JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 30 Апрели 2024 13:58

Ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба давлатҳои миллӣ

Муаллиф: Нусратуллои Назариён

  Дар замони муосир кишварҳо  ҷиҳати  ҳифзи бақои худ ва иштирок дар муносибатҳои байналмилалӣ, барои бунёди се кафолати муҳим вазифадор мебошад. Аз ҷумла таъмини бозори озод дар иқтисод, демократия дар сиёсат ва  ҳукумронии арзишҳои либерали дар фазои иҷтимоӣ. Ин падидаҳо дар давоми таърихи мавҷудияти давлатҳои  натиҷаи ташаккули фарҳанг, бархӯрди тамаддунҳо ва авлавияти арзишҳои ҷаҳони ғарб маҳсуб гардида бо раванди ҷаҳонишавӣ ва тақвияти давлатҳои миллӣ сахт алоқаманд мебошанд.  Шояд ба зеҳни камтаринҳо ин суол хутур намояд, ки чаро ҷаҳон чунон аст ки имрӯз мебинем. Чи гуна ҷаҳон ба ин сатҳ расид ва чаро мо дар давлатҳои миллӣ зиндагӣ менамоем. Ва ё инсоният кадом марҳилаҳои рушди тамадунро паси сар намуду дар кадом марҳила қарор дорад. Ҷаҳони сад соли қабл аз ҷаҳони имрӯз ба кулли тафовут дошт ва касе қудрати тасаввури дастовардҳои имрӯзаи инсониро доро набуд. Муссалам аст, ки ҷаҳони сад соли баъд низ аз ҷаҳони имрӯз фарқияти хеле зиеде хоҳад дошт ва назму вазъи сиёсию иқтисодӣ ва авзои бозори меҳнат барои мо дар оянда қобили пешбини нест.  Танҳо маълум аст ки як ҷаҳони мутафовит ва комилан дигар хоҳад буд. Дарки ин тафовутҳои аз зарфияти зеҳнии ҳар ҷомеа вобаста буда таҳлилу барраси он ҷиҳати шинохти мавқеи худ дар олами иқтисоду сиесат ва муайян намудани масири миллат дар ояндаи дур , амри зарури мебошад.

  Имрӯз ҷаҳон аз давлат-миллатҳо иборат мебошад. Ҳарчанд пеш аз пайдоиши давлатҳои миллӣ дар ҳар манотиқи ҷаҳон миллатҳо вуҷуд доштанд, аммо шароити мусоид ҷиҳати рушду ташаккули миллатҳо дар доираи чунин давлатҳо  фароҳам оварда шуд. То замони мо миллатҳо ду давраи таърихии ташаккули худро сипарӣ намуда, дар марҳилаи гузариш ба давраи севвум қарор доранд. Ин се давра, яъне се давраи пайдоиш ва рушду ташаккули миллатҳоро мо метавонем дар заминаи назаряи машҳури Элвин Тоффлер  бо номи “Мавҷи севвум” мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем. Ҳарчанд ин назария  фарогири мавзӯъҳои чун давлати миллӣ, раванди ҷаҳонишавӣ ва ё ташаккули миллатҳо нест, ман кӯшиш менамоям то давраҳои пайдоиш ва ташккули миллатҳо ва бархурди давлатҳои миллӣ бо раванди ҷаҳонишавиро дар заминаи ин назаря муайян созам. Ба андешаи Тоффлер то имрӯз ҷаҳон се мавҷи тарақиётро сипари намудааст, ки дар ин давра тамаддуни инсони рушд намуда, муносибатҳои нисбатан нав ба вуҷуд омаданд, бархе фарҳангҳо тағир ёфта арзишҳо дар намуди нав шакл гирифтанд. Мавсуф ин се мавҷи тарақиётро ба ҷомеаи тоиндустриалӣ, индустриалӣ ва посиндустриалӣ тақсимбанди намуда, мавҷи севвумро ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ нисбат медиҳад. Дар ин замина метавон марҳилаҳои пайдош ва ташаккули миллатҳо, давлатҳои миллӣ ва зуҳури ҷаҳонишавиро ба ин се мавҷи тарақиёти ҷомеаи инсони нисбат дода таҳлил намуд. Мавҷи якум ин ҷомеаи тоиндустриалӣ ва ё аграрӣ ба ҳисоб рафта он ба давраи пайдоиши миллатҳо ва шакл гирифтани фарҳангҳо рост меояд. Мавҷи дуввум ин ҷомеаи индустриалӣ, ки ба давраи ташкил ва ташаккули давлатҳои миллӣ рост меояд. Мавҷи севвум ин ҷомеаи посиндустриалӣ ки ба ташакули ҷомеаи иттилоотӣ ва зуҳури ҷаҳонишавӣ рост меояд. Маҳз дар заминаи ин се давра марҳилаҳои ташкил ва ташаккули давлатҳои миллӣ, инчунин таъсири равандҳои муосир ба онҳо ва билохира тақдири онҳо дар раванди ҷаҳонишавиро муайян намудан мумкин аст. Ҳоло давлатҳои миллӣ дар марҳилаи ташаккулу бархурд қарор доранд, ки воқеияти ин равандро дар заминаи се давраи таърихие, ки онҳо вуҷуд доштанд, ифода намудан мумкин аст.

  Якум давраи пайдоиши миллатҳо ва шакл гирифтани онҳо бо унсурҳои махсуси фарҳангӣ, урфу одат, анъана, инчунин таҷҷасуми арзишҳои махсус, ки хусусияти фарқкунандаро дар ростои дигар миллатҳо дар бар мегиранд, ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд миллатҳо гоҳ зимоми қудратро ба даст гирифта давраи давлатдории хешро эҳё месохтанд ва гоҳе дар саргаҳи муборизаҳои миллӣ зери зулму таҷовузи якдигар қарор гирифта доираи мваҷудияти якдигарро маҳдуд месохтанд. Ҳамин тариқ миллатҳо дар тули таърихи мавҷудияти худ, дар роҳи расидан ба озодӣ ва ташкили давлати миллӣ муборизаҳои гоҳ пинҳонӣ ва гоҳ ошкоро мебурданд, ки ин муборизаҳо дар партави ба даст овардани мустақилият,  таҳаввулоти азимеро дар системаи давлатдории ҷаҳон ба вуҷуд овард. Билохира зери таъсири ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ марҳилаи ташкили давлатҳо бо назардошти махсусиятҳои миллию фарҳангӣ эҳё гашт. Ба ҷойи империяҳои бузурги бисёрмиллата давлатҳои хурди миллӣ ташкил гашта, сарҳади чунин давлатҳо бо назардошти нуфузи фарҳанги ин миллатҳо дар ҳудуди ҷуғрофиҳо муайян ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ асосӣ рушду тарақиёти ин давлатҳо ба ҳисоб мерафт. Ин давра марҳиллаи дуввуми ташаккули миллатҳо ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи ташкили давлатҳои миллӣ бар асоси миллат, фарҳанг ва арзишҳои махсус ба вуҷуд омадааст. Истилоҳи “давлати миллӣ” низ аз оғоз ба ҳамин маънои этникӣ ва арзишии калимаҳои “миллат” ва “ миллӣ” ташаккул ёфта буд. Яъне давлате, ки онро як миллат таъсис намудааст, давлате ки ба як миллат таалуқ дорад.

  Давлатҳои миллӣ дар тули таърихи мавҷудияти худ заминаҳои рушду инкишофи худро фароҳам сохтаанд, ки онҳо бештар хусусиятҳои миллиро доро мебошанд. Иникоси андешаҳои миллӣ дар сиёсати пешгирифтаи онҳо ва ба ин тартиб расидан ба ормонҳои миллӣ аз вижагиҳои давлати миллӣ маҳсуб мегардад. Дар як муҳлати муайяни мавҷудияти худ, давлатҳои миллӣ тавонистанд бо роҳи рушд бахшиидани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа унсорҳои давлати миллиро ба вуҷуд биоваранд ва онҳоро мустаҳкам намоянд.  Давраи ташкили давлатҳои миллӣ аз созишномаи сулҳи Вестфал сарчашма гирифта бо як қатор падидаҳои дигар низ алоқаманд мебошад. Яъне дар раванди ташкили давлатҳои миллӣ такя намудан ба як қатор принсип ва унсурҳои хосс аз шартҳои зарури ба ҳисоб мерафт. Аз қабили вуҷуд доштани истиқлоли миллӣ ва ифодаи иродаи як миллат дар рафти ташкил ва роҳандозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар давлати миллӣ.

  Дар ин миён метавон ташаккул ва рушди давлатҳои миллиро ба ду давра ҷудо намуд.

  Шуруъ аз ташкили давлатҳои миллӣ то сохтани иқтисоди муқтадир, ки шароити рушди мустақилонаро барои онҳо муҳайё сохт. Дар ин марҳила давлатҳои миллӣ бо ташаккули ҷомеаи индустриалӣ соҳаи саноати истеҳсолиро рушд бахшида, зарфияти таъмини тамоми ниёзҳои дохили давлатиро доро буданд.

  Марҳилаи дуввум ин давраи баҳамвобастагӣ ва таъсиррасони мебошад, ки баъд аз сипари гардидани давраи индустриалӣ ба вуқуъ павастааст. Шакл гирифтани ин марҳиларо метавон ба зуҳури ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои он нисбат дод. Ин марҳила сабаби рушди баъзе давлатҳои миллӣ ва таназули бархеи дигар мегардад.

  Доир ба марҳилаи ташкили давлатҳои миллӣ, ки асоси пайдоиши муносибатҳои ҷадид дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон гардиданд, на фақат шартномаи сулҳи Вестфал балки ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ низ мисол шуда метавонанд. Яъне имзои худи шартнома дар заминаи ба вуқӯъ пайвасатни як қатор ҳарактҳои озодихоҳи ба миён омадааст. Вале баъд аз имзои ин созишнома то имрӯз ин қабил ҳаракатҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон идома доранд. Баъд аз қабули ин созишнома ҳар миллате, ҳуқуқи ташкили давлати хешро пайдо намуда озодии миллиро ба даст оварданд. Дар ин замина давлатҳои зиёде нахуст дар Аврупо ва дигар манотиқӣ олам бо номи давлатҳои миллӣ таъис дода шуданд. Ин давлатҳо бо нишон парчам ва як қатор рамзҳои махсус, ки ифодакунандаи махсусиятҳои миллӣ мебошанд  ба муносибатҳои байналмилалӣ ворид гаштанд. Миллатҳо бо ташкили давлати худ мехоҳанд тамоми равандҳои дохили ва беруниро, ки ба манфиатҳои онҳо ҳамбастагӣ дорад, зери назорати худ бигиранд. Инчунин тамоми таҳаввулотҳои сиёсӣ, ки бо ҳадафҳои онҳо наздики дорад, таҳти нуфузи сиёсати худ, ки хусусияти миллиро доро мебошад қарор бидиҳанд. Аслан ҳадафи давлатҳои миллӣ ин мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва пурра дар ихтиёри худ нигоҳ доштани низоми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Баъзан дар ҳоли ҳозир мушоҳида мешавад, ки ин давлатҳо ҳудуди нуфузи худро майли васеъ кардан доранд, яъне машғул шудан ба масъалаҳои дохилӣ, кифоя накарда баъзан ба омилҳои берун аз ҳудуди худ мудохила менамоянд. Чунин падида хоси қудратҳои геополитикӣ буда, мақсади асосӣ аз ин мудохилаҳо, равона сохтани натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба миён омада ба суйи манфиатҳои онҳо мебошад.

  Давлатҳои миллӣ дар як марҳилаи мавҷудияти худ, ки он ҳам ба ташаккули ҷомеаи индустриалӣ рост меояд, заминаҳои рушду инкишофи худро мустаҳкам намуданд. Чунин шароит бо роҳи таъмини мувозинати иқтисодӣ дар заминаи дурусту самаранок ба роҳ мондани саноати истеҳсоли мебошад. Дар  назорати давлат будани бозору иқтисод ва то андозае зери таъсири он қарор доштани соҳаи тиҷорат ва истеҳсолот мавқеи давлатҳои миллиро дар муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам нигоҳ медошт. Аммо бо афзоиши моликияти хусусӣ нисбат ба моликияти давлатӣ ин вазъро таъғийр дод.

  Дар заминаи ба амал омадани мавҷи дуввум  ва ташаккули ҷомеаи индустриалӣ, иқтисод дар дохили давлатҳои миллӣ рушд намуда, заминаҳои фаъолияти мустақилонаи сохторҳои давлатиро ба вуҷуд овард. Давлатҳои миллӣ бо роҳи рушди истеҳсолот ва бартараф сохтани ниёзҳои ҷомеа, вобастагии худро аз дигар давлатҳо коҳиш доданд. Дар заминаи инкишофи техналогияи истеҳсоли ва рушди моликияти хусусӣ ширкатҳои бузурги трансмиллӣ пайдо гаштанд. Дар ин давра фаъолияти иқтисодӣ дар дохили давлатҳои миллӣ ва дар қаламрави онҳо дар бахшҳои гуногун инкишоф ёфт, ки одатан ширкатҳои трансмиллии тиҷорӣ бартари доштанд. Онҳо бештар хусусияти миллӣ дошта дар раванди ба роҳ мондани истеҳсолот манфиатҳои миллиро иникос менамуданд. Чунин ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ дар навбати аввал қисме аз бозорҳои дохилии як давлатро ва дар навбати дуввум бошад тамоми бозорҳо ва иқтисоди он давлатро зери таъсири худ қарор додаанд. Аммо дар марҳилаи севвуми рушди тамаддуни инсонӣ, ки ба замони зуҳури ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ рост меояд, ширкатҳои бузурги тиҷорати ҳудуди фаъолият ва доираи нуфузи худро васеъ намуда аз мавқеъи як давлат берун рафтанд.

  Яке аз зуҳуроте, ки мавҷудияти истиқлоли давлатҳои миллиро зери суол бурдааст ва мавқеи онҳоро дар муносибатҳои байналмилалӣ майли танг кардан дорад ин раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад. Дар чанд даҳсолаи ахир ин мафҳум аз суйи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон ва журналистон ба таври васеъ истифода шуда, ҳар кадом бо назардошти донишҳои соҳавии худ ба ин раванд баҳоӣ воқеӣ медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷаҳонишавӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти паҳн гашта ҳангоми таҳлили вазъи ин соҳаҳо аз худ дарак медиҳад. Ҷаҳонишавӣ ба сифати як раванди мақсадноки таърихӣ  аз худ дарак дода паҳлуҳои манфи ва мусбати он дар ростои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳои миллӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад. Ин раванд дар тули чанд садсолаи ахир дар қолаби давлатҳои миллӣ шакл гирифта ҳангоми гузариши ҷомеаи ҷаҳони аз индустриалӣ ба постиндустриалӣ аз нав бо қудрату қувваи фарогир ва шаклу услубҳои нисбатан нав зуҳур намуд. Раванди ҷаҳонишаӣ дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва тарақиёти техналогияҳои навтарин суръати паҳншавии худро афзоиш медиҳад. Самти ҳаракати ҷаҳонишави на фақат ба сӯйи давлатҳои соҳибихтиёри миллӣ равона шудааст, балки он фарогири тамоми ҳаёту фаъолияти инсонӣ гаштааст. Ин аст, ки имрӯз мо на танҳо шоҳиди таҳаввулотҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мегардем, балки дар ин замина ҷомеаи инсонӣ дар шакли нисбатан нав рушд менамояд, ки ин шаклгири аз падида ва арзишҳои хосси ҷаҳонишавӣ сарчашма мегирад. Ҳамин тавр ҷаҳонишавӣ бо зуҳури худ аз сатҳи ҷамъияти муносибату муоширати инсонҳо таъсир расониданро шуруъ намуда то сатҳи идоракунии далати мерасад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун як падидаи сиёсию ҷамъияти дарбаргирандаи арзишҳо ва қонуниятҳои нисбатан нав буда ба тарзи ҳаёту фаъолияти инсонҳо таъсир расонида вобастагии онҳоро ба вазъи иқтисодӣ бештар месозад.

  Нишондиҳандаи дигари ҷаҳонишавӣ, ки ба ин раванд зич алоқаманд аст, ин паҳншавии шабакаҳои комуникатсионӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд мебошад.   Яке аз падидаҳое, ки боиси паҳн гардидани ҷаҳонишавӣ ва аз ҳама муҳим сабаби воқеъӣ гардидани он гашта истодааст ин тарақиёти техналогияи иттилоотӣ ва дастраси умум гаштани интернет ба ҳисоб меравад. Ин падида тамоми қишрҳои курраи заминро ба ҳам пайванд намуда ҳамгирои ва ҳамкориро миёни халқу миллатҳо тақвият бахшид. Вале бояд гуфт, ки ин раванд ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллатҳо таъсири амиқи худро мерасонад. Ҳол месазад, ки оиди паёмадҳи он, инчунин таъсири он ба давлатҳои миллӣ ва ё ҷаҳонӣ шудани иқтисоду бозоргони ишора намоем.

  Вазъи сиёсии ҷаҳони  имрӯза, ки шароити наверо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои сиёсӣ фароҳам сохтааст ва дар навбати дигар дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ масири рушди давлатҳоро тағийр дода принсипи баҳамвобастагиро мустаҳкам намудааст, зарурати бозбинии мавқеъи давлатҳои миллиро дар ин шароит ба вуҷуд овардааст. Чунин як вазъият давлатҳои миллиро дар масири ҷаҳонишудан қарор дода, беихтиёр баҳри тағийри арзишҳо ва махсусиятҳои миллӣ онҳоро водор месозад. Дар ин раванд бархе давлатҳо, ҷиҳати пазириши арзишҳои умумибашарӣ имкониятҳоро фароҳам месозад. Бархеи дигар баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ кӯшиш менамоянд то арзишҳои миллиро бо арзишҳои умумибашари ҳамоҳанг бисозанд. Аммо нигоҳ доштани тавозун ва ҳифзу рушд додани ин арзишҳо дар якҷоягӣ ва ё ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мушкил аст. Бо назардошти таҳавулотҳои ахири асри 20 имрӯз кишварҳое, ки дар баробари арзишҳои ҷаҳонӣ муқобилият нишон медиҳанд қариб, ки вуҷуд надорад. Аммо чунин мушкилот ва бархӯрд бо арзишҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи ҷамъиятӣ дар кишварҳои гуногун ҳамоно дида мешавад. Дар баробари  чунин бархурдҳо вуҷуд доранд миллатҳое, ки тозза ба рушд додани давлати миллии худ пардохтаанд ва дар баробари арзишҳое, ки аз падидаҳои ҷаҳонишавӣ буруз намуда ба ҳавзаи фарҳангии онҳо ворид мегардад бо роҳи рушд додани тамаддуни худ аз он ҷилвагири кардан мехоҳанд. Аммо дар ин фазои баҳамвобастагӣ ва таъсиррасони ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ аз иқтидори иқтисоди вобастагии бештар дорад. 

  Агар оқибати равандҳои муосирро дар ояндаи наздик аз лиҳози баҳамвобастагӣ ва таъсиррасонии давлатҳо таҳлил намуда, воқеӣ гаштани олами инсониро иникос намоем, наметавон нақши техналогияи иттилоотиро дар муттаҳид сохтан ва ба вуҷуд овардани навъи иқтисоди ҷаҳонӣ нодида бигирем. Яъне суръати тезу тунди раванди ҷаҳонишавӣ маҳз ба пешрафти техналогияи иттилоотӣ, ки низоми ягонаи иқтисодиро дар ҷаҳон шакл додааст вобастагӣ дорад. Мавҷи севвуми рушди тамаддуни инсони кайҳо ба амал омада, имрӯз ҷаҳон дар марҳилаи посиндустриалӣ ва қисме аз он дар марҳилаи гузариш ба он қарор дорад. Мавҷи севвум мушкилотҳои нав, сохтори нави иртиботро ба вуҷуд оварда бозингарони навро ба саҳнаи ҷаҳонӣ мехонад ва ҳамаи ин ҷараёнҳо қудрати давлатҳои миллиро коҳиш медиҳад.  Ин марҳила, яъне ба вуқуъ пайвастани мавҷи севвум дар натиҷаи ҷаҳиши технологи ба амал омада ҷомеаи иттилоотиро шакл додааст. Ҳангоми муқоисаи давлатҳои замони индустриалӣ бо давлатҳои замони посиндустриалӣ, метавон ба як қатор вижагиҳои махсусе дучор гашт. Агар ба андешаи Тоффлер дар ин марҳилаҳои гузариш ва ба амал омадани се мавҷи тарақиёт тамаддуни инсонӣ рушд намуд, пас иникоси вазъи давлатҳои миллӣ дар  марҳилаи севвум, яъне замони посиндустриалӣ хеле душвор хоҳад буд. Зеро дар замони индустриалӣ давлатҳои миллӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва рушди соҳаи саноат мавқеӣ худро мустаҳкам намуда, то як андоза вобастагии худро аз давлатҳои дигар коҳиш доданд. Дар марҳилаи гузариш ба ҷомеаи посиндустриалӣ  ва дар ин замина ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки ҷаҳонро ба марҳилаи рушду тарақиёти нисбатан нав ворид сохт муносибатҳо дар шакли нав ба роҳ монда шудаанд, ки ин таҳаввулот мавқеӣ давлатҳои миллиро дигаргун сохт.

  Ҳоло  наметавон бо боварии комил гуфт, ки дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар ояндаи наздик низоми ягонаи иқтисодӣ ва ҳолати якрангии иҷтимоӣ дар ҷаҳон  ба вуҷуд меояд. Зеро ба ду қисм тақсим гаштани ҷаҳон Шимоли сарватманд ва Ҷанубӣ бенаво ин андешаро ботил месозад. Аммо дар сурати ташаккули ТИК дар минтақаи Ҷануб шояд ин раванд таъғйр ёбад. Вале онҳо ҷиҳати ҳифзи тамаддун ва одатҳои миллии худ, намехоҳанд ба ин раванд ворид гарданд. Ва бо роҳҳои гуногун аз зуҳури арзишҳои ҷаҳонӣ ва ё ғарбӣ ҷилвагири кардан мехоҳанд. Маълум нест, ки ин бархӯрд ва муқовимати онҳо бо чи меанҷомад,  вале метавон гуфт, ки давлатҳои ҷануб зери таъсири фақр қобилияти истодагари дар баробари ин равандҳоро аз даст хоҳанд дод. Гузашта аз ин зуҳури ҳар падидаи ҷаҳонишавӣ дар алоҳидагӣ истифодаи техналогияи иттилоотиро талаб менамояд. Давлатҳои миллӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти иниститутҳои худ ба истифода аз техналогияҳои навтарин ниёз пайдо менамояд. Дар ин росто, ки давлат ва сохторҳои он фаъолияти худро таввасути ТИК роҳандози месозанд, иттилоот низ мавқеи махсусро дар ҷомеа соҳиб мегардад. Ҳангоми мавқеъ ёфтани унсурҳои иттилоотӣ дар ҷомеа роҳи таъсир ба мафкураи ҷомеа низ муайян мегардад. Мақсади асоси аз дастрас намудани тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба техналогияҳои навтарин, инчунин интернет ва унсурҳои иттилоотӣ ин пеш аз ҳама интиқоли фарҳанг, муарифии он ва тарғиби арзишҳои муайян, инчунин мафкурасози, идора кардани аҳоли, марифии маҳсулоти истеҳсолӣ ва зери назорат гирифтани иқтисоди бозоргони маҳсуб мегардад. Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ давлатҳои милллӣ мувоҷеҳи буҳрони азимӣ фарҳангӣ ва иқтисоди мегарданд. Сабаби бурузи ин мушкилот дар истифодаи ТИК, инчунин коркарди иттилоот, истеҳсоли иттилоот, нигаҳдори ва паҳну истифодаи он зоҳир мегардад. Ҳол мо ба ду нукта, ки аз масоли дар боло зикр гардида сарчашма мегиранд ишора хоҳем кард, ки яке масоили фарҳанг ва дигаре иқтисод ба ҳисоб меравад. Дар чанд даҳсолаи ахир назорат ва танзими фазои иттилоотӣ ба ҳайси як мушкилоти ҳалталаб  баҳри давлатҳои миллӣ шакл гирифта, таъсир ба фарҳанг ва мафкураи ҷомеа аз ин фазо нигаронкунанда арзёбӣ мегардад...

  Ҳифз намудани тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ имкон надорад. Инчунин ҳифзи арзишҳо, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ низ душвор гаштааст. Вале наметавон дар ин миён рушди миллатҳо ва баъзе давлатҳои миллиро нодида гирифт. Онҳо фаъолияти тамоми соҳаҳои давлатиро ба шароити ҷаҳонишавӣ мутобиқ сохта, фарҳанги миллии худро бо таҳаввулотҳои технологи ҳамоҳанг месозанд. Бо истифода аз зарфияти иқтисодӣ равандҳои ҷаҳонишавиро идора менамоянд, на ин ки ба он тобеъ мебошанд. Ин аст, ки бархе дар пазириши арзишҳои ҷаҳонӣ муқобилият нишон дода онро мансуби миллатҳои қудратманд меҳисобанд. Аслан дар мавзӯъи арзишҳои умумиҷаҳонӣ ва муайян сохтани маънӣ ва муҳтавоӣ он бояд як қатор омилҳоро ба инобат гирифт. Саравал тафовути арзишҳои миллиро бо арзишҳои ҷаҳони бояд муайян сохт. Аммо дар раванди вусъати ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва  билохира гузариш ба марҳилаи нав баъд аз сипари гардидани марҳилаи индустриалӣ, ки як қисмати ҷаҳон ба он ворид гардида имкон аст дар ояндаи наздик қисми дигари он вориди ин марҳилаи таърихи бигардад, арзишҳои ҷаҳонӣ ва ё ғарбӣ, ки хусусияти миллӣ ва ё диниро доранд тағийр хоҳанд ёфт. Зеро гузариш аз як марҳила ба марҳилаи рушди минбаъда ин дар натиҷаи ҷаҳиши техналоги ба амал омада, тамаддуни инсониро рушд медиҳад. Дар зминаи ин тағирот арзишҳо, муносибатҳо ва як қатор фарҳангҳо низ аз миён мераванд ва ё дигаргун мегарданд. Ин тағирёби зери таъсири ташаккули техналогия ва ранги дигар гирифтани муносибатҳо, дар шароити нисбатан нав ба роҳ мондани кору фаъолият ки аз тарақиёти ТИК сарчашма мегирад, сурат хоҳад гирифт. Яъне фарҳангҳои миллӣ ки решаи таърихи доранд ва бар асоси шароити пеш аз ҷомеаи технологӣ шакл гирифтаанд бо техналогияи саноатӣ пайванд гашта таввасути он тақвият меёбанд, ки дар натиҷа фарҳангҳои миллӣ ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли нав ба вуҷуд меоянд. Доир ба ташаккули техналоигя ва таъсири он ба фарҳанг нуқтаи дигаррро бояд қайд намуд, ки дар заминаи ташаккули техналогия, фарҳанги миллӣ  бо техналогияи навтарин омезиш меёбад. Инсонҳо ҷиҳату кору зинадгӣ дар замони муосир, ки ҷаҳони иттилоот ва техналогия ном дорад, кӯшиш менамоянд фарҳанг ва арзишҳои миллии хешро ба таҳаввулоти технологи мутобиқ созанд. Дар натиҷаи ҳамоҳанг сохтани фарҳанг бо техналогия арзишҳои нав ба вуҷуд омада дар заминаи истифода аз техналогия он мавқеӣ ҷаҳониро касб менамояд. Аммо мушкили асоси дар ин самт яъне шакл гирифтани фарҳанги ягонаи глобалӣ дар заминаи ташаккули тафаккури технологӣ дар он аст, ки на ҳама миллатҳо ба техналогияи навтарин дастраси доранд ва баъзан ҷиҳати пешгири аз зуҳури ҳар гуна арзишҳо таввасути техналогия иттилоотӣ, дастраси ба онро низ маҳдуд месозанд. Аммо дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттиллтӣ марҳилаи ташаккули давлатҳои миллӣ ва муқобилияти онҳо дар баробари падидаҳои ҷаҳонишавӣ дер давом нахоҳад кард.

  Давлатҳои миллӣ бар асосӣ миллат, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ташкил гашта, ҳасти ва соҳибихтиёрии онҳо бо роҳандозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бо назардошти манофеи миллӣ, инчунин идоракунии амволи давлатӣ ва навъҳои гуногуни моликият, ҳифзи манфиати ширкатҳои трансмиллӣ дар баробари рақибони хориҷӣ маҳсуб мегардад. Миллатҳо бо таъсиси давлатҳои худ, иқтидори иқтисодии онро афзоиш дода, масири инкишофи худро ҳамчун давлати мустақил муайян намуданд. Дар навбати дигар бо мақсади қавӣ гардонидани иқтидори иқтисодии худ соҳаи тиҷорат ва истеҳсолотро дар заминаи таъсиси ширкатҳои тиҷоратӣ ва ҳамоҳансозии фаъолияти онҳо бо дигар давлатҳо ба роҳ монданд. Бо шакл гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ зери таъсири ҷомеаи иттилоотӣ ин ҷараён шакли дигарро ба худ касб намуда ба рушди моликияти хусусӣ ва ташаккули фаъолиятҳои хусусияти инфиродӣ дошта боис гардид. Ин шароит давлатҳои миллиро вориди системаи капиталистӣ гардонид.  Ҳоло бошад капитализм ҳамчун механизми асосии ҷамъиятӣ, ки барои зуҳури ҷаҳонишавӣ шароит фароҳам сохтааст, корсоз будани худро ҷиҳати рушди давлатҳо, вале на бо махсусиятҳои миллӣ исбот намудааст. Капитализм ҳамчун механизми иҷтимоӣ, ки ҷаҳонишавиро шуруъ кард, мувафақияти афсонавии худро исбот намуд. Моликияти хусусӣ зери таъсири системаи капиталистӣ ривоҷ ёфт. Ин раванд ба нуфуз пайдо намудани ширкатҳои бузургӣ тиҷорати боис гардида. Дар натиҷаи ин таҳаввулот иқтисоди давлатҳои миллӣ зери таъсири ширкатҳои бузурги тиҷорати қарор гирифтанд. Чунин шароит ба вусъати ҷаҳонишавӣ ва тарақиёту паҳн гардидани ТИК, ки ба шакл гирифтани ҷаҳонишавӣ боис гардид алоқамандии зиёд дорад. Ҳамин тариқ яке аз сабабҳои зуҳури ҷаҳонишавиро метавон дар тарақиёти ТИК маънидод намуд. Бо ташаккули он ҳамаагон имкони анҷом додани кори бонкӣ  ва аз ҳама муҳим хариду фӯрушро дар тамоми гӯшаи ҷаҳон пайдо намуданд, ки ин раванд ба шакл гирифтани бозори ҷаҳонӣ боис гардидааст. Дар ҳақиқат дар замони мо бозор то рафт глобалӣ шудан дорад. Имрӯз бозорҳо бештар хусусияти ҷаҳониро ба худ касб намудаанд. Бо афзоиши номгуи маҳсулоти истеҳсолӣ ширкатҳои трансмиллӣ ин бозорҳои ҷаҳониро зери таъсири худ қарор дода кору фаъолияти худро дар тамоми нуқтаҳои ҷаҳон ба роҳ мондаанд. Сабаби аслии афзоиши истеҳсол ва ҷаҳони шудани бозорҳо ин пеш аз ҳама техналогияи саноатӣ ва ҳамзамон ТИК нақши муҳим мебозанд. Зеро дар истеҳсол, муарифи ва фуруши маҳсулот, иттилоот нақши муҳимро мебозад. Аз истеҳсол, реклама то фуруш ва дастрас намудани маҳсулот ТИК хизмат менамоянд.

   Имрӯз низоми капиталистӣ тамоми ҷаҳонро иҳота намуда фазои баҳамвобастагии иқтисодиро ба вуҷуд овардааст. Масалан имрӯз як давлат ба хотири таъмини маҳсулоти ниёзи аҳолии худ ба якчанд давлати дигар вобастагӣ дорад. Чой аз як давлат ворид мегардад, қаҳва аз давлати дигар, шакар аз давлати севвум, либоса бошад аз минтақаи дигари ҷаҳон. Номгӯйи маҳсулоти истеҳсоли чунон афзоиш ёфтааст, ки ҳеҷ давлате ба танҳои имконияти истеҳсол ва таъмини маҳсулоти ниёзи дохилии худро надорад. Аксар хатароти раванди ҷаҳонишавиро дар ростои давлатҳои миллӣ дар самти иқтисодиёт маънидод карда, аз лиҳози иқтисодӣ таъсири онро ба давлатҳои миллӣ инкос намуда ба масъала нуқта гузоштан мехоҳанд. Аммо як қатор соҳаҳои дигар аз қабили тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт дар ихтиёри давлатҳои миллӣ қарор дорад. Вале асоси таъмини фаъолият ва инкишофи тамоми ин соҳаҳо аз иқтисод вобастагӣ дорад. Ҳангоми коста гаштани вазъи иқтисодӣ ин соҳаҳо ба бӯҳрон мувоҷеҳ гашта, ҷараёни хусуси гардонидани ин соҳаҳо низ ба миён меояд. Дар натиҷа бо мурури замон ва зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ давалтҳои миллӣ назорат дар тамоми соҳаҳоро дар дохил аз даст хоҳанд дод.

  Оиди тақдири давлатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ хулосабарори кардан душвор аст, ҳарчанд олимон дар ин самт ба ду андеша пойбанд мебошанд.  Ин ки давлатҳои миллӣ зери таъсири ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мавқеӣ худро дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аз даст дода аз байн мераванд. Ва ё ин, ки шаклу усурҳои миллии худро аз даст медиҳанд, вале комилан аз байн намераванд. Аммо дар заминаи ин андешаҳо метавон гуфт, ки давлатҳои миллии имрӯза то ҷойе унсурҳо ва махсусиятҳои миллии худро аз даст додаанд. Пас оё дар ояндаи наздик имкон ҳаст, ки онҳо мавҷудияти худро аз даст бидиҳанд?  Ба ин савол метавон бо муайян сохтани мавқеи давлатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ аз лиҳози махсусиятҳо ва манофеи миллии онҳо  посух пайдо намуд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳои миллӣ бо иштироки худ дар муносибатҳои байналмилалӣ як қатор махсусиятҳои миллии худро иваз менамоянд. Ин падида омилҳои гуногуни фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар бар мегирад. Пӯшида нест, ки тамоми хатароти раванди ҷаҳонишавӣ ба истиқлолӣ давлатҳои миллӣ нигаронида шудааст ва дар раванди вусъати он то рафт таъсирпазир мегарданд. Давлат-миллатҳо ба таври назаррас соҳибихтиёри ва истиқлоли худро аз даст медиҳанд. Масъалаи муҳим дар ин раванд, ки имкон аст давлатҳои миллӣ соҳибихтиёрии худро аз даст бидиҳанд ин шинохти мафҳуми “истиқлол” бо диди нав ва бо дарку фаҳмиши нав ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки давлатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ тамоми унсурҳои давлатдории худро ҳифз карда наметавонанд. Дар ин миён мавқеи истиқлол низ иваз гашта ҳамчун ифодагари мухторияти комил фаҳмида намешавад. Аллбата ин хоси он давлатҳоест, ки аз ҷиҳати қудрати низомию идеологӣ заъиф ва аз  диди сиёсю иқтисодӣ вобастагии бештар дошта, зери таъсир қарор доранд ва барои онҳо дар раванди вусъати ҷаҳонишавӣ, истиқлол ба як тавваҳум табдил мёбад.   Дар шароити феълии бархӯрди тамаддунҳо ва ташаннуҷ пайдо кардани ифротгаройии динию мазҳабӣ ҳамчун таҳдиду хатари минтақавию глобалӣ роҳҳои бурунрафт аз мушкилот ва ҳифзи истиқлоли миллиро  метавон дар неруманд сохтани ҳувияти миллӣ, табодули фарҳангӣ, авлавият бахшидани сиёсати фарҳангӣ ва таҳким бахшидани  раванди ваҳдату ҳамбастагӣ дид. Барои рафъи мушкилот, решадор сохтани илму хирад дар баданаҳои иҷтимоӣ ва билохира фароҳам овардани фазои бозу муътадили фикрию эҷодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мо имконоти фаровон дорем. Пас, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ аз василаҳои дастраси фарҳангию мафкуравӣ мебояд истифода бурд.

Нусратуллои Назариён

 Адабиёти истифодашуда.

  1. Абдуллоҳ Р. Дидгоҳи давлатмеҳвар. Душанбе ЭР-граф 2021. с.94-95
  2. Уэбстер Э. Теории информационного общества. Аспект Пресс 2004.-400с. С-91
  3. Тоффлер Э. Третья волна. Изд-во АСТ, 2004. -С.234

 

Хондан 1853 маротиба