JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Майи 2024 13:01

Тоҷикон - шиносномаи миллат  

Муаллиф: Қудратзода К.А.

   Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 5 декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардида буд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, шиносномаи миллати тоҷик номиданд.

«Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки дар асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиеабори ҳаёти мардуми тоҷик ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Миллати тоҷик дорандаи таърихи куҳан буда, тамаддун ва фарҳанги он аз умқи таърих сарчашма мегирад. Омӯхтану аз худ кардани тамаддуну фарҳанги ниёгон дар асоси шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» дорои аҳамияти бузург мебошад. Аҳаммияти асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» дар он аст, ки дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон метавонад таъсиррасон бошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров андешаронӣ карда, иброз доштаанд, ки “Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷеабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Дар шароити душвори ташаккули давлатдории тоҷикон ва фазои нави маънавӣ бо мақсади муайянсозии равандҳои муосири давлатсозии муосири тоҷикон шинос намудани мардум ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик заминаи муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд, ки “мо ба таърих ба хотири эҳёи он дар аслаш муроҷиат намекунем, балки мо бо мақсади эҳё намудани рӯҳи созандагиву бунёдкории ниёгонамон ва зиндагардонии хотираи падарон ва бобоёни худ муроҷиат менамоем ва ба ин васила дар ниҳоди мардумамон ҳисси худшиносиву ватанхоҳиро ташаккул медиҳем”.

Таваҷҷуҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқи худ ин як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ оварда мерасонад. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дарҷ намудаанд: “Бояд таъкид кард, ки гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди ӯро пайваста омӯзем ва аз кору фаъолияти фидокоронааш сабақ гирем”. Ин амр, бахусус, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 115-солагии аллома Бобоҷон Fафуров аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ қайд намудаанд, ки “ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем”.

Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии миллӣ маҳрум мебошанд ва зуд фирефтаи фарҳанги халқу миллатҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон натанҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекӯшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки бо супориши Пешвои миллат шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров, китоби безаволи «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, бахшида ба ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шуд.

Дар ин суханронии худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар ройгон дастрас карда шавад ва ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалиро омӯхта, пешниҳод манзур намояд.

Инчунин, бо Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид.

Дар интиҳои Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамаи меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори 115-умин солгарди зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров табрик намуда, сулҳу субот, саломативу хонаободӣ, пирӯзиву сарбаландӣ ва ба кулли сокинони мамлакат зиндагии босаодатро орзу намуданд.

Дар партави гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки тарғибгари арзишҳои андешаи миллӣ бошем ва ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламонро, ки нерӯи пешбаранда, ворисони асили миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони маҳбубамон ҳастанд, дар рӯҳияи созандагиву бунёдкорӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ҳисси баланди миллӣ ва саъю талош ба хотири таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ тарбия намоем.

Замона тақозо мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси таърихии ҳар як халқу миллат омӯхта шавад. Асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» ҳоло шиносномаи миллат ва китоби рӯйимизӣ мебошад ва омӯзиш, тарғиб ва ташвиқи он вазифаи ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик аст.

 

Қудратзода К.А.

н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

Хондан 1510 маротиба