JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Майи 2024 11:54

Бархурди Абдурраҳмон Бадавӣ (1917-2002) бо мухолифони ақидавии худ

Муаллиф: Комил БЕКЗОДА

Робитаи Бадавӣ бо Иброҳим Шукрӣ

Хабарнигори мисрӣ Саъид Ловандӣ мегӯяд:

 –Муҳандис Иброҳим Шукрӣ раиси ҳукумат ва роҳбари оппозитсияи Миср буд. Солҳои 1970 намоянда дар Шарбин (минтақаи Саъид Ловандӣ) буда, ва ӯро ба ёд гирифтааст. Дар ин зиёрати навбатии Париж аз Бадавӣ фаҳмидааст, ки Саъид Ловандӣ ҳаминҷо таҳсил дорад. Он хотиротро ба ёд оварда омадааст, ки ӯро бубинад. Хонаводаи Бадавиҳо ва Шукриҳо аз дер боз бо ҳам робитаи дӯстӣ доштаанд. Ва ин ду оилаи феодал аз пеш заминҳои фаровон доштанд. Яке аз бародарони Бадавӣ (шояд Сарват Бадавӣ) аз Шукрӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми бозгашт аз Конгресс дар сентябри 1989 дар Париж бародараш Абдурраҳмон Бадавиро зиёрат кунад ва аз аҳволаш бохабар шавад.

–“Бештар аз 10 франк барои чопи як варақ намедиҳам” – гуфт Бадавӣ ба дӯсташ Саъид Ловандӣ! Дар ҳоле, ки он замон барои чопи компютерии як варақ 50 франк медоданд [24,с.46].

–Баъди чопи ду китоби охиринаш: 1) Дифоъ аз Қуръон ва 2) Дифоъ аз Муҳаммад, хостам ки бо ӯ мусоҳиба кунам. Ӯро дар кӯча дучор шудам. Бадоҳатан гуфт: Агар мусоҳиба мехоҳӣ, ҳаққи маро пеш аз мусоҳиба бидеҳ. Ман бо ханда гуфтам, ки кадом ҳақ? Ҳаққи ман бо чопи мусоҳиба ҷуброн мешавад. Мо шумо бузургонро ба мардум мешиносонем, ки шумо намунаи ибрат ҳастед. Бояд мардум аз шумо зиндагиро омӯзанд ва ғайра. Бадавӣ гуфт: Гапи зиёдатӣ нагӯй 5000 франк медиҳӣ. Ин як таҷрибаи одӣ аст. Тавриқ-ул-Ҳаким ҳамеша чунин мекард. Тамом, гапи дигар нест. Саъид: Боре Т. Ҳаким бо як хабарнигор ба муддати як соат қарордоди мусоҳибавӣ мебанданд. Ҳангоми суҳбат Т. Ҳаким аз сухан гуфтан боз мемонад. Хабарнигор бо ҳайрат аз ӯ мепурсад, ки устод чӣ шуд? Тавфиқ-ул-Ҳаким мегӯяд: Вақти қарордодии яксоатаи мо тамом шуд! Бадавӣ гуфт: Дар вақташ файласуф Жан Пол Сартр низ чунин музди худашро аз мусоҳибагар мегирифт. Яке аз муассисаҳои тарғиботӣ барои чанд мусоҳиба ба Сартр ним миллион франк пардохтааст!

Ҷору ҷанҷолҳои лафзии Бадавӣ. Сарлавҳа: “Ман ки бад мегӯям ва дашном медиҳам, пас ман мавҷудам!”

Аввалан Бадавӣ, мутафаккиреро туҳмат мекунад ва он маҷбур аст, ки аз худ дифоъ кунад.

Баъзе таҳқирҳои Бадавӣ нисбат ба дигарон чунинанд:

– Ин мард аз шогирдони шарқшиноси Урупоист. Ҳамин Муҳаммад Аркун парвои ватани худаш‐Алҷазоирро надорад.

– Ин мунаққид дар лексияҳои ман дар Донишгоҳ ширкат намекард. Дипломи лисонсашро бо сад ҷонканӣ ба даст овард.

–Ин донишманд ватани худро тарк карда, дар Париж зиндагӣ мекунад. Зани мисриашро талоқ дода, ҳоло бо як зани фаронсавӣ издивоҷ кардааст. Он зан барояш хона харидааст ва дар хонаи ҳамин занаш зиндагӣ мекунад[24,с.51].

– Ин нависандаи овозадор дар асл як мунофиқи бузург аст. Ҳодисоти неку бади гузаштаро тавре нақл мекунад, ки гӯё дирӯз ба амал омадаанд[24,с.52].

– Аббос Маҳмуди Аққодро бардавом бад мегуфт. Боре дар қаҳвахонаи машҳуру калони дар кӯчаи Сан Мишел бо ӯ дучор шудам, ба ман гуфт: Шуморо чӣ шудааст эй бачаҳо! Ту дар Сорбонна доир ба Аққод рисолаи докторӣ менависӣ ва нафареро дар Мадрид дидам, ки доир ба шеъри Аққод рисолаи докторӣ омода намудааст. Ва изофа кард: Аққод ҳеҷ вақт мутафаккир ва шоир набуд. Сухани ҳақро Содиқ ар-Рофеӣ гуфтааст, ки Аққод ҳамеша аз почтаи адабии Англия илҳом мегирад, ки бо шарҳи онҳо мақолаҳо эҷод менамояд [24,с.53].

–Мавқеи Бадавӣ нисбат ба Аққод мавқеи ғайриахлоқӣ буд. Садоқат ва амонати илмӣ ва инсонӣ надошт. Камбуд ва нуқси асосии Анис Мансур ба ақидаи Бадавӣ он буд, ки аз пайи Аққод мерафт.

– Ба ақидаи Бадавӣ: Риҷоъ ан-Наққош бо навиштани китоби “ Аббос ал- Аққод дар байни ростҳо ва чапҳо” сабаби баста шудани маҷаллаи “ад - Давҳа” гардид. Чаро, ки маҷмӯаи мақолоти Ҳусейн Аҳмад Аминро чоп кард ва қатариҳо ранҷиданд. Бадавӣ доир ба Аққод ва шогирдонаш ҳамеша бад мегуфт ва хурда мегирифт[24,с.53].

Кору пайкор ва муборизаҳои А. Бадавӣ:

Аввалан: Муборизаи Бадавӣ бо Муҳаммад Аркуни Алҷазоирӣ. Бадавӣ дар бораи Аркун гуфта: 10 сол дар Париж дини масеҳиро қабул кард. Шабу рӯз дар дайр (калисо) хоб мекард: Доир ба шахсе дигар: Ин шахс мусибати фикру фарҳанг аст. Зеро бар ин ақидааст, ки гӯё омӯзиши андешаи равшангарии Имом Муҳаммад Абду моро аз омӯзиши таърихи фалсафаи муосири Урупо бениёз мегардонад [24,с.54].

–Боре Бадавиро доир ба Муҳаммад Абду пурсидам. Гуфт: (Ба ғазаб:) Ман шахсияти ин мардро дӯст надорам!! Бадавӣ: Аркун шогирди мадрасаи  шарқшиносии истеъморӣ аст. Исломро таҳриф мекунад ва ба Қуръон ва пайғамбари ислом таъна ва буҳтон мезанад. Касе намедонад, ки Аркун чи ихтисосе дорад. Нисбат ба фарҳанг ва фикри исломӣ ҷинояти нобахшиданӣ содир кардааст. Ба тарҷумаи Қуръон-и Козимский муқаддима навишта, ки саропо пур аз ғалатҳои фоҳиш мебошад [24,с.55].

Ҷавоби Аркун: Ман ҳамеша аллома Бадавиро эҳтиром дорам. Хизматҳояшро қадр мекунам. Вале бар ин назарам, ки аз солҳои шастум ва ҳафтодуми асри XX дар Урупо ва ҷаҳон соҳаҳои гуногуни илмие ба вуҷуд омад, ки бо худии худ инқилоби илмӣ буд. Вале доктор Бадавӣ ба ин инқилобҳо таваҷҷуҳ накард. Дар ҳамон қолабҳои матншиносии филологии асри XIX Германия боқӣ монд. Мо мебоист аз рӯйи ин ҷараёнҳои нав арзиши тамаддуни арабиро дар шакли мусбат ба мардуми араб пешкаш мекардем. Бисёриҳо ин корро карданд. Вале устод Бадавӣ дар ин кӯшишҳои нави илмӣ иштирок накард. Дар қолабҳои илмии пешинаи худ боқӣ монд. Ман ин илмҳои навро дар назар дорам: Нашриёти даврагии яксолаи антропология, илми забоншиносӣ (лисониёт), илми симиёӣ. Методологияҳои илмии дар солҳои 60-70 ба вуҷуд омада, бисёре аз ҷанбаҳои илмии пешинаро дигаргун кард. Акнун пинҳон шудан дар тобутҳои матнҳои куҳна маъное надорад!!  Касе ки мехоҳад илми арабиро бозсозӣ кунад, бояд ба ин инқилобҳо ҳамроҳ шавад. Аммо устод Бадавӣ ба ин ташаббусҳо ҳамроҳ нашуд. Ва бояд ҳамроҳ мешуд. Танҳо ба ин басанда кард, ки ба илми қадим фахр бифрӯшад! Ташаббусҳои зарурӣ ва ҷиддии муосирони худро нодида гирифт. Ахиран донишгоҳи Сорбонна ин ду мутафаккирро оштӣ дод.

 Мушоҷираҳои Бадавӣ бо Донишгоҳи Сорбонна

–Бадавӣ ба арабҳои омада ба Донишгоҳ мегуфт, ки инҷо умри худро барбод медиҳед. Баргардед ба кишварҳои худатон. Баъди шарқшиноси маъруфи фаронсавӣ Мосинён ва дӯстонаш дар Сорбонна устоди лоиқи дигаре намондааст. Дар “Энсиклопедияи файласуфон” ба забони фаронсавӣ номе аз файласуфони араб нест. Ҳамааш дар бораи шахсиятҳои урупоӣ аст.

   Дифои Сорбонна: [Ноиби раиси таҳқиқотҳои исломӣ дар Донишгоҳи Сорбоннаи ҷадид доктор Муҳаммад Риқоя.] Туҳматҳои доктор Бадавӣ бар зидди Муҳаммад Аркун ва донишгоҳи Сорбонна ҳамагӣ туҳматҳои ғаразнок мебошанд. Донишгоҳи Сорбоннаи нав (Париж 3) дорои 800 донишҷӯй буд. 60 % онҳо донишҷуёни араб буданд [24,с.60].

   –Мубоҳисаи Бадавӣ бо Абдулло Нуъмон – муаллифи китоби “Секуляризм (дунявият) дар кишварҳои арабӣ” (Байрут‐1990) бахшида шуда буданд. Нуъмон нависандаи муосири Лубнон аст. Бадавӣ мегуфт: Нуъмон як дуруғгӯй ва ҳиллагар аст.

   –Доктор Муҳаммад Ғуллоб мисли Тоҳо Ҳусайн нобино буд. Дар Париж хонд ва дар фалсафа доктор шуд. Он нобиноёне, ки он солҳо дар Париж таҳсил мекарданд, кам набуданд. Доктори ироқӣ  Маҳдӣ Басир дар адабиёт, соли 1933 соҳибунвон гардид. Нафаре (ҳоло дар Бағдод) соли 1949 доктори ҳуқуқ шуд. Шахси сеюм Фатҳӣ Абдумунъим даҳ сол дар Париж таҳсил кард, вале ба унвоне нарасид...[24,с.65].

   Тоҳо Ҳусейн (1889 - 1973), Муҳаммад Ғуллоб (1899 – 1984) Сузон – зани Тоҳо Ҳусейн (1895-1989) низ дар Париж таҳсил намуда буданд [24,с.66].

Робитаи Бадавӣ бо Фуод Закариё. Шогирди Бадавӣ дар фалсафа

   Бадавӣ ва Фуод Закариё дар Кувайт дар як қисм бо ҳам кор мекарданд. Бисёриҳо мегуфтанд, ки Бадавӣ ба Фуод Закариё бо чашми мувофиқат нигоҳ намекард. Зоҳиран Фуод Закариё масеҳӣ буд.

   Сабаби хилоф: Як шарқшинос мақолаи чанд муҳаққиқи арабро (аз ҷумла Фуод Закариёро) ба фаронсавӣ тарҷума кардааст.

   Ба андешаи А. Бадавӣ ин мақолаҳо заҳрҳое зидди исломӣ доштаанд! [24,с.69].

   Назари Фуод: Устод Бадавӣ ба секуляристҳо (дунявиҳо) гумони бад дорад. Чун ба ақидаи ӯ гӯё илмониҳо (секуляристҳо) ҳатман исломро танқид мекунанд. Ва сабаб ин аст, ки Ғарб аз ислом метарсад. Илмониҳо (секулярҳо) ба ислом  ҳуҷум намекунанд. Дар ин мақолоти тарҷимашуда калимае бар зидди ислом гуфта нашудааст. Ҳақиқат ин аст, ки дар ватани мо баъзе шахсон ва гурӯҳҳои ифротӣ аз мавқеи исломи сиёсӣ кор мегиранд. Барои ба ҳокимият расидан дар кишварҳои худашон [24,с.70].

   – Пул барои ман муҳим аст, на қадршиносӣ!

   А. Бадавӣ: Шогирдони фаровоне дар олами арабӣ дорам, вале якеи онҳо аз ман ёде намекунад. Ба тариқи истисно як шогирд дорам, ки ҳамеша маро ёд мекунад. Ӯ Анис Мансур аст. Сомеҳ Курайим ҳам баъзан аз ман ёд мекунад.

Бадавӣ мегуфт: Ҳатто онҳое, ки аз ин дунё рафтаанд, сазовори мукофот шудаанд; Вале Бадавии зинда, ҳатто дар синну соли пирӣ ҳам ба мукофот ва ифтихорномаҳо сазовор намегардад [24,с.74].

   –Сомеҳ Курайим – хабарнигори маъруф ва мухлиси Бадавӣ мегӯяд: Бадавӣ соҳибмактаб дар таърихи фикри муосири инсонӣ буда, дар фарҳанги арабӣ ва дар тарҷума аст.

   Ҷабҳаҳои ҷангии зидди Бадавӣ аз нигоҳи Сомеҳ Курайим: Бар зидди китоби “Замони вуҷудӣ”,  ва ҷараёне, ки Тоҳо Ҳусейн онро “нав” ва “муфид” номида буд. Дар бораи Бадавӣ мегуфтанд: Дар фиқҳи исломӣ саҳме надорад; Навиштаҳои ӯ аз музахрафоте беш нестанд; дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи фикрии ростҳо мерақсид; Ин нағмаҳо – нағмаҳои ҷанозаие буданд, ки дар марги тамаддуни арабӣ – исломӣ иҷро карда мешуданд. Дар сурате, ки доир ба фарҳанги исломӣ зиёда аз 50 китоб навиштааст. Нағмаи ин китобҳоро – нағмаи музахрафи мотамӣ меҳисобиданд. Яъне, ҷараёни фикриаш ақибмонда аст (Чи хел ақибмонда, ки Бадавӣ пайрави фалсафаи вуҷудӣ аст. Фалсафаи вуҷудӣ авҷи баланди фикри башарӣ аст, ки то имруз расидааст)!!!

   –А. Бадавӣ аз М. Ҳайдеггер тақлид мекард. М. Ҳайдеггер аз тасаввуфи масеҳӣ тақлид карда буд. Вақте, ки А. Бадавӣ байни вуҷудия ва фикри исломӣ пайвастагӣ меҷуст, фикри вуҷудия кайҳо дар фикри исломӣ дохил шуда буд [24,с.75].

   – А. Бадавӣ худро ба илми академӣ бахшид ва аз ҳаёти иҷтимоӣ худро ба дур гирифт.

   – Душманони Бадавӣ туҳмат, овозаҳо ва васвасаҳо паҳн мекунанд, ки Бадавӣ ба инқилоби моҳи июли (1952) мухолиф аст. Бо Носир ва ҳукумати ӯ мушкилӣ дорад.

   Ҷавоби Сомеҳ Курайим: А. Бадавӣ ҳеҷ гоҳ ба инқилоб мухолифат накарда буд. Дар рӯзҳои аввали инқилоб ӯро ба хориҷ (Олмон) фиристоданд. Таълифи Конститутсияи навро ба уҳдаи ӯ гузоштанд. Тоҳо Ҳусейн пуштибони ӯ буд. Инқилоб Бадавиро эътироф кард, ҳарчанд, ки ӯ ҳуқуқшинос набуд. Вале дар раҳбарии 50 ҳуқуқшинос барои таълифи конститутсияи нав талош варзид. Ҳукумати инқилоб ӯро соли 1956 ба сифати маслиҳатчии фарҳангӣ ба муддати се сол ба Шветсария фиристод. Ин боварии ҳукуматро нисбат ба шахсияти иҷтимоии А. Бадавӣ нишон медиҳад. Чаҳорум: Заминҳои хонаводаи Бадавиро ҳукумат ғасб накард, балки шахсоне пой дар миён доштанд, ки баъди чанд моҳе он заминҳоро ба соҳибашон баргардонданд.

   Анвари Содот бо шунидани он, ки дар Либия нисбат ба Бадавӣ бадрафторӣ карданд, фавран ӯро ба Миср баргардонд. Бадавӣ ин хизмат ва эҳтиромро ҳамеша дар хотир дошт. Ин ҳам нишонаи эҳтироми ҳукумати инқилоб нисбат ба Бадавӣ буд. Соли  1992 Ҳусни Муборак дар мулоқот бо олимон ба вазири маданият фармоиш дод, ки ба Бадавӣ изҳори эҳтиром намоянд. Яъне ҳукумати инқилоб нисбат ба Бадавӣ ҳамеша ҳусни ният дошт. Ин масъала ба баҳсу ҷадал ҳоҷат надорад (Сомеҳ Курайим). (Барояш гуфтанд, ки зиёиён ва академикҳои араб аз шунидани хабари он, ки шумо тарҷумаи китоби “Сирати Пайғамбар”-и Ибни Ҳишомро бо забони франсавӣ ба охир расондаед, сахт шод шуданд.) Доктор Бадавӣ бо лаҳҷае омехта бо тундӣ гуфт: “Ман борҳо ва борҳо ба ту гуфта будам, ки ман аз касе ситоиш ва мукофотро чашмдор нестам. Ман ин китобро ба хотири он тарҷума намудам, ки нисбат ба дигар китобҳо дар бораи саргузашти Муҳаммад (с) маълумоти объективонатар медиҳад. Дуюм ин, ки зиндагии Муҳаммад имрӯзҳо мавриди баҳси ҳамагон аст. Вале ин баҳсҳо пуч ва беҳудаанд. Нависандагони Ғарб бештар ба ин баҳсҳои пуч даст мезананд. Ман хостам, ки дар рад ва инкори назари онҳо ҳуҷҷате ҷиддӣ пешниҳод намоям.”

   Сеюм: Хостам ки силсилаи таҳқиқотҳоямро, ки ба ислом бахшидаам, такмил намоям. Аз ҷумла ду китобе, ки ба франсавӣ навиштам, ки муҳимтаринаш инҳо мебошанд: “Дифоъ аз Қуръон бар зидди мунаққидони он”  ва китоби “Дифоъ аз ҳаёти Муҳаммад бар зидди туҳматгарони он”. Ва баъд доктор Бадавӣ илова намуд: тарҷумаи фаронсавии китоби “Сирти Ибни Ҳишом” ба забони фаронсавӣ солҳо ба таъхир афтод. Масалан, олмониҳо ин китобро соли 1866 ба олмонӣ тарҷума намуда буданд. Англисҳо соли 1955. Маълум аст, ки олмониҳо нисбат ба тамаддуни исломӣ назар ба англисҳо таваҷҷуҳи бештаре доранд [24,с.79].

   Бадавӣ доир ба тарҷумаи Қуръоне, ки шарқшинос Шурокӣ анҷом додааст, мегӯяд: “То ҳол бар ин ақидаам, ки ин тарҷумаи Қуръон аст, ки то ҳол навишта шудааст. Аксарият низ бар ин ақидаанд”. Дар даромадгоҳи боғи “Люксембург” доктор Бадавӣ гуфт: “Агар маро дар китобхонаҳо пайдо накунӣ, ба яқин ман дар ин боғ ҳастам. Дар ин боғ ба ёди устодон ва дӯстонам меафтам. Тоҳо Ҳусейн ҳам баъзан ба ин боғ меомад. Сӯзонро соли 1976 дар ин боғ дидам, ки дар тӯйи издивоҷи наберааш омода буд. Духтари Муънис Ҳусейн. Чун ба назди ҳавзи фавворадор расидам, Бадавӣ гуфт: “Ҳаргоҳ ба ин ҷо биёям, одатан ба ёди чеҳраи Шайх Мустафо Абдурраззоқ меафтам, ки соли 1915 дар Лион фанни шариати исломиро дарс медод. Дар ин сол буд, ки “Рисолаи Тавҳид”-и  Муҳаммад Абду ба фаронсавӣ тарҷума шуд... Шайх Абдурраззоқ Парижро дӯст медошт. Доктор Бадавӣ афзуд: “Бисёр вақтҳо дар ин ҷо бо Тавфиқ-ул-Ҳаким мулоқот мекардам. Ӯ аз мухлистарин дӯстони ман буд. Дӯстии мо аз хеле барвақт оғоз шуда буд. Гӯё мо ҳарруз нӯҳ соатро бо ҳам мегузарондем. Ин рӯзҳо ба давраи ҷанги дуюми ҷаҳон рост меоянд. Ва табассум карда афзуд: “Дар наздикии ин боғ театри “Одион” қарор дошт. Маъшуқаи Т. Ҳаким дар он билет мефурӯхт. Т. Ҳаким аз ӯ сахт  мутаассир ва ранҷидахотир гардид. Хост ки он занро баргардонад. Зан баргаштан нахост, чун ошиқи дигаре ёфта буд. Т. Ҳаким чораро дар он дид, ки барои ёрӣ ба яке аз авбошони Қоҳира бо номи Юсуф Шаҳдӣ муроҷиат намояд. Юсуф Шаҳдӣ ин пешниҳодро рад карда ба ӯ гуфт, ки ҷиноятҳои дар Қоҳира анҷом додаам, барои тамоми умрам басандаанд... Мегӯянд, ки Т. Ҳаким бахил ва хасис буд. Ин назар дуруст нест. Оё касе ки намехоҳад барои дигарон пул сарф кунад, бахил аст![24, с.82].

–Бадавиро гуфтем, ки дар Миср мехоҳанд, ки туро ба мукофоти Нобел пешниҳод намоянд. Гуфт: “Ин як кори аз ҳама осон аст, вале фаромӯш накун ки аҳли ҳаллу ақд (масъулини ин кор) ҳама аъзои академияи Швейтсария ҳастанд. Ба андешаи ман онҳо ин ҷоизаро ба шахси арабии дигар ҳеҷ гоҳ намедиҳанд ва агар диҳанд ҳам баъди даҳҳо сол баъд. Зеро ки Наҷиб Маҳфуз ба наздикӣ ин ҷоизаро гирифта буд”. Баъд табассум кард ва гуфт: Ин ҷоиза ҳоло арзиши адабӣ надорад. Он чи ки дорад, арзиши пулии он аст. Арзиши моддии он ҳоло 650 ҳазор доллар аст. Оқибат номи доктор Бадавӣ дар рӯйхати шахсони пешниҳодшуда ба ҷоизаи Муборак ба нашр расид [24,с.88].

Ду гувоҳӣ:

  1. 1. Доктор Сарват Бадавӣ: Қаззофӣ бародарам (доктор Бадавӣ)-ро ба туҳмати куфр(ерес‐илҳод) ва фосид намудани ҷавонон ба зиндон маҳкум кард.
  2. 2. Фуод Закариё: устоди мо Бадавӣ дили моро аз ғам ва дард моломол намуд ва даҳони моро аз талхӣ! [24, с.89].

   Доктор Сарват Бадавӣ мегӯяд:

–Бародарам Абдурраҳмон дари ҳуҷраашро қуфл мекард, то ошпазҳо китобҳояшро надузданд.

–Хабарчиниҳо ва ғайбатҳои вазир Камолиддин Ҳусейн сабаби ғазаби бародарам гардид, ки нисбат ба инқилоб ва сарварони он бадгумон гардад ва ахиран вазифаи советникӣ-мушовириро дар Швейтсария тарк кунад. Аз тарафи дигар таълифу ситоиши устодам Тоҳо Ҳусейн ба ин маъно ки ман аввалин файласуфи Мисриро мебинам (яъне Абдурраҳмон Бадавиро) адади ҳосидон ва бахилонро зиёд кард ва инчунин дар вақти фароғат луғатномаи бузурги фаронсавии “Лорус”–ро ҳифз ва аз ёд мекард. Ману бародарам Абдурраҳмон дар сини даҳсолагӣ аз Шарбос ба Қоҳира омадем. Он вақт шаҳодатномаи ибтидоиро дар даст доштам, ки аз мадрасаи Фарску буд. Ва дар Қоҳира ба мадрасаи миёнаи “Саъидия” пайвастам. Мо бо баъзе бародарон ва хоҳарон дар кӯчаи Ҳамдон зиндагӣ мекардем. Бародарам сарвар ва бузурги мо буд. Вақти ба Қоҳира расидан соҳиби Лесонс дар адабиёт шуд. Нисбат ба мо сахтгирӣ мекард ва ноинсофӣ ва зулм раво медид. Мо ҳама аз ӯ метарсидем, зеро ки сахтгирии аз ҳад ва андоза берун мекард. Ҳуҷраи шахсии худашро қуфл мекард ва берун мерафт. Ба ин хотир ки ошпазҳо китобҳои ӯро надузданд. Соли 1945 буд. Масъули ҳукуматӣ ба хонаи мо омада аз бародарам пурсиданд. Ӯ дар хона набуд. Ду соат интизор шуданд. Наомад. Он ду қуфли хонаро шикаста ҳамаи варақҳояшро дуру дароз тафтиш намуданд, ки оё вай ба масъалаи террори Аҳмад Моҳирпошо робитае дорад ё не. Чизе наёфтанд. Ба ҷузъ даъватнома ба ёдбуди Мустафо Камол. Он ду бо қаҳр ба ман фармон доданд, ки он даъватномаро пора‐пора карда, партоям. Ман чунин кардам. То исбот шавад, ки Абдурраҳмон аъзои ҳизби ватанӣ нест. Вале дар ҳақиқат аъзои ин ҳизб буд [24,с.92]. Соли 1938 Лесонс гирифт. Бисёр менавишт. Китобҳои муҳими ӯ харидорон ва ҳаводорони бисёр дошт. Хусусан китобҳои “Нитше”, “Шопенгауер” ва “Ташвишҳои ҷавонӣ” сахт мавриди писандашон афтоданд. Бародарони маро бо осори Манфалутӣ ва навиштани шеър ошно кард. Ҳамчунин таваҷҷуҳи маро ба ватандустии Мустафо Камол ва Муҳаммад Фарид барангехт. Ба воситаи ташвиқи ӯ ман Олмонро дӯст доштам ва Англисро нафрат кардам. Вақте, ки институти таббиро рад карда, ба куллияи (факултети) ҳуқуқ гузаштам, нисбат ба ман бадрафторӣ мекард: Ба сарам дод мезад, масхара мекард ва масъулияти нобарориҳои зиндагонии хонаамонро ба гардани ман бор мекард.  Мо  ҳама  вақт аз ӯ метарсидем. Номашро ва ё лақаби “доктор”-ро  аз тарс  ба забон намеовардем. Муддати панҷ сол, ки дар мактаби миёна мехондем, телевизор тамошо накардем ва ҳар рӯз пеш аз намози шом ба хона медаромадем. Ин  сахтгириро аз падарамон ба мерос  гирифта буд, ки падарам   ҳамеша   ба   ман   ва   дигар  бародаронам   хеле   сахтгирӣ  мекард. Аз ёдам  намеравад,  ки  боре  Абдурраҳмон  як  шабонаруз  пулҳои  фиристодаи падарамро  ба  ман  надод.  Бародарам  муҳандис  Муҳаммад Абдулмунъим дар муддати дар деҳаи Шарбос буданаш, аз тарси падарам аз сигоркашӣ маҳрум буд. Аммо Абдурраҳмон тамоми вақт ба мутолиа ва фикру андеша банд буд. Ҳамеша гирифтори андеша сари омузиши забонҳо буд ва дар асл хотираи оҳанин дошт. Дар борааш мегуфтанд, ки даҳ забонро ба хубӣ фаро гирифтааст. Шабу рӯз китоб мехонд. Ҳатто дар мавсимҳои ид ҳам китобҳояшро ба деҳаи мо Шарбос бо худ меовард. Кор бо зироатро хело дуст медошт [24,с.94].

– Ба инқилоб наздикӣ дошт. Оё намешавад фикр кард, ки бадрафтории ҳукумат нисбат ба замини хонаводагии мо сабаб шавад, ки ӯ нисбат ба ҳукумат душман шавад? Ва ин масъаларо дар китоби “Саргузашт”-аш низ зикр кунад? Вале ӯро душмани Инқилоби июлӣ ҳисобидан, хато аст. Баръакс, ӯ ҳамеша аз ин инқилоб дифоъ мекард. Аз ин инқилоб умедҳои калон дошт. Ба ин маъно, ки барои пешрафти ҳамаи кишвари Миср зарурӣ аст [24,с.94]. Мисолаш ин, ки ҳодисаи дар Искандария рӯй додаро бо телевизион дидам ва рафта ба бародарам гуфтам. Ранги рӯяш парид ва гуфт ин хабар бояд дуруғ бошад. Ту ҳақиқати  масъаларо нафаҳмидӣ!. Ӯ солҳо бо ман қаҳрӣ буд, гап намезад ва моро бо истеҳзо нигоҳ мекард. Танҳо вақте, ки рисолаи докториамро дар Париж ба муҳокима гирифтанд, ба наздам омад... Ёд дорам ки хонаводаи мо Абдунносирро дар хонаи худамон дар Шарбос ба таври сазовор пешвоз намуда будем. Бадавӣ узви комитаи таълифи Конститутсияи Миср буд. Дар асл сабаби мушкилот боварӣ байни ӯ ва сиёсатмадорони Инқилоб, туҳматҳо ва ғайбатҳои Миср шуд, ки он замон хеле  баргу бор дошт. Ин кори ноҷавонмардон, бахилон ва ҳосидони замон буд. Аз ин гузашта, ҳосидон ба дараҷаи докторӣ расидани бародарамро бо теғу найза пешвоз гирифтанд. Махсусан, сухани ситоишомези устодаш Тоҳо Ҳусейн доир ба ӯ ҳамаро ба шӯр овард: “ Ман аввалин файласуфи мисриро дар симои ӯ мебинам!” Боре доктор Муҳаммад аш-Шофеӣ ба ман гуфт, ки Сарват маро гӯш кун. Тоҳо Ҳусейн дар ҳаққи бародарат ҷинояти набахшиданӣ кард. Зеро, ки ба ӯ унвони “Файласуф” дод. Ва ҳамаи дӯстонашро бо ӯ душман кард. Дар воқеъ дӯстоне ҳастанд, ки худ коре намекунанд, вале аз кардаи шахси дигар ба ғазаб меоянд!!! Иштибоҳи ҷиддии дигари Абдурраҳмон ин буд, ки дар Швейтсария ҳар ҳафта бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва немисӣ дар Донишгоҳҳои ин кишвар суханрониҳо мекард ва ба вазорати корҳои хориҷии Миср  маълумотҳо мефиристод, дар ин боб, ки дар Швейтсария фаъолиятҳои сионистӣ рӯз то рӯз авҷ мегирад. Ва ректори донишгоҳ Аҳмад Бадавиро (ки аз оилаи Бадавиҳо нест), барои ғайбатгарӣ аз рӯи курсиаш ба замин партофтааст [24,с.96].

Ҳодисаи дигар: Вазир Камолиддин Ҳусайн бо ҳавопаймо равонаи Асувон будааст. Ҳангоми сафар доктор Аҳмад Бадавӣ дар гӯши  вазир мегӯяд, ки вуҷуди Бадавӣ бо сифати мушовир ба Миср хатар дорад. Барои он ки Абдурраҳмон Бадавӣ “мулҳид” ва “зиндиқ” аст. Ва дар Донишгоҳҳои  Швейтсария ақидаҳои мулҳидонаи худро тарғиб мекунад!. Ҳақиқат ин аст, ки ин вазир дар  асл дустдори шунидани ғайбату бадгӯиҳо буда, баъди бозгашташ аз Асувон ба Қоҳира бародарамро аз Швейтсария ба сифати мушовири фарҳангӣ боз мехонад. Бародарам марди баландпарвоз ва ватандусти эҳсосотӣ буд. Аз Инқилоб чашмдор буд, ки ватанро (Мисрро) аз фасод ва истеъмор наҷот медиҳад. Ӯ дар сиёсат таҷрибаи амалӣ надошт. Барои ҳамин ин дасисаҳо ӯро мефирефтанд! Дар Швейтсария аз соли 1956 то охири 1958 кор кард. Дар хотироташ он чи дар бораи Зағлул ва Нуҳос навишта, сад дар сад саҳеҳ ва дуруст буданд. Саъд Зағлул як хидматгори сарсупурдаи ҳукумати Англия буд. Шавҳари духтари Мустафопошо Фаҳмӣ буд. Яке аз бузургтарин шахсиятҳои ҳамкор бо истеъморгарони Англия, Зағлул буд, ки аслан савори мавҷи Инқилоб буду бас. Инқилоби соли 1919. Тухмаи аввалияи ин инқилобро Мустафо Комил ва Муҳаммад Фарид дар дили мардуми Миср кошта буданд. Ҳосидони баъдина ва ҷадид бори дигар кӯшиш намуданд, ки бо таҳрифи андешаҳои бародарам дар “Зиндагинома” – аш шахсияти ӯро хадшадор намоянд. Доир ба Тоҳо Ҳусейн аслан дуруст навиштааст.

Ба ибораи дигар, ман ба назароти ӯ мувофиқ нестам. Лекин ҳуҷумҳои бадхоҳон бо сабаби таълифи ин хотирот аз ҳар боб ва назар ҳуҷумҳои сангдилона ва бераҳмона буданд [24,с.98].

Яке аз одатҳои бародарам баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ин буд, ки се моҳи ҳар солро дар Урупо ва Париж мегузаронид. Махсусан дар Голландия ва Испания барои шиносоӣ бо дастхатҳо бародарам гӯё мири шаҳри Париж буд. Соати ҳашту ним аз меҳмонхонаи Лутсия мебаромад ва дар маҳаллаи Лотинӣ ифтор мекард (ба таври дақиқ дар қаҳвахонаи Маркизун, ки дар кӯчаи Сан-Мишел воқеъ аст. Дар ин вақт бо шогирдон ва мухлисонаш мулоқот мекард. Баъди ду соат равонаи китобхонаи миллӣ гардида, ва то соати 5-и бегоҳӣ ба мутолиа ва таълиф машғул мешуд. То соати ҳафтуним бо шогирдонаш мулоқот мекард ва дар яке аз қаҳвахонаҳо хуроки шом мехӯрд. Ва баъди он шабро бо тамошои театр,опера ва нишаст дар қаҳвахонаи Сан-Жерман бо олимон ва мутафаккирон мегузаронд. Соли 1949 барои омода намудани рисолаи илмиам ба Париж рафтам. Ҳамаҷо шогирдони ӯро медидам, ки  омодаи хидмат ва ёрӣ барои ман буданд. Албатта ба хотири бародарам Абдурраҳмон. Бародарам дар зиндагии шахсиаш аз рӯйи барномаи дақиқ ва мукаммале фаъолият менамуд ва онро бо ҷиддият риоя мекард [24,с.99-100].

Бародарам хотираи оҳанин дошт. Ҳамаи хурду бузурги рӯзгорашро ба хотир дошт. Соли 1954 шунидам, ки бародарам ҳамон Энсиклопедияи Лорусро аз ёд мекард. Шахсан худам ӯро имтиҳон кардам. Ба ҳама саволҳои ман ҷавоби саҳеҳ дод. Баъди солҳо аввалин шуда, маънои дурусти калимаи Урупоии “Donnes”-ро ба калимаи арабии “додаҳо” тарҷума кард. Масъалаи заминҳои деҳаи Шарбос барои ӯ муҳим набуданд. Вале ӯ аз ин дар ташвиш буд, ки мабодо роҳи сафари ӯро ба хориҷа бубанданд! Ҳангоми дар зиндонҳои Либия будан, чанд боре  ба ҳолати афсурдагӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Барои ӯ туҳмат карданд, ки “ еретик” (“мулҳид”) ва аз фосидкунандагони ҷавонон аст. Ва бо дахолати Ашраф Марвон аз зиндони Қаззофӣ ва Либия озод гардид. Зери таъсири ин зиндагии зиндонӣ ҳолатҳои наверо амалӣ кард: Ба қадри вақт расидан; Тарс аз одамизодагон; Нобоварӣ нисбат ба инсонҳо; Риояи худкифоӣ дар молу дороии шахсӣ ва як навъ сарфакорӣ ва бахилии дарднок  ва ғайра. Падар ва модарам ҳамеша сухан ба миён мегузоштанд, ки бояд Абдурраҳмонро хонадор кунем. Вале бародарам бо хатми донишгоҳ ба хулосаи шахсӣ расид, ки  ҳеҷ гоҳ хонадор намешавад! Ҳамеша бояд муҷаррад монад [24,с.101]. Ӯ дар ин ақида буд, ки созмон додани оила, хона, фарзанд ба кори илму таҳқиқ сахт халал эҷод мекунад! Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин тасмимаш пушаймон набуд ва нашуд. Мо ҳамагӣ ӯро ташвиқ мекардем ва ӯ дар ҷавоби мо танҳо табассум мекарду бас. Дар синни 35 солагӣ вонамуд мекард, ки гӯё аз муҷаррад буданаш пушаймон шудааст. Вале дар ҳақиқат ин “вонамуди пушаймонӣ” аз як муҷомала ва дипломатияе беш набудааст! Аз солҳои 50-уми асри XX дар меҳмонхонаи Лутсияи маҳаллаи Лотинии шаҳри Париж иқомат мекард. Гуё ин меҳмонхона ҳама шароитҳоро барои иқоматкунандагон доштааст. Ӯ дар як ҳуҷраи хоксоронае зиндагӣ мекард, ки то сақфаш пур аз китоб буд! Ҳаммоми хурде дошт. Дар кунҷи дигараш тахти хоб воқеъ буд. Китобҳо тартиб надоштанд. Вале бародарам бо хотираи оҳанинаш дар куҷо будани ҳар китобро медонист! [24,с.102].

Шабҳо ҳеҷ гоҳ ба кӯча намебаромад, бо вуҷуди ин ки солҳои 40-50-ум “марди шабгарде” буд! Вақте дар ҳуҷраи худ дар меҳмонхонаи Лутсия маро пешвоз гирифт, ман ба ҳуҷрааш нигоҳ кардам, ба назарам намуд, ки ин ҳуҷра бо ҳуҷраи кӯчаи Ҳамдони дар ал – Ҷиза доштамон хеле шабеҳ ва монанд аст. Танҳо қуфлҳои дарҳо фарқ мекарданду бас! [24,с.103].

Шогирди аввалини ӯ:

Фуод Закариё

Доктор Фуод Закариё доир ба устодаш Бадавӣ чунин мегӯяд: (Сарват Бадавӣ дар ҷавоби суоли Саъид чунин гуфт): “Шогирдони бародарам дар олами арабӣ фаровонанд. Вале дӯстдоштатаринаш устоди маъруфи фалсафа, Фуод Закариё аст.

Сарват Бадавӣ: ба донишгоҳи Корнилияи США рафта, дар китобхонаи он ҳуҷраи боҳавояшро дидам, ки пуропури осори Бадавӣ буд. Ҳайрон шудам. Таълифоти ӯро бо забони англисӣ то ин вақт ман намедонистам ки бародарам бо англисӣ ҳам китоб менависад. Атрофиён фаҳмиданд, ки бародари Бадавӣ ҳастам, хеле эҳтиром карданд.

Саъид: Дар бораи бахилии ӯ чӣ назар доред?

Сарват: Дар баъзе масъалаҳо шояд бахил буд. Масалан, ба сару либосаш диққат намедод. Ҳеҷ гоҳ дар хонаи дар Ҷиза доштаи мо ягон меҳмон даъват намекард. Ин бахилӣ сабаби моддӣ надорад. Ӯ дар фикри истифодаи вақт буд, то зоеъ нашавад. Аз давраи донишҷӯияш дар донишгоҳ ду ранг либос мепӯшид: кабуд ва рамодӣ (хокистарранг) костюмаш ҳамеша кабуд буду шимаш доимо хокистарӣ. Рафтан ба мағозаҳои либосфуруширо қабул надошт. Боре ба ман гуфт: Бародар, охир   чаро вақти худро сарфи як кори беарзиш намоем?! Вақтро бояд дар ҷойҳои тамошобоби Париж бояд гузаронд. Хӯроки дӯстдоштаи ӯ ал – кискис буд, ки дар як ошпазхонаи марди Лубнонӣ фурухта мешуд. Занаш аз минтақаи Элзас буд. Саъид: Доир ба ҳодисаи зиндонӣ шуданаш дар Либия чӣ?

Сарват Бадавӣ: Ин ҳодисаро ба таври тасодуфӣ фаҳмидем. Бародарам Сидқӣ Бадавӣ ба Либия рафт. Худи ӯ он замон дар ҳайати Канали Суэс кор мекард то Абдурраҳмонро бубинад. Вале ӯро наёфт. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки ӯ ҳоло дар зиндон аст! Ман ба зудӣ ба вазири хориҷа Муҳаммад Ҳасан аз-Заёт занг задам, ки ӯ дӯсти Абдурраҳмон буд. Ҳамкурсаш дар Донишгоҳ ва аз аҳли деҳаи Шарбос буд, шавҳари духтари Тоҳо Ҳусейн. Вазир ба Анвари Содот занг зад (дар Бурҷи Араб)- Содот ҳам яке аз мухлисони бародарам буд. Ба Қаззофӣ занг заданд. Қаззофӣ ваъда дод, ки ӯро аз зиндон озод мекунам, вале ба ваъдааш вафо накард. Ба чандин шахсиятҳо ки бо Либия иртибот доштанд, занг заданд, вале натиҷае ҳосил нашуд. Оқибат ба Ашраф Марвон муроҷиат намудам. Ӯ дӯсти Қаззофӣ буд. Се соат баъд ба ман занг зад, ки Абдурраҳмон равонаи Қоҳира гардид. Сабабро пурсидам. Гуфт: Ба коммунист будан туҳматаш карданд ва боз гуфтанд, ки аз “Ихвон-ул-муслимин” аст. Ин ду туҳмат аз назари равонӣ ба ӯ сахт таъсир карда буд. Асрори ҳодисаи зиндонӣ шудан: Ақид (полковник) Қаззофӣ ба зиёрати Донишгоҳи Банғозӣ рафта буд. Бо баъзе аз донишҷуёне, ки мулоқот кард дар саволу ҷавоби онҳо ба табъи дилаш чизе наёфт. Фармон дод, ки онҳоро ҳабс кунанд. Нафаре ба Қаззофӣ мегӯяд, ки инҳо шогирдони А. Бадавӣ ҳастанд ва андешаҳои устодашонро гуфтанд. Фармон медиҳад, ки Абдурраҳмонро низ ҳабс кунанд. Ҳабс карда шуд. Вале нисбат ба ӯ бадрафторӣ накарданд. Танҳо шароити сахти зиндон ӯро аз назари равонӣ ранҷур кард ва гирифтори ҳолатҳои афсурдагӣ гардид. Дар сурате, ки Қаззофӣ худро яке аз мухлисони доктор Бадавӣ меҳисобид. Баъдтар маълум гардид, ки ин ҳодиса кори як донишҷӯйи аз имтиҳон афтода будааст. Ин кас аз фанни фалсафа дар имтиҳон афтод. Устоди имтиҳон Бадавӣ буд. Ва аз Бадавӣ қасос гирифт [24,с.106].

Ин буд шаммае аз ҳодисаҳое, ки мухолифон ва ҳосидони доктор А. Бадавӣ дар зиндагии ӯ қасдан эҷод намуда буданд.

Хулосаҳо

Ҳангоми баррасии ин мавзуъ ба хулосаҳои зерин расидем:

1. Доктор Абдурраҳмон Бадавӣ як шахсияти асили мисрӣ ва арабӣ мебошад.

2. Хонаводаи ӯ аз табақаи заминдорони Миср буд.

3. А.Бадавӣ ва бародаронаш аз таҳсилоти ҷолиб ва арзандае бархурдор буданд.

4. Ҳангоми дифои рисолаи докторӣ (29 майи соли 1944) адиби маъруфи Миср доктор Тоҳо Ҳусайн дар ситоиши ӯ гуфт: “Ман хеле шодам, ки мо ҳамагӣ аввалин файласуфи асили Мисрро муборакбод мегӯем”.

5. Доктор Абдурраҳмон Бадавӣ аз нигоҳи фалсафӣ муҳимтарин ва ҷолибтарин мавзуи илмӣ ва фалсафиро мавриди таҳлил қарор дода буд. Мавзуи рисолаи докториаш чунин ном дошт: “Масъалаи марг дар фалсафаи вуҷудӣ ва замони вуҷудӣ”. Ин мавзуъ дар он замон ва ҳоло ҳам мавриди таваҷҷуҳи файласуфони Шарқ ва Ғарб мебошад.

6. Баъзеҳо ӯро аввалин файласуфи Миср баҳо дода, дигарон ӯро пайрави Марин Хейдеггери мулҳид ба ҳисоб овардаанд.

Комил БЕКЗОДА  

доктори илмҳои фалсафа

САРЧАШМАҲО:

  1. Абдулқодир ибни  Муҳаммад ал-Ғомидӣ. Абдурраҳмон Бадавӣ: ҷараёни фалсафӣ ва методологияи он дар омӯзиши мазҳабҳои исломӣ. Баён ва нақд. Нашри дуюм: 1438ҳ.қ=2017м, 607с; 1328ҳ.қ.= 2005м,-Маккаи мукаррама.
  2. Абдурраҳмон Бадавӣ. Афлотун дар ҷаҳони ислом. (Таҳқиқ). Теҳрон-1974.
  3. Абдурраҳмон Бадавӣ. Муқаддимаи ҷадид дар фалсафа. Кувайт-1975.
  4. Абдурраҳмон Бадавӣ. Расвоиҳои ботиниён. Таълифи Абуҳомиди Ғаззолӣ. (Таҳқиқ) Қоҳира-1964.
  5. Абдурраҳмон Бадавӣ. Таърихи тасаввуфи исломӣ. (Дар се ҷилд) Кувайт-1975.
  6. Абдурраҳмон Бадавӣ. Фалсафаи тамаддун. Асари Алберт Швейтсер. (Тарҷума ва муқаддима). Бейрут-1980.
  7. Абдурраҳмон Бадавӣ. Хавориҷ ва шиа. Таълифи Юлиус Велҳаузен. (Тарҷума ва таҳқиқ). Қоҳира-1959.
  8. Абдурраҳмон Бадавӣ. Ҷустуҷуҳое дар таҳқиқи фалсафаи вуҷудӣ (экзистенсиалистӣ). Қоҳира-1961.
  9. Абдурраҳмон Бадавӣ. Аз таърихи илҳод дар ислом. Қоҳира-1945.
  10. Абдурраҳмон Бадавӣ. Артур Шопенгауэр. Қоҳира-1942.
  11. Абдурраҳмон Бадавӣ. Гуманизм ва экзистенсиализм дар фикри арабӣ. Қоҳира-1947.
  12. Абдурраҳмон Бадавӣ. Густохиҳои сӯфиён. Қоҳира-1949.
  13. Абдурраҳмон Бадавӣ. Замони вуҷудӣ. Қоҳира-1945.
  14. Абдурраҳмон Бадавӣ. Зиндагии ман. Ҷилди аввал. Муассисаи арабӣ доир ба таҳқиқот ва нашр. Бейрут. 2000. 382с. (Ба забони арабӣ).
  15. Абдурраҳмон Бадавӣ. Зиндагии ман. Ҷилди дуюм. Муассисаи арабӣ доир ба таҳқиқот ва нашр. Бейрут. Нашри аввали арабӣ, 2000. 383 с. (Ба забони арабӣ).
  16. Абдурраҳмон Бадавӣ. Инсони комил дар ислом. (Тарҷума ва таҳқиқи матнҳо). Қоҳира-1950.
  17. Абдурраҳмон Бадавӣ. Мазҳабҳои исломӣ. Ҷилди аввал, Бейрут-1971; Ҷилди дуюм, Бейрут-1973.
  18. Абдурраҳмон Бадавӣ. Мероси юнонӣ дар тамаддуни исломӣ. Қоҳира-1941.
  19. Абдурраҳмон Бадавӣ. Нитше. Қоҳира-1939. (Осори ин феҳраст нашри аввали арабии китобҳои А. Бадавиро дар бар мегирад).
  20. Абдурраҳмон Бадавӣ. Освалд Шпенглер. Қоҳира-1941.
  21. Абдурраҳмон Бадавӣ. Шахсиятҳои дигарандеш дар ислом. (Тарҷума ва таҳлил). Қоҳира-1947.
  22. Абдурраҳмон Бадавӣ. Энсиклопедияи фалсафӣ. Ҷилди аввал ва дуюм, нашри “Муассисаи арабӣ доир ба таҳқиқ ва нашр”. Бейрут-1984. 593с.
  23. Бобак Аҳмадӣ. Ҳайдеггер ва таърихи ҳастӣ. Нашри марказ. Теҳрон: Чопи аввал 1381-2002. Чопи панҷум: 1389-2010, 888с. (Нақд ва тафсир).
  24. Доктор Саъид Ловандӣ. “Абдурраҳмон Бадавӣ файласуфи экзистенсиалисте, ки ба сӯйи дини Ислом гурехт”. Қоҳира-2001. Нашри аввали арабӣ, 179с.
  25. Моҳир Шафиқ Фарид. Абдурраҳмон Бадавӣ дар ойинаи муосиронаш. Бейрут‑2009.
  26. Ситорае дар осмони фалсафа: Абдурраҳмон Бадавӣ. (Маҷмуаи мақолот). Зери назари доктор Аҳмад Абдуҳалим Атия ва Фикрӣ ан-Наққош. Нашри дуюм. Ҳайати умумӣ доир ба Қасрҳои фарҳангӣ. Қоҳира-2002.
Хондан 1515 маротиба