Таърихан дипломатияи об, ин нақши муайянкунандаи омили об дар сиёсати хориҷии кишварҳои соҳилӣ ё гуфтушунидҳои дуҷониба ё бисёрҷониба барои ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо оид ба масъалаҳои об мебошад. Дар замони муосир, бо таъсири афзояндаи раванди ҷаҳонишавӣ, мафҳуми дипломатияи об васеъ гардида, он ба муносибатҳои байни кишварҳои соҳилӣ ба ҷалби кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ далолат мекунад. Ҳамин тариқ, бо назардошти тамоми меъёрҳои замони муосир дар масъалаи об, дипломатияи об, ин воситаи татбиқи сиёсати хориҷии як давлат дар масъалаи об, ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои махсус барои ҳалли проблемаҳо, фаъолияти расмии сарони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ё ниҳодҳои махсус мебошад. Ҳамзамон дипломатияи об, дар татбиқи сиёсати хориҷӣ оид ба масъалаҳои об ва ниҳоят ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон оид ба масъалаҳои об дар муносибат бо дигар давлатҳо мебошад.
Масъалаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми муайян қарор дорад. Муносибат ба захираҳои об тағйир ёфта, об ба арзиши миллӣ ва омили асосии рушди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Чунки об манбаи асосии истеҳсоли энергияи сабз мебошад. Ҳамзамон нерўи сабз барои баровардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва хоҷагии халқ зарур буда, барои устувории сиёсии давлат муҳим аст. Бо дарназардошти иқтидори ғании об ва аҳамияти рӯзафзуни захираҳои об дар рушди давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунӣ, истифода, истеъмол, ҳифзу нигаҳдории захираҳои об пурзўр намудааст.
Ҳадафи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар, муносибати оқилона ба захираҳои об, ҳамчун захираҳои асосии табиии ҷумҳурӣ мебошад. Ин аст, ки тадриҷан бо рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодии давлат ва ташаккули суботи сиёсӣ дар кишвар сиёсати об дар Тоҷикистон низ рушд мекунад. Дар баробари ин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон об ва нерўи сабз аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар авлавият қарор доранд. Ин воқеиятро Пешвои муаззами миллат дар Раванди оби Душанбе бори дигар таъкид намуданд: «Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст».[1]
Албатта масъалаи об ва истифодабарии захираҳои об барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ин масъала ба ҷумлаи масъалаҳои муҳими дохилиминтақавӣ табдил гардидааст. Масъалаҳои ҳалношудаи вобаста ба об дар минтақа, пеш аз ҳама хушкшавии баҳри Арал, истифодабарии мақсадноки захираҳои об, танзим гардидани захираҳои об дар байни давлатҳои болооб ва поёноб ва ғ. мебошанд.
Оқибатҳои давомдори хушкшавии баҳри Арал, ки аз масъалаҳои асосии минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи об мебошад. Ҳалли ин масъала бидуни фаъолсозии ҳамкориҳои густурдаи байнидавлатҳо бо СММ, кишварҳои манфиатдор ва сохторҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Тоҷикистон аз замони таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (IFAS) яке аз кишварҳои фаъол нақши муҳим бозидааст. Ёдовар мешавем, ки Бунёди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, барои бартараф намудани паёмадҳои буҳрони Арал нақши хосса дорад. Инчунин маблағгузорӣ ба он бо иштирок ва дастгирии фаъолонаи барномаҳои гуногуни СММ, САҲА, ЮНЕСКО, институтҳои бонкии ҷаҳонӣ, инчунин ҳукуматҳои кишварҳои донор амалӣ мегардад.
Албатта, тағйирёбии иқлим, ки онро ҳар як сокини сайёра эҳсос мекунад, офатҳои табиӣ, ифлосшавии системаҳои обии ҷаҳон бо партовҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, обшавии пиряхҳо, паст будани фарҳанги истифодабарии об аз масъалаҳои глобалие мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он рў ба рў аст.
Дар баробари дигар масъалаҳои ҳалношудаи оид ба об дар минтақа, воқеияти дигаре амалӣ гардида истодааст, ки дар оянда шояд ҳамчун аз ҷумлаи «буҳронҳо» дар муносибатҳои байнидавлатии иддае аз кишварҳои минтақа гардад. Шурўъ гардидани сохтмони канали Қуштеппа дар Афғонистон, ки ба он об аз Амударё ҷорӣ мегардад, далели ин гуфтаҳост. Дар асоси нақшаи тарҳрезигардида, дарозии канали мазкур 285 километр, бараш 100 метр ва чуқурии он қариб 8,5 метр хоҳад шуд. Дар назар аст, ки лоиҳа соли 2028 ба анҷом мерасад.[2]
Бояд қайд кард, ки захираҳои обии як кишвар ҳамчун сарвати миллии он ба шумор меравад. Аммо истифодаи самаранок бо дарназардошти меъёрҳои муосири пешбинишуда барои кишварҳои болооб зарур аст. Дар ҳоле, ки аз обҳои Амударё барои обёрӣ ҷумҳуриёрии Узбекистон ва Туркманистон истифода мебаранд ва дар натиҷаи ба истифода додани канали Қуштеппа ба иқтисодиёти кишоварзии ин ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироа намудани ташаббусҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об хоҳони он аст, ки дар ҳалли масъалаҳои об нақши худро гузорад. Пешбурди дипломатияи об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бо пешниҳод намудани ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба монанди - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013» далели ин гуфтаҳост. Ҳадаф аз пешниҳоди ин ташаббусҳо ҳалли масъалаҳо вобаста ба об дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои таъмини ҳаёти созандаи инсоният дар дастрасӣ ба об мебошад. Тоҷикистон дипломатияи кушоду шаффофи минтақавии обро бо эҳтироми зиёд нисбат ба давлатҳои минтақа пеш мебарад. Ин аст, ки чунин муносибат ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва эътимодбахши кишварҳои минтақа дар истифодаи захираҳои минтақавӣ мусоидат менамояд.
Боиси таъкид аст, ки масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи масъалаҳои калидии ҳамкориҳои байни кишварҳои ҷаҳон буда, аз нигоҳи таърихӣ боиси сарзадани низоъҳо низ гардидаанд. Чуноне муҳаққиқон таъкид месозанд: «Аз соли 1948 инҷониб 295 созишномаи байналмилалӣ вобаста ба об ба имзо расидааст, ки дар натиҷа камтар аз 40 ҳодисаи муноқишаи шадид дар масъалаи об дар 71 соли охир ба вуҷуд омадааст. Аммо танҳо 1/3 обҳои рӯизаминии фаромарзӣ (дарёҳо ва кӯлҳо) ва камтар аз 1% обҳои фаромарзӣ механизмҳои ҳамкорӣ доранд».[3]
Дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об, ки боиси афзоиши рақобат барои об байни кишварҳо мегардад, зарурати тағйир додан ва васеъ гардидани муносибатҳои байнидавлатҳо воқеият пайдо мекунад. Имрўз об на танҳо барои фароҳам овардани масоили иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли нерўи сабз аст, балки он ба муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ низ алоқамандӣ дорад.
Имрўз мушкилоти зиёд дар самти истифодабарии захираҳои обӣ дар минтақа мавҷуд мебошад, аз он ҷумла:
- мутобиқсозии манфиатҳои ирригатсионӣ бо манфиатҳои гидроэнергетикӣ;
- истифодаи технологияи муосири каммасраф дар соҳаи обёрӣ, масалан, гузаштан ба обёрии қатрагӣ;
- татбиқи муштараки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ барои истеҳсоли нерўи сабз бо истифода аз имкониятҳои молиявии кишварҳои поёноб барои дастгирии кишварҳои болооб;
- алоқамандии масъалаҳои оид ба об ба вазъи демографии кишварҳо, аз он ҷумла зиёд шудани майдонҳои заминҳои обӣ, нарасидани оби нӯшокӣ ва дигар омилҳо бо омили асосӣ – афзоиши аҳолӣ алоқаманд мебошанд;
- ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба об дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба манфиати тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва амнияти экологӣ, инчунин табдил додани об ба “ташаббус”-и ҳамкорӣ ва ҳамгироии кишварҳо ва ғ.
Албатта вазъи ҷаҳони муосир бо назардошти мушкилоти муштараки байни кишварҳо дар соҳаи об, махсусан истифодаи захираҳои обҳои фаромарзӣ, норасоии оби тоза ва мушкилоти худи об дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамкориҳои дастаҷамъона ва комплексии байнидавлатиро талаб менамояд. Ин аст, ки бо раванди ташаккули ҳамкориҳои муосири об, зарурат ба пайдоиши як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳои об алоқаманд аст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили пешбурди муваффақонаи дипломатияи об, яке аз ҷумҳуриҳои пешсаф мебошад. Масъалаҳои вобаста ба об аз масъалаҳои меҳварӣ ва калидӣ дар муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақа ва ҷаҳонӣ буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба иқлим ва об дар барномаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва дар рўзномаи конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баррасӣ ва таҳлил мегарданд, ки он хело ҳам муҳим аст. Баргузории Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки дар таърихи 11-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, айни ҳамин гуфтаҳост. Бо назардошти ин воқеият, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон дар ин конфронс, чунин иброз доштанд: «Конфронси мазкур барои дарки моҳият ва муҳиммияти об дар рушди устувор ва зарурати амалҳои муассиру таъхирнопазир дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таҳаввулоти ҷиддиро ба бор овард. Яъне, мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем. Вале, хотирнишон бояд кард, ки амалу иқдомҳои имрӯзаи мо барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самт муайянгардида ҳоло ҳам кофӣ нестанд, зеро хавфу таҳдидҳои муосир нисбатан босуръат ва пуртаъсир гардидаанд».[1]
Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа
[1] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронї:
http://president.tj. Рўзи мурољиат: 14.06.2024.
[2] Азиза Капар кизы. Строительство канала в Афганистане угрожает водной безопасности Центральной Азии. Электронный ресурс: https://economist.kg/mnenie/2024/05/08/stroitielstvo-kanala-v-afghanistanie-ughrozhaiet-vodnoi-biezopasnosti-tsientralnoi-azii-ekspierty/. Дата обращение: 05.06.2024.
[3] Что такое водная дипломатия, и почему она актуальна сегодня? Электронный ресурс: https://www.bluepeace-centralasia.ch/ru/about/hydrodiplomacy/. Дата обращение: 20.05.2024.
[4] Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024. Манбаи электронї: http://president.tj. Рўзи мурољиат: 14.06.2024.