси ҳамақидаҳо баромад кунад. Маҳз касб ва итиҳодияи касбӣ дастгоҳи фаҳморо коркард менамояд. Он далеле, ки фард дар дохили иттиҳодияи касбӣ ва ваколати худ қоидавайронӣ кард ва ё аз он берун омад, аз тарафи намояндагони иттиҳоди касбӣ, мутобиқ бо қоидаҳои қабулшудаи ин иттиҳод баҳо дода мешавад ва муаяйн мегардад. Ҳамин тариқ, инноватсия дар маҷрои фаъолияти касбӣ, ки он ҷо забони махсус ташаккул меёбад, тавлид мешавад. Маҳз ин ниҳод ҳамчун механизм ва ё фишанги муҳими таконбахш дар маҷрои тадбиқу рушди иноватсионӣ мебошад. Дар ҷомеаи мо маҳз ҳамин механизми созиш, ки омили инкишофи маҷрои инноватсионӣ иқтисодиёт аст, кам ба назар гирифта мешавад. Бинобар ин сабаби мавҷудияти муамморо, муфассал дар риштаи баён мегирем.   

Ҳамватанони мо оид ба сатҳи пасти рушди иқтисодии кишвар ва мавҷи инноватсионӣ дар он нисбат ба давлатҳои Ғарб изҳори нигаронӣ менамоянд. Чӣ тавре дар боло ишора намудем, сифати беназири тамаддуни мамолики Ғарб, дар он аст,  ки он ҷо нерӯмандиву тамоюл ба «бегонашави»-ю табдили ғояҳо ба воқеият хеле бузург аст. Маҳз ин қобилият аз паи худ ҷаҳиши тамадуни тавоноро мебарад: яъне, ба монанде, ки нутқ ба воситаи мактуб аз сухангӯ бегона шуда, зуд ба объекти моддӣ – текст табдил меёбад, ва ё  ки шеъри шоир ба туфайли овозхон зуд мардумӣ мегардад ва ғ. Чунин занҷири амалигардӣ бояд дар раванди тадбиқи равандҳои инноватсионӣ бошад: миёни олим, ихтирокор ва соҳибкор  бояд алоқаи устувори ба манфиат асосёфта ҷой дошта бошад.

Аммо дар шароите, ки ҷомеаи мо дорои хосияти анъанавӣ дораду ба иқтисодиёти типи аграрӣ-анъанавӣ поя гирифтааст, пас ташаккули муносибатҳои наву мафкураи ратсионалӣ, тавлиду тадбиқи ғояҳои инноватсионӣ кори хеле мушкил аст. Сарчашмаи таъғиротро дар ин шароиту муҳити кишвар (дар фаъолияти иттиҳодияи касбӣ), пеш аз ҳама, нақши пешбари роҳбари он, ки навовар бошад, муаяйн менамояд. Маҳз ба туфайли ҷуръати бузурги идоракунандагон (менеҷерон), навоварӣ ва шикастани анъанаҳои кӯҳна ба иҷро мерасад. Дар ин ҷода, бояд дар назар гирифт, ки роҳбарӣ ва ё сарварӣ  ин қобилиятест, ки он тавонад рафтору кирдори узви иттиҳодияи касбӣ, аъзоёни коллективи эҷодиро барои амалӣ гаштани манфиату ҳадафҳои асосии умум таъғир диҳад. Ва аз тарафи дигар, майлу омодагии аъзоён ба тобеияту иҷрои вазифаҳо  воқеан вуҷуд дошта бошад [3.] Аслҳои роҳбарӣ ҳамзамон бояд  ба нерӯи коллектив ва манфиатҳои онҳо такия намояд. Барои он, ки ин моҳияти ратсионалии роҳбарӣ ва эътирофи воқеии муносибатҳои он амалӣ гардад, зарур аст, ки аз тарафи аъзоёни иттиҳоди касбӣ сифати беназириву нодирии роҳбар ҳис шавад ва эътиқоти онҳо дар муносибатҳои табиию оқилонаи роҳбар барқарор бошад. Аммо, бидуни баназаргирии афкори аъзоёни иттиҳодияҳои касбӣ, аксари роҳбарони иттиҳодияҳои касбӣ бо воситаи механизми иэрархӣ, аз «боло» таъин шуданд. Аксари онҳо ҳарчанд «эътибори расмӣ» доранд, яъне бо фармони вазорат ва ё сохтори мақомоти давлатӣ таъйин шуданд, аммо бинобар маҳрум буданашон аз қобилияту сифати беназир, коллективи меҳнатиро ба маҷрои созандаву инновасионӣ сафарбар карда наметавонанд. Пас озодии қабули идоракунӣ пахш мешавад, зеро раванди идоракунӣ мутобиқ бо таъсири супориш аз «боло ба поён» сурат мегирад. Хосияти идоракунӣ, бештар чун интиқолунандаи ахбор оид ба талаботи мақомоти «боло» баромад мекунад. Бинобар он, тасаввуроти анъанавӣ оид ба идораи иқтисодиёти шуравӣ, ки амалан бавуқӯъойӣ «фетишизми шахсӣ ва ё нақшавӣ» буду  фетишизми моли бозорро шабоҳат дошт, эҳё мегардад. Бидуни озодии фаъолияту идоракунӣ рӯи кор омадани мавҷи инноватсиониро тасаввур намудан ғайриимкон аст.   Ин ҷо ба маврид аст, ки роҳи дарёфти обрӯй ва ё шарафи сунъии (сохтаи)  бархе роҳбаронро, ки  А.С. Макаренко таъкид намудааст, орем  [9]. Якум - шарафи фосила (дистанция): роҳбар ҷуръат менамояд, ки худро аз зертобеъон «дур» кашад ва бо онҳо расман дар алоқа бошад. Бо ин кор тасаввур менамояд, ки шарафу шӯҳрати (авторитет) вай баланд мешавад. Дуюм – шӯҳрат аз некӯӣ: роҳбар ҷуръат менамояд, ки ҳама вақт нек бошад, аммо дар ин асно талабот ба кору фаъолияти коллектив паст мешавад, ҳамин тариқ, бо ин рафтор вай ба иттиҳодия ва ё ташкилот «хизмати хирсона» менамояд. Сеюм – обрӯйи педантистӣ: роҳбар ба майдагапиву масъалаҳои «майда чуйда» машғул мешавад, тамоми зинаҳои иҷрои супоришҳоро худ муаяйн менамояд, тарҳрезӣ мекунад. Дар ин маврид эҷодиёту ташабусси аъзоёни коллектив пахш мешавад. Чорум - обрӯи худтаърифкунӣ: роҳбар мағрур, фахр мекунад, хизматҳои дирӯзу имрӯзи худро мунтазам таъкид менамояд ва бо ин рафтор вай тасаввур менамояд, ки баррасии «хизматҳояш» ба ӯ обрӯи баланд таъмин менамояд. Аммо, ин кор раванди баръаксро тавлид менамояд. Панҷум – обрӯи фишороварӣ: роҳбар дар коллектив тухми ҳаррос мепошад, зертобъони худро метарсонад. Бо ин роҳ ӯ тасаввур менамояд, ки обрӯву шараф касб менамояд. Аммо ин нодуруст аст, чунин рафтор ба зертобеон нобоварӣ, паст шудани ташаббус, ҳодисоти эҳтиёткорӣ (страховка) ва ҳатто ба вуқӯъ омадани ҳодисоту амалҳои бевиҷдононаро низ мусоидат менамояд. Роҳбарӣ, қобилияту роҳбарикунӣ дар табиати инсон нуҳуфта аст, ин истеъдод ва захираи нодиру фавқулодаро ҳама фард доро намебошанд. Ин истеъдодро пеш аз ҳама атрофиён, аъзоёни коллективи меҳнатӣ зуд ҳис мекунанд. Зуҳури ин истеъдод, бахусус барои иттиҳодиҳои касбӣ, ки ба тавлиди инноватсия сару кор доранд, хеле муҳим аст. Зеро, иттиҳодияҳои касбӣ, ки ба тавлиду тадбиқи ҷараёнҳои инноватсионӣ тамоюл доранд, аслан ба идоракунии эҷодӣ, на бюрократӣ ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, аъзоёни иттиҳодияҳои касбӣ дар миёни худ шахси соҳиби «эътибори ғайрирасмӣ» -доштаро мебинанд ва дар симои он маҷмаи сифатҳои нодирро ҳис мекунанд. Ӯро, ки аъзоёни иттиҳоди касбӣ эътироф менамоянд, пас онҳо воқеан майли ба он тобеиятро доранд ва афсӯс ҳам мехуранд, ки чаро вай сарвари онҳо намебошад. Бо ақидаи Ч.Бернард «обрӯи ғайрирасмӣ» – ин пеш аз ҳама маҳсули эътирофи аъзоёни коллективи меҳнатӣ оид ба сифатҳои хиёбони маънавиёти роҳбарон, ахлоқи онҳо, риояи меёри касбӣ ва инсониву иҷтимоии онҳо мебошад. Барои тасдиқи ин ақида мисолеро аз ҳини мулоқоти олим-иқтисодчии маъруфи ҷаҳонӣ В. Ленотев бо соҳибкорони Ҷопон меорем. Ӯ ба онҳо саволе додааст, ки  барои чӣ ширкатҳои Ҷопон ба пешниҳодоти хизматчиёни вазорати савдо ва саноати мамлакаташ, ҳарчанд мутобиқи санадҳои меёриву ҳуқуқии кишвар он нерӯи ҳатмӣ надорад, итоат менамоянд ва қабул мекунанд? Яке аз тоҷирони ҷопонӣ чунин ҷавоб додаст: доираи соҳибкорони мамлакат маслиҳати хизматчиёни давлатиро барои он қабул менамоянд, ки маҳз онҳо шахсони ихтисосманди баландпоя ва таҷрибанок дар мамлакат маҳсуб мешаванд ва собиқаи меҳнатии ононро ҷомеа медонад ва пазируфтааст [4.] Модоме, ки дар иттиҳодияҳои касбӣ эътимод ҳукмфармост, пас иҷрои ҳадафҳои умум ва амалигардии триадаи низоми инноватсионӣ рӯи кор меояд. Бинобар он, таъсири омилҳои тасодуф дар раванди ҷобаҷогузории кадрҳо, ки хоси ҷома ва анъанавӣ аст, ба коҳиш ёфтани алоқаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва карахтшавии  ҷараёни инноватсионӣ мусоидат менамояд. Дар ҷомеаи мутамаддину пешрафта масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо, мутахассисон на «аз боло», балки дар маҷрои табиии худ дар доираи иттиҳодияҳои касбӣ ҷо ба ҷо мегардад ва ҳар яки он мақому манзилати воқеии худро дармеёбад. Ҳамин тариқ маҳз устувории фаъолияти иттиҳодияҳои касбӣ такия ба манфиатҳои аъзоёнаш пайдошавии пай дар паи ғояҳои нав ва ё инноватсиониро дар ҷомеа таъмин менамояд. Савол ба миён меояд, ки аз кучо ғояҳо пайдо мешаванд? Ҷавоби умумии ин савол чунин аст: онҳо чун мавҷудот зинда «на аз ягон ҷой», балки метавонанд фақат идомаву инкишофи ғояҳои қаблӣ бошад. Бинобар он, ҳифзу қадрдонии мутахассисони баландихтисоси миёнасолу кӯҳансол, истифодаи симои шахсияти онҳо ҳамчун рамзи кашфиётҳои бузург ва саҳмгузорӣ дар рушди илму техника ва ихтироъ, ҷӯстуҷӯи механизми меросгирӣ аз онҳо ва пайваст кардани занҷири инноватсионии дирӯзу имрӯзу фардо масъалаи хеле муҳим мебошад. Бинобар он, гусели онҳо ба нафақа ба ихтиёри иттиҳодияҳои касбӣ бояд бошад. Зимнан таъкид бояд намуд, ки ягона захирае, ки маҳдуд намешаваду баръакс ғанӣ мегардад, ин донишу малака, умуман сармояи инсонӣ мебошад. Пайваста ба бузургсол шудани мутахассис, олим, ихтироъкор, нерӯи зеҳнӣ низ бой мегардад. Бинобар он, маҷбуран гусел намудани он ба нафақа, аз як тараф, чун талафи сармоя дар ҷомеа, халалдор намудани динамикаи объектҳои ғоявӣ ва аз тарафи дигар, ҳодисоти поймол  намудани ҳуқуқи онҳо ба меҳнату фаъолият, арзёбӣ кардан мумкин аст.

Барои тавқият бахшидан ба гуфтаҳои боло, динамикаи объектҳои ғоявӣ, маҷрои онҳоро метавон бо тамсилаи ва ё назарияи эволютсионӣ ва популятсионӣ шарҳ дод. Дар ин масоил пажӯҳишҳои Т.Кун хеле барҷаста аст [5.] Дар тамсилаи он аз як тараф, меросгирии ғояҳо қайд шудааст: зеро, ки ҳар як инноватсия идома ва инкишоф дар доираи «мактабҳои ақидахо» мебошад. Аз тарафи дигар, давра ба давра инқилоб ба вуқуъ меояд ва пайваста бо он дар доираи  иттиҳодияҳои касбӣ мактабҳои нав пайдо мешавад[2]. Мутобиқи аслҳои илми когнитивӣ маҳсули меҳнат (дар шакли молу хизмат) чун инъикоси ғояҳо ва шакли ҳастии объектҳои ғоявӣ арзёбӣ мешавад. Пас, рушди модии ҷомеа,  умуман кулли ҷаҳони иҳоташуда чун «хотирот»-и низоми креативии ҷомеа аст, ки ғояҳои инсонӣ ҷомаи амал дар бар кардааст. Ин қонунияти муҳими инкишоф маҳз ба туфайли фаъолияти пурсамару инноватсионии иттиҳодияҳои касбӣ сурат мегирад. 

  

Мирсаидов Аброр Бобоевич - д.и.и., професор. 

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №1 (241).

Адабиёт:

  1. Бюкенен Дж. Сочинения,М.: Таурус Альфа.1997. С. 23
  2. Commons J. Institutional Economics//American Economic Review. 1931. Vol.21. P. 648-657
  3. Вебер М.. Три типа господства – Москва – Иерусалим // Двадцат два – 1990- № 72
  4. Житенко Е.Д. Как стимулировать инновационную деятельность?// «ЭКО», №3, 2002. С.22
  5. Кун Т. Структура научных револютций. М.: АСТ, 2009
  6. ШИронин В. Институты и инновации: взгляд когнитивной науки//Вопросы экономики. 2005, № 5.С.45
  7. Хайек Ф. А. Хайек. Пагубная самонадеянность. Ошибки социализма. -М.: Изд-во «Новости»при участии изд-ва «Catallaxy», 1992. −304
  8. Фуруботн Э., Рихтер Р. Институты и экономическая теория. СПБ: Издательский дом СПБГУ,2005
  9. Личность руководителя и эффективность управления организацией http://odiplom.ru/menedzhment/lichnost-rukovoditelya-i-effektivnost-upravleniya-organizaciei; Менеджмент, http://poznajvse.com/osnovnie-etapi-razvitie-menedgmenta

 

 

[1] Ин мафњумро Михаил Роко ва Уильям Бейнбриджем,  муаллифони њисоботи Converging Technologies for Improving Human Performance, ки  соли  2002 г. дар  Маркази байналмилалии бањодињии технологї (WTEC) пешнињод намудаанд, љой додаанд.

[2] Ин тасвир манзараи популятсияро дар биология шабоњат дорад. Мактабњои мухталиф ба намудњои биологии мухталиф мувофиќат мекунанд. Намояндагони мактабњои мухталиф якдигарро намефањманд, ба мисле, ки намояндагони намудњои гуногун бо њам гибрид намешаванд. Таносуби ѓояњо, ки дар доираи як мактаб тавлид шудаанд, њамин тавр дар дохили ин намуд таѓйир (мутатсия) меёбанд.

 

Хондан 1614 маротиба