JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 25 Апрели 2024 10:18

Тадқиқи хусусиятҳои сепаратсияи психологӣ дар ҷавонон

Муаллиф: Қутбинисо БАҲРОМЗОД

   Ба даст овардани сепаратсияи психологӣ аз волидайн яке аз вазифаҳои  меҳварӣ дар инкишофи ҷавонон мебошад (R.Havighurst). Ҷомеаи муосири Тоҷикистон нисбат ба ҷавондухтарону ҷавонписарони баркамолшудаистода талаботҳои баланд мегузорад: махсусан, мустақилият, худтаъминкунии шахсият, инкишофи доимии худ, қобилияти мустақилона гузоштани мақсадҳои ҳаётӣ, «такя ба худ», интихоби озодона, қадр карда мешавад.

  Сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ - ин раванди тағйир  додани муносибат бо падару модар ба тарафи баробарҳуқуқии бештар аст. Раванди таҷдиди сохтори тамоми системаи оилавии оилаи волидайнӣ мебошад, ки боиси ноил шудан ба мустақилияти шахсӣ аз ҷониби писарон/духтарон дар қисматҳои маърифатӣ, аффективӣ ва рафторӣ мебошад; раванде, ки тағйироти худшиносии писарон/духтаронро дар бар мегирад, ки дар тағйирёбии образи МАН, рушди дарки худ ҳамчун фарди алоҳидаи нотакрор, ки аз образҳои сохтаи волидайн фарқ мекунад, инъикос меёбад ( «индвидуатсия»), тағйирёбии образи волидайн ба тарафи реалистӣ («деидеализатсияи волидайн»). Аз ҷиҳати генетикӣ мафҳуми «сепаратсия аз падару модар» бо назарияи М. Малер алоқаманд аст, ки дар он ҷудошавии кӯдакони хурдсол аз волидон ҳамчун тафриқаи психикии (ҷудошавии) кӯдак аз модар барои мустақилияти бештарро ба даст оварданаш муайян карда шудааст. Марҳилаи «сепаратсия дуюмдараҷа - индивидуатсия», ба ақидаи П. Блос (1962, 1967) давраи наврасӣ ва аввали ҷавониро дар бар мегирад. Сепаратсия дар тарҷума аз забони лотинӣ (лот. separatio) маънои ҷудошавиро дорад. Сепаратсияи психологӣ - ин истилоҳ соли 1955 аз тарафи М. Малер барои шарҳи ду раванди бо ҳам пайваст ва тадриҷан мутақобилашаванда дар рафти инкишофи психикӣ пешниҳод шудааст: аз объект рафтан ва ё қатъ кардани ягон муносибат бо он [3, с-27-34]. Маънои психоаналитикии сепаратсия ин раванди интрапсихикии ба сохтори сепаратсия дохилшаванда-индвидуатсия, ки бо ёрии он индивид ҳисси мустақилӣ ва озодиро аз объекти яклухт ба даст меорад, шарҳ дода мешавад [2,с.71]. Маҳорат ба сепаратсия унсури муҳими  Сепаратсияи психологӣ - масъалаи мубрам на танҳо барои илми психология дар умум, инчунин барои соҳаҳои амалии он машварати психологӣ ва психотерапия низ мебошад.

Тадқиқотҳои олимонро доир ба муносибатҳои байнишахсӣ таҳлил намуда ба хулосае омадан мумкин, ки инсон ба дунё меояд ва дар байни системаи мураккаби муносибатҳои шахсиву ҷамъиятӣ инкишоф меёбад. Муносибатҳои аввалин бо ҳама хусусиятҳои шаклгирӣ ва инкишофаш интериоризатсия мешавад ва таъсири муҳимро ба ҳаёти минбаъдаи шахс мегузорад. Бо ҳамин роҳ гузашта дар ҳозира инъикос меёбад (зинда мешавад) ва бисёр вақт предмети кори на танҳо тадқиқотҳои корҳои илмӣ инчуни ҳуҷраҳои психологҳои амалӣ мешавад. Дар баробари ин аҳамияти махсусро на танҳо хусусиятҳои шаклгирии ин муносибатҳо, балки ҷудошавии онҳо низ, ки ба кандашавии қатъии алоқа оварда мерасонад, доро мебошад. Зуҳуроти сепаратсияи психологӣ феномени муҳими муносибатҳои байнишахсӣ ба ҳисоб меравад, ки тағйирёбии онҳоро дар раванди инкишофи табиӣ ифода мекунад.

Нақши оила дар раванди сепаратсияи писарон/духтарон аз волидайн аҳамияти калон дорад. Типи боэътимоди дилбастагӣ ба волидайн, фаъолияти мутаносиби оила ҳамчун як система, хислатҳои мусоиди оила, аз қабили  аз тарафи волидайн қабул намудани калонсолии фарзандон, наздикии эмотсионалӣ, муоширати боваринок ба гузаштани оптималии сепаратсияи психологӣ мусоидат мекунад.

Ҷ. Хоффман дар асоси ақидаҳои психоаналитикӣ дар бораи сепаратсия (М. Малер, П. Блос) модели сохтории сепаратсияи психологӣ аз волидонро дар давраи навҷавонӣ таҳия кардааст (Хоффман, 1984), ки шакли сепаратсия, инчунин қисматҳои когнитивӣ, аффективӣ ва рафтории сепаратсияро дар бар мегирад. Шакли сепаратсия дараҷаи ифодаи ҳиссиёти манфӣ ва/ё амбивалентии писарон/духтаронро дар вазъияти ихтилоф бо волидайн дар доираи васеъ - аз манфии аниқ (биёед, ин қутбро - «шакли ихтилофноки сепаратсия » меномем) то набудани ҳиссиёти пурраи манфӣ ва/ё амбивалентии писарон/духтарон инъикос мекунад, (ин қутбро - «шакли мувофиқи сепаратсия (неконфликтный, гармоничный стиль сепарации) меномем). Хусусияти «шакли сепаратсия», дар асл, хусусияти аффективӣ дорад. Қисмати маърифатии сепаратсия дараҷаи фарқияти ақидаҳо ва нигоҳ ба олами писарон/духтарон ва волидонро инъикос мекунад. Қисмати аффективӣ сатҳи талаботи ҷавононро ба дастгирии эмотсионалӣ ва ризоияти волидайн арзёбӣ мекунад. Қисмати рафтории сепаратсия қобилияти писар/духтарро барои мустақилона қабул кардани қарорҳо ва интихоби пурмазмун тавсиф мекунад. Дар тадқиқоти худ мо модели Ҷ. Ҳоффманро истифода бурдем, ки он на танҳо ба таври васеъ маълум аст, балки дар тадқиқоти сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ дар фарҳангҳои гуногун дар давоми се даҳсолаи охир исбот шудааст.

Зарурати омӯзиши сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар давраи ҷавонӣ бо талаботи амалӣ будану, нокифоя будани маводҳои назариявии масъала хусусан Ватанӣ ва инчунин дар давлатҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Тадқиқотҳои дохилӣ, ки ба омӯзиши хусусиятҳои сепаратсияи психологӣ аз волидайн дар марҳилаи ҷавонӣ равона шудаанд, ба мо маълум нест. Вобаста ба ин, мавзӯи тадқиқоти мо хусусиятҳои сепаратсияи психологӣ аз волидон дар давраи ҷавонӣ ва омилҳои оилавӣ (муносибат бо волидон; хусусиятҳои фаъолияти оилаи волидайн ҳамчун система) ва таъсири он ба мустақилияти ҷавонон мебошад.

Бо мақсади муайян намудани дараҷаи сепаратсия аз волидайн дар ҷавонон мо тадқиқоти худро бо ҷавонони хоҳишманди шаҳри Душанбе, ки дар донишгоҳҳои гуногун таҳсил мекунанд гузаронидем ва хостем фарзияи тадқиқотамонро санҷида бароем. Дар тадқиқоти мо ҳамагӣ 36 нафар 18 нафар ҷавондухтарон ва 18 нафар ҷавонписарони синну соли 18-22 сола иштирок карданд. Бо сабаби характери шахсӣ доштани саволҳо ва инчунин барои объективияти ҷавобҳои озмудашавандагон, қайд кардани ному насаби онҳоро муҳим нашуморидем. Озмудашавандагон саволномаҳоро бе қайди ному насабашон пур карданд. Вақти масрафшуда барои пур кардани саволномаҳо 1-1,5 соатро ташкил кард.

Дар тадқиқот аз методҳои зерин истифода бурда шуд: таҳлили назариявӣ, методологӣ ва муқоисавии мафҳумҳои илмӣ ва сарчашмаҳои илмӣ; методи пурсиш, ки бо он маълумоти миқдорӣ ва сифатӣ мувофиқи мақсадҳои тадқиқот ҷамъоварӣ карда шуд ва инчунин саволнома барои чен кардани сепаратсияи психологӣ аз волидайн Psychological Separation Inventory (PSI; Hoffman, 1984) [6, с-170-177] истифода бурда шуд.

Саволномаи PSI баҳоҳои тафриқавии муносибат бо модар (N=) ва муносибат бо падар (N=)-ро медиҳад. Бояд гуфт, ки 1 нафар дар бораи муносибаташон бо падарашон посух надоданд, ки аз оилаи нопурра (ҷудошуда) мебошад. Ду роҳи таҳлили маълумоте, ки бо истифода аз саволномаи PSI гирифта шудааст, вуҷуд дорад, ки муаллифи саволнома Ҷ.Ҳоффман пешниҳод кардааст. Роҳи аввал таҳлили маълумот оид ба чор шкалаи сепаратсия (СТ, А, К, Р), яъне,  дар чор ҷадвали PSI, ки хусусияти сепаратсияи писарону духтаронро аз волидони худ дар якҷоягӣ инъикос мекунад. Тарзи дуюми таҳлил таҳқиқи сепаратсия дар муносибат бо модар (чаҳор шкала) ва таҳқиқи сепаратсия дар муносибат бо падар (СТ, А, К, П) мебошад. Дар таҳлили маълумоти тадқиқот, мо варианти таҳлили сепаратсияи донишҷӯён аз волидони онҳоро ҳамчун ҷуфт интихоб кардем.

Таҳлили маълумотҳои бадастовардашуда имкон дод, ки тағйироти васеъи сепаратсияи психологии донишҷуёнро аз волидонашон дида шавад. Барои омӯзиши вариантҳои гуногуни сепаратсияи психологии писарону духтарон аз волидон, мо бо истифода аз таҳлили кластерӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои сепаратсияи психологи аз волидайн PSI донишҷӯёнро ба 5 гурӯҳ  тақсим кардем [1, с-35-40].

Гурӯҳи якум - (бо волидайн пайванд) 8 нафар. (22%) - писарону духтаронеро дар бар гирифтааст, ки ҷавобҳояшон аз монанд будани ҷаҳонбиниашон бо ҷаҳонбинии волидонашон шаҳодат медиҳад. Нафарони ба ин гурӯҳ шомилшуда ба муносибатҳои аз ҷиҳати эмотсионалӣ наздик ва дастгирии волидонашон эҳтиёҷи зиёд доранд. Онҳо волидони худро дӯсти беҳтарини худ меҳисобанд. Онҳо дар худашон шубҳа доранд, ки оё метавонанд дар вазъиятҳои душвор бе кӯмаки модар ва ё падарашон мубориза бурда тавонанд. Донишҷӯёни ин гурӯҳ, ба ҳисоби миёна, хеле кам барои мустақилона қарор қабул кардан ҷуръат мекунанд, аз ин рӯ онҳо зуд-зуд барои маслиҳат ба волидонашон муроҷиат мекунанд. Иштирокчиёне, ки ба ин гурӯҳ дохил карда шуданд, дар муносибат бо волидайни худ ҳангоми гуногунии фикру ақидаҳо хеле кам ҳиссиёти манфӣ ва/ё амбивалентиро ҳис мекунанд. Намунаи якумро "ба волидайн пайванд" номидем. 

2) Гурӯҳи дуюм - (бо роҳнамои волидайн амалкунанда) 7 нафар.  (20%) - аз донишҷуёне иборат аст, ки фикру ақидаашон аз ақида ва эътиқоди волидайнашон хеле фарқ мекунад. Дар ҷараёни сепаратсияи психологӣ аз волидайн писарон ва духтарон дар ҳолатҳои норозигӣ бо волидонашон хеле кам ҳиси гунаҳкорӣ, шарм ва хашмро ҳис мекунанд. Ҳамзамон дар ҳолатҳои душвор онҳо нисбат ба гурӯҳҳои сеюм, чорум ва панҷум ба дастгирӣ ва таҳсини эмотсионалӣ бештар ва нисбат ба гурӯҳи якум бошад камтар ниёз доранд. Онҳо ҳангоми қабули қарорҳои масъулиятнок, интихоби муҳим ба андешаи модар ва падар такя мекунанд. Намунаи дуюмро «бо роҳнамоии волидайн амалкунанда» меномем. 

3) Гурӯҳи сеюм - (бо волидайн исёнкунанда) 9 нафар. (25%) - донишҷӯёне дохил карда шуданд, ки ҷавобҳои онҳо дар муқоиса бо намояндагони гурӯҳҳои якум, дуюм, чорум ва панҷум бо волидайн дар раванди муносибатҳои зидду низоъдор қарор доранд. Ин озмудашавандагон нисбат ба писарону духтарони гуруҳҳои якум ва дуюм дар вазъиятҳои душвор бештар ба захираҳои худ такя мекунанд. Онҳо дар муқоиса бо донишҷуёни гурӯҳҳои якум ва чорум фарқияти ақидаҳои худ ва ақидаҳои волидони худро бештар тасдиқ мекунанд. Дар муқоиса бо иштирокчиёни гурӯҳҳои якум ва дуюм, дар соҳаи рафтор, озмудашавандагон мустақиланд ва ба маслиҳати волидайн эҳтиёҷ надоранд. Намунаи сеюми сепаратсияи психологӣ аз волидон дар ҷавонон "бо волидайн исёнкунанда (исёнгарон)" номида мешавад.

4) Гурӯҳи чорум, - (худқаноатмандбуда) 6 нафар, (16,5%) - донишҷӯёне буданд, ки дар муносибат бо волидайни худ дар ҳолҳои ихтилофи ақидаҳо хеле кам ҳиссиёти манфӣ ва/ё амбивалентиро ҳис мекунанд. Афкору нуқтаҳои назари пурсидашудагон то андозае ба ақидаҳои волидайн монандӣ доранд, аммо дар баъзе ҷиҳатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин донишҷӯён нисбат ба писарон ва духтарони гурўҳҳои якум, дуюм ва сеюм дар вазъиятҳои душвор бештар ба захираҳои худ такя карда метавонанд (ба таври назаррас ба дастгирии эмотсионалӣ ва ризоияти падару модари худ ниёз надоранд). Ин озмудашавандагон нисбат ба донишҷуёни гуруҳҳои якум, дуюм ва сеюм бештар мустақилона қарорҳои муҳим қабул мекунанд ва интихоби озод мекунанд. Намунаи чорум «худқаноатмандбуда» номида шуд. 

5) Гурӯҳи панҷум - (аз волидайн дурбуда) 6 нафар. (16,5%) - озмудашавандагонеро дар бар мегирад, ки ҷавобҳои онҳо дар муқоиса бо дигар гурӯҳҳо дараҷаи хеле баланди сепаратсияи психологиро аз волидайн аз рӯи шкалаи «қисмати аффективии сепарастсия», «қисмати маърифатии сепарасия» ва «қисмати рафтории сепарастсия»-ро ба даст овардааст. Натиҷаи бадастомада аз дараҷаи баланди мустақилияти озмудашавандагон дар қабули қарорҳои масъулиятнок, қабули интихоби оқилона шаҳодат медиҳад. Ҷаҳонбинии донишҷуён нисбат ба гурӯҳҳои дигар аз ақида ва нуқтаи назари волидонашон фарқ мекунад. Донишҷӯёни гурӯҳи 5 розӣ ҳастанд, ки ба муносибатҳои эмотсионалии наздик ва дастгирии волидонашон эҳтиёҷ надоранд. Дар вазъияти душвор ба худ, ба захирахои худ такья мекунанд. Писарон ва духтарони пурсидашуда дар ҷараёни сепаратсияи психологӣ аз волидонашон ҳиссиёти манфӣ ва/ё амбивалентиро хеле кам ҳис мекунанд, ки бо зуҳуроти эҳтимолии назорати аз ҳад зиёди волидон алоаманд бошад. Намунаи панҷумро «аз волидайн дурбуда» номидем.

Рӯй овардан ба ин масъала аз сабаби набудани маводҳо доир ба ин масъала ва мавриди барраси қарор нагирифтани сепаратсияи психологӣ аз волидайн аз ҷониби олимони соҳаи психологияи кишварамон мебошад. Дар ҳоле ки дар психологияи хориҷӣ ин масъала дар тӯли зиёда аз сӣ сол ба таври васеъ омӯхта мешавад. Маълумотҳои ба дастовардашуда гетерохронияро дар татбиқи қисмати аффективӣ, когнитивӣ ва рафтории сепаратсия аз волидон дар ҷавонон нишон дод.  Қисмати рафтории сепаратсия пеш аз вақт ба амал меояд, дар ҳоле ки қисмати аффективиаш дер ба амал меояд.

Дар тадқиқоти мо аз руи саволномаи PSI панҷ шакли сепаратсия аз волидайн: «бо волидайн пайванд», «бо роҳнамои волидайн амалкунанда», «бо волидайн исёнкунанда», «худқаноатмандбуда», «аз волидайн дурбуда» муайян карда шуд, ки ин навгонӣ дар кори мо буд.  Аз нуқтаи назари мо, тақрибан 17% -и донишҷӯён нишондиҳандаи оптималии варианти сепаратсия («худқаноатмандбуда»)-ро доранд, ки ин мураккабии объективи доштани сепаратсияи психологи аз падару модарро дар давраи ҷавонӣ тасдиқ мекунад. Барои муайян кардани он, ки намунаҳои ҷудокардаи мо устувор ҳастанд ё не бояд омӯзиши лонгитюди гузаронд, ки ин метавонад яке аз самтҳои имконпазари тақиқотҳои оянда гардад.

Муносибат бо волидон дар раванди сепаратсияи психологӣ аз модар ва падар дар давраи ҷавонӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамин тавр, мо нишон додем, ки муносибати наздики эмотсионалӣ, муоширати кушоду, боварибахш бо волидон, («навъи наздики муносибат») ба бомуваффақият гузаронидани раванди сеапаратсияи психологии писарону духтарон аз волидон мусоидат мекунад.

Дар кори психотерапевтҳои оилавӣ, мисолҳои таҷрибаи психотерапевтии инфиродие мавҷуданд, ки таъсири сеапаратсияи нопурра аз волидонро ба фаъолият ва ҳаёти оилавӣ меомӯзад. Яке аз самтҳои эҳтимолии тадқиқот метавонад омӯзиши вижагиҳои сепаратсияи калонсолон аз волидони онҳо бошад, ки фаҳмиши омилҳо ва шароитҳои ба ҳалли мушкилот мусоидат кунандаро васеъ мекунад.

Ҳамчунин як набудани раванди гузаштани ҳамаи қисматҳои сепаратсияи психологӣ аз волидон дар раванди тадқиқот исбот шуд: қисмати рафтории сепаратсия бо хусусияти пешбаранда фарқ мекунад, қисмати аффективии сепаратсия бошад, дер ба даст оварда мешавад.

 

Қутбинисо БАҲРОМЗОД

магистранти курси дуюми ихтисоси психологияи

МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" - № 1 (35), 2024.

Рӯйхати адабиёт

  1. Дзукаева В.П. Паттерны психологической сепарации от матери у студентов колледжей в связи с функционированием родительской семьи / В.П. Дзукаева // Среднее профессиональное образование, 2015. -№5. -С. 35-40.
  2. Дзукаева В.П. Психологическая сепарация от родителей в юношеском возрасте: эволюция теоретических представлений и примеры современных исследований / В.П. Дзукаева // Вестник Северо-Осетинского государственного университета имени К.Л. Хетагурова. Общественные науки, 2015. -№2. -С. 71-76.
  3. Малер, М. Процесс сепарации-индивидуации и формирование идентичности / М. Малер, Дж. Б. Мак-Девитт // Журнал практической пси- хологии и психоанализа. - 2005. - № 2. - htpp://psyjournal.ru/j3p/20050209/
  4. Bowen, M. The Emotional System in Family Evaluation / M. Bowen, M. Kerr. - M.E.N-Y: Norton & Company, 1988.
  5. Hoffman J. A., Weiss B. Family dynamics and presenting problems in col- lege students // Journal of Counseling Psychology. 1987. Apr. V. 34 (2). P. 157-163.
  6. Hoffman, J.A. Psychological separation of late adolescents from their parents / J.A. Hoffman // Journal of Counseling Psychology. - 1984. - 31. - P. 170 -178.
Хондан 1777 маротиба