JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Майи 2024 05:05

Ошноӣ бо институти Крионика

Муаллиф: Дидавар Бекзода

  Институти крионика бо англисӣ   (Cryonics Institute (CI))  ё бо забони форсӣ муассисаи сармозистӣ буда, як бунёди ғайритиҷоратии амрикоӣ аст, ки хадамоти сармозистиро нишон медиҳад. Ин муассиса инсонҳо ва ҳамчунин ҳайвоноти хонагии дар арафаи марг қарор доштаро дар нитрогени моеъ мунҷамид (карахт) мекунад ва ба умеди ин ки бо пешрафти фановарӣ дар оянда битавонанд, онҳоро бозёбӣ ва зинда кунанд. Дар Институти крионика 188 нафар дар хазинаҳои нитрогени моеъ ҳамроҳи Роберт Эттингер, ва ҳамроҳи модар ва ҳамсараш дар инҷо нигаҳдорӣ мешаванд.[1]

Идеяи крионика нахустин бор дар соли 1960 тавассути Роберт Эттингер (Robert Ettinger) пешниҳод гардид.

 

Ин устоди амрикоӣ дар китоби худ бо номи “Чашмандози ҷовидонагӣ” (Prospect of Immortality) идао кард, ки шояд марг, як фароянди (протсеcси) баргаштпазир бошад.

Бояд ёдовар шавем, ки дар январи соли 1967, Ҷеймс Бедфорд (James Bedford) устоди равоншиносии Донишгоҳи Калифорния (University of California) дар Амрико, аввалин қадамро ба сӯи бозгашт ба зиндагӣ бардошт ва барои анҷом додани ин кор довталаб шуд. Дар он рӯз, Ҷеймс Бедфорд, аввалин нафаре буд, ки дар ҳолати крионикӣ ё сардӣ мунҷамид (карахт) ва дар ҳавои манфии 321 дараҷаи фаренҳейт[2], дар нитрогени моеъ ғутавар шуд.[3]

 

Агар дар мавриди Институти крионика сухан гӯем,бояд инро қайд кунем, ки Институти мазкур дар сомонаи интернетии худ иддао мекунад, ки Институти крионика як созмонест, ки хидматҳои крионикиро ба монанди криоконсерватсияи пурраи бадан, ДНК ва нигоҳдории бофтаҳо, суспензияҳои ҳайвонот ва ғайра, пешниҳод мекунад.

ИНСТИТУТИ КРИОНИКА ВА ФАЛСАФАИ ОНҲО АЗ ЧИ ИБОРАТ АСТ?

 

Бори дигар ишора мекунем, ки Институт ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, ва аз одамоне иборат аст, ки мехоҳанд барои худ ва оилаҳои онҳо "Чашмандози ҷовидонагӣ" -и крионикиро пайгирӣ кунанд. Ҳадафи онҳо фоидаи молӣ ва пулӣ нест, балки кӯмак расонидан ба аъзоёни онҳо, ки криоконсерватсияро интихоб мекунанд, имкон доранд, ки ояндаи дурахшонро бубинанд. Ҳоло зиёда аз  250 беморон, дар криостаз[4] қарор доранд ва онҳо масъулиятро дарк мекунанд, ки бояд на танҳо беморонро нигоҳ доранд, балки вақте ки аз ҷиҳати илмӣ имконпазир гардад, беморони худро эҳё кунанд.

ИНСТИТУТИ  КРИОНИКА 

ҲАМЧУН ТАШКИЛОТ ВА СОЗМОН

 

  Институти крионика  соли 1976  аз ҷониби Роберт Эттингер, ки ӯро "Падари Крионика" меноманд, таъсис дода шудааст. Ҳадафи институти мазкур аз ибтидо пешниҳод кардани хидматҳои беҳтарини крионикӣ ба аҳолӣ, бо арзиши дастрас буд. Аз замони таъсиси онҳо, Институти крионика як қувваи пешбари ҳаракати крионика буда, тадқиқот, таълим ва огоҳии ҷомеаро пеш мебарад. Институт як ҷомеаи фаъол буда, дар сар то сари ҷаҳон 1100 аъзо дорад.

Кормандони Институт аз ҷониби Шӯрои директорон идора карда мешаванд, ки аз узвияти онҳо ба мӯҳлати се сол дар гурӯҳҳои чаҳорнафарӣ ҳар моҳи сентябр интихоб карда мешаванд. Раёсат барои тамоми ҷанбаҳои идоракунии созмон масъул аст, аз ин рӯ Институт пурра моликияти аъзои онҳо буда ва аз ҷониби онҳо идора карда мешавад. Ҳадафи онҳо пайваста пеш бурдани назария ва такмил додани амалияи крионика аст.

 ҶАВОБИ МУТАХАССИСОНИ ИНСТИТУТИ КРИОНИКА БА САВОЛҲОИ ХОНАНДАГОН

Савол: Оё беморони крионикӣ дар ҳолати карахтӣ ва яхбастагӣ нигоҳ дошта мешаванд?

Ҷавоб: Аксарияти одамон гумон мекунанд, ки раванди крионика чизест ба монанди гузоштани чизе дар яхдони хона, аммо ин комилан аз якдигар фарқ дорад. Фарқи асосӣ ин аст, ки як чизро витрификатсия[5] меноманд, ки дар он зиёда аз 60% оби дохили ҳуҷайраҳо бо кимиёвии муҳофизатӣ иваз карда мешаванд, ки ҳатто дар ҳарорати крионӣ (тақрибан -124 ° C) яхкунӣ ва ташаккули кристаллҳои яхро пешгирӣ мекунанд. Мақсади крионика суст кардани ҳаракати молекулавӣ ба ҳолати амалии нигоҳ доштани ҳуҷайраҳо ва бофтаҳо ба таври мӯътадил  дар ҳолати аввала мебошад. Крионика ба умеде асос ёфтааст, нуқсонҳо ва хисороти рухдода, тавассути технологияи оянда барқарор карда мешаванд, ҳамон тавре ки баъзе хисороти беморони имрӯза бо технологияи кунунӣ, барқароршаванда аст.

Савол: Оё крионика ин бовариест, ки мурдагонро зинда кардан мумкин аст?

Ҷавоб: Крионика ба ҳеҷ ваҷҳ таблиғ намекунад, ки афроди аз ин пеш мурдаро ба таври мӯъҷизавӣ ба ҳаёт бар мегардонад. Бемори крионикӣ шахсест, ки дарҳол пас аз қатъ шудани набзи дилашон нигоҳубин карда мешаванд, ки таърифи муосири онро марги клиникӣ меноманд. Дар ҳар аср, марг каму беш ҳамчун ҳолате муайян карда мешавад, ки технологияи муосири тиббӣ дигар ба бемор кӯмак карда наметавонад.

Вақт бо худии худ як ҷузъи муҳими крионика мебошад, зеро мо ҳадаф дорем, ки шахсро дар марҳилаҳои ибтидоии раванди мурдан нигоҳ дорем, дар ҳоле ки барои тағир додани ҳолати онҳо вақт зарурат дорад. Аз ин рӯ, ҳадафи мо ин аст, ки он беморро то ҳадди имкон нигоҳ дорем, то табибони оянда тавонанд ба бемороне, ки даҳсолаҳо пеш боздошта шуда буданд, кор ва муолиҷа кунанд. Ҳамин тариқ, бемори крионикӣ маҳз ҳамин аст, ки ҳолати вазнин дорад ва ба ёрии фаврии тиббӣ ниёзманд аст. Бемори крионикӣ оне ба шумор меравад, ки дар ҳолати таваққуф ва карахтии номуайян, мунтазири дидани табибони оянда мебошад.

Савол: Коршиносон мегӯянд, ки гӯё кормандони корҳои крионикӣ аз ӯҳдаи кор намебароянд?

Ҷавоб: Аввал ин ки ин андешаи онҳо иштибоҳӣ аст. Мо шояд технологияи эҳёи беморонро имрӯз надорем, аммо мо боварӣ дорем, ки илми оянда метавонад, маҳдудиятҳои фаҳмиш ва технологияи имрӯзаро бартараф кунад. Пешниҳоди мо ин нест, ки эҳёи бомуваффақияти крионикӣ ҳоло як далели раднопазир аст, балки пешрафт дар технологияи кунунӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳё дар ояндаи наздик имконпазир хоҳад буд.  Дар асл, хеле кам одамон дар як қатор фанҳо таҷрибаи зарурӣ доранд, то қобилияти дурусти крионикаро арзёбӣ кунанд. Масалан, хеле кам олимон, медонанд, ки витрификатсия чист. То ҳол камтар медонанд, ки витрификатсия метавонад қисми зиёди сохтори ҳуҷайраҳои тамоми узвҳо ё тамоми майнаҳоро нигоҳ дорад. То он даме, ки ин назария исбот нагардад, тарафдорон ба муқобили ҳар гуна далелҳо хоҳанд буд. Бисёр олимон ва криобиологҳои бонуфуз бо ин назария розӣ ҳастанд ва бисёриҳо не. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ кас ба таври шубҳанок исбот накардааст, ки назария кор намекунад, аз ин рӯ, сарфи назар аз изҳороти баръакс (мухолиф), қобилиятнокии крионика ҳамчун баҳси кушод ҳоло ва дар оянда ҳам боқӣ мемонад, на як саволи ҳалшуда.

Савол: Оё Институт танҳо ба ҳифзи сар машғул аст ё ба тамоми бадан?

Ҷавоб: Институти крионика ба ҳифзи тамомияти бадани одамон манфиатдор аст ва сиёсати мо танҳо ҳифзи пурраи бадан аст, то беморони мо дар оянда пурра ва солим эҳё шаванд.

Савол: Ҳадафи асосии Институти крионика чист?

Ҷавоб: Институти крионика ғайритиҷоратӣ буда ва аз ин рӯ китобҳои он барои баррасии ҷамъиятӣ боз ҳастанд. Ташкилоти мо аз ҷониби аъзоёни мо ва барои аъзоёни мо идора карда мешавад. Раёсат ва афсарони мо хидматҳои аксаран коршиносии худро дар асоси ихтиёрӣ пешниҳод мекунанд. Мо аз крионика пул даромад намекунем ва ҳадафи аслии мо ба куллӣ ба идеяи инсондустӣ равона карда шудааст. Мо мехоҳем имконияти эҳёи худро барои худ ва оилаамон беҳтар созем. Вазифаи Институти крионика ин аст, ки беморонро дар ҳолати таваққуф ва сокит нигоҳ дорад, то он ки илм роҳи эҳёи онҳоро пайдо кунад. Ҳамзамон бояд дар ёд дошт, ки ҳадафи Институти мо, даромад намудани пул нест. Аъзоён ва беморони мо (аз ҷумла Роберт Эттингер, Падари Крионика ва аъзоёни оилаи ӯ) боварӣ доранд, ки ин кор амалӣ хоҳад шуд ва ҳамаи мо шанс ва имкони дуюмро дар ҳаёт ба даст меорем. Баръакс, ҳеҷ кас дар Институт аз созмон ё ҳаққи аъзоён фоида намебинад. Мо ҳамагӣ ду корманди пурравақт дорем ва боқимонда Шӯрои директорон ва дастаи роҳбарикунандаи мо таҷрибаи касбӣ ва вақти худро дар асоси ихтиёрӣ саҳм мегузоранд. Маблағҳои ҷамъовардашуда барои нигоҳ доштани амалиёт ва нигоҳ доштани беморони мо дар ҳолати бехатар, устувор ва номуайян истифода мешаванд, то он даме, ки онҳо бомуваффақият эҳё шаванд. Қисми зиёди ин хароҷотҳо аз ҳисоби нитрогени моеъ иборатанд, ки бояд мунтазам пур карда шаванд. Илова бар ин, мо хароҷоти худро то ҳадди ақал нигоҳ медорем, то криостазро барои аъзоёни худ то ҳадди имкон дастрас гардонем ва амалиётро то даме ки барои эҳёи муваффақ лозим аст, нигоҳ дорем.

Дар мавриди эҳё, аъзоён ва беморони мо комилан медонанд, ки ҳеҷ гуна кафолат ё далеле вуҷуд надорад, ки ин озмоиши бузург кор хоҳад кард. Вале ба ояндаи пешрафти илм умеди ҷиддӣ дорем. Ин аст, ки ҳамаи мо ба он умед мебандем, ки илм дар ниҳоят воситаҳои эҳёро пайдо мекунад ва ҳамаи мо имкони дуюми ҳаётро пайдо хоҳем кард.

Сомонаи Институти крионика https://cryonics.org/

Таҳия ва тарҷумаи

Дидавар Бекзода

ҷомеашинос

Сарчашмаҳо:

  1. Ламетри Ж.О. Система Эпикура. Сочинения. М., Мысль, 1976.- 420 с.
  2. Минеев.Социальные аспекты смерти. - М. : Директ-Медиа, 2014. - 473 с.
  3. Мочкин А.Н. Фридрих Ницше (интеллектуальная биография). М., ИФ РАН, 2005.-246 с.
  4. Рязанцев С.Танатология (Учение о смерти). - СПб.: Восточно-Европейский институт психоанализа, 1994. - 384 с.
  5. Сомонаи Институти крионика. https://cryonics.org/
  6. Хайдер Варрайч.Современная смерть. Как медицина изменила уход из жизни. - М.: Альпина нон-фикшн, 2021. - 414 с.

 

  

[1]مؤسسه سرمازیست

https://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%85%D8%A4%D8%B3%D8%B3%D9%87_%D8%B3%D8%B1%D9%85%D8%A7%D8%B2%DB%8C%D8%B3%D8%AA

[2] Дараҷаи Фаренҳейт (Fahrenheit), муқоисаи ҳавои атмосфера аст, ки дар соли 1724 тавассути физикдони олмонӣ бо номи Даниел Габриел Фаренҳейт (1686-1736) (Daniel Gabriel Fahrenheit) муаррифӣ шуд.

[3] آیا سرمازیستی انسان را جاودانه می‌کند؟ https://www.isna.ir/news/96122715025/%D8%A2%DB%8C%D8%A7-%D8%B3%D8%B1%D9%85%D8%A7%D8%B2%DB%8C%D8%B3%D8%AA%DB%8C-%D8%A7%D9%86%D8%B3%D8%A7%D9%86-%D8%B1%D8%A7-%D8%AC%D8%A7%D9%88%D8%AF%D8%A7%D9%86%D9%87-%D9%85%DB%8C-%DA%A9%D9%86%D8%AF

[4] Криостаз ин мустаҳкамкунии сохтори бофтаҳои бадани инсон тавассути яхкунӣ то ҳарорати криогенӣ (ултрапоёнӣ) мебошад.

[5] Витрификатсия-усули аз ҳама самаранок ва муосири ях кардани (ҳуҷайраи дорои тухм), эмбрионҳо (ҷанинҳо) ва бофтаҳои тухмдон барои истифодаи онҳоро дар оянда мебошад.  

Хондан 1488 маротиба