JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 09 Майи 2024 13:04

Пойтахт ба унвони маркази маъмурию маданӣ дар таърихи илму фарҳанги миллӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

(Ба муносибати солгарди пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе)

   Дар ибтидо тавзеҳоти иҷмолиро бар ин мазмун зарур медонам, ки матлаби мазкур 20 соли қабл (октябри соли 2004) навишта шуда, ба муносибати 80-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бахшида шуда буд. Вақте ки ба бойгонии шахсӣ сар задам, мақоларо пайдо намудам ва тасмим гирифтам, онро бидуни тасҳеҳи маъноӣ ва бо андак таҳрири имлоию забонӣ хидмати хонандагон қарор диҳам. Албатта, Душанбеи 20 соли қабл аз Душанбеи имрӯза бакуллӣ мутафовит аст: он ба як марказ ва ба истилоҳ, шаҳр-полиси матраҳи сиёсию маданию миллӣ бадал шудааст ва ба лиҳози инфрасохторӣ, эстетикаи шаҳрсозӣ, шеваи тарроҳӣ, тарзи сохтмони иншоотҳои замонавӣ, ҷобаҷогузории боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва имиҷи шаҳрофаринӣ бо марокизи бузурги минтақавию ҷаҳонӣ ҳамнабардӣ мекунад. Кайфият ва чигунагии матлабро ба маърази таҳлилу баҳогузории хонандагон вомегузорем.

   Дар таърихи давлат, сиёсат, илм, фарҳанг, иқтисод ва иҷтимои насли башар пойтахт ба унвони ҷойгоҳи тамаркузу таҷаммуъи неруҳои зеҳнию мадании ҷомеа ҷойгоҳи шоиста дорад. Инсоният тайи ҷараёни зиндагӣ пойтахтро ба сифати марказ, ҷойгоҳ ва бунгоҳи давлату сиёсат ва илму фарҳанг қарор дода, тавлиди неруҳои ақлонии ҷомеаро аз он ва ба он вобаста медонад. Мо дар матлаби хеш ба масъалаи мақоми пойтахт дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон таваққуф намуда, онро дар мисоли се шаҳри бостонӣ -- Бухоро, Самарканд ва Душанбе, ки дар масири таърих минҳайси пойтахти давлатдориҳои асримиёнагию муосир ва ҷойгоҳи баҳамойии қишри пешрафтаи ҷамъиятӣ муаррифӣ шудаанд, мавриди арзёбии иҷмолӣ қарор медиҳем. 

Дар тули таърих илму фарҳанги тоҷикон дар се шаҳри мутамарказ -- Бухоро, Самарқанд ва Душанбе рушду нумуъ кардааст. Бухоро ҳамчун пойтахт дар замони Сомониён, Самарқанд дар  даврони Темур ва Темуриён ва Душанбе дар давраи Шуравӣ ва замони соҳибистиқлолӣ маркази илму тамаддуни мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд. Ин маънои онро надорад, ки дигар шаҳрҳои бостонии тоҷик дар рушди илму фарҳанг  арзиши камтаре дошта бошанд. Барои маҳдуд ва мухтасар сохтани андеша мо кӯшиш кардем, дар ин се шаҳри тамоили илмӣ-фарҳангидошта мақому манзалати пойтахтро мушаххас намоем.

   Бухоро дар қадим бо номи Нумиҷкат, Бумиҷкат ва Фохира машҳур будааст (ниг.: Энциклопедияи советии тоҷик. -Ҷ. 1. -Душанбе, 1978. С.555). Арабҳо ин шаҳрро “мадинат-ус-суфрия” (шаҳри мис) номидаанд. Дар осори исломӣ ба ду шаҳр -- Бухоро ва Самарқанд таваҷҷуҳи вежа зоҳир шудааст. Муаррихи бузурги асрҳои миёна Муҳаммади Наршахӣ ба шаҳри Бухоро китоби муфассале бахшида, онро ҳамчун маркази давлатдорӣ ва  тамаддуни Сомониён муаррифӣ кардааст (ниг.: Наршахӣ, Муҳаммад. Таърихи Бухоро. -Теҳрон, 1363. С. 32).

  Дар даврони Сомониён, хусусан дар замони Исмоил ба баъд Бухоро пойтахти давлат ва маркази илму фарҳанги тоҷикон қарор мегирад. Дар ин шаҳри бостонӣ доираҳои зиёди илмиву адабӣ арзи ҳастӣ намуда, масоили гуногуни илмиро мавриди баррасӣ қарор медоданд. Амирони Сомонӣ -- Исмоил ибни Аҳмад (849-907), Аҳмад ибни Исмоил (907-914), Наср ибни Аҳмад (906-943) ба Бухоро, яъне ба пойтахт донишмандону шоирони бузургро даъват намуда, дар рушди илму фарҳанг ва муттаҳид кардани неруҳои пешқадами фарҳангӣ саҳми бузург гузоштанд. Ҳаёт ва фаъолияти Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Балъамӣ, Ибни Сино, Наршахӣ дар ҳамин шаҳр ҷараён доштааст. Дар Бухоро яке аз китобхонаҳои калонтарин ва ғанитарини Шарқ – “Сивон-ул-ҳикмат” ва бозори махсуси китобфурӯшӣ мавҷуд буд. Мувофиқи маълумоти Наршахӣ, дар бозор доир ба соҳаҳои гуногуни илм (ҳандаса, ҳисоб, тиб, ҳуқук, нуҷум, адаб ва амсоли инҳо) ба забонҳои дарӣ ва арабӣ китоб пайдо кардан мумкин буд. Дар густариши илму фарҳанг дар пойтахт, нақши Исмоили Сомонӣ хеле бузург будааст.  Ба қавли Мирхонд,-Исмоил шоҳи одил, оқил ва тақводор буда, донишмандонро ба марказ ҷалб намуда, муҳимтарин осори илмӣ ва фарҳангиро аз гӯшаву канор  ба марказ –ба Бухоро меовард (ниг.: Ховандшоҳ, Мирхонд. Равзат-ус-сафо. -Теҳрон, 1373. С. 551). Баъди барҳам хурдани давлати Сомониён Бухоро як давраи дарози таърихӣ аз назари сиёсӣ ва фарҳангӣ  ба сукут ва хомӯшӣ мувоҷеҳ мешавад  ва аз соли 1753 то соли 1920 пойтахти аморати манғитӣ мегардад. Дар асри Х1Х дар Бухорои амирӣ бузургтарин намояндагони бузурги илму фарҳанги тоҷик Аҳмади Дониш (1827-1897), Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877-1914), Раҳматуллоҳи Возеҳ (1817-1894), Шамсиддини Шоҳин (1865-1895) ва дигарон зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

  Самарқанд низ яке аз сарзаминҳои тамаддуни  тоҷик аст, ки тайи қарнҳо дар домани худ бузургтарин шахсиятҳои илмиву фарҳангиро парвардааст. Соли 1370 Темур (1336-1405) соҳиби мутлақи Бухоро ва Самарқанд шуда, Самарқандро пойтахти давлати худ қарор медиҳад (ниг.: ЭСТ. -Ҷилди 6. -Душанбе, 1986. С.526). Самарқанд ҳамчун пойтахт дар асрҳои XIV-XV ба яке аз марказҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Хусусан, дар давраи набераи Темур Улуғбек (1394-1449) Самарқанд шомили доираи илмии муқаввое гардид. Дар он ҷо донишмандон Қозизодаи Румӣ (1364-1436), Хоҷаи Хурд, Мавлонои Хофӣ, Алоуддавлаи Самарқандӣ, Ғиёсуддини Ҷамшед, Муини Кошонӣ, Салоҳиддини Мусавӣ, Алоуддини Қушчӣ машғули эҷод буданд. Асари “Зичи ҷадиди кӯрагонӣ” маҳсули эҷоди олимони мактаби илмии Самарқанд мебошад. Классикони адабиёти тоҷику узбак Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492), Алишер Навоӣ (1441-1501) низ дар Самарқанд таҳсилу такмили илм кардаанд. Самарқанд ба сифати пойтахт дар муттаҳид намудани донишмандони соҳаҳои гуногуни илм дар замони Темур ва Темуриён дар як минтақаи ҷуғрофӣ нақши калидӣ доштааст.

      Шаҳри Душанбе, ба ақидаи муаррихон, шаҳри бостонии Хуросони бузург буда, таърихи беш аз дуҳазорсола дорад ва дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор гирифта, аз марокизи фарҳангӣ ба шумор мерафтааст. Вале бо гузашти айём мавриди ҳуҷум ва харобкориҳои душманони дохилию хориҷӣ  ва ҳокиму амирони худкомаи Шайбониву Манғитӣ қарор гирифта, шаҳри Душанбе ба чанд деҳа табдилу тақсим шудааст. Ба ҳар сурат, муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Душанбе шаҳри бостонӣ буда, таърихи он ҳатто ба даврони  пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ иртибот мегирад. Аз ҷумла сайёҳону гардишагарон онро ҳамчун Шаҳр-Қалъа тасвир кардаанд (ниг.: //Паёми Душанбе. №35, 3 сентябри 2004. С. 1. Ҳамчунин: Мамадназаров, Х. Настоящее и будущее Душанбе. -Душанбе: Ирфон, 1972. С.4).

         Ба ин тартиб, дар нимаи асри V водии Ҳисор ба давлати Эфталитҳо тобеъ гардида,  ҳудуди он  ду вилоят  (Аҳорун ва Шумон)-ро дар бар мегирифтааст. Сайёҳи чинӣ Сюан Тзан дар асри VII ин ду вилоятро тасвир карда, масофаи тахминии роҳҳои пайвасткунандаи шаҳрҳоро муқаррар менамояд. Ба қавли муаррихон, агар ин маълумот ба назар гирифта шавад, пойтахти Шумон Душанбе буда метавонад (ниг.: Панфилов О., Дубовицкий В. Душанбе-молодой и древный. -Душанбе: Адиб, 1991. С. 18).

  Душанбе дар даврони империяи Шуравӣ ба яке аз шаҳрҳои бузурги сиёсию фарҳангӣ мубаддал шуд.  Феврали соли 1921 Душанбе маркази маъмурии Бухорои Шарқии Ҷумҳурии Халқии Бухоро муқаррар мешавад (ниг.: Ранов, А., Соловев, В. Душанбе-город древный. -Душанбе: Дониш, 1993. С.72). Солҳои 1920-1924 шаҳри Душанбе, аввалан, маркази вилояти ҳамном ва қароргоҳи ситоди отряди ҳарбӣ-сиёсии экспедитсионии Ҳисор ва сониян, маркази Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ ва Кумитаи марказии иҷроияи Бухорои Шарқӣ буд ва дар барпо намудани сохти нави давлатдории шуравӣ нақши ҳалкунанда доштааст (ниг.: Маҷаллаи Тоҷикистон. №1-3, 2004. С.11-12). Моҳи ноябри соли 1924 Душанбе пойтахти   ҶМШС ва аз соли 1929 пойтахти ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 1924 шуруъ намуда, то имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ дар рушду тараққиёти илму фарҳанги мамлакат нақши бузурге иҷро карда истодааст.

Бузургтарин фарзандони миллат дар ин давра (солҳои 20-30) аз Бухорову Самарқанд машъали илму фарҳангро ба шаҳри Душанбе оварданд. Поягузори адабиёти навини тоҷик устод Айнӣ ба Душанбе омада, дар тарбия ва парвариши донишмандони ояндаи тоҷик саҳми бузурге гузошт. Зимнан, дар таърихи илму фарҳанг ва  сиёсати миллии асри ХХ-и тоҷик хидматҳои бузурги Абдуқодир Муҳиддинов (1892-1934), Нусратулло Махсум (1881-1937), Чинор Имомов (1898-1939), Мунаввар Шогадоев (1898-1974), Саид Носиров (1901-1938),  Бобоҷон Ғафуров (1908-1977), Мирзо Турсунзода (1911-1977), Сотим Улуғзода (1911-1997), Абдусалом Деҳотӣ (1911-1962), Ҷалол Икромӣ (1909-1993), Фотеҳ Ниёзӣ (1914-1991),  Алоуддин Баҳоваддинов (1911-1970), Султон Умаров (1908-1964),  Муҳаммад Осимӣ (1920-1996), Меҳрубон Назаров (1922-1993) ва бисёр дигарон абадан сабт гардидаанд. Гузашта аз ин, фарзандони миллатҳои гуногун, аз ҷумла устод Лоҳутиву Баҳром Сируси эронӣ, А. Семёнову М. Андрееви рус, Нисор Муҳаммади афғон, Карамови арманӣ ва чанде дигарон дар пешрафту инкишофи илму маърифат ва иқтисоду фарҳанги пойтахт нақши сазовор гузоштаанд.

  Дар Душанбе муассисаҳои бузурги фарҳангӣ бунёд шуда, онро ба маркази илму ҳунар табдил додаанд. Театрҳои ҷумҳурӣ, Филармонияи давлатӣ ва Академияи илмҳо бори гарони тамаддуни тоҷикро бар уҳда доранд.  Академияи илмҳо узви чандин анҷуманҳои байналмилалии дунё буда, дорои зиёда аз 20 муассисаи калони илмӣ мебошад. Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва даҳҳо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-соҳавӣ мавҷуданд, ки дар пешрафти илму фарҳанг ва иқтисоду иҷтимоъи ҷумҳурӣ саҳми бузург доранд.

 Нависанда ва шоирони тоҷик ҳамчун аъзои илму фарҳанги ҷумҳурӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ гомҳои устувор мениҳанд. Устоди шеъри муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ва овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов “Ушшоқи Душанбе”-ро офаридаанд, ки дар он руҳи замон бо суннатҳои ниёгон ҳамоҳанг садо медиҳанд (ниг.: //Паёми Душанбе. №35, 3 сентябри 2004. С.1).

Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон ду давраи таърихиро аз сар гузаронидааст: яке даврони Шуравӣ, ки дар он замон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, иҷтимоиёт, илм ва маориф комёбию пешравиҳои калон ба даст оварда шудааст (ниг.: Тағоев Ҷ. Давлати тоҷикон. -Душанбе: Ирфон, 2000. С.49) ва дигаре замони истиқлол, ки шаҳр ба унвони маркази сиёсию тамадунию фарҳангӣ рушду тавсеъа ёфта истодааст. Пойтахти ҷумҳурӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷодаи илму фарҳанг ба муваффақиятҳои назаррасе мушарраф гардид. Дар тули 80-соли пойтахт қарор доштани шаҳри Душанбе илму фарҳанг, пеш аз ҳама, истиқлолу бедории фикрии ҷомеаи тоҷикро ба вуҷуд овард ва маҳз фарҳангиёни барҷаста ба марказ ҷалб шуда, дар табаддулоти ақлонии иҷтимоъ саҳми сазовор гузоштанд.

  Дар робита бо мақоми пойтахт дар рушди илму фарҳанги ҷомеаи тоҷик чанд нуқтаи асосиро ба таври хулоса баён менамоем:

     1.Вожаи “пойтахт”, аз назари луғатшиносон, маънии шаҳри подшоҳ сукунатдошта (ба арабӣ доруссалтана, дорулмалик)-ро далолат мекунад (ниг.: Деҳхудо Алӣ Акбар. Луғатнома. Шумораи 7. -Теҳрон, 1338. С. 104). Ин маънӣ то андозае мафҳуми пойтахтро дар шароити имрӯз низ ифода мекунад.

     2.Ҳанӯз аз қадимтарин замонҳо дар ҷуғрофиёи сиёсию мадании форсу тоҷик пойтахт маркази илму тамаддун ва сиёсати фарҳангӣ будааст. Империяҳои бузурги Ҳахоманишҳо (550 то мелод – 330 то мелод) ва Сосониён (224-551) тахтгоҳи худро ба маркази илму маърифат табдил дода, Академияҳои илмӣ ва динӣ таъсис намуда, дар самти худогоҳӣ, бедории иҷтимоӣ ва истиқлоли фикрии ҷомеа кӯшидаанд (ниг.: Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. -Ҷ. 2. -Теҳрон, 1368. С. 196).

    3.Пойтахт   маконеро қарор медоданд, ки фазои муътадили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва билохира иҷтимоӣ дошта бошад.

    4.Ба ин маънӣ, шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Душанбе аз чунин фазои муътадил бархурдор будаанд. Дар замони давлатдории Сомониён, воқеан, Бухоро  маркази илму  тамаддун ва сиёсати миллӣ гардида буд, то ҷое, ки Рӯдакӣ фармудааст:

  Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,

 Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.

  5.Шаҳр-пойтахт падидаи иҷтимоӣ ва тамаддунист (ниг.: Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. -Ҷ. 1. -Теҳрон, 1368. С.13) ва рисолати он дар ҷамъу мутамарказ кунонидани неруҳои солими сиёсӣ ва  фарҳангии ин ё он ҷомеа зоҳир мегардад. Ин аст, ки неруҳои зеҳнӣ, қишри фарҳангӣ ва нухбагони миллӣ ба марказ -- ба пойтахт  таваҷҷуҳ доранд ва ба он ҷалб мешаванд.

  6.Ҳамчун истилоҳи фарҳангӣ, мафҳуми “пойтахт” фарҳанги як қавмро дар худ таҷассум мекунад. Ба ин маънӣ, Бухоро, Самарқанд ва Душанбе дар тули қарнҳо фарҳанги мардуми тоҷикро дар худ акс кунонидаанд ва аз ҳаводису нобасомониҳои  рӯзгор эмин доштаанд.

  7.Дар шароити имрӯзи истиқлол низ Душанбе чун пойтахти миллати тоҷик бори фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро бар дӯш гирифтааст. Душанбе мисли Бухорову Самарқанди пешин имрӯз ҳам фарҳангиёнро аз ҳар гӯшаву канор гирдогирдаш ҷамъ месозад ва парвариш намуда, ҳамқадам бо зиндагии инсонӣ бори масъулият мекашад.

  8.Ба таври куллӣ, пойтахт дар таърихи илму фарҳанг, сиёсату давлатдорӣ ва бедориву истиқлоли фикрии ҷомеаи тоҷик ҷойгоҳ ва мақоми арҷманде дошт, дорад  ва хоҳад дошт.

                 Нозим Нурзода

                 Муҳаққиқ

 

Хондан 1577 маротиба