JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Майи 2024 04:18

Инъикоси назарияи Дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва  мусиқишиносии муосир

Муаллиф: Низомӣ Аслиддин

Санаи 11 май дар Киитобхони миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки санъатшиносони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон таҳти унвони  “Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи симпозиум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён М. ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи пленарии симпозиум маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияимиллии илмҳзои Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Инъикоси назарияи Дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик ва мусиқишиносии муосир” ироа гардид.

     Маълум аст, ки илми мусиқӣ, ҳунари сарояндагиву мутрибӣ, ҷанбаҳои мухталифи таъсири оҳангу таронаҳо ба вуҷуди инсон, ҳамчунин шинохти мусиқӣ ба сифати омили бузурги тарбияи ҷаҳони ботинии инсон, дар тӯли давраи хеле дурударози таърих ҳамеша дар мадди назари бузургтарин намояндагони илму маърифат, шоирону олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифта буд. Ин бесабаб нест, зеро шуруъ аз марҳилаи қадимтарини амалҳои овозбарории маънидори насли башар ва баъдан ба эҷоди оҳангу таронаҳо пардохтани аҷдодони мо  мусиқӣ, рақс, пойкӯбиву кафкӯбӣ, омода ва истифодаи созҳои мусиқӣ ҷузъи хеле фаол ва таъсирбахши ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёфт.

   Тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷикро дар ҳеҷ сурат бидуни донишҳои комил оид ба мероси мусиқӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар ин хусус садҳо ёдгориҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, деворнигораҳо, сурудҳои қадимӣ ва созҳои мухталифи мусиқӣ шоҳиданд.

Дар оғози қарни XXI бо шарофати истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳли олам бо нодиртарин падидаҳои ҳунари мусиқии тоҷикон ба мисоли Шашмақом ва Фалаксароӣ аз наздик ошно гардиданд.

    Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази сиёсати фарҳангии хеш маҳз ҳамин падидаҳои тамаддуни қадимии халқи тоҷикро ба сифати омили бузурги хештаншиносӣ ва маърифатпарварӣ пешниҳод намуданд.

    Мусиқии ҳирфаии халқи тоҷик дар садҳо намуд оҳангу таронаҳо, фарёду талқинҳо, авҷҳои осмонкаф, нолаҳои ҳазин ва зарбҳои нишотангез кулли саҳифаҳои таърихи ташаккули фарҳанги миллии моро таҷассум кардааст. Қобили тазаккур аст, ки муҳаққиқони қадим – шоирону орифон дар аксари ҳолат розҳову муаммоҳо дунёшиносии хешро маҳз тавасути шеъру оҳанг, байту рубоӣ, таронаҳои оддӣ иброз медоштанд. Дар маҷмуъ рамзи асосии тамаддуни тоҷиконро маҳз каломи мавзун ташкил додааст.

 Таҳқиқи ҳамаҷонибаи рушду нумуъи мақомҳои классикӣ ва фалаксароиҳои мардумӣ имрӯз яке аз вазифаҳои муҳимтарини илми санъатшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Дар замони истиқлол на танҳо шуҳрат ва обрӯву эътибори Тоҷикистон дар пеши назари аҳли ҷаҳон эътироф гардид, балки мероси бузурги илмиву адабӣ, намунаҳои олии ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунари мусиқӣ дар андак муддат ба фазои маънавии ҷаҳони мутамаддин дар шакли мукаммал ворид гардиданд. Аз ин рӯ кунун зарурати эҳё,таҳқиқ ва муаррифии ин мероси бузург ба миён омадааст ва симпозиуми имрӯза бешубҳа дар ин ҷода саҳми бузурге хоҳад гузошт.

Дар баробари ин, набояд сарфи назар намуд, ки мероси фарҳангии чандинҳазорсолаи халқҳои мо имрӯзҳо пайваста зери фишори ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои геополитикӣ қарор гирифтааст. З-ин сабаб масоили вобаста ба дурнамои рушду нумуи он ва ҳалли муаммоҳои талқину тарғиби Шашмақом вазифаи муқаддаси илми мусиқишиносӣ мебошад.

Моҳияти бузурги омӯхтани таърихи фарҳанги халқи тоҷикро ба хотири устувор намудани худогоҳии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бои фарҳангӣ ва расму оини ниёгон огаҳӣ надоранд, ҳеч гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд”.[1]

Имрӯз дар Тоҷикистон дар баробари эҳёи даҳҳо падидаҳои бузурги мероси фарҳангиамон мусиқии Шашмақому Фалак рушди комилан нави таърихӣ пайдо намуда воқеан дастраси олами маънавии мардуми кишвар гардиданд. Бо ибтикор ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи минбаъдаи ин намудҳои мусиқии миллӣ фармонҳои таърихӣ ба тасвиб расиданд ва Ансамблҳои махсуси давлатӣ таъсис дода шуданд. Дар сатҳи ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ЮНЕСКО Шашмақом ва Фалаксароӣ ба номгӯйи мероси ғайримоддии аҳли башар ворид карда шуданд.

 Ин ҳама далели он аст, ки дар кишвари мо таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар баробари таъмини амнияти фарҳангӣ ва дастрасии оммаи васеи мардум ба арзишҳои бузурги фарҳангӣ рӯз то рӯз қавитар мегардад. Ҳузури муҳтарам Ёрдамчии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода ва вазири фарҳанги мамлакат муҳтарам Сатториён дар кори симпозиуми имрӯза бори дигар аз дастгирӣ ва ғамхории хосаи ҳукумати мамлакат барои рушди фарҳанги миллӣ дарак медиҳад.

Маҳз бо ҳамин хотир баргузории симпозиуми имрӯза бо иштироки намояндагони кишварҳои дӯст ва бародар, ки дар фарҳанги ин сарзаминҳо низ асрҳои аср анвои гуногуни мусиқии мақомҳо маъмул аст, боиси ифтихор ва қаноатмандии хос маҳсуб меёбад. Таи ду рӯз мо бори дигар нисбат ба олами зебои мусиқии  мардумони Шарқи Наздик ва Миёна ибрози назар ва табодули афкор баргузор менамоем, аз таърихи ташаккул ва назокати бузурги бадеӣ-эстетикии он, аз боби моҳияти бузурги тарбиявии он суҳбатҳо мекунем, дурнамои минбаъд низ инкишоф додани ин осори гаронбаҳоро мавриди таҳлил қарор хоҳем дод. Дар иҷрои ин вазифа имрӯз ҳамаи мо ба ҳамкориҳои пурсамар ниёз дорем, то ки  фарҳанги аҷдодии халқҳои мо ва тақдири ояндаи онро аз ҳаракатҳои бегонапарастӣ эмин бидорем.

Халқи тоҷик аз қадимтарин замонҳо ба хазинаи тамаддуни аҳли башар саҳмгузор гардида буд ва имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки назми оламшумули форсии тоҷикӣ ва мусиқии Дувоздаҳмақому Шашмақом кайҳост мавриди эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Гарчанде решаҳои таърихии мусиқии классикии мо то ба замони сосониён мерасанд, вале маҳз дар лаҳзаи тақдирсози таърихи навин, дар асри шаъну шукӯҳи волои давлатдории Сомониён дар зеҳну заковати халқи тоҷик қудрати фарҳангсозӣ эҳё гардид.

Мувофиқи ақидаи аллома Б.Ғафуров, анҷоми ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷик ва созмони аввалин давлати миллӣ айнан ба давраи асрҳои IX-X рост меояд ва чуноне ки мебинем, бо ҳукми таърих ҳанўз таи садсолаҳои пурмаҳсули қабл аз ислом низ мусиқии анъанавии халқи ривоҷ ёфта буд.

Дар олами суханварӣ аввалин шуда ғазалсарои бузург Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ каломи мавзуни тоҷикиро бо навоҳои дилангези мусиқӣ пайванд сохт. Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Рӯдакӣ дар баробари ғазалсаро буданаш таҳсилоти мукаммали мусиқиро низ касб намуда руд менавохт, дар ашъораш созҳои мусиқӣ ва анвои зиёди оҳангҳоро тавсиф мекард. Ӯ аввалин шуда навъи тарона ва ғазалро ба риштаи назми классикӣ пайванд сохт ва ҳамин буд, ки ҳазору сад сол инҷониб дар сохтори Шашмақоми тоҷикӣ навъи тарона ва ғазал ҷойгоҳи хешро ҳифз медорад.

Санадҳои таърихӣ гувоҳанд, ки давраи нахустини ташаккул ва рушди силсилаи Дувоздаҳмақом маҳз ба замони инкишофи шеъру ғазали тоҷикӣ, яъне ба асри Рӯдакӣ алоқаманд ҳастанд. Гарчанде риштаи таърихии бунёди силсилаҳои мусиқӣ - яъне “хусравониёт”,  ба давраи Сосониён рост меояд, вале устоди нахустини назми форсии тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун бузургтарин донишманди илми мусиқӣ, мутриби хушсадо ва қофиласолори ҳунари замони Сомониён айнан ҳамин услуби “хусравониёт”-ро эҳё намудааст.

 Намунаи нодири онро метавон дар мисоли қасидаи “Буйи ҷуйи Мӯлиён” мушоҳида намуд. Бино ба маълумоти  сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ (аз ҷумла “Лубоб-ул-абвоб”а. 12, “Чаҳор мақола”-а. 12, Тазкират-уш-шуаро" а. 15, "Матлаъ-ул-улум" а. 19) Рӯдакӣ дар Ҳирот ин қасидаро нахустин шуда бо оҳанги классикии “Ушшоқ” дар васфи Бухоро тавъам эҷод ва бо садои худаш иҷро намудааст.

Дар боби "Андар одоби хунёгарӣ"-и “Қобуснома”- Унсурулмаолии Кайковус " хунёгаронро ҳидоят намудааст, ки  аснои маҷлис аввал бояд дастони Хусравонӣ навохт. Яъне аз ин гуфтаҳои Кайковус бармеояд, ки дар асри XI дар мусиқии суннати тоҷикон расми “Хусравонӣ задан” (навохтану сароидани оҳангҳои силсилаи Хусравониёт) ҳанўз побарҷо будааст ва дар маҷлисҳои хоса навохтану сурудани мақомҳо мувофиқи тартиби муайян сурат мегирифтаанд.

 Воқеаи таърихии "хусравонӣ" сурудани Рӯдакиро баъдан муаллифони  тазкираҳои дигар низ (масалан, "Туҳфат-ус-сурур"-и Дарвешалӣ Чангии Бухороӣ, а.XVII ) батакрор зикр намудаанд., Яъне, дар чанд маъхази қарнҳои гуногун ва аз ҷониби муаллифони гуногун зикри  сарояндаи мақоми Ушшоқ будани Рӯдакӣ бешубҳа дарак аз он медиҳад, ки маликушшуарои сомонӣ дарвоқеъ мусиқачӣ ва оҳангсоз низ буда, аз илми мусиқӣ низ дарак доштааст. Ғайр аз ин, Рӯдакиро офарандаи жанри "тарона" меноманд, ки дар назми форсии тоҷикӣ намунаи олии мусиқӣ мебошад:

               Гули баҳорӣ, бути таторӣ,

               Набиз дорӣ, чаро наёрӣ....

 

Чанд намунаи ашъори Рӯдакӣ беҳтар аз сад шарњу тафсир аз моҳияти ҳунари  мусиқӣ дар асри Сомониён дарак медиҳанд:

 

Дўсто, он хурўши барбати ту,

Хуштар ояд ба гўшам аз такбир.

 

Бо сипарӣ шудани қариб сесад сол Сафиуддини Урмавӣ (а.XIII) ҳамин навъи таронаро ба сифати яке аз бахшҳои нубаҳои асримиёнагӣ  чунин васф кардааст: “қитъаи сеюми нубот – тарона бошад”.

           Баъдан маълум мегардад, ки ин суннати бузурги пайвандии назму наво, шеъру мусиқӣ ба тамоми ҷаҳони маънавии Мовароуннаҳру Хуросон тарғиб мегардад, зеро дақиқан аён аст, ки дар тӯли ҳазору сад соли пас аз рӯзгори Рӯдакӣ  аксари мутлақи шоирону олимон, тазкиранависону муаррихон ҳатман ба илми мусиқӣ ва таҳқиқи он руй оварда, оид ба хусусиятҳои бадеиву фалсафӣ, таърихиву иҷтимоии ҳунари назму наво рисолаҳо эҷод менамуданд.

Яке аз  онҳо файласуфи бузург, “муаллими сонӣ” (пас аз Арасту!), зодаи Мовароуннаҳр Абунасри Форобӣ (ваф. 950, ҳамзамони Рӯдакӣ) дар қомуси бузурги ба илми мусиқӣ бахшидааш зери унвони "Китоб-ал-мусиқӣ ал-кабир" оид ба сози Танбӯр – яъне сози асосии мақомнавозӣ боби махсус таълиф намудааст ва дар он ду намуди онро - “танбӯри бағдодӣ” ва “танбӯри хуросонӣ” гуён шарҳ додааст.

 Барои шинохти таърихи дақиқи рушди мусиқии классикии мо ин маълумот хеле муҳим аст, зеро олими бузург, ки он замон дар Бағдод зиндагӣ ва эҷод менамуд, зарур шуморидааст, ки танбури “хуросонӣ” яъне сози ватани аслиашро алоҳида васф намояд. Зиёда аз ин, Форобӣ дар саҳифаи дигари китобаш оид ба услуби ҷӯр кардани танбӯр сухан меронад ва таъкид менамояд, ки яке аз ҷӯрҳои маъруф – ин тарзи “ат-тасфият-ул-бухорӣ” (яъне ҷӯри Бухороӣ) мебошад. Ҳамин аст, ки ҳазор сол инҷониб, то замони мо дар Бухоро ва атрофи он мақомҳоро ҳатман бо сози танбур менавозанд.

 Дар ҳамин давра дар асри XI яке аз донишмандони олами турк Маҳмуд Қашғарӣ дар “Девону луғат-ит-турк”бо пайравӣ аз таълимоти Форобӣ истилоҳи “кук”-ро ба маънии ҷур кардани созҳои мусиқӣ ва овози инсон кор фармудааст.

Бояд ёдовар гардид, ки аз ин пештар Ибни Хурдодбеҳ (а. IX) низ дар рисолаи “Ал-луҳун ван-нағам” зикр намудааст, ки “ирониён танбурро аз бештари созҳо бартар мегиранд” (нашри Бағдод, саҳ. 26).

Бояд эътироф намуд, ки Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ (940-1019) низ баъд аз Рӯдакӣ услуби хеле нодири бадеӣ, яъне шарҳ додани вақоеъи рӯзгорро тавассути рамзҳои мухталифи мусиқӣ поягузорӣ намудааст. Ӯ дар “Шоҳнома” номгӯи сурудҳои қадимии “мозандаронӣ”, “қавволӣ”, “хусравонӣ” “офарини Бузург” (аз Дувоздаҳмақом!) ва созҳои мусиқии Чанг, Руд, Барбат,  Рубоб, Танбур, Қонунро васф намудааст.[2]  Фирдавсӣ оид ба сози маъруфи танбур чунин  мегӯяд:

           Або май яке нағз танбур буд,

           Биёбон чунон хонаи сур буд.

 

Ҳайратовар аст, ки Фирдавсӣ айнан дар пайравӣ ба  Рӯдакӣ анъанаи маъруфи маҳз  “ба бар гирифта” навохтани чангро чунин меорад:

 Рӯдакӣ:               Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

                     Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

 

Фирдавсӣ:            Зани чангзан чанг бар бар гирифт,

                     Нахустин “Хурӯши муғон” даргирифт.

 

  Таърих минбаъд навбатро ба Абуалӣ Ибни Сино мебахшад ва ин шоири тавоно ва  табиби оламшумул низ бахшида ба илми мусиқӣ китоби бузургеро таълиф менамояд.  Абуалӣ Ибни Сино дар баробари Абунасри Форобӣ, Ал-Киндӣ ва Абубакри Розӣ ҳамчунин асосҳои илми мусиқиро мушикофона таҳқиқ намудааст. Масалан, дар боби махсуси китоби “Шифо” Ибни Сино кулли ҷанбаҳои мухталифи илми мусиқиро мавриди шарҳу тафсири мукаммал қарор дода дар асри XI, яъне замоне ки ҳанӯз силсилаи Дувоздаҳмақом мукаммал нагардида буд, мақоми “Рост”, яъне мақоми аввалини онро бо пардабандиҳояш  муаррифӣ намудааст(Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ).

 Азбаски ин асари Сино ба забони арабӣ таълиф шудааст, муаллиф ин ҷо муродифи арабии мақомро дар шакли “мустақим” (аз арабӣ – “рост”) овардааст. Сино аз осори мусиқишиносии юнониёни қадим хабари комил дошт ва муҳим аст, ки фарзанди Бухорои шариф диди хоси худро доир ба таълимоти онҳо баён намудааст.

Мусиқишиноси иронӣ доктор Саъдӣ Ҳасанӣ иброз намудааст, ки асоси назариявии мусиқии Иронро аз гомҳои юнонӣ гирифта, онҳоро пояи  мақомоти дувоздаҳгонаи мусиқии иронӣ  қарор додаанд (Мусиқии Ирон, ҷ. 1.- саҳ. 25). Агар ба хотир биёрем, дар Юнони қадим анвои мақомҳои (лад, пардабандиҳо) вилоятҳои гуногун ба худ номи ҳамон мавзеъро гирифта буданд (фригӣ, дорӣ, лидӣ), шояд ҳамин суннати қадимӣ то имрӯз моҳияти хешро гум накарда дар манотиқи фарохи Шарқ – Озарбойҷон, Хоразм, Фарғона, Бухоро Исфаҳону Шероз, Хуҷанд ва Ҳисору Дарвоз рушду нумуъ доранд.

Бояд тазаккур дод, ки назарияи мусиқии Дувоздаҳмақом, ки баъдан дар мабнои таҷрибаи фарохи мусиқии Мовароуннаҳру Хуросон бунёд гардид, дар ҳеч сурат тақлиди юнониён набуд, баръакс, кашфиёти назариявии мусиқидонҳои мо баъдан ба тамоми Шарқ ва аз он убур карда дастраси аврупоиён гардид. Оид ба ин муаммо Ибни Сино диди юнониёнро дар хусуси робитаи садоҳои ҷирмҳои осмонӣ ва пардаҳои мусиқӣ рад намуда, чунин мегӯяд: “мо дар ҳеч сурат ҳаракати ҷисмҳои фалакро бо таносуби садоҳои пардаҳои мусиқӣ баробар намекунем, зеро ин мавзуи баҳси илмҳоли гуногун аст ва ин гуна ақидаро танҳо онҳое метавонанд иброз намоянд, ки ба фарқияти илмҳои гуногун сарфаҳм намераванд.”[3]

Барои исботи ин ақида метавон ба номгӯйи бахшҳои мусиқии суннатии мамолики араб – Алҷазоир, Марокаш, Тунис муроҷиат намуд, зеро то имрӯз дар сохтори нубаҳои арабӣ (яъне мақомҳо) номҳои тоҷикии таркибашон аз қабили Сарахбор, Сегоҳ, Чоргоҳ, Даромад, мавриди истифода қарор доранд. Ин гуна таҷрибаи интиқоли истилоҳоти мусиқии форсии тоҷикӣ ба кишварҳои араб ҳанӯз аз қарни  X оғоз гардида буд. Дар ин хусус муаллифи қомуси бузурги “Китоб-ул-оғонӣ” (Китоби сурудҳо) Абулфараҷ Ал-Исфаҳонӣ  навиштааст, ки нахустин оҳангсозон ва сарояндагони араб маҳз аз мулки Форс омада будаанд ва номи  сурудҳои ғуломони аз Хуросон омадаро низ зикр кардааст.[4]

Пас маълум мегардад, ки дар замони зиндагонии Рӯдакиву Форобӣ ва Ибни Сино бахшҳои ҷудогонаи мақомҳои Дувоздаҳмақом маъмул будаанд. Бо тафсири силсилаи комили Дувоздаҳмақом мо баъдтар дар рисолаи маъруфи Муҳаммади Нишопурӣ “Рисола дар илми мусиқӣ (а.XII - аввали XIII)  дучор мегардем. Аз муҳтавои ин асари на чандон калонҳаҷм маълум мегардад, ки маҳз дар ҳамин давра нахустин бахшҳои силсилаи Дувоздаҳмақом ташаккул ёфтаанд. Муҳаммад Нишопурӣ  дар рисолааш доир ба дувоздаҳ “парда” (он замон истилоҳи мақом қабул нагардида буд) чунин ишора намудааст: Рост, Мухолиф, Ироқ, Наво, Ушшоқ ва ғ.

Дар худи ҳамин давра дар Бағдод Сафиуддини Урмавӣ бо таълифи "Китоб-уд-адвор" марҳилаи нави таҳқиқи масоили назариявии пардабандии мақомҳоро ("давраҳо"-ро) оғоз намудааст.

 Аз маълумоти сарчашмаҳои ин давра чунин хулоса бармеояд, ки илми мусиқишиносӣ дар асри XII ва минбаъд ба таҳқиқи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии силсилаи Дувоздаҳмақом оғоз намудааст.[5]  Муҳим аст, арз бикунем, ки рисолаи мазкури Нишопурӣ – охирин сарчашмаи илми мусиқии пеш аз истилои муғул ба шумор меравад, зеро минбаъд рисолаҳои мусиқӣ ба худ мазмуни андаке дигар мегиранд.

 То ин давра Ҳаким Низомии Ганҷавӣ низ силсилаи оҳангҳои  замони Борбадро ба оламиён муаррифӣ намуд. Низомӣ бо ҳамин дар  таърихи илми мақомшиносии Шарқ чун эҳёгари суннатҳои мусиқии давраи пеш аз ислом шинохта шуд. Маҳз Низомӣ дар мабнои сарчашмаҳои хаттӣ ва ривоятҳо маълумот меорад, ки оҳангҳои  Хусравонӣ, Бузург, Рост, Наврӯзӣ, Ҳисорӣ, Исфаҳон, Наврӯзи Хоро қабл аз давраи ислом мавҷуд буданд. Ӯ аз номгӯйи сурудҳои Борбад ёдовар чунин шудааст:

 Наворо пардаи Ушшоқ орост,

Дарафганд ин ғазалро дар Раҳи Рост.

                                           (Аз “Хусрав ва Ширин”)

Дар давраи охири асри XI ва оғози асри XII яке аз бузургтарин уламои вақт Имом Ғазолӣ дар қомуси “Иҳё улум-ад-дин” дар боби “Китоби ваҷд ва самоъ” чунин навиштааст: “Лаззати биноӣ дар диданиҳои зебо, лаззати гӯш дар шунидани асвоти некӯ ва овози дилангез монанди бонги булбул ва садои наю танбур мебошад”[6]. Ҳамчунин Ғазолӣ дар асарҳои худ доир ба истилоҳоти доираи мусиқии классикӣ – тарҷеъ, уззол, бузрук ва ғ. ақидаи хешро баён намудааст, яъне метавон гуфт, ки мусиқии мақомҳои системаи Дувоздаҳмақом ҳанӯз дар а. XI таваҷҷуҳи аҳли илмро ҷалб намуда будааст.

Андаке нагузашта  муаллифи “Сӯфинома” – Қутбиддин Ал-Аббодӣ (а.XII) дар хусуси пайдоиши навъи “гиря” дар мусиқии классикӣ андешаронӣ намудааст ва ин исбот месозад, ки бобҳои сершумори мақомҳои классикӣ, масалан, “Гиря”, “Талқини гиря”, “Уфари гиря”, ки дар сохтори Шашмақоми имрӯзаи мо мавҷуданд, таърихи наздик ба ҳазор сол доранд.

Бояд тазаккур дод, ки айнан ҳамин намуд оҳангҳои маъруф баъдан ба доираи оҳангҳои мардуми туркзабони Осиёи Миёна низ бо номи “Йиғӣ” (яъне “гиря” ворид шуданд).

Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ (1207-1273) яке аз бузургтарин симоҳои назми ҷаҳонӣ оид ба мусиқии мақомҳо садҳо сатри “Маснавии маънавӣ”-ро бахшидааст. Боре ба саволи яке аз муридонаш дар хусуси он ки чаро навои мусиқӣ ба ӯ намефорад, Мавлоно ҷавоб додааст, ки “ин садо ба мо дари биҳиштро мекушояд, вале барои ту онро мебандад”. Боиси ифтихор аст,  ки Мавлонои бузург муаллифи яке аз нахустин баёзҳои Дувоздаҳмақом маҳсуб меёбад. Аз “Девони Кабир”:

Эй чанг, пардаҳои Сипоҳонам орзуст,

В-эй най, нолаи хуши сӯзонам орзуст.

Дар пардаи Ҳиҷоз бигӯ хуш таронае,

Ман ҳудҳудам, сафири Сулаймонам орзуст.

Аз пардаи Ироқ ба Ушшоқ туҳфа бар,

Чун Росту Бусалики хушилҳонам орзуст ....

Ҳамин тавр Мавлоно Балхӣ кулли силсилаи Дувоздаҳмақомро то ба охир шарҳ додааст. Маълум аст, ки ин сатрҳоро Мавлоно дар Қуния эҷод намудааст, яъне аён мешавад, ки ҷуғрофияи Дувоздаҳмақом он замон нисфи оламро фаро гирифта будааст. Маълум мегардад, ки  дар он давраи истилои муғул ҳунари мусиқӣ бо ибтикори бузургтарин фарзандони халқи тоҷик симои аслии хешро ҳифз намуда ба наслҳои минбаъда ҳадя гардидааст. Дар Қуния низ Мавлоно аз танбури тоҷикӣ чунин ёдовар мешавад:

Пас ҳакимон гуфтанд, ин лаҳнҳо,

Аз давори чарх бигрифтем мо.

Бонги гардишҳои чарх аст ин ки халқ,

Месарояндаш ба танбуру ба ҳалқ. (Маснавӣ, дафтари IV).

Бояд арз намуд, ки ҷуғрофияи муаллифони ғазалҳои ворид Дувоздаҳмақом гардида шоирони Мовароуннаҳр, хуросон, Ҳиндустон, Қафкозро фаро гирифтааст, ки бузургтарини онҳо Рӯдакӣ, Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Васлии Самарқандӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Бедил, Зебуннисо мебошанд.

Дар замони зиндагонии Ҷомӣ дар Ҳирот силсилаи Дувоздаҳмақом хеле машҳур гардида буд ва гуфтан мумкин аст, марҳилаи оғози ба шохаҳои  Шашмақом, Ҳафтдастгоҳ, Нўбаҳои мағрибӣ, муғомҳои озарӣ ва ғ..) тақсим шудани он маҳз ба ҳамин давра мансуб аст.

То замони Абдурраҳмони Ҷомӣ дар даҳҳо рисолаҳои мусиқӣ (Форобӣ, Ибни Сино, Қутбиддини Шерозӣ Закариёи Розӣ, Абўҳомид Ғазолӣ, Сафиуддин Урмавӣ ва диг.) мақому манзалати санъати мусиқӣ дар ҳаёти инсон ба таври хеле мушаххас таҳлил шуда буд. Мавлоно Ҷомӣ ин анъанаро идома дода, дар шароити хеле душвори таърихӣ (масалан, кўч бастани пойтахти фарҳангӣ аз Самарқанд ба Ҳирот) пайравии хешро дар баробари моҳияти мусиқӣ (махсусан ҷойгоҳи Дувоздаҳмақом) бо навиштани рисолаи мусиқӣ баён намудааст

Мавлоно Ҷомӣ ҳамчунин дар оғози рисолаи мусиқӣ аз ҳамин гуфтаҳои Ибни Сино ба таври муфассал истифода намуда, ҷойгоҳњи садоро дар муоширати мавҷудоти зинда таъкид кардааст.

Дар матни рисолаи Ҷомӣ доир ба шарҳи Дувоздаҳмақом ба муаллифони пешин - Абдулқодир Мароғаӣ ва Камолиддин Биноӣ ишорае нарафтааст, ҳол он ки чанд карат иқтибосҳоро аз "соҳиби адвор" (яъне Сафиуддин Урмавӣ) овардааст.

Ҷараёни ҳазорсолаи тавсифи дувоздаҳмақомро дар Бухоро Наҷмиддин Кавкабии Бухороӣ идома дода, минбаъд Дарвешалӣ Чангӣ ба охир мерасонад ва дар рисолаи “Туҳфат-ус-сурур” оид ба ҳар яке аз ин Дувоздаҳ мақомҳо боби алоҳида иншо намудааст.  Маҳз дар ҳамин давра, дар Бухоро силсилаи Шашмақом арзи ҳастӣ менамояд, ки теъдоди зиёди таркиботи он ҳамчунин бахшҳои Дувоздаҳмақомро (аз қабили Ушшоқ, Уззол, Чоргоҳ ва ғ.) фарогир аст.

Аз баррасии мавзуи мазкур чунин хулоса бармеояд, ки  дар таърихи зиёда аз ҳазорсолаи мавҷудият, ҳунари мақомҳо дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи худ бо назми классикии форсу тоҷик ва илми мусиқишиносии аҷдодони мо пайвандии ногусастанӣ дошт. Соҳибони илму маърифат дар шароитҳои мухталифи давру замон мусиқиро аз ҳуҷуми хурофотпарастон ҳифз менамуданд. Шоирону олимони тоҷик чун минбари хирад ва маърифат шаъну эътибор ва моҳияти мусиқии миллиро дар  саҳифаҳои осорашон васф намуда бо ҳамин гуна сабқати бузург Дувоздаҳмақом ва Шашмақомро то ба даврони мо расониданд.

Дар айёми истиқлоли давлатӣ ин сабқати муқаддасро Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон бо илҳому қудрати тоза идома доданд ва мероси ҳазорсолаи мусиқии миллиро аз нав ба мардуми фарҳангдӯсти тоҷик эҳдо намуданд.

                     Низомӣ Аслиддин

доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи

 санъатшиносии Академияи миллии

илмҳои Тоҷикистон

 

[1] Э. Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби 1 “Аз Ориён то Сомониён”.- саҳ. 5

[2] Тааҷҷубовар аст, ки дар дар Шоҳнома номгӯи ҳамаи созҳои мусиқии оркестри симфонии имрӯзаро (флейтаҳо -най, тромбон -карнай, нафир, буқ, скрипка – камонча, барабан – дуҳул, рӯйинхум, арфа -чанг ва ғ.) дучор омадан мумкин аст.

[3] Ҷавомеъу илм-ал-мусиқӣ.// Китоб-уш-шифо.- Қоҳира, 1956, саҳ. 4 (ба забони арабӣ).

[4] Абулфараҷ Ал-Исфаҳонӣ. Китоб-ул-оғонӣ (аз форсӣ тарҷимаи М.Фаридунӣ). – Теҳрон, 1368, саҳ. 278.

[5] Джумаев А. Трактат о музыке Мухаммада Нишопури. // Общественные науки в Узбекистане., 1984, № 1, стр. 44-50.

[6] Иқтибос аз: Алӣ Асғар Ҳалабӣ. Шинохти ирфон ва ирфони иронӣ.

Хондан 1758 маротиба