JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 03 Июни 2024 14:42

Илми ватанӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф)

      Халқият ва миллиятҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтаанд. Баръакс, миллатҳое, ки ба илму дониши илмӣ эътимод надоштаанд, ҳамеша дар ҳоли хушкандешию фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд. Ба ин маъност, ки илм ва дониши илмӣ муайянкунандаи ҳадаф ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурусти миллияту халқиятҳо дар тули таърихи инсонӣ будаву ҳаст. Аз тарафи дигар, низоми давлатдории дунявӣ бар мабнои тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ устувор гардида, халқу миллатҳоро ба сӯйи хушбахтиву саодати зиндагӣ раҳнамун месозад. Мардуми Тоҷикистон, ки ҳадафмандона масири низомманди секулорию дунявиро интихоб карда, тайи муддатзамони зиёда аз сисола ҷодаи дунявиятро мепаймояд, маҳз ба баракати озодию истиқлоли сиёсию фикрию иҷтимоию эҷодӣ муваффақона умр ба сар мебарад.

      Дар зимн, Сарвари давлат дар доираи дидору мулоқот бо зиёиён, ки одатан дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз -- нимаи дуюми марти ҳар сол баргузор мегардад, бо истифода аз ҳузури намояндагони саршиноси миллат масъалаҳои калидии соҳаи илму маорифи ватаниро баррасӣ карда, пешниҳодоти мушаххас ироа медорад. Мутаассифона, бар асари шуюъи вируси короно Сарвари давлат чанд соли ахир натавонистанд бо аҳли илму маориф ва зиёиёни ватанӣ суҳбат ороста, масоили марбутаро матраҳ намояд ва роҳҳалҳое дар заминаи рушду пешрафти илму маорифи ватанӣ ва талошварзиҳои зиёиёни миллӣ манзур созад.

     Ба ин тартиб, мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони илм ва маорифи кишвар аз ҷумлаи силсиламулоқотҳоест, ки бори ахир марти соли 2020 – замони шуюъи короновирус иттифоқ афтода буд. Бо гузашти чаҳор сол раисҷумҳури мамлакат мулоқотро бо доираи илму маорифи ватанӣ зарур шуморид ва дар ин росто тасмимоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифт. Ин аст, ки 30 майи соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат мулоқот доир гардид ва Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии то андозае тулонӣ вазъи илму маорифи ватаниро дар бастагӣ бо мушкилоту муаммоҳои геополитикӣ матраҳ намуда, дар ин замина нукоти ҷолиби таваҷҷуҳе ироа дод. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи иҷмолиро дар ҳошияи мулоқоти раисҷумҳур бо аҳли илму маорифи ватанӣ ироа медорем.

    Якум. Суханронии Сарвари давлат бо аҳли илм ва маориф, дақиқан аз соати 07:57 шуруъ шуда, то соати 11:18 – се соату 21 дақиқа давом кард. Чун анъана, суханронии барномавии Роҳбари давлат масъалаҳои гуногунро, ки ба мавзуи асосӣ – рушди илму маорифи ватанӣ дар шароити соҳибистқлолӣ иртиботи бевоситаю бавосита доштанд, фаро гирифтааст. Сарвари давлат дар оғоз ва ба истилоҳ, прологи суханронӣ масъалаи мақому ҷойгоҳи илм дар зиндагии миллӣ ва бурунрафт аз мушкилоти иҷтимоӣ, фикрӣ, ҳувиятӣ ва маданиро, ки ҷомеаро дар тангнои мафкуравию ҳувиятӣ қарор дода, ба вазъи буҳронӣ мунҷар кардааст, ба миён гузошта, ҳадафи асосиро таври зайл  гӯшзад намуд: “мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд”. Дар хидмати давлат ва ҷомеа қарор гирифтани илм ва бароварда сохтани ниёзҳои давлату ҷомеа, ки ҳар ду дар тавъамию ҳамбастагии мазмунию мундариҷавӣ мебошанд, талабу муқтазиёти замонию маконист. Ба сухани равшантар, Сарвари давлат дуруст дарк кардаанд, ки бидуни илм ва маорифи пешрафтаву модерн наметавон ба ҳадафҳои олӣ – сохтани давлати миллию дунявӣ ва ҷомеаи саноатию иттилоотӣ даст ёфт. Ин ҳадафро Сарвари давлат дар ибтидои суханронӣ дунбол карда, дар ин замина таъкид дошт: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.

      Дуюм. Нуктаи ҷолиб, ки ғолибан дар тамоми мулоқоту вохуриҳо ва суҳбату суханрониҳои Сарвари давлат ба мушоҳида мерасад, берун аз матни суханронӣ шарҳу тафсири масоили мубрам ва изҳори назарҳои инфиродӣ дар ростои матолиби баҳсталаб мебошад. Ин аст, ки дар бисёр мавридҳо, он чи ки Сарвари давлат берун аз матни суханронӣ ироа медоранд, ҷолибтар, муассиртар, заруртар, бадардхуртар, ҷиддитар ва билохира воқеитаранд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам Сарвари давлат бо такя ба собиқаву таҷрибаи кофии раҳбарӣ, биниши сиёсӣ, неруи фикрӣ, дониши назариявӣ ва завқу салиқаи эҷодӣ сари масъалаҳои мубрами илму маорифи ватанӣ таваққуф намуда, вазъи куллии илмӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, сиёсӣ ва мафкуравиро мушаххас намуда, дар ин робита таклифу пешниҳодоти зарурӣ ироа доданд. Махсусан, ба масъалаи интиқодоти мунсифона ва бидуни ғаразу кина, ки дар илм аз меъёрҳои асосию калидӣ маҳсуб мешавад, таваҷҷуҳ намуда, ошкоро ишора фармуданд, ки “ман ҳама гуна танқидро қабул дорам, агар одилона бошад”. Воқеан, интиқод ва равиши интиқодӣ, агар мунсифона ва орӣ аз ғаразу кина бошад, ҳатман ба дард мехурад ва дар ҳалли мушкилоту уқдаҳои замонию маконӣ корсоз буда метавонад. Мутаассифона, анбуҳи матолиби интиқодие, ки сари мавзуоти мухталиф, минҷумла сиёсию мафкуравӣ ва илмию фарҳангӣ дар сафаҳоти шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ мушоҳида мешаванд, аксаран бар мабнои ғаразу бадбинӣ, нафрату ниқорталабӣ, фиребу шӯрангезӣ ва нотавонбинию кинаҷӯйӣ буруз карда, воқеиёти давру замонро бозтоб намедиҳанд. Ба ин манзур, Сарвари давлат аз ҳозирин ва бахусус, блоки илмӣ-академӣ, ниҳодҳои маорифи ватанӣ ва ҷомеаи маданӣ даъват ба амал оварданд, ки дар баррасии мушкилоту муаммоҳои рӯзгор аз равиши санҷидашудаи илмӣ ва интиқодоти мунсифонаи инсонӣ истифода бубаранд ва аз ин тариқ дар пешрафту таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ ва илмию маданӣ саҳми сазовор бигузоранд.    

      Сеюм. Азбаски мухотабони асосии Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ аҳли илм ва маориф буданд, мавсуф бар асоси принсип ва мабонии илмию ихтисосӣ аз фаъолияти баъзе пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин бархе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ниҳодҳои тобеъи Вазорати маориф ва илм интиқод кард. Албатта, интиқодоти Сарвари давлат аз сохторҳои марбутаи илмӣ-пажӯҳишӣ ва ниҳодҳои маърифатӣ бад-он хотир аст, ки камбуду навоқиси соҳавӣ сари вақт ошкор ва роҳҳалҳое дар ин замина пешниҳод гарданд. Аз сӯйи дигар, ошкор ва рафъи саривақтии навоқиси ҷойдошта дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи илму маорифи ватанӣ талаботи замон аст ва интиқодоти мунсифона ва расидагӣ намудани масъалаву муаммоҳои соҳавӣ боиси пешравии кор мегардад. Ба ин маъно, Сарвари давлат аз масъулини соҳавӣ ва дастандаркорони пружаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват ба амал оварданд, ки дар ҳамшарикӣ мушкилотро бартараф намуда, роҳро барои таҳаввулоту пешравӣ ҳамвор созанд.    

      Чорум. Тавре ки ишора шуд, Сарвари давлат дар мулоқот, асосан  ду соҳаи ба ҳам тавъам – илм ва маорифро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дод ва дар доираи ин ду масъала андешаронӣ кард. Дар ин замина, тарбияи насли нави огоҳу саводнок ва бадонишу бомаърифат аз ҷумлаи масъалаҳои калидии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Сарвари давлат тақрибан дар кулли суҳбату мулоқот, дидору вохурӣ ва гуфтугӯю суханрониҳо ба ин масъалаи меҳварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати тарбияи насли нави огоҳу босаводу бомаърифат тадбирҳои судманд андешида, дар ин росто барномарезиҳои ҷиддӣ амалӣ намоянд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам ба ин нуктаи меҳварӣ -- тарбияи насли нави босаводу бамаърифат тамаркуз карда шуд ва Сарвари давлат тазаккур дорданд, ки: “Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд”. Илова бар ин, Сарвари давлат пойинтар вазъи тарбиятиро, ки ба талаботи замон ва шароити муосири миллӣ ҷавобгӯ нест, мушоҳидакорона таҳлил намуда, аз сарнавишту тақдири минбаъдаи ғолибони пружаҳои ҷумҳуриявии озмунии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон  -- Ватани азизи ман” изҳори нигаронӣ карданд. Ваҷҳи нигаронии Сарвари давлат дар ин замина он аст, ки дастандаркорону масъулини пружаҳои озмунӣ ва мудир-омилони тарҳҳои ҳамчунинӣ бо баргузор кардани озмунҳо ва ҳавасмандсозии ғолибони пружаҳои озмунӣ корро анҷомёфта ҳисобида, ба ояндаи насли ғолиб аслан таваҷҷуҳ намекунанд. Ҳол он ки бояд ғолибон ва нафарони фаъоли пружаҳои озмунӣ ҳамеша мадди назари масъулин ва дастандаркорони соҳавӣ қарор бигиранд ва барои то ба сатҳи кадрҳои баланди миллӣ расонидани онҳо барномарезиҳои мушаххаси илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва тарбиятӣ роҳандозӣ шаванд. Мутаассифона, пружаҳои озмунӣ ҳамасола баргузор мегарданд, ғолибон маълум мешаванд, ҳавасмандиҳои моддию маънавиро дарёфт мекунанд, аз тариқи телевизиони радио муаррифӣ мешаванд, аммо муаррифии шоиставу боиста ва муҳимтар аз ҳама, сарнавишти минбаъдаи онҳо касеро мутаваҷҷеҳ намесозад ва ҳамин тур, то ба соли дигар ҳолу ҳавои озмунӣ мутаваққиф гардида, дар фазо сару садое боқӣ намемонад. Дар ҳоле ки ба масъалаи сарнавишти минбаъдаи ғолибону фаъолони пружаҳои озмунӣ ва тарбияи бадеӣ-эстетикӣ, илмӣ-ихтисосӣ ва миллӣ-эҷодии онҳо бетаваҷҷуҳӣ кардан айни бетарафию фориғболист. Афзун бар ин, омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва дар заминаи арзишҳои миллию дунявӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон вазифаи аввалиндараҷаи блоки маорифи ватанӣ ва ниҳодҳои марбутаи адабию академист. Ҳадафро мушаххас ва вазъро дуруст арзёбӣ карда, Сарвари давлат таъкид доштанд: “Имрӯз мо ба мутахассисони баландпоя нисбат ба ҳар вақти дигар ниёзи бештар дорем, вале на ҳамаи донишмандон дар интихоб кардану ба камол расонидани истеъдодҳои ҷавон ҳиссагузорӣ мекунанд. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки механизми тарбия намудани наврасону ҷавонони боистеъдодро на фақат тавассути озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”, балки бо роҳи ташкили дигар озмунҳо низ таҳия ва тасдиқ намояд”.     

        Панҷум. Сарвари давлат масъалаи эҳтиром ба арзишҳои миллию дунявӣ, ки сабаби пешрафти миллату давлатҳо дар тули таърих гардидаанд, матраҳ карда, бар он таъкид варзиданд, ки силсилатаҳқиқотҳои илмӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ-ихтисосӣ бояд бар мабнои равиш-методологияи илмӣ, риояи принсип-мабонии давлатдории дунявӣ, дарназардошти манофеи миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва эҳсоси ватандорию ифтихорофаринӣ анҷом бигиранд. Дар акси ҳол, маҷмуаи таҳқиқоту пажӯҳишҳо хосту ниёзҳои иҷтимоӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, илмӣ, академӣ ва мадании ҷомеаро бароварда намесозанд ва ҳамчун қолибҳои хушку холӣ ба дарди касею ниҳодею мақоме намехуранд. Ба ин маънӣ Сарвари давлат махсус ишора фармуданд: “Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки барои мо меъёрҳои муқарраркардаи Конститутсия ва арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ ҳамеша афзалият доранд. Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд”.

       Дар зимн, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабию хушкандешӣ ва дар ин робита, ба бемории вогиру фарогири бегонапарастию беҳувиятӣ мубтало гардидани бахши калоне аз насли наврасу ҷавони ҷомеа нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Таҳдиду хатари хушкандешӣ, дурӣ аз ҳувияти миллӣ ва тамоиюл ба ифтротгаройиюву тундравии динӣ-мазҳабиро моҳиятан дарк карда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор ҳушдор доданд: “Мафкураи ифротию тунди динӣ-мазҳабӣ бузургтарин хатару таҳдид ба давлату ҷомеа аст, ҳатто сахттар аз яроқи ҳастаӣ-ядроӣ”. Бо таваҷҷуҳ ба ҷиддияти масъала, Сарвари давлат аз ҳозирин, бавежа, аҳли илму маорифи кишвар самимона даъват карданд, ки дар баробари ташаннуҷи хурофоту таассубу ҷаҳолату хушкандешӣ қад алам намуда, барои ҳифзи арзишҳои бостонии миллӣ,  мероси гаронмояи аҷдодӣ, ҳувияти тоҷикӣ, тарзи тафаккури илмию дунявӣ ва саранҷом манофеи миллӣ-давлатӣ саъю талош варзанд. -- Агар имрӯз сукуту хомӯширо ихтиёр мекунед, -- дар муроҷиат ба олимону маорифиёну зиёиён афзуданд Президенти мамлакат, -- фардо дер хоҳад шуд ва ҳатман туъмаи  ифротгароёну тундравону ҳаросафканони динӣ-мазҳабӣ хоҳед гардид. Хитоби Сарвари давлатро ба аҳли илму маориф мабнӣ бар ин ки “агар коре аз дастатон барнамеояд, ақаллан ду-се нафарро аз роҳи бад баргардонед, басанда аст” ҷиддӣ бояд гирифт. Мунтаҳо, дар ин лаҳазоти ҳассос, агар коре намекунем, насли баъдӣ барои бетарафӣ, саҳлангорӣ, тамошобинӣ ва фориғболию фурсатталабӣ ҳатман маломатамон хоҳад кард. Бинобар ин, камтарин хидмате, ки аз дастамон бармеояд, барои боло рафтани сатҳи огоҳӣ ва хирадмандии насли наврасу ҷавон ва умуман, ҷомеа бояд анҷом бидиҳем. Муҳимтар аз ҳама, донишманд, маорифпарвар, равшангар ва зиёии асил, он чи ки тули умр андӯхтааст, бидуни вақфаву диранг ба дигарон меомӯзад ва рисолати хешро дар ростои омӯхтан, огоҳ сохтан ва бедор кардани насли миллат шарафмандона анҷом медиҳад. Ба қавли Фирдавсӣ:

          Чу доно тавоно буду додгар,

           Азеро накард эч пинҳон ҳунар.

      Албатта, сари ин масъала бо ҳассосияти баланд сухан кардани Роҳбари давлат сабаб дорад: Аввалан, таъриху таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба истилоҳ, бародаркушӣ собит кардааст, ки яке аз авомили асосии  ташаннуҷи авзоъ, бебандуборию беинзиботӣ ва билохира ба ҷангу даргирӣ кашида шудани кишвар бетарафию фориғболию фурсатталабию тамошобинии қишри интеллигенсияи ватанӣ ва элитаи сиёсии вақт будааст. Сониян, марказгурезӣ (на марказшитобӣ) аз ҷумлаи мушаххасоти нописанду номатлубу зараровари институтҳои иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ ва мадании мо дар тули таърих будааст ва маҳз ҳамин мушаххасаи ҳувиятӣ боиси ҳузуру нуфузи фарогири қишри руҳонияти муҳофизакору фурсатталаби давр гардида, Тоҷикистони нав ба истиқлорасидаро оғуштаи хуну даргирию ҷангу кашмакашу қатлу куштор кард. Солисан, мавқеъи давлатӣ, дидгоҳи миллӣ ва тафаккури илмӣ надоштани қисмате аз қишри пешрави интеллигенсияи ватании вақт роҳро барои буҳронӣ шудани авзоъ дар гӯшаву канори мамлакат ҳамвор сохт. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди ҳувиятсозию ваҳдатофаринии миллиро хеле хуб андӯхтааст ва дар ин замина таҷрибаи кофӣ дорад. Бинобар ин, ба масъалаҳо дар доираи қиёси мантиқӣ рӯшанӣ меандозад ва воқеиёти замони гузаштаи таърихӣ (замони ҷанги шаҳрвандӣ – солҳои 1992-1997)-ро бар мабнои далоили мувассақи мантиқӣ ва дидгоҳи воқеъӣ арзёбӣ менамояд.

     Ба ин тартиб, Роҳбари давлат донишмандону олимонро даъват мекунад, ки аз утоқҳои корӣ ва озмоишгоҳҳою лабораторияҳои худ берун омада, бо мардум ошно гарданд, набзи ҷомеаро эҳсос намоянд, бо табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ доимо дар радду бадалҳои фикрию эҷодӣ қарор гирифта, тамосу алоқаро бо ҷомеа ҳаргиз қатъ накунанд, баръакс, миёни мардум фаъол бошанд, мавзуъ ва масоили ҳассосро баррасӣ намоянд, дар шарҳу тафсири масоили илмию ихтисосӣ ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ кумак расонанд ва бад-ин минвол ҷомеаро ба пешравию тараққиёт таҳрик бидиҳанд. Ин аст вазифаву рисолати донишманд, олим, муҳаққиқ, маорифпарвар, равшангар ва зиёӣ. Аммо аз камфаъолию бефаъолии табақоти илмӣ-академӣ ва мактабӣ-донишгоҳӣ истифода бурда, қишрҳои дигари фурсатталаб даст ба кор шуда, ҷомеаро ба тарафи худ кашида, аҳдофи ғайримиллию ғайриилмиашонро пиёда месозанд. Ин вазъро Президенти мамлакат дуруст дарк карда, ба олимони муҳтарам муроҷиат намуда, даст ба кор шудани тими илмӣ-академии ҷумҳуриро хостор шуданд. Ба сухани равшантар, ҳанӯз, ки дер нашудааст, даст ба кор бояд шуд, то фардо ангушти ҳайрат нагазем. 

      Шашум. Дар чандин мулоқоту вохуриҳо ва диду боздидҳо бо намояндагони илму маорифи кишвар Роҳбари давлат ба масъалаи таҳияи китобҳои дарсӣ, илман асосноккунии маводи таълимӣ, риояти равиш-методологияи илмӣ дар таълифу таҳияи китобҳои мактабию донишгоҳӣ, ба фазою шароити муосири миллӣ мутобиқ сохтани васоити таълимӣ-методӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъулинро муваззаф месозад, ки дар беҳбуди ин самти муҳимми мафкурасозии миллӣ-давлатӣ талош варзанд. Мутаассифона, ҳамоно вазъи таълифу таҳияи китобҳои дарсӣ ва ба фазою муҳити илмию миллӣ мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нашудааст. Танзими ин раванд, ки воқеан, раванди мафкурасозии миллӣ маҳсуб мешавад, ба таври бояду шояд анҷом напазируфтааст. Ин аст, ки Роҳбари давлат бо истифода аз ҳузури олимону маорифиёну зиёиёни ватанӣ ба ин масъалаи доғи рӯз такроран таъкид варзида, аз ҷумла иброз доштанд: “Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки солҳои зиёд дар назди ин муассисаҳо қарор дорад, таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Сифати таҳсилот асосан ба сатҳу сифати китоби дарсӣ, маводди таълимӣ ва маҳорати педагогии омӯзгор вобаста мебошад, ки ин масъалаҳо ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳанд. Зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар ин росто, ба инъикоси ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносиву гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ ва ташаккули зеҳни фаъоли хонандагону донишҷӯён бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд”. Акнун баъди таъкиди Роҳбари давлат кайфият ва чигунагии иҷрои дастуру супоришот ба ибтикороти масъулин ва дастандаркорони самт бастагӣ дорад. Агар масъулин ва муҳимтар аз ҳама, муаллифону мураттибони китобҳои дарсӣ тафаккури илмӣ, дидгоҳи миллӣ ва мавқеъи давлатӣ дошта бошанд, ҳатман китобҳои бадардхур таҳия карда, аз тариқи таълифоту ибтикороти созанда дар тасаллути фазои миллию дунявию илмӣ дар ҷомеа саҳми муносиб хоҳанд гузошт. Ва баръакс, агар фориғболию бетарафӣ ва бемасъулиятию бемавқеиятиро ҳамчунон дунбол кунанд, насли наврасу ҷавони ҷомеа дар қайду банди хурофоту таассубу ҷаҳолат гирифтор шуда, тадриҷан беҳувиятию худбохтагӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардида, охируламр миллат аз по дармеафтад. Аз по дар афтидани миллат шикасти давлати миллиро дар пай дорад. Аз ин рӯ, бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъалаи ҳассос бетаваҷҷуҳӣ ба ояндаи миллату давлат аст.

      Ҳафтум. Бахши хотимавӣ ё ба истилоҳ, эпилоги суханрониро Роҳбари давлат чун ҳамешагӣ ба воқеиёти имрӯзӣ – сатҳи бозиҳои геополитикӣ, буҳронҳои сиёсӣ, бархурдҳои тамаддунӣ, ташаннуҷи авзои минтақавию ҷаҳонӣ, рақобатҳои сиёсию мафкуравӣ, ояндабинии таҳдиду хатароти ҷиддӣ ва ташаббускорию созандагии так-таки афроди баномусу боғурури қаламрави давлати миллӣ ихтисос доданд. Бахусус, дар заминаи ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илму дониш, боло бурдани сатҳи тафаккури илмӣ ва то ба сатҳи як кишвари мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистони азиз ҳарфҳои ҷиддӣ зада шуд. Минҷумла, Роҳбари мамлакат ишора фармуданд: “Дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд”. Дар айни замон, сатҳи пойни маърифатнокӣ, камбуду набуди тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ хурофазадагию хушкандеширо дар ҷомеа тасаллут бахшида, миллатро бо чоҳи бетаги ҷаҳолату нодонӣ тела дода, роҳи бунбастию сардаргумиро заминагузорӣ мекунад. Ба ин маънӣ, Роҳбари давлат сабабу омилҳои хурофазадагию иртиҷоъпарастии ҷомеаро мушаххас карда, изҳор доштанд, ки: “яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст”.

      Роҳбари давлат ба неруи бузурги артиши илму маорифи кишвар боварманд аст ва доимо ба неруи олимону маорифиёну зиёиёни ватанӣ такя мекунад. Ин аст, ки дар бахши хулосавии суханронӣ ҳам ба ин бовар содиқ монданд: “Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед”. Бо таваҷҷуҳ ба таъкидоти хулосавӣ-барномавии Роҳбари давлат олимону донишмандон ва аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар ростои шинохти воқеиёти замонӣ, ташхиси уқдаҳои фикрию иҷтимоӣ, решашиносии мушкилоти равонию ҳувиятӣ, боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоию маданӣ, тақвияти хотираи таърихӣ, таҳкими ҳувияти тоҷикӣ, ҳифзи манофеи миллӣ ва рушди давлатдории дунявӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, роҳро барои барои тарбияи насли нави ҳувиятсози миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ҳамвор созанд.

 

      Нозим Нурзода

ҷомеашинос

Хондан 1396 маротиба