JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Майи 2024 15:06

Фирдавсӣ ва Анварӣ

Муаллиф: ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод,

Зи ман ҷуз ба некӣ надорад ба ёд.

  Фирдавсӣ

Фирдавсӣ ва Анварӣ – ҳар ду аз адибони соҳибсабку соҳибмактабанд. Яке дар достон, дигаре дар қасида иштиҳор доранд. Беҳуда нагуфтаанд:

Дар назм се тан паямбаронанд,

Ҳарчанд ки лонабия баъдӣ.

Авсофу қасидаву ғазалро

Фирдавсию Анварию Саъдӣ[1].

Аммо Шиблии Нуъмонӣ ин гуна баҳоро ба Анварӣ ва шеъри ӯ намеписандад, яъне дар силки Саъдӣ ва Фирдавсӣ қарор додани Анвариро беинсофӣ медонад. Чунончи, ӯ дар «Шеър – ул – Аҷам» дар ин бора чунин мегӯяд: «Бояд донист, ки пояи шеъру шоирии Анварӣ ҳар қадар баланд бошад, иқболаш ба маротиб аз он баландтар будааст. Дар ҳамаи Эрон се нафар ба таври мусаллам пайғамбари сухан шумурда мешаванд, ки аз миёни онҳо яке ҳам Анварӣ мебошад. Чунон ки машҳур аст:

Дар шеър се тан паямбаронанд,

Қавлест, ки ҷумлагӣ бар онанд:

Абёту қасидаву ғазалро

Фирдавсию Анварию Саъдӣ.

Ҳотифӣ онро бад – ин тариқа сурудааст:

Дар шеър се тан паямбаронанд,

Қавлест, ки ҷумлагӣ бар онанд:

Фирдавсию Анварию Саъдӣ

Ҳарчанд ки ло набия баъдӣ.

Дар замони Або Қоон ин баҳс пайдо шуд, ки Заҳири Форёбӣ болотар аст ё Анварӣ. Охируламр, Маҷди Ҳамгарро дар ин боб ҳакам қарор доданд ва махсусан суоле дар назм тартиб додаву аз ӯ тақозои ҷавоб намуданд ва он ашъор ин аст:

Эй он заминвиқор, ки бар осмони фазл

Моҳи хуҷастафазливу хуршеди анварӣ.

 

Ҷамъе зи ноқидони сухан гуфтаи Заҳир

Тарҷеҳ медиҳанд бар ашъори Анварӣ.

Ҷамъи дигар бар ин сухан инкор мекунанд.

Филҷумла дар маҳалли низоъанду доварӣ.

Руҷҳони як тараф ту бад – эшон намо, ки ҳаст,

Зери нигини табъи ту мулки суханварӣ.

Маҷди Ҳамгар дар ҷавоб навишт:

Ҷамъе зи аҳли хиттаи Кошон, ки бурдаанд,

З – арбоби фазлу дониш гӯи суханварӣ.

Карданд баҳс дар сухани найситони назм,

То худ кӣ суфта беҳ дурре дар суханварӣ?

Дар Анварӣ мунозирашон рафту дар Заҳир

То мар – кирост пояи беҳтар зи шоирӣ.

Инсоф чун наёфт гурӯҳ аз дигар гурӯҳ.

Мар – бандаро гузид назаршон ба доварӣ.

Дар кони табъ он чи намудам шиноварӣ,

Шеъри яке баромад чун дурри шоҳвор.

Назми дигар баромада чун меҳри ховарӣ.

Шеъри Заҳир, агарчи баромад зи ҷинси шеър

Бартар зи Анварӣ назанад лофи шоирӣ.

Бар авҷи муштарӣ нарасад тири назми ӯ,

Хоса, ки дар саногариву мадҳгустарӣ.

Таъми рутаб, агарчи лазиз асту хушмазоҳ,

Кай беҳ бувад зи хосияти қанди аскарӣ?

Ин аст эътиқоди раҳӣ хуш қабул кун,

Гар ту муқайиди сухани Маҷди Ҳамгарӣ.

Зод ин натиҷа нимшаб аз охири раҷаб,

Дар хову айну дол зи ҳиҷри паямбарӣ.

           Имоми Ҳиравӣ низ ба ин ақида мувофиқат карда, мегӯяд:

Эй солики масолики фитрат, дар ин суол

Маъзур нест, ба ҳақиқат чу бингарӣ.

Тамйизро зи баҳри таносуб дар ин ду тавр,

Ҳеҷ эҳтиёҷ нест бад – ин шарҳгустарӣ,

К – ин муъҷизасту он сеҳр, он шамъу ин чароғ,

Ин моҳ, он ситораву он ҳур, ин парӣ.

    Анварӣ аз Заҳир ё аз тамоми муосирини  худ болотар бошад, ҳарфе надорем. Аммо қитъаи машҳур ва қазовати Маҷди Ҳамгар, ки дар фавқ зикр шуд, аз он ҳамин қадар собит мешавад, ки Анварӣ дар қасидасароӣ пайғамбари аср буда, ҳамон тавр ки Фирдавсӣ ва Саъдӣ дар маснавӣ ва ғазал пайғамбар буданд[2]…». Воқеан, агар Маҷди Ҳамгар ҳунари хоси Анвариро танҳо дар «саногариву мадҳгустарӣ» дида бошад, Шиблӣ ба осори Анварӣ воқеъбинона ва фарохтар назар мекунад ва дар мавзуъоти дигар, ба вижа «алфозу иборат, пайванду таркиб…» низ мумтоз будани ӯро ба намоиш мегузорад, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Хусусан, қитъаоти Анварӣ аз ҳар лиҳоз қобили тамҷиданд ва ӯ дар ин синф низ яке аз мумтозон маҳсуб мешавад… Бо ин ҳама шубҳаву норизоӣ, Шиблӣ дар давоми суханаш аз имтиёзу шуҳрати ӯ низ сухан дар миён меорад. Ба қавли ӯ, «аз мумайизоти Анварӣ яке ин аст, ки шоирии ӯ маҳдуд ба мадеҳасароӣ нест. Ӯ ҳар гуна масоилу мавзуъот ва вақоеъву достонро, ки фарҳангу забон аз он вусъату баст пайдо мекунад, муназзам баён менамояд. Чунончи, имрӯз касе бихоҳад ворид дар баёни як ришта масоили умумӣ бишавад, дар алфозу иборат, пайванду таркиб, фаслу васл савои Анварӣ аз каломи соири шуаро хеле кумак хоҳад гирифт… Инро ҷузви иқболи Анварӣ бояд шумурд, ки каломаш мавриди қабули урупоиён воқеъ шуда ва ниҳоятдараҷа ба он аҳамият додаанд[3]…».

    Зимнан бояд гуфт, ки агарчи Анварӣ дар замони дигар, яъне дусад сол баъд аз Фирдавсӣ зиндагию эҷод кардааст ва эшон аз лиҳози сабк тафовут доранд, яъне яке дар сабки хуросонӣ, дигаре ироқӣ эҷод кардаанд, майдони шуҳратнамоишон низ аз ҳам фарқ менамояд, яъне яке дар маснавӣ ва дигаре дар қасида мумтозанд ва иштиҳор доранд, аммо, бо ин ҳама, бархе аз умумиятҳо дар байни эшон ва осорашон мавҷуданд, ки наметавон онҳоро нодида гирифт. Масалан, хирадгароию илмсароии Анвариро, ки баръакси аксари ҳамрӯзгоронаш зери таъсири Ғазолию аҳли тасаввуф монда буданд ва нисбат ба ақлу хирад ва илму дониш хушбин набуданд, метавон ёдовар шуд. Дар воқеъ, Анварӣ шоири хирадгарою илмсарост, ба вижа аз Ибни Сино тамҷид менамояд. Ӯ бад – ин тартиб, аз мавқеи илмию ратсионалистии худ ба хонанда хабар медиҳад ва дар муқобили хирадситезону таҳқиргарони илму фалсафа, аз ҷумла фалсафаи Юнон, қарор доштанашро нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ӯ то ҷое ба ҳарими шоирони хирадгарою хирадситои давраи аввали сабки хуросонӣ, ба вижа Фирдавсӣ, наздик мешавад. Ба ин абёти вай мутаваҷҷеҳ шавед:

Дидаи ҷони Бӯалӣ Сино

Буд аз нури маърифат бино.

Сояи офтоби ҳикмати ӯ

Ёфт аз машриқи «ва лав шиъно»

Ҷони мӯсосифати ӯ равшан

Ба таҷаллию шахси ӯ Сино.

Эй сафеҳи фақеҳном, ту кай

Бозёбӣ зуммурад аз мино?

Дар таки чоҳи ҷаҳл чун монӣ

Масканат руҳи қудс, мискино[4].

           Ин гуна мавқеи мусбат гирифтани Анварӣ, дар замоне ки руҳи миллӣ ба заъф гароида буд, иртиҷоъ ба аҳли илму донишу адаб, расму русуми миллӣ метохтанд, намояндагони онро ба илҳод муттаҳам месохтанд, Наврӯзро иди маҷусону габракон медонистанд, хусусан ба ду чеҳраи бузурги илмиву адабии мо – Фирдавсию Ибни Сино ҳамла мекарданд, рухдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, аз эшон пуштибонию ҳимоят кардан ва ба тавсифашон пардохтани шоир далели зинда будани руҳи миллӣ, бархурдорӣ аз ифтихори илмиву адабӣ маҳсуб мешавад. Ин қитъаи машҳур ва мансуб ба Анварӣ далели қотеъи ин гуна мавқеъгирии ӯ дар ин замина, яъне фирдавсиситоӣ ва эҳтиромаш ба ин шоири бузург метавонад буда бошад:

Офарин ба равони Фирдавсӣ,

Он ҳумоюннажоди фархунда.

Ӯ на устод буду мо шогирд,

Ӯ Худованд буду мо банда[5].

           Мутаассифона, бархурди Анварӣ нисбат ба Фирдавсӣ на ҳамеша мусбат, балки парадоксӣ ҷилвагар мешавад. Агарчи ин гуна мавзеъгирии шоир ба авомили дигар вобаста аст, аммо, ба ҳар ҳол, чунин нуқтаи назар дар осори ӯ вуҷуд дорад ва он то ҳол шарҳи дуруст ва воқеии худро наёфтааст. Лиҳозо, хонандаро ба шубҳаю гумон меандозад, зеро ӯ, аз як сӯ, шоире фирдавсиситой, аз сӯи дигар, фирдавсиситез пеши чашм ҷилвагар мешавад. Ин фикр баъди хондани қитъаи «Дар насиҳати нафс» – и ӯ, ки ҳангоми аз шеъру шоирӣ дилхунук шуданаш аз қаламаш таровидааст, бештар дар хонанда пайдо мешавад, аммо, ба қавли мо,  он ҳеҷ гуна ҷанбаи фирдавсистезӣ надорад, балки ҳолати руҳию равонии шоирро дар як ваҳлаи муайяни зиндагии ӯ ифода менамояд. Зиёда аз ин, ин амали вай на танҳо ба ҳаводиси замони шоир иртибот дорад, балки аз муносибати таърихии Фирдавсӣ ва Маҳмуд низ сарчашма мегирад. Инак, он қитъа, ки мо онро ҳамроҳи хонандагон ба хониш мегирем, ки зоҳиран ҳамчун зам аз Фирдавсӣ, ба назар мерасад, аммо ботинан нафрати ӯро ба шеъру шоирӣ, ба вижа ғазал, беқадрии сухану суханварӣ, қисмати талхи худ ва Фирдавсӣ, нишон медиҳад:

 Анварӣ, баҳри қабули омма чанд аз нангу шеър?

Роҳи ҳикмат рав, қабули омма, гӯ, ҳаргиз мабош!

Рафт ҳангоми ғазал гуфтан, дигар сардӣ макун,

Ровиёнро гармии ҳангома, гӯ, ҳаргиз мабош!

Тоҷи ҳикмат бо либоси офият бошад, бипӯш,

Ҷон чу комил шуд, тирози ҷома, гӯ, ҳаргиз мабош!

Дар камоли Бӯалӣ нуқсони Фирдавсӣ нигар,

Ҳар куҷо омад «Шифо», «Шаҳнома», гӯ, ҳаргиз мабош!

То кай аз ташбеҳи теғу хома ҳомӣ боядат,

Тири Баҳромӣ ту, теғу хома, гӯ, ҳаргиз мабош!

Орзу худком зода – сту қаноат хушманиш,

Боди ӯ шав, ком аз худкома, гӯ, ҳаргиз мабош![6]

           Ногуфта намонад, ки Анварӣ, бо он ҳама мақому ном, ки дар шеъру шоирӣ дошт, беш аз шоирӣ, ба ҳаким будани хеш менозид ва қабл аз ҳама, ӯ худро ҳаким медонист. Бесабаб нест, ки ӯро «Ҳаким Анварӣ» мехонанд, на «Мавлоно», «Мирзо», «Шайх», «Хоҷа» ва ғайра, ки ҷанбаҳои гуногуни тахассусӣ ва мансубият ва эътиқодро ифода менамоянд. Гузашта аз ин, ӯ на танҳо ба фалсафаи табиӣ ва назарии Ибни Сино, балки назариёти файласуфони Юнон низ таваҷҷуҳи хос дорад ва аз ин гуна мавқеъгирии хеш ифтихор меварзад. Аз ин рӯ, вай дар ашъораш на танҳо ба «Шоҳнома», балки бо Буҳтурӣ низ тохта, дар муқобил аз улуми юнонӣ ва ҳикмат, ки мавриди ҳамлаи мутаассибони замон қарор гирифта буданд, ҳимоят намудааст:

Туро агар амале дод рӯзгор, чӣ шуд?

Маро ба ҷои амал илмҳои юнонист[7].

***

Мардро ҳикмат ҳаме бояд, ки доман  гирадаш,

То «Шифо» - и Бӯалӣ бинад, на жожи Буҳтурӣ[8].

           Бинобар ин, мазаммати Анварӣ аз Фирдавсӣ дар ин шеър, ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ вобастааст, далели фирдавсиситезии Анварӣ наметавонад буда бошад, зеро ӯ на танҳо Фирдавсиро ситоиш кардааст, балки аз маводу суханони ӯ дар мавридҳои мухталиф суд низ ҷустааст. Ҳамин аст, ки мо дар осори шоир ба номҳои подшоҳони қадим, паҳлавонону қаҳрамони миллии бостон, эронинажодон (тоҷикону форсҳо…), шахсиятҳои устуравию таърихӣ, расму оинҳои миллӣ, тамҷиди Наврӯз, Сада, Меҳргон ва ғайра, ки дар «Шоҳнома» омадаанд, рӯ ба рӯ мешавем. Дар ин замина беҳтарин далел қитъаи «Дар талаби шароб»-и ӯ метавонад буда бошад, ки шоир дар он аз Исфандиёр, Суҳроб, Рустам, Баҳман, Зол, Афросиёб, Сиёвушон, Бежан, Фаридун, Заҳҳок, ки аз образу симоҳои устуравию таърихӣ маҳсуб мешаванд, ёд менамояд. Ӯ бад – ин роҳ байни ҳаводиси гузашта ва замони хеш пул мезанад ва иртиботи миллию таърихӣ эҷод менамояд. Он агарчи зоҳиран лаҳни танзомез дорад, аммо ботинан аз ҳадафи ҷиддӣ бархурдор аст:

Хоҷа Ифандиёр, медонӣ,

Ки баранҷам зи чархи рӯинтан?

Ман на Суҳробаму вале бо ман

Рустамӣ мекунад маҳи Баҳман.

Хиради Золро бипурсидам:

Ҳолатамро чӣ ҳилат асту чӣ фан?

Гуфт: Афросиёби вақт шавӣ,

Гар ба даст оварӣ аз он ду – се ман –

Бодаи чун дами Сиёвушон

Сурх, на тира чун чаҳи Бежан!

Гар фиристӣ, туӣ Фаридунам,

В – арна, рӯзе, наъузубиллаҳ, ман

Ҳамчу Заҳҳок ногаҳон печам

Морҳои ҳиҷо – т бар гардан![9]

           Албатта, на дар ҳама осори Анварӣ ин гуна бархурди мусбатро бо образу чеҳраҳои асотирию таърихии «Шоҳнома» дучор меоем, ба вижа дар қасидаҳояш, ки дар таърифи шоҳону ҳокимони бегона, аҳли зулму ситам гуфтааст, ӯ ба шахсиятҳои ҳамосӣ ва миллӣ нигоҳи манфӣ менамояд, ононро дар муқобили мамдуҳону бегонагон ҳақиру ночиз нишон медиҳад. Албатта, ин гуна мавқеъгирии шоир сабабҳои айнию зеҳнӣ дошта, пеша аз ҳама, ба фурупошии давлати миллии Сомониён, ба фоҷиаи миллӣ рӯ ба рӯ шудани ориёиён, эронинажодон (тоҷикону форсҳо…) иртибот мегирад. Баъди ин фоҷиаи миллию нажодӣ аҳли қалам ногузир ба мадҳу ситоиши аҷнабиён гардан мениҳанд, зеро эшон маҷоли муқовимат, бурузи руҳи миллиро билкул аз даст дода буданд. Бо як сухан, на шоҳ доштанд, на амир, на султон доштанд, на давлат ва на лашкар… Лиҳозо, вақте ки ғузҳо Хуросонро ишғолу ба хоку хун кашиданд, султон Санҷарро асир ва ба қатл расонданд, аҳли он аз Анварӣ, ки худ шоҳиди бевоситаи ин рухдоди хунин барои тоҷикон (форсҳо) буд, тақозои иншои нома ба писархонди султон Санҷар, хоқони Самарқанд – Рукниддин Маҳмудро менамоянд. Анварӣ маҳз дар ҳамин айём аст, ки пурсӯзтарин ва машҳуртарин қасидаи таърихию марсиявии худро ба унвони «Номаи аҳли Хуросон ба хоқони Самарқанд» менависад, ки баъдҳо ба номи «Ашкҳои Хуросон» шуҳрат пайдо менамояд. Аммо ин нома, дар асл, ашкҳои тоҷикон аст, он аз номи аҳолии бепуштупаноҳу бесоҳиби тоҷик, аз ситаму қатли як аҷнабӣ  ба аҷнабии дигар (атрок) навишта шудааст. Ба ҳарфи дигар, «Ашкҳои Хуросон» ашкҳои тоҷикон буд, ки шоирашон аз номи онҳо қаламӣ карда буд ва аз ситами як гург ба гурги дигар шикоят мекард ва аз ӯ мадад меҷуст, зеро, тавре ки гуфтем, ӯ (тоҷик – форс) давлати миллӣ, шоҳи худ, лашкари худ, ҳудуди миллии худро дар он замон, ки мисли имрӯз дар Тоҷикистон дорад, надошт. Аз ин рӯ, ночор аз душман ба душман паноҳ мебурд. Лиҳозо, шоираш ногузир буд, ки душмани худ, хоқони аҷнабиро биситояд, аз ӯ хоҳишу талаб кунад, зорӣ намояд, то сӯи Эрон лашкар кашида, «мусулмонон», хусусан қавми бесоҳиби тоҷикро аз шарри ғузи шумпай наҷот бидиҳад… Вай маҷбур ва маъмур аст, ки ӯро соҳиби Эрону Хуросону Турон, каюмарсбақою кисроадлу манучеҳрлиқою афредунфар ва шаҳи Шарқ ба қалам бидиҳад:

Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди сабо,

Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар…

Эй каюмарсбақо, подшаҳи кисроадл

В – эй манучеҳрлиқо, хусрави афредунфар,

Хабарат ҳаст, к – аз ин зеру забар шум ғузон

Нест як тан зи Хуросон, ки нашуд зеру забар?..

Шод илло ба дари марг наёбӣ мардум

Бикр ҷуз дар шиками мом наёбӣ духтар!

Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки ҷӯянд ҷавин,

Аз паси он ки нахӯрдандӣ аз ноз шакар!

Раҳм кун, раҳм бар он қавм, ки набвад шабу рӯз

Дар мусибатшон ҷуз навҳагарӣ кори дигар!

Кишвари Эрон чун кишвари Тӯрон чу турост,

Аз чи маҳрум аст аз рафъати ту ин кишвар?..

Рав, шунав ҳоли Хуросону ғузон, эй шаҳи Шарқ,

Ки мар – ӯрост ҳама ҳол чу алҳамд зи бар![10]...

           Он чӣ ки аз ин номаи фоҷиавӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Бинобар ин, мо бо овардани мисолҳои дигар аз қасидаҳои шоир, ки дар онҳо образу персонажҳои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ ҳамчун суннат (баъд аз рӯ кор омадани сулолаҳои бегонатабор дар шеъри тоҷик – форс) мавриди корбурди манфию мусбат, қиёс, ташбеҳ, талмеҳ қарор гирифтаанд, иктифо менамоем:

Дар зини мурод бод Рахшат,

То Рахши сипеҳр баста танг аст[11].

                         ***

Ҷоми ҷаҳоннамой шумар қаҳфи лоларо,

К – атрофи бӯстон зи хушӣ маҷлиси Ҷам аст[12].

                             ***

Май ашки чашми духтари ток аст ё магар

Хуни ба сари чакида зи шамшери Рустам аст?[13]

                                                               ***

Баҳманҷана гузашту баҳор аст гулфишон

Бар хусраве, ки хоки дараш тоҷи Баҳман аст[14]

                    ***

Баски дар симурғу Рустам базла гуфтӣ,

Гар бидидӣ дар масоф Исфандиёрат[15]

***

Асбе, ки инонкаши ту бошад,

З – иқбол шавад чу Рахши Рустам[16].

           Тавре ки дар боло гуфтем, Анварӣ, баръакси бисёре аз шоирони дигари ҳамзамони хеш, дар осораш аз ақлу хирад, илму дониш, касбу ҳунар зиёд ситоиш менамояд. Аз ин лиҳоз, тавре ки гуфтем, вай як навъ ба шоирони аҳди Сомонӣ, хусусан Фирдавсӣ, ҳамовоз мешавад, аммо бо забону баёни асру сабки ҳокими ироқӣ. Ин корро ӯ бештар дар қитъаҳояш анҷом медиҳад:

Бартарин моя мардро ақл аст,

Беҳтарин поя мардро тақвист.

Бар ҷамодот фазли одамиён

Ҳеҷ берун аз ин ду маънӣ нест.

Чун аз ин ҳар ду мард холӣ монд,

Одамию баҳима ҳар ду якест[17]

                       ***

Ҳунар бояд – чи рӯбоҳе, чи шере,

Хирад бояд – чи Қоруне, чи уре![18]

           Анварӣ дар қитъае аз Занд (номи китоби Зардушт) ва Позанд (тафсири Занд) чунин ёдовар мешавад:

Ҳарфу савт ар қазо бигардонад,

Марҳабо Занду ҳаббазо Позанд[19].

Воқеан, ӯ дар қитъаи «Таърифи шароб гӯяд» ба гуфтор ва ҳикмати Ибни Сино наздик мешавад ва шаробро ғизои рӯҳ қаламдод менамояд:

Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ,

Ки лавни ӯ кунад аз лавни даври гул ровақ.

Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,

Ба назди мубтил ботил, ба назди доно ҳақ.

Ҳалол гашта ба аҳкоми ақл бар доно,

Ҳаром гашта ба фатвии шаръ бар аҳмақ.

Ба ранг занг зудояд зи ҷони андуҳгин,

Ҳумой гардад, агар ҷуръае биёбад бақ[20].

           Анварӣ на танҳо шоири озодандеш, ринд, ҳаётдӯст, дунёгаро, ақлситой, донишгарой, балки мисли Фирдавсӣ ватандӯсту қадршинос низ маҳсуб мешавад, зеро ӯ, ба қавли худаш, ба қадри Эронзамин, яъне «ин мулк» мерасад. Аз ин хотир, боифтихор мегӯяд:

Гар бехирадон қимати ин мулк надонанд,

Эй ақл, хиҷил нестам аз ту, ки ту донӣ![21]

           Ба гунае ки дар фавқ гуфтем, Анварӣ, ки шоире ратсионалист, юнонгарост, як зиндагонии ақлгароёнаро сипарӣ менамояд. Бинобар ин, ӯ дар қитъае ба ин маънӣ мегӯяд:

Туро агар амале дод рӯзгор, чӣ шуд?

Маро ба ҷои амал илмҳои юнонист…

В – агар ту гӯӣ, айши ману ту ҳар ду якест,

Ғалат кунӣ, ки маро ақлию туро нонист![22]...

           Анварӣ чун шоири миллӣ таваҷҷуҳи худро ба хонадони Бармакиёни эронинажод, ки дар рӯзгори хилофати Аббосиён вазоратро дар даст доштанд, на танҳо пинҳон намекунад, балки ошкоро нишон медиҳад. Ӯ бад – ин роҳ, аз як сӯ, як навъ аз хиёнати аҳли хилофат хабар медиҳад, аз сӯи дигар, фоҷеаи аҳли ин хонадони миллиро, ки Аббосиён онҳоро ноҷавонмардона ба қатл расонданд, ба намоиш мегузорад:

Хитобе бо фалак кардам, ки аз роҳи ҷафо куштӣ

Шаҳони оламорою ҷавонмардони Бармакро.

Зимоми ҳаллу ақди худ ниҳодӣ дар кафи ҷамъе,

Ки аз рӯи хирад бошад бар эшон сад шараф сагро

Ниҳон дар гӯши ҳушам гуфт: «Фориғ бош аз ин маънӣ,

Ки саблит барканад айём ҳар даҳ рӯз як –якро»[23].

           Анварӣ, ки яке аз шоирони дунёгаро, озодандеш ва озодаи мост, худро аз куфру ислом берун медонад ва бад – ин тартиб табли инсонию миллию одамият мезанад, зеро, ба заъми ӯ:

Куфру ислом кори кас накунад,

Ошён з – ин ду шох бартар гир[24].

Ва:

Эй писар, мазҳаби қаландар гир,

Ки дар ӯ дину куфр яксон аст[25].

           Анварӣ, ки аз рӯҳи хайёмона ва эпикурӣ бархурдор аст, дар осораш шод зистанро таълим медиҳад ва худро ба масобаи адиби ҳаётдӯст, модигаро ба хонандагон муаррифӣ менамояд:

Шод мезӣ, ки дар арӯсии даҳр

Ранг чандин ба кор менашавад[26]

           Хулоса, Анварӣ, ки мисли Фирдавсӣ дар маснавӣ устод аст, адибе соҳибмактаб буда, яке аз пайғамбарони қасида дар адабиёти мо шинохта шудааст. Ӯ ҳамчун шахсияти ринду озодандешу ҳаётдӯст аз донишу хирад дар осораш мавфур ситоиш мекунад. Вай дар қитъае, ки мансуб ба ӯст, Фирдавсиро ба масобаи худованди сухан ва худро ба сифати банда ба хонандагон муаррифӣ менамояд. Анварӣ, на танҳо ба илму дониш арҷ мегузорад, балки ба намояндагони бузурги он, аз ҷумла Ибни Сино, ки назирашро башарият кам дида, эҳтироми вижа қоил аст ва ӯро дар осораш васф менамояд. Гузашта аз ин, ӯ, ки на танҳо адиб, балки ҳаким ҳам ҳаст, ба фалсафа, ҳикмат, илми юнонӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад. Адибе дунёгаре, зиндагидӯст, хушгузарон, дорои тафаккури пешқадам буда, муҳимтар аз ҳама, шоири миллӣ ва эрондӯст маҳсуб мешавад, зеро ба чеҳраҳои миллӣ, шахсиятҳои асотирию паҳлавонию таърихӣ, ки дар «Шоҳнома» омада, назари нек дорад, аз онҳо дар осораш ба ин ё он сабаб ёд менамояд. Агарчи вай имконияти андаки бурузи ишқу алоқаро ба аносири миллӣ дар даст дорад, аммо, ба ҳар ҳол, дар ашъораш ба тарсиму ташвиқи афкори мутараққӣ, миллӣ, дунявӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ иқдом менамояд. Мисли ин абёт, ки омӯзанда ва муфиданд:

Пешӣ зи ҳунар талаб, на аз мол,

Акнун боре, ки метавонӣ.

Гар ҷон – т ба илм дар тараққист,

Онак, тую мулки ҷовидонӣ![27]...

 

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

[1] Авҳадуддин Анварӣ. Мунтахаби девон. –Душанбе:Адиб, 2022. –С.3.

[2] Шеър – ул – Аҷам. –Ҷ.1. –Душанбе, 2016. –С.225.

[3]  Ҳамон ҷо. –С.233.

[4] Девони Анварӣ. –Душанбе: Ирфон, 1971. –С.123.

[5] Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». –Душанбе:Адиб, 1990. –С.4.

[6] Девони Анварӣ. –С. 172.

[7] Ҳамон ҷо. –С. 139.

[8] Ҳамон ҷо. –С. 13.

[9] Ҳамон ҷо. –С.193.

[10] Авҳадуддини Анварӣ. Мунтахаби девон. –Душанбе: Адиб, 2022. –С. 42 – 46.

[11] Искандар Икромов. Мақоми Анварӣ. –Душанбе:Ирфон, 1992. – С. 179.

[12] Ҳамон ҷо. – С. 198.

[13] Ҳамон ҷо. – С. 199.

[14] Авҳадуддини Анварӣ. Мунтахаби девон. – С. 29.

[15] Ҳамон ҷо. – С. 38.

[16] Ҳамон ҷо. – С.64.

[17] Девони Анварӣ. –С.138

[18] Ҳамон ҷо. – С. 204.

[19] Ҳамон ҷо. – С. 154.

[20] Ҳамон ҷо. – С. 174 – 175.

[21] Ҳамон ҷо. – С. 209.

[22] Ҳамон ҷо. – С. 139.

[23] Ҳамон ҷо. – С. 126.

[24] Ҳамон ҷо. – С. 86.

[25] Ҳамон ҷо. – С. 42.

[26] Ҳамон ҷо. – С. 80.

[27] Ҳамон ҷо. – С. 212 – 213.

Хондан 751 маротиба