JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва корманди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Абдуҳалим Одинаев иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Ховари Миёна - макони даргирӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Яке аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия нерӯи шамол буда, таърихи истифодаи он ба соли 200-уми қабл аз милод мерасад. Вале истифодаи нерӯи шамол барои истеҳсоли қувваи барқ аз охирҳои асри XIX оғоз мегардад. Зеро нахустин нерӯгоҳи барқии шамолӣ соли 1890 дар Дания бунёд гардида, аллакай дар соли 1908 шумораи онҳо дар ин кишвар ба 72 (иқтидорашон аз 5 то 25 кВт) мерасид. Намунаи аввалин нерӯгоҳи барқии шамолии муосир бо меҳвари амудӣ бошад, соли 1931 дар шаҳри Ялта (Қрим, Россия) сохта шуд, ки тавоноиаш 100 кВт буд.

Чоршанбе, 04 Октябри 2017 08:34

Мушкилоти мубориза бо терроризм

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, коршиноси масоили динӣ Маҳрами Анварзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Мушкилоти мубориза бо терроризм» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

   Расона (media) ба унвони абзори муҳими иттилоотӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ сад соли ахир бар фазои зиндагии инсонӣ мусаллат шудааст, то ҷое ки инсоният имрӯз худро бидуни ин василаи иртиботи ҷамъӣ тасаввур карда наметавонад. Дар миёни анвои расона телевизион ба сифати дастрастарин ва муассиртарин навъи иртибототи ҷамъӣ ҷойгохи махсус дорад ва муҳаққиқон, беҳуда онро «чашми мардум» нашуморидаанд. «Чашми мардум» (манзур телевизион аст) ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои ҷомеа тайи сад соли ахир хидматҳои шоён карда, дар тахаввулоти фикрӣ ва бедории ичтимоӣ саҳми сазовор гузоштааст.