JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 16 Апрели 2024 12:02

Дониши илмӣ ва сарнавишти инсонӣ (муруре дар ҳошияи Рӯзи илм)

Муаллиф: Нозим Нурзода

    Ҳамасола 15 апрел дар сатҳи академӣ (манзур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), доираҳои илмӣ ва ҳавзаҳои фаннии ҷумҳурӣ Рӯзи илм ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина, тайи як ҳафтаи ахир бо ҳузури фаъоли донишмандону пажуҳишгарони саршиноси ватанӣ дар марказу пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “ҳафтаи илм” баргузор гардида, 16 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҷамъбасти он сурат гирифт. Ба ин тартиб, Рӯзи илми тоҷик 16 апрел дар фазои илмию маданӣ бо иштироки муҳаққиқону донишмандони ҷумҳурӣ ва раҳбарияти ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҳошияи Рӯзи илм ишораи чанд нуктаи иҷмолиро зарур мешуморем.

      Якум. Ҳар қадар печидагию мураккабиҳои замони муосир зиёд мешаванд, ҳамон қадар зарурат ба дониши илмӣ меафзояд. Ҳар қадар хурофоту таассуб дар ҷомеа решадор мегардад, ҳамон қадар мушкилот меафзояд. Ин аст, ки фарогир шудани донишҳои илмӣ дар ҷомеа пешравию тараққиёту таҳаввулотро ба дунбол дорад ва баръакс, канор гирифтану дур шудан аз донишҳои илмӣ вопасгаройиву ақибмондагиро заминагузорӣ менамояд. Муҳимтар аз ҳама, он чи ки имрӯз ба сифати рушду тараққӣ ва таҷаддуду навигарӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва умуман, дар сайёраи замин муаррифӣ мешавад, натиҷаи фаъолияти сермаҳсули олимону донишмандони дунёст. Ҳамагӣ дар дусад соли ахир илму дониш босуръат пеш рафта, омили асосии рушду тавсеаи зиндагии инсонӣ гардид. Мусаллам аст, ки илму хирад натиҷаи фаъолиятҳои ақлонию зеҳнии башар буда, бо фаъол сохтану таҳрик додани низоми мағзӣ инсоният ба дараҷаи камолоти зеҳнӣ ноил гардид ва тадриҷан аз марҳилаи биологӣ ба сатҳи иҷтимоӣ-сотсиалӣ расида, саранҷом ба шинохт ва маърифати ҷомеа, ҷаҳон ва кайҳон даст ёфт. Дар натиҷаи фаъол шудани низоми мағзӣ инсон на танҳо дар пайи шинохти худ кӯшид, балки ҷаҳони перомуни худро низ маърифат намуд. Ҳанӯз Софокли юнонӣ гуфта буд: “Дар табиат неруҳои қавӣ зиёданд, вале аз инсон пурқудраттар касе ё чизе нест”. Албатта, ҳадафи Софокл инсони ҳушманд, оқил, донову огоҳ аст ва танҳо бо рӯйи даст гирифтани ибтикороти фикрию зеҳнӣ ва иродавӣ, ки дар қолаби илму хирад инсиҷом меёбанд, инсон бар қувваҳои дигари табиӣ пирӯз мегардад. Аз ин ҷо даврабандии андеша ё ба истилоҳ, таърихи илми башарӣ шуруъ мешавад ва расидан ба дараҷаи баланди камолот инсониятро аз давраи шинохти инсону ҷомеаю сайёра то ба марҳилаи ниҳойии маърифати кайҳон ва муҳити фарозаминӣ мерасонад. Ба ин марҳила расидан ва ба қавли нависанда ва донишманди маъруфи англис Артур Кларк (1917-2008), тарҳи “Муколимаи Инсон ва Кайҳон”-ро кашидан тавассути илму дониш муяссар мегардад (Кларк садаи бистро ба унвони садаи гуфтугӯйи инсону кайҳон муаррифӣ кардааст). Ба сухани дигар, илм метавонад гуфтугӯйи воқеии инсон ва кайҳонро дар садаи бисту як густариш бахшад ва бад-ин минвол инсониятро ба масири саодату хушбахтӣ ҳидоят намояд.

      Дувум. Инсон ва ҷомеаи инсонӣ аз бомдоди вуҷуд то имрӯз пайваста бо хатарҳои гуногун мувоҷеҳ буду ҳаст ва ҷиҳати рафъи таҳдиду чолишҳо, ки на танҳо ӯро ба чоҳи ҳалокату нобудӣ кашидаву мекашанд, балки ҷисму руҳашро мавриди фишору азияти ҳамешагӣ қарор медиҳанд, тасмимоту ташаббусоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, дар ин замина барномаҳои муассир тарҳрезӣ мекунад. Барномарезиҳои илмию фаннии инсонӣ ӯро дар баробари хатару мушкилоти рӯзафзуни табиию ғайритабиӣ осебнопазир сохта, масуният-иммунитети қавӣ мебахшанд. Аз ин ҷост, ки сарнавишти инсонӣ ва чигунагии он, қабл аз ҳама, ба илму хирад ва татбиқи назариёти илмӣ ва фалсафӣ дар зиндагии башарӣ бастагӣ дорад. Инсон ва дар маҷмуъ, ҷомеа ҳар қадар ба илму дониш мутамоил бошад, ҳамон қадар раванди беҳбудии зиндагӣ таҳкиму тақвият меёбад ва масири рушду инкишоф башарро дунболагирӣ мекунад. Ва баръакс, агар инсон (ва ҷомеа) аз илму хирад бипарҳезад ва ё ба  забони бадеӣ, дар ҳавою навои созҳои илмҳои мурда рақсу бозӣ намояд, сарнавишти бад интизораш ҳаст. Ин нуктаро бидуни мушкил метавон дар таърихи мавҷудияти инсон аз қадим то имрӯз мушоҳида кард. Ин аст, ки эътимод ба илму хирад дар ҳар шароите эътимод ба зиндагӣ ва худи инсон аст. Махсусан, имрӯз, ки ҷомеаи илмӣ бо хатарҳои глобалие назири ҷаҳолат, хурофот, таассуб ва ноогоҳию нодонии саросарӣ дасту панҷа нарм мекунад, рӯ овардан ба омӯзиш, фаҳмиш, хониш, тадрис, шинохт ва таҳқиқ аз ҷумлаи муқтазиёти замонию маконӣ маҳсуб меёбад. Ба қавли шоир:

Барсиришта илм моро тору пуд,

Илм бошад маънию асли вуҷуд.

      Севум. Бо мақсади гиромӣ доштану густурдани илму дониш дар сатҳи давлат ва ҷомеаҳои мутамаддини ҷаҳонӣ Рӯзи илм мавриди таҷлил қарор мегирад. Таҷлили Рӯзи илм ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамчун ҷашни ихтисосӣ дар миёни ҷашнҳои дигар аз маҳбубият бархурдор аст. Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумат 15 апрел муқаррар шудааст. Ба ин муносибат ҳамасола 15 апрел дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи илм бо ҳузури васеи олимону донишмандони саршиноси ҷумҳурӣ мавриди таҷлил қарор мегирад. Дар Рӯзи илм ҷамоати олимон сари масоили муҳим ва рӯзмарра таваққуф намуда, миёни худ радду бадалҳои илмӣ ва ихтисосӣ анҷом медиҳанд ва ба ин васила дар густариши дониш дар минтақа саҳм мегиранд. Чорабиниҳои марбути Рӯзи илм, асосан аз қисмати ташкилӣ-амалӣ (аёдати олимони солманд, тақдими туҳфаҳо, зиёрати марқади бузургони илми ватанӣ ва суханрониҳои муқаддимавӣ) ва бахши назариявӣ (баргузор намудани конфрони илмӣ-назариявӣ дар толори Маҷлисгоҳи Академияи илмҳо) иборат аст. Ҷолиб ин аст, ки саҳари барвақти ин рӯз ҳайати раҳбарият ва ҷамъияти илмӣ марқади бузургони илмро зиёрат намуда, сари турбаташон гулчамбарҳо ва аз ин тариқ хотираи онҳо пос дошта мешавад. Тавре ки болотар ишора шуд, бомдоди 16 апрел қисмати ташкилӣ-ташрифотии чорабиниҳо доир шуда, соати 09:00 дар Маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури доираи васеи донишмандону олимон ба таври дастаҷамъона Рӯзи илм таҷлил гардид. Дар он гузоришҳои олимони варзидаи Академияи миллии илмҳо, ки ба масоили муҳимми илмӣ ва фаннӣ иртибот доштанд, мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.

      Чаҳорум. Дастоварди аз ҳама арзишманди замони соҳибистиқлолӣ ба забони илм мубаддал гардидани забони давлатӣ (забони тоҷикӣ) мебошад. Имрӯз олимони соҳаҳои гуногун сари тадқиқотҳои худ озодона бо забони давлатӣ суҳбат мекунанд ва аз ин тариқ илми тоҷик дар сатҳи иҷтимоӣ таблиғу ташвиқ мешавад. Эҳё гардидани суннату анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати гузашта, гиромидошти таъриху фарҳанги бумӣ ва дар ин замина таҳкиму тақвият ёфтани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ аз муваффақиятҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.      

       Панҷум. Пайвасти мустақими илм бо истеҳсолот (назария бо амалия) ҳадафи асосӣ ва бунёдии ҳайати кормандони илмии муассисоти таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, инкишофи илмҳои инсоншиносӣ, фанҳои дақиқу техникӣ, истифодаи технологияи пешрафта ва натиҷатан, баланд бардоштани тафаккури илмию техникии ҷомеа рисолати олимону донишмандони ватанӣ мебошад. Ба таври боистаю шоиста анҷом додани ин рисолат боиси таҳаввулоти амиқи фикрӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ гардида, сарнавишти халқи тоҷикро ба самти хушбахтию саодат рақам мезанад.

       Дар заминаи Рӯзи илм, сиҳатмандии олимону донишмандон, рӯшанфикрону зиёиён ва дар ин замина тавлиду бозтавлиди неруҳои нави илмӣ ва комёбиҳои илми ватанӣ таманнои ҳамешагии мост.

        Рӯзи илми тоҷик муборак, аҳли илми миллию ватанӣ!

         Нозим Нурзода

пажуҳишгар

Хондан 1847 маротиба