Пеш аз он, ки дар бораи ҷойгоҳ ё нақши илм дар ҷомеа сухан ронем, моро зарур аст, ки мафҳуми илмро муайян намоем. Албатта илм ҳамчун маҳсули шуури инсон ба инсон, ҳамчун мавҷуди бошуур таалуқ дошта, ифодаи муносибати ў ба ҳастии ў мебошад. Дар мавриди аввал бояд мафҳумҳои «илм» ва «дониш»-ро аз ҳам фарқ намуд. «Илм яке аз соҳаҳои муҳимми фаъолияти инсон буда, вазифаи он истеҳсол ва ба низом даровардани дониш дар бораи табиат, ҷамъият ва шуур мебошад».
«Дониш» бошад натиҷаи раванди шинохти воқеият аст, ки дар амал тасдиқ шудааст ва он инъикоси дурусти воқеияти объективӣ дар шуури инсон мебошад. Яъне, дониш воқеияти объективиест, ки дар шуури инсон робитаҳои табии олами объективиро инъикос мекунад. Ба ибораи дигар, ҳар як шуур дар шакли дониш ифода меёбад, ки маҳсули фаъолияти инсон дар олами объективист.
«Маърифат» раванди аз худ кардан ва инкишоф додани дониш аст, ки пеш аз ҳама бо амалияи иҷтимои-таърихӣ, пайваста дар густариш, такмилёбӣ ва рушд аст. Ин таъсири мутақобилаи объект ва субъект мебошад, ки натиҷаи он дониши нав дар бораи олами гирду атроф мебошад.
Мафҳуми «илм» одатан ба се маънои асосӣ истифода мегардад:
- маълумот оид ба қобилият, таҷриба, малакаҳое, ки барои ба амал баровардан ва амалӣ намудани фаъолият истифода мегардад;
- ҳама гуна иттилооти аз ҷиҳати маърифатӣ муҳим (мувофиқ);
- воҳиди махсуси маърифатӣ, шакли гносеологии муносибати шахс ба воқеият мебошад. Албатта ду ҷанбаи охирини зикршуда мавзўи баҳси илмҳои гносеология (назарияи маърифат) ва эпистемология (назарияҳои маърифати илмӣ) мебошад.
Барои мисол худи инсон мавриди омўзиши илмҳои гуногун қарор гирифтааст. Пеш аз ҳама, илмҳое, ки танҳо организми инсонро мавриди омўзиш қарор мегиранд, иборатанд, аз:
- анатомия - бунёди дохилӣ ва берунии инсон;
- физиология – раванди фаъолияти ҳаётии инсон;
- тиб (медицина) – бемориҳои инсон ва табобати ў;
- гигиена - таъсири омилҳои гуногун ба саломатии инсон ва роҳҳои беҳдошти вай;
- равоншиносӣ – равандҳои равонӣ, ҳолати рўҳии инсон ва хусусиятҳои рафтори ў;
- генетика – ирсияти инсон;
- экологияи инсон – муносибат ва алоқамандии инсон бо олами гирду атроф;
- антропология – раванди таҳаввул (тағйироти) инсон.
Инчунин инсон аз лиҳози ташаккули шахсияташ мавриди омўзиши илмҳои чун равоншиносӣ, ахлоқ, педагогика, психиатрия (соҳаи тиб, ки касалиҳои рўҳиро меомўзад ва муолиҷа мекунад) қарор мегирад. Ҳамзамон илмҳои ба монанди - ҷомеашиносӣ, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ ва фалсафаро метавон номбар намуд, ки муносибати инсонро бо ҷомеа дар равандҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ меомўзад. Бояд қайд намуд, ки ҳамаи ин илмҳо ба ҳамдигар алоқаманд буда, дар аксар маврид ба ҳамдигар мусоидат мекунанд.
Илм ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ дар ҷомеа вазифаҳои муайян дорад, ки иборатанд аз:
- ба амал баровардани донишҳои илмӣ-назариявӣ;
- вазифаҳои ҷаҳонбинӣ ва фарҳангӣ;
- вазифаи фановарӣ, ки дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва мавриди истифода қарор намудани маҳсулот;
- танзим намудани равандҳои ҷамъиятӣ ва нерӯи иҷтимоӣ дар маҷмӯъ нерӯи инсонӣ;
- вазифаи барномарезӣ ва пешгӯикунандагӣ ва ғ.
Ҳамин тариқ, илм, агар моҳиятан гирем, шакли таърихан муқарраршудаи фаъолияти инсон аст, ки ба шинохту табдили воқеияти объективӣ нигаронида шудааст. Моҳияти асосии илм аз «истеҳсолоти маънавӣ» иборат мебошад, ки дар натиҷаи тадқиқи он далелҳои интихобшудаи ҳадафнок ва дар навбати худ ба низом даровардашуда, фарзияҳои аз ҷиҳати мантиқӣ тасдиқшуда, назарияҳои умумӣ, қонунҳои бунёдӣ, инчунин усулҳои (методҳо) тадқиқот ба даст оварда мешаванд: «Илм нақши омили танзими иҷтимоии ҷамъиятро иҷро мекунад. Ҳамзамон бе ёрии илм на танҳо соҳаи истеҳсолот, балки ташаккули тамоми ҳаёти ҷамъиятӣ ҳам имконнопазир мегардад. Ҷамъият системаи худтанзимкунанда аст».
Илм, яъне низоми дониш ва ҳам истеҳсолоти маънавӣ ва ҳам фаъолияти амалии ба онхо асосёфта мебошад. Аз рӯи назарияҳо ва методологияҳои омӯзишӣ агар гирем, таърифҳои зиёди илм вуҷуд доранд. Вале мо дар ин ҷо ба як таърифи содда ва оммафаҳм иктифо мекунем, ки «илм ин ба даст овардани донишҳои нав мебошад». Ҳамчунин Фрэнсис Бэкон (1561-1626) -донишманди англис дар баробари он ки донишро қудрат пиндоштааст, ҳамзамон мегӯяд, ки «илм ҷуз инъикоси воқеият чизе нест». Оре, маҳз донишҳои ба даст овардаи муҳаққиқон ба воситаи илм дар ҳаёт татбиқ гардида, ба воқеит табдил мегарданд.
Ҳамин тариқ, илм маҳсули фаъолияти инсон, истеҳсолоти маънавӣ мебошад, ки барои беҳбуди ҳаёти инсоният истифода мегардад. Илм метавонад ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам ба зарари ў истифода гардад. Дар ин маврид, ахлоқи олим ва масъулияти ў барои ба зарари инсоният истифода нагардидани дастовардҳои илмӣ дар мадди аввал меистад. Дар сурате, ки имрўз дастовардҳои илмӣ баъзан ба зарари инсоният истифода мегардад.Таҷрибаи воқеии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дастовардҳои илмӣ мутаассифона ғайримақсаднок роҳандозӣ гардида, баъзан барои яроқи қатли ом, вирусҳои сироятӣ, амалҳои экстремистию террористӣ ва ғ. истифода мегардад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ оид ба ин масъала чанд садсола пеш чунин гуфтааст:
Бадгуҳарро илму фан омўхтан,
Додани теғ аст дасти роҳзан,
Теғ додан дар кафи зангии маст,
Беҳ, ки ояд илм, нодонро ба даст.
Илму молу мансабу ҷоҳу қирон,
Фитна орад дар кафи бадгуҳарон.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илм аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Албатта, илми тоҷик дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фазои буҳрониро аз сар гузаронд, ки ба чанд омил вобастагӣ дошт.
Якум, пеш аз ҳама, ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вобастагии зич дошт, зеро ҳамкории илмии муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ бо дигар ниҳодҳои илмии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ якбора канда шуд. Ин робитаҳо дар самти тайёр намудани кадрҳо ва ҳамкории илмӣ, таҳқиқотҳои дуҷонибаву бисёрсамта, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳавӣ ва ғайра иборат буданд.
Дуввум, аз ҷумҳурӣ кӯч бастани мавҷи бузурги мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла муҳаққиқони илмӣ.
Севвум, рушди бемайлони технологияи муосир ва ҷавобгӯ набудани таҷҳизот, озмоишгоҳҳо ва лабораторияҳои соҳавӣ ба талаботи замони нав;
Чаҳорум, нарасидани маблағи кофӣ дар самтҳои гуногуни таҳқиқотҳои илмӣ ва ғ.
Ҳамин тариқ, боз даҳҳо омилҳоеро метавон номбар намуд, ки дар солҳои аввали истиқлолият барои рушди илм монеа мешуданд. Бо вуҷуди мушкилиҳо олимони тоҷик таҳқиқотҳоро ба анҷом мерасонанд ва дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳм мегузоранд.
Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯён, магистрантону ва омӯзгорон ҳамасола озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида мешавад. Баргузории чунин озмунҳо барои ба майдон омадани шахсиятҳои нави илмӣ аз миёни ҷавонон ва тавсияи ҷаҳонбинии илмии онҳо мусоидат менамояд.
Шароити муосири ҷаҳонӣ онро тақозо менамояд, ки мо аз ҷумлаи кишварҳое бошем, ки ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ бошем. Рушди бомароми илму фановарӣ аз тарбияи насли солим ва рушди нерӯи инсонӣ вобаста аст. Рушди нерӯи инсонӣ низ як раванд аст, сол ба сол он дар фазои давлати демокративу иҷтимоӣ такмил ёфта истодааст. Албатта, барои рушди ҳамаҷониба ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа, ҳал намудани чанд масъала зарур аст, аз он ҷумла:
- ҷудо намудани грантҳои илмӣ аз ҳисоби ниҳодҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои таҳқиқотҳои бунёдӣ ва калидӣ;
- фароҳам овардани шароит ҷиҳати робитаи зичи илм ва истеҳсолот бо дар назардошти соҳаҳои алоҳидаи илм;
- фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати омўзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ;
- таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан барои иштироки олимони тоҷик дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои илмии байналмилалӣ;
- пурзӯр намудан ва зиёд кардани шумораи таҳқиқотҳои сотсиологии соҳавӣ, баҳри аниқ намудани самтҳои омӯзиш, проблемаҳои соҳавии илмӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз;
- аҳамияти махсус додан ба кадрҳои ҷавони илмӣ ва барқарор намудани озмунҳои соҳавӣ (гарчанде, ки ин кор рафта истодааст) бо мақсади пайдо намудани истеъдодҳои нодири илмӣ ва ғайра.
Ҳамин тариқ, барои ҳалли ин проблемаҳо, маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ бошад.
Дар ҷаҳони пурталотуми муосир, ки илму фановарӣ дар сафи пеш аст ва дар баробари ин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амнияти кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд, танҳо метавон дар асоси барномарезии дақиқи илмӣ, рушди илму маърифат ва маърифаткунонии аҳли ҷомеа пеш рафт ва тараққӣ намуд. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир рисолати муҳаққиқону олимонро муайян намуда қайд мекунад:
“Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир, олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерўҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон, эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.
Аз ин рӯ, масъулият ва рисолати ҳар як муҳақиқ ва фарди солимфикр бояд талош барои пешрафти илм ва татбиқи дастовардҳои он дар ҳаёт бошад.
Нусратулло Зокирзода
номзади илмҳои фалсафа,
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит