Дар замони пешрафти илму техника ва сарбориҳои зиёди корӣ бештари одамон ба афсурдаҳолӣ ва депрессия гирифтор шуда, қобиляти лаззат бурдан аз ҳаёт ва хушбахтиашонро гум карда истодаанд. Бинобар ин масъалаи дарк кардани хушбахтӣ хусусан дар синни ҷавонӣ яке аз мушкилоти мубрами инсон ба ҳисоб меравад.
Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар эъломия 66/281 аз 12 июли соли 2012 20-уми мартро рӯзи байналмилалии хушбахтӣ эълон намуда, аз соли 2013 сар карда, ҳамасола рӯзи байналмилалии хушбахтиро таҷлил мекунад, то аҳамияти хушбахтӣ дар ҳаёти одамон дар саросари ҷаҳон эътироф ва дарк карда шавад.
Аслан ҳар як ҳодисае, ки дар табиат рӯй медиҳад, сабаби худро дорад ва баъзе аз ин ҳодисаҳо хусусияти даврӣ такроршаванда доранд. Шарҳ додани сабаби ба амал омадани ҳодисаи даврӣ ва такроршавии он баъзан аз рӯи мушоҳидаҳои бардавом имконпазир мешавад. Ин ишора ба яке аз ҳодисаҳои табиӣ – ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин ва дигар сайёраҳои Низоми офтобӣ тааллуқ дорад.
Робитаи Бадавӣ бо Иброҳим Шукрӣ
Хабарнигори мисрӣ Саъид Ловандӣ мегӯяд:
–Муҳандис Иброҳим Шукрӣ раиси ҳукумат ва роҳбари оппозитсияи Миср буд. Солҳои 1970 намоянда дар Шарбин (минтақаи Саъид Ловандӣ) буда, ва ӯро ба ёд гирифтааст. Дар ин зиёрати навбатии Париж аз Бадавӣ фаҳмидааст, ки Саъид Ловандӣ ҳаминҷо таҳсил дорад. Он хотиротро ба ёд оварда омадааст, ки ӯро бубинад. Хонаводаи Бадавиҳо ва Шукриҳо аз дер боз бо ҳам робитаи дӯстӣ доштаанд. Ва ин ду оилаи феодал аз пеш заминҳои фаровон доштанд. Яке аз бародарони Бадавӣ (шояд Сарват Бадавӣ) аз Шукрӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми бозгашт аз Конгресс дар сентябри 1989 дар Париж бародараш Абдурраҳмон Бадавиро зиёрат кунад ва аз аҳволаш бохабар шавад.
Вақте ки дар бораи Замин ба сифати макони мавҷудияти ҷисмҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ, аз ҷумла инсон меандешем, таъкиди файласуфи шаҳири олмонӣ Мартин Ҳайдеггер пеши назар меояд. Ҳайдеггер, ки яке аз бунёдгузорони фалсафи вуҷудӣ маҳсуб меёбад, дар робита бо сарнавишти инсон дар сайёраи Замин гуфта буд: “Агар аз баландтарин нуқтаи осмон ба ин замин, ки мо маскунаш ҳастем, назар афканем, мебинем, ки чӣ сон хурду ночиз аст ва дар як они воҳид метавонад аз бархӯрди тасодуфӣ ва беинзиботи ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ нест шавад ва аз байн биравад”. Воқеан, пайваста бо хатарҳои гуногуни табиӣ ва кайҳонӣ мувоҷеҳ будани сайёраи инсонӣ – Замин барои донишмандони риштаҳои гуногуни илм, махсусан табиатшиносону кайҳоншиносон маълум буд ва имрӯз ҳам дар пайи шинохти дақиқи ҳаводиси табиӣ, махсусиятҳои физио-химиявии Замин, имконоти зистӣ дар Ҷаҳон ва шароити фазои Кайҳон таҳқиқотҳои бунёдӣ сурат гирифта, дар ин замина корҳои илмию тахассусӣ идома доранд.