JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ба даст овардани ваҳдати миллӣ бузургтарин ва нодиртарин падидаи иҷтимоӣ буд. Рушди ҷомеа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти солим аз таҳкими ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад.

  Дар раванди ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ забони миллӣ нақши муҳим дорад. Забон унсури муҳимми фарҳанги ҳар як миллат аст. Муҳимтарин вазифаи забон дар он аст, ки фарҳангро ҳифз мекунад ва аз насл ба насл интиқол медиҳад. Ин аст, ки забон дар ташаккули ҳар як шахсият ва бақои миллат бо тамоми мероси фарҳангию маънавии он нақши муҳим дорад.

(мулоҳизаҳои куллӣ дар мавзуи идеяи ваҳдати миллӣ ва мафҳумҳои истиқлолият ва дунявият дар Тоҷикистони соҳибистиқлол)

 Дар заминаи мавзуи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги Ҷамшедӣ чанд андешаро иҷмолан манзур месозем:

1. Истиқлол ва  дунявият  аз  нигоҳи  фарҳангӣ  ба  ин  маъност,  ки  мардуми тоҷик  дар  оянда  бояд  ба  фарҳанги  Ҷамшедӣ  рӯй  оваранд.  Чуноне  ки Урупоиён дар давраи Ренессанс ба фарҳанги Юнони қадиму Рими қадим рӯй  оварда  буданд.  Ренессанси  халқи  мо  аз  андешаҳои  Ҷамшедӣ  оғоз мегардад, на аз низоми исломӣ ва на аз низоми коммунистӣ. 

 Дар оғози солҳои 80-ум бўҳрони сохтори низоми коммунистӣ ва созмони давлатии Иттиҳоди Шўравӣ ба авҷи хеш расид ва дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум фурўпошии амалии онҳо сурат гирифт, ки ба навбати хеш сабабгори тағийроти амиқ ва ҳатто бунёди дар сарнавишти таърихии шомили иттиҳод ва низоми равобити байналмилалӣ гардид. Ҳангоме, ки дар бораи омилҳо, ангезаҳо, хислат, мазмун, умқ, ва авоқиби (қабатҳои) раванди таҳавулот ва фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ диду назарҳо, қаринаҳо ва ақидаҳои мухталиф мавҷуданд пеш аз ҳама чунин таҳавулоти сиёсӣ ба сарнавишти Тоҷикистон таъсири бузург ва аслан хатарнок дошт, беҷиҳат нест. Баъзе «хасоили ҷавҳари» - и низоми сиёсї ва давлатии ИЉШС- ро, ки бо сабабгори аслии заъфи таърихию шикасти он низом маҳсуб мешавад, равшани андозем. Аммо ҷой додани ҳамаи он иттилооту меъёрҳои мавҷудаи он рисола берунаст. Бо вуҷуди ин таҳлил ва баррасии авомили умдатарине, ки асбоби таназзули иттиҳод гардидааст зарур медонем.

Дипломатияи об яке аз восита ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарии захираҳои обӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мебошад. Махсусан, масъалаҳои мубрам ва калидие, ки дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷой доранд, имконият медиҳад, ки бо роҳҳои дипломатияи об ҳалли худро ёбанд. Гузашта аз ин, захираҳои обӣ барои рушди ҷомеаи инсонӣ, саломатӣ, некӯаҳволии халқ ва баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодӣ муҳиманд.

Китобҳо