JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 08 Апрели 2024 11:29

Подшоҳони пешдодӣ – бунёдгузорони тамаддуни башарӣ

Муаллиф: Беҳрӯзи Забеҳулло

  Шоҳ дар “Шоҳнома” танҳо ба маънои ҳоким нест, балки фаротар аз он ба маънои ҳаким аст. Бахусус, симои шоҳони пешдодӣ дар ин ҳамоса ба ҳамин маънӣ далолат мекунад. Афлотун ҳам дар китоби худ “Ҷумҳурият” аз бунёди мадинаи фозила суҳбат мекунад ва яке аз шартҳои бунёди ҷомеаи идеалӣ аз назари Афлотун ин буда, ки дар раъси қудрати он файласуф ё ҳаким қарор дошта бошад. Манзур аз файласуф ҳамон марди огоҳу доно аст. Дар ҳамосаи миллии оириётаборон низ маълумоте, ки дар бораи шоҳони пешдодӣ зикр шудааст, бар шартҳои Афлотун барои идораи ҷомеа мутобиқат дошта, балки фаротар аз он ҳаст. Аммо хираде, ки дар “Шоҳнома” ба таври мудом аз он ёд мекунад, ҳамсонӣ бо маъони хирад дар андарзҳои “Динкарди шашум” дорад. “Динкард” китоби бузургест ба забони паҳлавӣ, ки онро “Дарсномаҳои Зартуштӣ” низ ном мебаранд. Ба ҳамин тартиб, хирад дар “Динкарди шашум” ба ҷуз маънои аслии худ, ки неруи фаҳму дарк аст, ҳамчунин бахше аз низоми динии Урмузд низ ҳаст, ки ҷаҳонро офаридааст ва нигоҳдорӣ мекунад. Аз ин рӯ, “Шоҳнома” шоҳасарест, ки бо ситоиши худованди ҷону хирад оғоз мегардад. Бар асоси фармудаи Фирдавсӣ, инсон танҳо бо кумаки хирад имкон дорад, ки ҳам худро бишносад ва ҳам Худованди ҷаҳонофаринро:

Парастанда бошию ҷӯянда роҳ,

Ба фармонҳо жарф кардан нигоҳ.

Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад [4,1].

 Ба далели муҳим будани ҷойгоҳи хирад Фирдавсӣ ин калимаро дар “Шоҳнома” беш аз 900 бор такрор кардааст. Хирад дар “Шоҳнома” ҳамчун бартарин гавҳари олами ҳастӣ ва масдари некиву некукирдорӣ муаррифӣ шудааст. Аҳаммияти хирад ва хирадгароӣ дар бахши устураии “Шоҳнома” ба таври мукаммал ба тасвир кашида шудааст. Қисмати шоҳони пешдодӣ дар “Шоҳнома” намунаи ошкори аҳаммияти хирад дар олами ҳастӣ ва ҳаёти башариро ба намоиш мегузорад. Корномаи шоҳони пешдодӣ манбаи ибрат ва омӯзиши ҷиддӣ бояд қарор гирад. Ҳар яке аз шоҳони пешдодӣ вобаста ба замон хидматҳои арзишманде барои башарият анҷом додаанд. “Шоҳони Пешдодӣ ба унвони аввалин подшоҳони рӯи замин, таъолим, ибдоъот ва ниҳодҳоеро таъсис карданд, ки ба рушди тамаддуни инсонҳо кумаки бисёре кардаанд” [2].

Фарқи асотир аз таърих дар он аст, ки ривоятҳои асотирӣ санади таърихӣ надоранд ва ба тариқи шифоҳӣ аз насл ба насл ба ёдгор мондаанд. Баъзе аз асотир бо пайдо шудани санад ба воқеияти таърихӣ табдил шудаанд. Ба фармудаи пажуҳишгари таърих Зуҳра Сайдмуродӣ: “Асотир нишондиҳандаи фарҳанг ва навҳаи тафаккури мардумон дар давронҳои куҳан ва забони гӯёи таърихӣ аст аз давронҳои пешотаърихӣ. Асотир намояндаи тадовуми зиндагии фарҳангии як миллат ва ба навъе таърихи он аст” [3]. Ҳамин мазмунро худи Фирдавсӣ низ дар бораи устура ва достонҳои шоҳасари хеш ба зебоӣ таъриф кардааст:

Ту инро дурӯғу фасона мадон,

Ба яксон равиш дар замона мадон.

Аз ӯ ҳар чи андархурад бо хирад,

Дигар бар раҳи рамзу маънӣ барад[4, 2].

Нахустин хидмате, ки подшоҳони пешдодӣ анҷом додаанд ва аҳаммияти умумибашарӣ дорад, таъсиси аввалин ҷомеаҳо барои инсони ибтидоӣ будааст. Маҳз ҳамин омил, яъне сарҷамъ кардани инсонҳои ибтидоӣ дар ҷомеаҳои кучак барои зиндагии муштарак пойдевори бунёди тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад. Сипас дар заминаи зиндагии муштарак бунёди дин, расму ойин, фарҳанг, назми хонавода, давлат асос гузошта шудааст. Ба қавли муҳаққиқ Заҳро Озарниюш: “Пешдодиён нахустин дудмони фармонраво дар таърихи асотирии Эрон ба “фармонравои ҷаҳон” маъруф буданд...Дар бовари умум асотир ҷанбаи ғайривоқеӣ ва афсонаӣ доранд, аммо бархилофи тасаввури омма дар илми асотиршиносӣ таърихи муттакӣ бар ривояти шифоҳиро устура мегӯянд. Силсилаи пешдодиён ба иллати адами вуҷуди санади мактуб, асар ё катибае аз давраи ҳукумат то ба имрӯз дар бахши асотирии таърихи Эрон ҷой гирифтаанд, чунончи, бо ковишҳои бостоншиносӣ асаре аз ин силсила ба даст биёяд, ҷойгоҳи он дар таърих тағйир мекунад” [2].

Шоҳони пешдодӣ дар “Шоҳнома” дорои сифатҳое мебошанд, ки маҳз ҳамин авсоф заминаи ташкили ҷомеаи башарӣ ва баъдан давлату тамаддунро фароҳам сохтааст. Аз рӯи маълумотҳое, ки дар бораи подшоҳони пешдодӣ дар “Шоҳнома” зикр шудааст, метавон сифатҳои барҷастаи онҳоро ба тартиби зайл номбар кард:

  1. Яздонпарастӣ;
  2. Ташкили нахустин ҷомеаҳои башарӣ;
  3. Кашфи рамзу рози олами ҳастӣ;
  4. Мураббӣ ва раҳнамои мардум;
  5. Рисолати паёмбарӣ барои қавми худ;
  6. Асосгузори давлат ва низоми сиёсӣ;
  7. Содиркунандаи нахустин дастур ва қонун;
  8. Мусаллат ба ҳикмату дониш;
  9. Доду диҳиш;
  10. Тамаддунофарӣ.

Яъне, низоми подшоҳӣ як раванди табиӣ буда, бар асоси зарурат шакл гирифта, подшоҳон низ мутобиқи лаёқат, ҷасорат ва ҳушу ройи хеш раҳбарии ақвоми ибтидоиро бар дӯши хеш гирифта, барои бақои онҳо хидмат кардаанд. Профессор Худоӣ Шарифзода муътақид буд, ки “Шоҳнома” бар асоси се идеяи марказӣ шакл гирифтааст: “Дар “Шоҳнома”, гузашта аз ҳадаф ва назарҳои ҷузъӣ, ба фикри мо, се идеяи марказӣ ва роҳнамо мавҷуд мебошад, ки пайванди ин маҷмуаи бузурги гуногунмавзуро ба вуҷуд овардаанд: 1) Идеяи ба вуҷуд омадани ҷомеаи башарӣ; 2) Идеяи ватандӯстӣ ва ватанпарастии эронӣ; 3) Идеяи салоҳи иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаи эронӣ” [6, 70].

Тибқи ривояти “Шоҳнома”, аввалин касе, ки низоми подшоҳиро бунёд ниҳодааст, Каюмарс буд:

Пажуҳандаи номаи бостон,

Ки аз паҳлавонон занад достон.

Чунин гуфт: “К-оини тахту кулоҳ,

Каюмарс оварду ӯ буд шоҳ [4, 3].

Каюмарс пояи давлати худро дар кӯҳ бунёд гузоштааст, зеро одамони ибтидоӣ барои бақои худ дар кӯҳҳо, ғорҳо ва ҷангалҳо зиндагӣ мекарданд. Каюмарс барои қавми худ пӯшиданӣ ва хурданиҳои нав кашф мекунад. Мутобиқи ривояти “Шоҳнома”, Каюмарсро на танҳо одамон, балки ҷонварону парандагон низ итоат мекардаанд. Нуктаи ҷолиб ин аст, ки ривояти нахустодам, ки дар “Шоҳнома” омадааст, бо ривоятҳои ақвоми дигар, аз ҷумла ривоятҳои ҳиндӣ, чинӣ, юнонӣ, сомӣ ва ғ... шабоҳатҳои зиёд дорад. Фарқият дар ҷузъиёт аст, аммо муҳтавои ҳамаи ин ривоятҳо тақрибан яксон аст. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки дар ривояту устураҳои ақвоми дигар ҷанбаҳои тахайюлӣ, муъҷизасозӣ ва фарозаминӣ бештар роҳ ёфтааст, аммо дар “Шоҳнома” устураҳо низ бар пояи хирад ва дониш мечарханд ва ба дур аз доираи дарку фаҳми башар нестанд. Ин равиш моҳияти воқеъгароиро дар устураҳои ҳамосаи миллӣ тақвияти бештар кардааст. Дувум, дар устураву ривоятҳои “Шоҳнома” тазод ва нақлҳои ғайривоқеӣ ва хилофи мантиқ камтар ба назар мерасад. Профессор Худоӣ Шарифзода дар ин замина навиштааст: “Таърихи пайдоиш ва инкишофи халқҳои мутамаддини ҷаҳон чанд марҳалаи муҳимми рушду инкишофро дорад, ки силсилаи онҳо яке бар дигаре пайваста ва вусъату афзоиш ёфта, таърихи фарҳанг ва адабиётро ба вуҷуд овардаанд. Аз марҳалаҳои оғозини фарҳангу адаб замони пайдоиш ва рушди устура мебошад. Асотири эронӣ, юнонӣ, чинӣ ва дигар халқҳои қадимӣ як замони тулонии фарҳангу ҷаҳоншиносии онҳоро дар бар гирифта, барои ташаккули ойину мазоҳиб ва ҷаҳонбинии илмии ибтидоияшон саҳми бузурге гузоштаанд” [6,70].

Ба ҳамин тартиб, пас аз Каюмарс Ҳушанг бар тахти подшоҳӣ менишинад ва суннати падарбузургашро идома медиҳад. Мутобиқи маълумоти “Шоҳнома”, Ҳушанг фармонравои ҳафт иқлим будааст. Бузургтарин кашфиёти Ҳушанг оташ буд, ки бар асоси тасодуф рух медиҳад, аммо Ҳушанг онро ҳадяи эзадӣ медонад ва ба Яздон ниёиш ва шукргузорӣ мекунад:

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд агар бихрадӣ.

Бадон гаҳ будӣ оташи хубранг,

Чу мар тозиёнрост меҳроб санг [5,54].

Бо кашфи оташ ба воситаи Ҳушанг башарият аз асри санг убур карда, ба асри оҳан – тамаддуни ҷадид даст меёбад. Дар “Шоҳнома” аз ин оташ ба унвони гавҳари ноёб зикр мешавад, ки ба кумаки дониш ба даст омадааст:

Нахустин яке гавҳар омад ба чанг,

Ба дониш зи оҳан ҷудо кард санг [5,52].

Бо кашфи оташ Ҳушанг ҳунари оҳангариро ба инсоният омӯхт ва башар ба абзоролоти оҳанӣ мусаллаҳ гардид. Бо кумаки абзорҳои оҳанин ҷӯбору коррез канда, заминҳоро обёрӣ намуданд. Сипас Ҳушанг кишти зироат ё худ кишоварзиро ба мардумон омӯхт. Дар қадами баъдӣ Ҳушангшоҳ ҳайвоноти ваҳширо аҳлӣ кард ва аз пусти ҳайвонот либос таҳия карданро таълим дод:

Бад-ин гуна аз чарми пӯяндагон,

Бипӯшид болои гӯяндагон [4,5].

Бад-ин гуна Ҳушанг дар тули чиҳил соли подшоҳии хеш ба мардум хидмат кард:

Чиҳил сол бо шодкомию ноз,

Ба доду диҳиш буд он сарфароз.

Басе ранҷ бурд андар он рӯзгор,

Ба афсуну андешаи бешумор [4,5].

Яъне, Ҳушангшоҳ инсонҳои ибтидоиро ҳам таълим медоду ҳам тарбият намуд ва бо адлу дод бар онҳо ҳукумат кардааст.

Таҳмурас низ оини падарони худро идома дод ва мактаби онҳоро тақвият намуд. Ин шоҳи донишманд ҳам бо кумаки ақлу дониш розҳои пӯшидаи ҷаҳонро ошкор кард, зеро шиори Таҳмурас чунин будааст:

Ҳар он чиз, к-андар ҷаҳон судманд,

Кунам ошкоро, гушоям зи банд [4,5].

Байти мазкур намоёнгари руҳи барозанда, ишқ ба дониш, майл ба кашфи асрори гетӣ ва иродаи шикастнопазири аҷдодони мо аст, ки аз бомдоди офариниш ба илму дониш ва аҳаммияти он воқиф буда, роҳи дуруст паймудаанд. Таҳмурас кашфиётҳои Ҳушангро такмилтар намуд ва  ҳайвоноту парандагони  бештарро ошкору аҳлӣ кард. Тарзи ресидани пашм барои таҳияи либос ва тайёр кардани хурок аз гушти ҳайвонотро омӯхт. Аҳлӣ кардани ҳайвоноту парандагон ҳам як протсесси осону сода набуда ва роҳу равиши хосро металабад. Ӯ ба инсонҳо равиши аҳлӣ сохтан ва парвариши олами вуҳуш ва парандагонро таълим медод:

 

Биёварду омухтаншон гирифт,

Ҷаҳоне бад-ӯ монд андар шигифт.

Бифармудшон то навозанд гарм,

Нахонандашон ҷуз ба овози нарм [5,56-57].

Нуктаи дигар ин аст, ки Таҳмурас дар раванди розгушоӣ аз асрори ҷаҳон Худовандро раҳнамои хеш медонист ва пайваста Яздонро ситоишу ниёиш мекард:

Чунин гуфт: “К-инро ниёиш кунед,

Ҷаҳонофаринро ситоиш кунед,

Ки ӯ додамон бар дадон дастгоҳ,

Ситоиш мар ӯро, ки бинмуд роҳ [4,5].

Дар замони шоҳ Ҷамшед асбобҳои размӣ ва ҷангафзорҳои оҳанин ба монанди ҷавшан, хафтон, диръ,  баргустувон, дебо ва хазз сохта шудааст:

Нахуст олати ҷангро даст бурд,

Дари ном ҷустан ба гардан супурд...

Чу хафтону чун диръу баргустувон,

Ҳама кард пайдо ба равшанравон [5,60].

Манзур аз равшанравон дар байти боло дониш аст, зеро равони одам танҳо ба дониш мунаввар мешавад. Хидмати дигари Ҷамшед ин буд, ки нахустин шуда анҷумани пешаварон (касбу кор) ва табақаҳои иҷтимоиро  ташкил мекунад. Дар даврони Ҷамшед чор табақи иҷтимоӣ ташкил шудааст:

  1. Котузиён (руҳониён).
  2. Найсориён (лашкариён).
  3. Кишоварзон.
  4. Санъатгарон.

Ташкили ин табақаҳо ба содагӣ набуда, тибқи ривояти “Шоҳнома”, панҷоҳ сол тул кашидааст:

Аз ин ҳар якеро яке пойгоҳ,

Сазовор бигзиду бинмуд роҳ.

Ки то ҳар кас андозаи хешро,

Бибинад, бидонад каму бешро [4,6].

Дар даврони ҳукумати Ҷамшед ҳуқуқу вазифаҳои ин чаҳор табақаи иҷтимоӣ муайяну мушаххас гардидааст.

Сипас Ҷамшед ҳунари аз гилу об хишт сохтан ва дар қолаби хос тайёр кардани онро омӯхт. Ҷамшед кошифи илми ҳандаса ва бунёдгари аввалин гармобаву кохҳои баланд ва хона барои зисту зиндагии мардумон будааст. Барои равшан кардани хонаҳо аз дили санги хоро гавҳар ё сангҳои дурахшандаро кашф карда ба мардум рӯшноӣ ҳадя намудааст. Кашфиёти дигари Ҷамшед ошкор кардани хушбӯиҳо аз гулу гиёҳон будааст:

Дигар бӯйҳои хуш овард боз,

Ки доранд мардум ба бӯяш ниёз.

Чу бону чу кофуру чун мушки ноб,

Чу уду чу анбар чу равшангулоб [5,63].

Ҷамшед асосгузори илми пизишкӣ низ буда, дар даврони ӯ роҳу равиши табобату дармони мардум оғоз гардидааст:

Пизишкиву дармони ҳар дардманд,

Дари тандурустиву роҳи газанд,

Ҳама розҳо низ кард ошкор,

Ҷаҳонро наёмад чун ӯ хостор [5,63].

Аз кашфиётҳои дигари Ҷамшедшоҳ сохтани киштӣ ва таълими ҳунари сафар кардан тавассути он дар дарёву баҳру уқёнусҳо мебошад. Бад-ин тариқ фосилаи байни кишварҳо ва қитъаҳои оламро кӯтоҳ кард:

Гузар кард аз он пас ба киштӣ бар об,

Зи кишвар ба кишвар баромад шитоб [5,63].

Дар “Шоҳнома” ба сароҳат таъкид мешавад, ки тамоми ҳамин кашфиётҳое, ки шоҳони пешдодӣ анҷом додаанд, ба кумаки донишу хирад имконпазир шудаанд. Ҳеч муъҷизае дар миён набуда, балки инсон бо қудрату тавони хеш ва бо такя ба ҷаҳонофарин ба ин дастовардҳои беназир мушарраф гардидааст:

Чунин сол панҷаҳ биварзид низ,

Надид аз ҳунар бар хирад баста чиз [5,63].

Яъне, Фирдавсӣ мефармояд, ки ҳеч асроре аз чашми хирад пӯшида нест ва инсони мусаллаҳ ба илму дониш қодир аст тамоми розҳои ниҳони ҷаҳонро ошкор намояд.

Масъалаи дигаре, ки дар “Шоҳнома” матраҳ мешавад, таърихи пайдоиши расму оинҳои миллии мардумони ориётабор ҳаст, ки санади муътабаре дар ин замина ба шумор меравад. Аз он рӯ, ки дар таърихномаҳо ва тазкираҳои дигар дар ин бора ривояту афсонаҳои зиёде ба равиши гуногун нақл шудааст, “Шоҳнома” танҳо манбаи муътамад ба шумор меравад, зеро дар ин китоб решаҳои тамоми расму оинҳо бо ҳаводиси табиӣ иртибот дошта, аз донишу хирад сарчашма мегиранд. Аз ҷумла, ривояти “Шоҳнома” дар мавриди қадимтарин ва бузургтарин ҷашни мардумони Ориёӣ – Наврӯз ҳам дар ин шоҳасар зикр гардида, ба воқеият наздиктар аст. Мутобиқи маълумоти ҳамосаи миллӣ, бунёдгузори ҷашни Наврӯз Ҷамшед будааст. Агар мо рамзи ин ҷашнро дар паҳлуи кашфиётҳое, ки Ҷамшед анҷом додааст, бигзорем, маънои он равшантар хоҳад шуд:

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,

Аз он баршуда фарраҳи бахти ӯй.

Ба Ҷамшед - бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нав Ҳурмузу Фарвадин,

Баросуда аз ранҷи тан дил зи кин.

Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯз рӯз.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Маю руду ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор [4,7].

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар асл як хираднома аст. Бо ситоиши ҷаҳонофарин ва хирад оғоз гардида, то поён қиссаву ривоятҳо бар мадори хирад чарх мезананд ва аз ин меҳвар берун намешаванд. Ин равиш аз шигифтиҳои кори Фирдавсӣ аст. Муруре бар корномаи шоҳони пешдодӣ дар “Шоҳнома” низ бар ҳамин асл далолат дорад. Шоҳони пешдодӣ инсонҳои маъмулӣ набуда, ороста ба перояи хираду дониш буда, тамоми тавони худро барои пешрафти башарият сарф кардаанд. Дар муборизаи инсон бо табиат пайваста аз донишу хирад кор гирифта, розҳои печидаи оламро аз ин тариқ ошкор намуда, ба инсоният роҳи расидан ба саодатро нишон додаанд. Беҳуда нест, ки Эрнест Ренон-муҳаққиқи бузурги Фаронса “Шоҳнома”-ро “санади бузурги нубуғ ва қудрати халлоқаи нажоди ориёӣ” медонад. Сент Буо мегӯяд: “Агар бигӯем асаре ба азамату жарфои “Шоҳнома” дар ҷаҳон ёфт мешавад, худ содалавҳона будааст”. Ё худ Ампер Андре адиби итолиёӣ Фирдавсиро бузургтарин шоир дониста ва “Шоҳнома”-и ӯро аз ҳама ҳамосаҳои ба ҷо монда чун “Одиссея” ва “Илиада”-и Ҳомер ё ҳамосаҳои маъруфи ҳиндӣ ва ё ҳамосаи “Ниблунген”-и олмонӣ бартар мешуморад.

Дар “Шоҳнома” вожаҳои ҷону хирад пайваста дар паҳлуи ҳам ба кор мераванд. Хирад дар “Шоҳнома” ба маънии чашми ҷон муаррифӣ шудааст. Яъне ҳамчунон ки тан бе руҳ наметавонад бошад, ҷон ҳам бе хирад арзише надорад:

Нигаҳдори тан бошу они хирад,

Ки ҷонро ба дониш хирад парварад [4,291].

Ҳамин пайвастагии ҷону хирад дар саҳнаҳои гуногун, аз ҷумла разму базм дар саросари “Шоҳнома” ҳаргиз гусаста намешавад ва ин пайванди мантиқӣ яке аз муъҷизаҳои ҳамосаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Хирад дар “Шоҳнома” ба масобаи калидест, ки ба воситаи он дарҳои ҳар ду сарой ба рӯйи инсон кушода хоҳанд шуд.

 

Беҳрӯзи Забеҳулло, 

мудири шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон ва адабиёти

ба номи Рӯдакии АМИТ

 

                                      Адабиёт

  1. Навидимеҳр, Ҳамидризо. Баргузидаи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. -Ҷ. 1. – Теҳрон: Интишороти остони қудси разавӣ, 1399. – 536 саҳ.
  2. Озарниюш, Заҳро. Пешдодиён; нахустин силсилаи достонии Эрон. https://www.kojaro.com/history-art-culture/194707-pishdadian-dynasty-iran/
  3. Сайдмуродӣ, Зуҳра. Нигарише бар устурашиносӣ дар Эрони бостон. -- https://www.noormags.ir/view/fa/articlepage/1983817/
  4. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. – Теҳрон: Интишороти Фахри Розӣ, 1370. – 626 саҳ.
  5. Фирдавсӣ, А. Шоҳнома. -Ҷ. 1. – Душанбе: “Адиб”, 1987. – 487 саҳ.
  6. Шарифзода, Х. “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ. – Душанбе, 2014. -400 саҳ.
  7. Шарифзода, Х. Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. – Душанбе: “Эр-граф”, 2018. – 400 саҳ.
Хондан 2156 маротиба