JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Апрели 2024 10:29

Урфӣ ва Айнӣ

Муаллиф: Ҷамолиддин Саидзода

Шероз, ки дарёи маонигуҳар аст,

Якто гуҳараш Урфии соҳибназар аст.

                                                        Урфӣ

  Агарчи дар асрҳои охир, ба вижа асри XVIII ва XIX, бо омадани шеъри гунгу печидаи Бедил, адабиёти мо ба “сакта ва таваққуф” гирифтор шуд ва эпидемияи (вабои) тақлиду  пайравии кӯр-кӯрона ба осори ин адиби тоҷикзабони Ҳинд саросари Осиёи Миёнаро фаро гирифт, бедилгароӣ як навъ муд шуд, аммо, ба ҳар ҳол, ном ва осори бархе аз адибони миллии мо низ дар гӯшаю канори Мавороуннаҳр,ки дар қабзаи Манғитиён  буд ва ба номи давлати Узбакия ба умри худ идома медод,ба чашм мерасад. Ба сухани дигар, дар қатори Бедилу Ҳофиз,ки осорашон ба хотири ирфону тасаввуф мавриди омӯзиш қарор дошт ва девонҳои туркии    Навоӣ, мо ба номҳои адибоне чун Соиб, Саъдӣ, Камол, Хусрави Деҳлавӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ ва ғайра низ рӯ ба рӯ мешавем, ки ин, албатта, аз таназзули адабиёт ва рӯҳи миллӣ дарак медиҳад. Бад-ин маънӣ, муаллифи китоби “Шоири оинаҳо”- Шафеъии Кадканӣ чунин навиштааст: ”Аз Ҳофизу Бедил, ки бигзарем, шоирони дигаре, ки бешу кам дар муҳити адабии Мовароуннаҳр ҳузури ошкортаре доранд, яке Саъдист, дигаре Соиб аст. Фирдавсию Мавлавию Камоли Хуҷандию Хусравии Деҳлавӣ ҳам дар гӯшаву канор ҳузур доранд, аммо на ба вусъати Бедилу Ҳофиз”. 1

Дар ҳақиқат, дар ин асрҳо бедилгароӣ чунон авҷ гирифта буд,ки ҳар шоиру муташоир, ки қалам ба даст мегирифт, ҳатман дар  пайравии Бедил қаламфарсоӣ мекард ва як навъ маҳорати худро месанҷид ва ба намоиш мегузошт. Бад-ин маънӣ, дар ин қарн адибе набуд, ки аз ин эпедемияи (вабои) бедилгароӣ  эмин монда бошад ва ба тақлиди ӯ напардозад ва чизе  нагӯяд. Воқеан, Бедил ва осори чистонгунаи ӯ  дар ин асрҳо ном ва осори адибони миллии моро таҳтушшуоъ қарор дода буд. Албатта, ин аз инҳитоти рӯҳи миллӣ, ки аз набудани давлати миллӣ берун меояд, хабар медиҳад. Мо дар ин ду аср аз олимону адибони миллии худ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Абӯшакур, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоқонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Мавлавӣ, Биноӣ, Мушфиқӣ, Сайидо ва дигарон қариб, ки ному нишоне намебинем. Мардум на танҳо номи миллати худро аз ёд бурдаву бехотира шуда буд, ки ҳатто номи адибони бузурге чун Рӯдакию Носири Хусравро низ аз ёд бурда буданд, намедонистанд, ки миллати мо ин гуна шоирони бузург доранд. Барои он ки сухани мо бодалел бошад, ба гуфтори устод Сотим Улуғзода рӯ меорем, ки дар ин боб дар китоби ”Субҳи ҷавонии мо” гуфта: ”Талабагонро пешакӣ хабардор карда монда буданд, ки “профессор Андреев омада бо шумо суҳбат мекунад. Мо дар интизори вай дар ошхона ҷамъ шуда нишаста будем. Профессор ба хона дохил шуд, ба мо бо лаҳҷаи софи тоҷикӣ “ассалому алайкум, бачаҳо!” салом дод. Мо, ки аз лаҳҷаи тоҷикии ин марди рус дар ҳайрат монда будем, ба саломаш даррав алек ҳам нагирифтем... Профессор ба назди мо барои навишта гирифтани баъзе хусусияти шеваҳои маҳаллии забони тоҷикӣ омада будааст. Аммо кам-кам саргарми гуфтугӯ шуда, қаламу дафтарашро як сӯ гузошта, чизҳоеро ба ҳикоя кардан даромад, ки мо дар умрамон нашнида будем. “Бача, ту аз куҷоӣ?” – муроҷиат кард профессор ба як нафари мо. Талаба ҷавоб дод, ки аз Бухорост. Профессор ба мо аз таърихи Бухоро ва ривоятҳои оид ба пайдоиши ин шаҳр баъзе чизҳоро нақл кард. Баъд аз он аз талабаи бухорӣ боз пурсид:

-Ту Рӯдакиро шунидаӣ? – Рӯдакӣ-мӣ? Аз одамҳо шунида будам: дар қадим ҳамин хел як валӣ гузашта будааст. – Профессор лабаханде карду гуфт: - Не, вай валӣ набуд... Рӯдакӣ ҳамватани бузурги туст, вай бисёр одами аҷоиб буд... Вақте ки ту дар ин ҷо хонда кӣ будани Рӯдакиро донистӣ, вайро дӯст хоҳӣ дошт.

Пас аз он Михаил Степанович аз зиндагонии нахустин ва бузургтарин шоири тоҷик ҳикоятҳои шавқовар кард ва баъзе шеърҳои шоирро аз ёд хонда дод. Fазали машҳури шоир “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” ба мо бисёр хуш омад.

 

Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ

Хинги моро то миён ояд ҳаме,

Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ

Зери по чун парниён ояд ҳаме.

 

Шоир дар ин ғазали худ ҳусну латофати шаҳри азизаш Бухороро васф мекунад. Ривояти машҳуреро, ки бо ин шеър алоқаманд аст, мо дар он рӯз аввалин бор аз забони М.С.Андреев шунидем. Назар ба ин ривоят, амири Сомонӣ дар он вақт аз пойтахти худ Бухоро ба Ҳирот рафта, муддате дар он ҷо монда будааст; шеъри Рӯдакиро ба ӯ пагоҳӣ дар вақти мӯза пӯшида истоданаш мехонанд. Амир бо шунидани ин шеър ба чунон ҳаяҷоне меояд, ки ҳамон соат як пои мӯза пӯшида ва пои дигараш нопӯшида, ба асб савор шуда роҳи Бухороро пеш мегирад.

Михаил Степанович дар бораи бузургони дигари аз байни халқи тоҷик баромада ҳам ҳикояҳо кард. Вай афсӯс хӯрда мегуфт, ки тоҷикон ба сабаби садҳо сол дар қайди зулм, торикӣ ва бесаводӣ монданашон шоирон ва олимони бузурги худро дуруст намешиносанд ё ки фаромӯш кардаанд. Аммо акнун шумо, - мегуфт профессори рус, - бояд кӯшиш кунед, ки онҳоро зудтар шиносед ва шуҳрати онҳоро дар байни халқи худатон зинда гардонед. Онҳо ба тоҷикон дӯстдории илму маърифат ва санъатро ёд медиҳанд. Баъд аз он М.С.Андреев аз як ҷавони помирӣ пурсид, ки вай Носири Хисравро медонад ё на? Ҷавони помирӣ ҷавоб дод, ки Шоҳносири Хисравро пайғамбар мегӯянд ва помириён ба вай ихлос доранд. Мо талабагони ғайрипомирӣ бошем, ин номро аввалин бор буд, ки мешунидем. Профессор қаламашро бесаброна ва беихтиёр ба стол тӯқ-тӯқ зада гуфт:

- Бале медонам, ихлос доранд... Бузургони гузаштаро шумо “шоҳ” медонед ё “валӣ”. Ва ҳол он ки Носири Хисрав на валӣ буд на шоҳ. Вай овораи ҷаҳон, шоир ва файласуф буд. Як умр аз шоҳу валиҳои замон, ки мехостанд ӯро аз барои фикри ҳақиқатҷӯй ва озидихоҳаш дастгир карда кушанд, гурезон буд ва дар ғор зиндагонӣ мекард... Ман як шеъри ӯро барои шумо мехонам, бубинед, ки вай чӣ гуна шеърҳои хуб мегуфт:

 

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост

Бар ростии бол назар карду чунин гуфт:

К-имрӯз ҳама рӯи замин зери пари мост!

Гар авҷ бигирам, бипарам аз назари шед,

Мебинам агар заррае андар таги дарёст.

Гар бар сари хошок яке пашша биҷунбад,

Ҷунбидани он пашша аён дар назари мост”.

Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид, -

Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост:

Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне

Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост,

Бар боли уқоб омад он тири ҷигардӯз

В-з абр мар ӯро ба сӯи хок фурӯ кост,

Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ

В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост,

Гуфто: “Аҷаб аст ин ки зи чӯб асту зи оҳан,

Ин тезию тундию паридан-ш куҷо хост!”

Зи тир нигаҳ карду пари хеш бар ӯ дид:

Гуфто: “Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост”.

Носир, ту маниро аз сари хеш бадар кун,

Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.

 

Ман аввал ин шеърро он қадар нафаҳмидам, зеро маънои бисёр калимаҳои он ба ман торик буд. Аммо ҷавони помирӣ, ки ин шеърро ҳамчунин аз ёд медониста ва хуб ҳам мефаҳмидааст, ба ман фаҳмонд; ман онро навишта гирифта аз ёд кардам”. 2

Мо барои нишон додани таназзули рӯҳи миллӣ ин гуфтори муқаддаси Айниро низ ба орият мегирем, ки аз бехабарӣ, гумроҳӣ ва бедилзадагии адибони мо дар он адвор ба мо хабар медиҳанд: ”Дар аҳдҳои охирӣ, баъди 1200 ҳиҷрӣ, дар Бухоро ва Мовароуннаҳр дар назм, наср тақлиди Бедил шуҳрат гирифта, ҳар аҳлу ноаҳл,ки ба дасташ қалам мегирифт, чизе дар пайравии Бедил навиштанро аз ҷумлаи татимаи камоли худ мешуморид. Аҳмади Калла, бо вуҷуди камоли ихлосу камоли ақидааш дар бораи Бедил, дар тақлиди услуби Бедил мубориза эълон карда, худ осори манзумаву мансурашро дар камоли содагиву равонӣ навиштанро илзом кард. Мусоҳибони худро низ аз тақлиди Бедил манъ мефармуд. Услуби Бедилро махсуси истеъдоду маслаки бедилӣ медонист. Ба амсоли Қозӣ Абдулвоҳид Садри Сарир, Домулло Абдулфазли Сират ва Исо-Махдуми Муфтӣ, ки муосиру мусоҳибони Аҳмад-махдум буданд, ин талқинот беасар намонд. Эшон баъд аз он ки дар овоили ҳол дар назму наср Бедилро тақлид карда буданд, дар овони охирӣ соданависиро машқ менамуданд”. 3

Дар мадрасаву мактаб низ аз Рӯдакию  Фирдавсию Носири Хусраву Низомиву Хоқониву Камолу Биноиву Ҳотифиву Мушфиқиву Урфиву Назириву Толиб ва дигар симоҳои миллӣ ному нишоне набуд, танҳо девони Ҳофизу Бедил ва девонҳои туркии Фузуливу Навоиро мехонданд. Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ин гуна таназзул ёфтани рӯҳи миллии мо бо “қаноатмандӣ” чунин хабар медиҳад: “Дар асрҳои охир дар бисёр мактабҳои  ибтидоии тоҷикӣ (қариб дар ҳамаи шаҳрҳо) мунтахаби “Чор девон”-и узбекии Навоӣ ва ғазалиёти озарии Фузулӣ китоби дарсӣ қарор ёфта буд”. 4  Дигар, номи Улуғбек ҷои Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ ва дигар олимони миллии моро гирифта буд.Тошхоҷаи Асирӣ гӯяд:

 

Улуғбек буд, дар асраш расад сохт,

Ба панҷоҳаш нигаҳ нокарда, сад сохт...

Улуғбек ин ҳама асрор фаҳмид,

Зи илми коинот овард таснид... 5

 

Ва Аҷзирост:

 

Улуғбек ибни Шаҳрух бинни Темур

Дил аз илму маориф дошт пурнур. 6

 

Рӯдакию Фирдавсию Ибни Синову дигар адибону олимони миллии мо гӯё мурда буданд, ки дар кунҷи фаромӯшӣ афтода буданд, на онҳоро ёд мекарданд, на осорашонро таълим медоданд. Эшон танҳо дар замони Шуравӣ зинда шуданд,ба барномаҳои таълим ворид гардиданд. Аз ин рӯ, адибони мо аз ин рухдоди бузург, яъне инқилоб, ҳолати бади адабиёт ва адибони мо то замони озодӣ бо як эҳсоси волои миллӣ ва хуррамӣ дар ашъорашон ба хонандагон хабар додаанд:

 

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,

Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун.7

Турсунзода

Рӯдакиро кард бино Инқилоб,

Дод умри нав ба Сино Инқилоб. 8

Лоиқ

 

Аммо устод Айнӣ, ки нобиға ва марди ҳассосу пурмутолиа буд ва зарари осори Бедилро ба адабиётамон пай бурда буд, андак-андак аз осори Бедил фосила гирифт, дурӣ гузид ва рӯ ба шоирони миллӣ, аз ҷумла Саъдӣ, Ҳофиз, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камол, Ҷомӣ, Қоонӣ ва дигарон овард. Урфӣ, ки аз поягузорон ва шоирони нисбатан содагӯи сабки ҳиндӣ маҳсуб мешавад, низ мавриди таваҷҷуҳи устод Айнӣ қарор гирифт. Ногуфта намонад, ки осори Урфии Шерозӣ барвақт ба Мовароуннаҳр омада буд ва мавриди тақлиду пайравии аҳли қалам қарор гирифта буд. Мо таъсири шеъри ӯро дар осори Сайидо, Кошиф, Парӣ ва дигар адибони Мовароуннаҳр бармало боздид менамоем. Чунончи:

Сайидо, дорам нигори маҳваши ширинсухан,

Чун табибон аст доим бар сари болини ман,

Рӯзи марги худ муборак бод гӯям бар бадан,

“Гар ба тори зулфи ӯ,Урфӣ, бидӯздандам кафан,

Хоки ман то рӯзи маҳшар накҳати анбар диҳад”9

Сайидо

Дар ин гулшан муҳол аст аз дарахти умр бар хурдан,

Муяссар нест з-ин ҳасратсаро ҷуз доғи дил бурдан,

Намеарзад матои даҳр, Кошиф, бо дилозурдан,

“Чунон бо неку бад, Урфӣ, ба сар кун, к-аз паси мурдан

Мусулмонат ба замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад”. 10

Кошиф

Парӣ, “бо неку бад месоз” гуфт, Урфӣ,пас аз мурдан,

“Мусулмонат ба замзам шӯяду ҳинду бисӯзонад”. 11

Парӣ

Воқеан, Урфӣ аз аввалин намояндагони сабки ҳиндӣ аст, ки осораш дар Мавороуннаҳр паҳн шудаву мавриди тақлиду пайравии аҳли адаби ин сарзамин гардида буд. Садрӣ Саъдиев гӯяд : ”Дар нимаи дуюми асри XVII дар шеъри тоҷикӣ дигаргунии услубие падид омада,эҷодиёти бештари шоиронро фаро гирифт. Ин тағйироти услубии шеър нахуст дар эҷодиёти як қатор сухансароёни навпардози Эрону Хуросону Ҳиндустон Урфии Шерозӣ (1555-1591), Назирӣ (ваф.1602), Нозими Ҳиротӣ (1601-1671), Соиби Табрезӣ (1603-1677), Абутолиби Калими Кошонӣ (ваф.1650), Толиби Омулӣ (ваф.1623), Шавкати Бухороӣ (ваф.1695), Носиралии Сирҳиндӣ (ваф.1695) ва ғайра буданд. Ҳар яки ин шоирон сабки хоссаи худро доштанд, вале умумияти онҳо дар навпардозӣ ва тарзи тозаи сухан буд. Ин ҳамон тарзи нави шеър аст, ки ҳоло дар адабиётшиносӣ шартан сабки ҳиндӣ номида мешавад. Вале пешиниён, аз ҷумла Малеҳо, онро “шеъри тарз”, “тарзи нав” ва монанди инҳо таъбир кардааанд. Бояд гуфт, ки агарчи ин сабк ҳоло бо номи “ҳиндӣ” машҳур аст, вале он асосан дар эҷодиёти шоирони Эрон ва Хуросон ба вуҷуд омада ва такомул ёфта буд.” 12

Тавре ки мебинем, осори Урфӣ аз замони зиндагиаш на танҳо дар ватанаш Эрону Хуросон, Ҳинду Туркиву Усмонӣ, балки дар Мовароуннаҳр низ густариш ва шуҳрат ёфта будааст. Аз ин рӯ, мо бо намунаҳои осори ӯ дар китоби “Чаҳор гулзор”-и  Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, ки дар асри 16 зиндагиву эҷод кардааст, низ рӯ ба рӯ мешавем:

 

Ҳар сӯхтаҷоне,ки ба Кашмир дарояд,

Гар мурғи кабоб аст,ки бо болу пар ояд. 13

 

Моро ба коми хеш бидиду дилаш бисӯхт,

Душман,ки ҳеҷ гоҳ мабодо ба коми мо.  14

 

Лозим ба ёдоварист, ки Малеҳо дар тазкираи худ дар бораи Урфӣ, дар бахши “Имтиёзи шеъри Урфӣ ва Нозим”, як байти ӯро аз маснавии “Хусраву Ширин”-и ӯ ( Калиди ганҷи маъни деҳ ба дастам, Вагарна мастам, инак дар шикастам”) оварда, ибтидо аз ҳусни шеъри Урфӣ ва баъд қубҳи он сухан мегӯяд, амммо аҳли сухани Мовароуннаҳр интиқоди Малеҳоро ба шоири бузурге чун Урфӣ қабул намекунанд ва мегӯянд; ”Ин сухани ту абас аст ва ин ҳарфи бадро магӯй, ки хубон ба хубии ин байт қоиланд,ту нафаҳмидаӣ”.15 Аз ин далелҳо, ки андаке аз бисёранд, маълум мешавад, ки Урфӣ дар Мовароуннаҳр аз шуҳрати хос бархурдор будааст ва то омадани шеъри гунгу печидаи Бедил (аввали асри 18) чун намояндагони аввали он-Назирӣ, Толиб, Калим, Соиб ва дигарон мавриди тақлиду пайравии шоирон будааст. Ӯ ҳатто дар замони ҳукмронии шеъри Бедил (асрҳои 18-19) низ мавриди таваҷҷӯҳи шоирон будааст. Шоирон ба шеъраш пайравӣ мекарданд, ба ғазалҳояш мухаммас мебастанд,ки яке аз онҳо устод Айнӣ будааст.

Бояд гуфт, ки дар бораи Урфӣ пеш аз Малеҳо Мутрибии Самарқандӣ дар  “Тазкират –уш-шуаро”-и худ маълумот додааст. Чунончи, ӯ гуфта: “Урфӣ аз шуарои маъруфи соҳибкамол аст. Таваллуд дар вилояти Шероз намуда, таҳсили улум ҳамон ҷо карда, саромади фузалои замон гардида буда. Девони ашъори ӯ дар назари ин фақир даромад, бағоят абёти хуб дорад, маонии бадеъро дар алфози латиф мудӣ гардида. Байт:

 

Ба ҳар байти Шоҳӣ назар кун, бубин,

К-аш оғоз хубу ниҳоят хуш аст.

 

Чунин гӯянд, ки дар ҳамаи фанни шеър зуфунун буда ва дар ҳамаи ақсоми шеър табъаш диққат менамуданд. Чунончи, китоби маснавӣ мусаммо ба “Хусраву Ширин” ва “Маҷмаъ-ул-абкор” ном дар ҷавоби “Махзан-ул-асрор”-и Шайх Низомии Ганҷа гуфта буда, ки бағоят  мустаҳсани табоъ менамуданд. Гӯё аз вилояти Шероз тӯтии табъаш майли шакаристони Ҳинд намуда. Ба маҷлиси Ҳумоюнӣ, Хусрави Ҷамҷоҳи анҷумсипоҳ Ҷалолиддин Муҳаммади Акбарподшоҳ расида, эҳтироми тамом ёфта. Фааммо, аҷаб олиҳиммат буда, ки табъи латифаш ба ҷавоиз ва марсуми салотин қатъан илтифот намефармуда ва доим-ул-даҳр дар кисвати озодагӣ авқот ба сар мебурда. Гӯё, ин байт дар шаъни ӯ воқеъ шуда:

 

Дарёдилему ҳиммати мо фориғ аз дур аст,

Гар дасти мо тиҳист, вале чашми мо пур аст.

 

Ва ин рубоиаш, ки тақрибан хуб воқеъ шуда, шоҳиди ҳамин маъност:

Урфӣ, дили мо кеш дигаргун накунад,

Дарюза ба ҷуз даруни пурхун накунад.

Сомони биҳишт агар дар ин кӯча кашанд,

Умед сар аз дарича берун накунад.

 

Ва аз ҷумлаи махсуссоти ӯ дар фанни шоирӣ яке он аст, ки тахаллуси худро дар аксари рубоиёташ оварда ва ин тариқаро кам шоире илзом намуда. Ашъори ӯ холӣ аз ҳоле нест. Ва ин ғазали ҷонсӯз аз ӯст:

 

Зи рӯи оташи сӯзон агар хошок мерӯяд,

Шаҳидони муҳаббатро гиёҳ аз хок мерӯяд.

Куҷо гардад ниҳон хунрезии чобуксавори ман,

Ки гар дасте нигаҳ дорад, сар аз фитрок мерӯяд.

Чӣ суд аз боғи ҷаннат, ҷилвагоҳи ёрро нозам,

Ки он ҷо ҷон фишонанду дили ғамнок мерӯяд.

Бубин бар зарқи зоҳид ханда гулҳои баҳориро,

Бубин к-аз гӯшаи дастори ӯ мисвок мерӯяд.

Ба ҳар ҷо ғамзаи ӯ теғ бар каф меравад Урфӣ,

Шаҳиди хунгиёҳи ташналаб аз хок мерӯяд”. 16

 

Зимнан, агарчи устод Айнӣ дар бораи Урфии Шерозӣ мақола ва осари алоҳида  нанавиштааст,аммо ба осори ӯ ошно будааст.Аз ин хотир,вай ба осораш на танҳо пайравӣ менамояд,балки аз вай, ба ин ё он навъ, дар ин ё он ҷой, ба ин ё он мақсад, ёд менамояд.Масалан, дар хотимаи китоби “Мирзо Абдулқодири Бедил” дар бораи забони осори шоир, муғлақ, душвор будани он, ки ба талаботи замони адиб иртибот мегирад,чунин изҳори ақида менамояд: “Бедил дар бобати забон ҳам фарзанди содиқи замони худаш шуда мондааст. Маълум аст,ки аз охирҳои асри XV сар карда, дар наср ва баъдҳо дар назм ибораҳо ва ташбеҳҳои каснофаҳм ва ё душворфаҳм “санъат” шуда монда буд. Адабиётшиносони феодалии он замонҳо баландии санъатро ба нисбати мутлақии тарзи ифодааш муайян мекарданд. Дар назм намояндагони ин тарз Урфии Шерозӣ, Шавкати Бухороӣ ва Носиралии Сарҳиндӣ мебошанд”. 17

Устод Айнӣ дар пешсухани китоби “Чор дарвеш” низ аз Урфӣ ёд менамояд.Ин ёдкард ба Хусрави Деҳлавӣ (асри 13) тааллуқ надоштани китоби ”Чор дарвеш” иртибот мегирад. Устод Айнӣ ҳамчун донандаи таърихи адабиёт, сабкшиносӣ, ошно бо тазкираҳо, осори адабиётшиносони форсизабони Ҳинд равшан мекунад, ки ин китоб дар асри 18 ё 19 иншо шудааст, зеро дар он ашъори шоироне оварда шудаанд,ки баъд аз Хусрави Деҳлавӣ, дар асрҳои  XIV- XVIII, зиндагию эҷод кардаанд. Аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ (асри 14), Урфии Шерозӣ (асри 16), Шопури Теҳронӣ,Фонии Кашмирӣ (асри 17), Ғайратӣ (асри 18). Албатта, номи Урфиро овардани устод Айнӣ ва шеърҳои ӯро ҷой додани муаллифи номаълуми китоб, аз як сӯ, аз огоҳии вай аз ашъори Урфӣ хабар диҳанд,аз сӯйи дигар, аз мақоми баланди Урфӣ дар шеъру адаби мо мужда мерасонанд. Бинобар ин, устод Айнӣ менависад: “Аммо касе, ки ин китобро бо муҳокима ва диққати дуруст хонда мебарояд, мефаҳмад, ки ин асар ба Хисрави Деҳлавӣ ҳеҷ як алоқа надорад. Чунки муаллифи ин қиссаҳо дар рафти воқеаҳо шеърҳои машҳури Ҳофизи Шерозиро (баъзеҳояшро бо тахаллуси Ҳофиз), якчанд байт аз тарҷеъбанди Абдураҳмони Ҷомиро, ки сарбандаш “Биншинаму бо ғами ту созам, Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам” мебошад ва инчунин шеърҳои Урфии Шерозӣ, Шопури Теҳронии Ҳиндустонӣ, Муҳсин Фонии Кашмирӣ ва Fайратӣ барин шоиронро, ки баъд аз замони Хисрав дар дунё зиндагӣ кардаанд, меорад.  Акнун мо барои равшантар муҳокима кардани масъала замони ин шоиронро бо замони Хусрави Деҳлавӣ андоза намуда мебинем. Ба мо маълум аст, ки Хусрави Деҳлавӣ дар соли 1329 вафот кардааст. Аммо Ҳофизи Шерозӣ дар соли 1392, Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 1493, Урфии Шерозӣ дар соли 1649 ва Муҳсини Фонии Кашмирӣ дар соли 1671 вафот кардааст. Fайратӣ бошад аз шоирони давраи Муҳаммадшоҳи Темурӣ аст, ки ин шахс дар Деҳлӣ аз соли 1718 то соли 1747 ҳукумат рондааст. Аз ин ҳисоб ва андозаҳо ошкоро маълум мешавад, ки замони Хусрави Деҳлавӣ нисбат ба замони Ҳофизи Шерозӣ, ки қадимтарин шоирони дар ин ҷо номбаршуда мебошад, 70 сол пеш буда, аз замони Fайратӣ, ки охирини ин шоирон аст, 400 сол пеш аст”. 18

Тавре ки аз ин иқтибос мебинем, устод Айнӣ на танҳо ба Урфӣ ва осори ӯ, балки ба шоирони номдори дигари сабки ҳиндӣ, аз ҷумла Шопури Теҳронӣ,Фонии Кашмирӣ, Ғайратӣ, ки ҳатто  олимону хонандагони имрӯзи мо ҳам аз онҳо хабар надоранд, ошно будааст, ки ашъорашонро шинохтаву ташхис кардааст. Агар аз осори онҳо бохабар намебуд, наметавонист чунин ҳукми огоҳонаву одилонаву оқилона намояд. Умуман, устод Айнӣ нобиға, алломаи замони хеш будаанд ва аз таъриху илму адабиёт вуқуфи зиёд доштаанд. Ӯ на фақат Бедил, балки Соибу Урфию Шавкату Носираливу Нозим, Мирзо Мазҳари Ҷонон ва дигар намояндагони маъруфи сабки ҳиндиро ба хубӣ мешинохта ва ба осорашон ба андозаи  кофи ошно будааст. Аз ин рӯ, дар осораш аз онҳо  байту порчаҳо овардааст. Масалан, аз ин байт, ки ӯ дар мақолаи ”Гургон гӯсфандро чи гуна пора карда фурӯ бурданӣ” овардааст, ҳамагон хабар доранд, аммо аз шоири маъруфи сабки ҳиндӣ-Сайдии Теҳронӣ  будани онро на ҳама медонанд:

 

Аз ин худком ёрон ранги улфат мепарад моро,

Ки баҳри сайди моҳӣ хушк мехоҳанд дарёро. 19

 

Мо ин гуна суханро дар  бораи байти машҳури “Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад, Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад”-и Урфӣ, ки устодон Айниву Турсунзода пеш аз маргашон мукаррар мехонданд, низ гуфта метавонем. Воқеан, хонандагон гумон мекарданд, ки он байти боло аз устодон Айниву Турсунзода аст, аммо ин байт аз Урфии Шерозӣ мебошад, ки устод Айнӣ дар як ғазалаш,ки дар пайравии Урфӣ навиштааст,онро ҳамчун матлаъ тазмин намудааст, аммо мураттибон онро ҳамчун катиба овардаанд, ки иштибоҳ аст. Ин аст он ғазали устод Айнӣ :

 

“Тарсам,ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

В-ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад”.

Гар баҳравар шуда дилам аз ғам, шигифт нест,

Хӯ карда дил ба ҳар чӣ,аз ӯ баҳравар шавад.

Маъюсиям бубин,ки баробар бувад,маро

Дил аз замона гар нашавад шоду гар шавад.

Ҷорист ҷӯи об зи чашмам,вале нашуд

Вақте ки нахли матлаби ман борвар шавад,

Шояд яке зи шасти камонабрӯе расад,

Шодам, чу сар ба тори ҳаводис сипар шавад.

Парво надорам,аз сари ман ҷон равад, валек

Тарсам,ки дарди ишқи ту бо ҷон баробар шавад.

Бар ман ғами фироқи ту, Айнӣ, ба сар шуда,

“Тарсам,ки ман бимираму ғам бепадар шавад,” 20

 

ки дар пайравии ин ғазали машҳури Урфӣ, ки шаклҳои гуногун дорад, аммо дар куллиёти ӯ ба тарзи зер омадааст, навиштааст;

 

Чашмам на баҳри хеш дами назъ тар шавад,

Тарсам, ки ман бимираму ғам дар ба дар шавад

Ҳаргиз ба рӯи дӯст надидам,ки дил нагуфт

Таскини шавқи ман ба нигоҳи дигар шавад.

Мо гирядӯстему ту нозукдилу кунун

Сеҳре бикун,ки гиряи мо беасар шавад.

Маъшуқро карашма баланд аст, пас чаро

Озурда аз маломати кӯтаҳназар шавад.

Раҳмат ба кас наёмаду аз дардам огаҳӣ,

Бозича нест,ин ки ба хотир бадар шавад.

Лутфаш фузуд шукр,ки ин доғи ҷонгудоз

Гар марҳамаш зиёда ниҳӣ,рештар шавад.

Урфӣ,ба ков-кови ғамаш дам ба дам нафас,

Чун завқи ташнагӣ, ба лаби хеш дар шавад. 21

 

Зимнан бояд гуфт, ки устод Лоиқ дар шеъри “Баъди ту”, ки  ба устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст, чунин мегӯяд: “Солҳои охир аз забони устоди бузургвор Мирзо Турсунзода байти зеринро такрор ба такрор шунидаам”:

 

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.

 

Тарсам, ки низ баъди ту ғам бепадар шавад,

Ин бепадар ба ӯҳдаи мо бештар шавад.

Шеъре, ки аз дил ояду ҷону ҷигар,

То боз бар диле расад,хуни ҷигар шавад...

 

Дар шоирӣ зи баъди ту гар кӯҳна гар навем,

Аз офтоби назми ту як мила партавем.

Ғам бепадар шавад, чи ғам ,ин худ сазои ӯст,

Тарсам,ки баъди марги ту мо бепадар шавем... 22

 

“Бояд гуфт, ки агар устод Лоиқ ин байтро “солҳои охир аз забони устоди бузургвор Турсунзода шунида” бошад, тибқи гуфтаи Муҳаммад Осимӣ, устод Турсунзода онро аз забони устод Айнӣ пеш аз маргаш шунида будааст. Бинобар ин, ӯ дар мақолааш “Ба ёди дӯст” чунин мегӯяд: “Тахминан 20-уми сентябри соли 1977-ум аз сафар баргаштам. Бародарам Аслиддин маро пешвоз гирифта гуфт, ки саломатии Мирзо Турсунзода хеле вазнин аст. Фавран ба бемористон рафтам. Устод зери рӯйҷои сафеди оҳарӣ мехобиданд. Мӯю рӯяшон бо куртаи сафед ҳамранг буд. Маро дида аз ҷо нимхез шуданд: -Бародари азизам, сафаратон дер кашид, ман хеле пазмон шудам. Шабу рӯз чашмам ба роҳатон чор буд. Ман аз тайёрӣ ба ҷашни устод Айнӣ хавотирам. Шумо ба ин кор бояд ба таври ҷиддӣ машғул шавед. Ман аз саломатии устод пурсидам. Он кас бо дасти рости худ ишораи боэътиноӣ карда, боз ба сари мавзӯи ҷашн баргаштанд; -Баъзе рафиқон ба қадри устод намерасанд, хурдагирӣ мекунанд. Онҳо хидмати устодро дар назди тамаддуни тоҷикон фаромӯш мекунанд. Устод Айнӣ дар солҳои вазнини таърихи миллатамон чӣ тавр ҷасурона ҳаққу ҳуқуқи онҳоро ҳимоя карда буд. Айнӣ пуштибон ва падари маънавии миллати парокандаи мост. Ӯ то нафаси охирин ғами адабиёт, фарҳанг, ғами тақдири ояндаи тоҷиконро мехӯрд. Ӯ дар рӯзҳои охирин ҳаёти худ байти зеринро ба такрор мехонд:

 

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад

В-ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад.

 

Мирзо ин байтҳоро хонданду дар чашмонашон ашк ҳалқа зад. 24-уми сентябри соли 1977-ум қалби инсони бузург, он қалбе ки дар худ на танҳо ғами миллати худ, балки ғами бани башарро гунҷонда буд, аз тапидан монд. Шогирдони бовафои Мирзо Турсунзода на танҳо хотири устоди худро пос медоранд, балки намегузоранд, ки ғами миллат бепадар шавад”. 23

Хулоса, устод Айнӣ аз шоирони маъруфи давраи аввал ва авҷи сабки ҳиндӣ на танҳо ба осори Соиб, балки ба осори Урфӣ низ ошно будааст ва як ғазалашро мавриди тазмин қарор дода, ду маротибаи дигар аз ӯ ба мақсадҳои мухталиф ёд кардааст. Якум, дар асари “Мирзо Абдулқодири Бедил”, дувум, дар пешсухани “Чор дарвеш”. Гузашта аз ин, устод Айнӣ дар асари “Духтарбача ё ки Холида”-и худ, дар бахши “Хату савод дар бозор фурухта намешавад”,чунин менависад: “Падари Холида Маҳмудбой ба духтараш нигариста гуфт: “Ҷон духтарам! Худат хуб медонӣ, ки баҳри ту чизеро дареғ намедорам. Ҳар чизи хоҳиши дилатро, ки дар бозор бошад, ҳозирам харида диҳам. Вале чизи пурсидаи ту бо пул ёфт намешавад. Хатту савод дар бозор фурӯхта намешавад. Барои бохатту савод шудан кӯшишу ғайрати ту лозим аст. Агар ба мактаб рафта, чанд вақт дарс хонӣ, хатту саводатро мебарорӣ”.24  Воқеан, ин фиқраи устод байти машҳури Урфиро фароёди мо меорад,ки гуфта:

 

Ҷаҳон бигаштаму дардо, ки ба ҳеҷ диёр

Наёфтам,ки фурӯшанд бахт дар бозор. 25

  

Ҷамолиддин Саидзода

адабиёттшинос 

Адабиёт

  1. Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ. Шоири оинаҳо. – Теҳрон, 1387. – С. 111.
  2. Сотим Улуғзода. Мунтахабот. – Ҷ.1. – Душанбе:Ирфон,1982. – С. 269-271.
  3. Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе:Адиб, 2010. – С. 201.
  4. Муҳаммадҷон Шакурӣ. Пайванди замонҳо ва халқҳо. – Душанбе: Ирфон, 1992. – С. 55.
  5. Гулшани адаб. – Ҷ.5. – Душанбе: Ирфон, 1980.
  6. Ҳамон ҷо – С. 434.
  7. Мирзо Турсунзода. Куллиёт. – Ҷ.1.Душанбе:Ирфон, 1981. – С. 190.
  8. Лоиқ хонаи дил. – Душанбе:Ирфон, 1982. – С. 154.
  9. Миробид Саидои Насафӣ. Куллиёт. - Душанбе:Дониш, 2018. – С. 406.
  10. Муҳаммадаминхоҷа Кошиф. Ашъори мунтахаб. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962. – С.214.
  11. Мероси адабии шоирони Ҳисор- Душанбе,1974.-с. 94.
  12. Садри Саъдиев. Адабиёти тоҷик дар асри XVII. – Душанбе, 1985. – С. 55-56.
  13. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ. Чаҳор гулзор. – Душанбе:Шарқи озод, 1988. – С. 36.
  14. Ҳамон ҷо. – С. 72.
  15. Тазкираи музокир-ул-асҳоб ё тазкират-уш-шуарои Малеҳои Самарқандӣ. – Душанбе:Пайванд, 1385. – С.630-631.
  16. Султон Муҳаммад Мутрибии Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. – Теҳрон, 1377. – С. 563-565
  17. Садриддин Айнӣ. Куллиёт. –Ҷ.11. –Душанбе:Ирфон, 1964. –С.331.
  18. Чор дарвеш. – Душанбе: Ирфон, 1985. – С. 3- 4.
  19. Садриддин Айнӣ. Осори баргузида. – Ҷ.1. – Душанбе:Ирфон, 1977. – С. 174.
  20. Садриддин Айнӣ. Куллиёт. – Ҷ.8. – Душанбе,1981. – С. 68.
  21. Куллиёти Урфии Шерозӣ. – Ҷ. 1. – Теҳрон, 1378. – С. 570.
  22. Лоиқ хонаи чашм. – Душанбе:Ирфон, 1998. – С.145.
  23. Ҷамолиддин Саидзода. Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад… Адабиёт ва санъат, 29 августи соли 2013.
  24. Садриддин Айнӣ. Куллиёт. –Ҷ.3. –Душанбе:Дониш, 2021. –С.218.
  25. Куллиёти Урфии Шерозӣ. –Ҷ.2. –Теҳрон, 1378– С.119.

 

Хондан 927 маротиба