JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 30 Январи 2018 19:13

Сада – ойини ҳамбастагӣ (ба муносибати ҷашни Сада)

Муаллиф:

  Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад.

  Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тӯлонияти собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд.

      Муҳаққиқон ҷашну ойинҳоро аз рӯйи мазмуну муҳтаво ва доираи фарогирӣ ба чанд гурӯҳ дастабандӣ кардаанд, аз ҷумла:

 1.Ҷашну ойинҳои бостонӣ, устуравӣ ва фаслӣ. 2.Ҷашну ойинҳои миллӣ, меҳанӣ ва давлатӣ. 3. Ҷашну ойинҳои динӣ ва мазҳабӣ. 4. Ҷашну ойинҳои минтақавӣ. 5. Ҷашну ойинҳои хонаводагӣ ва амсоли инҳо. Дар миёни ҷашнҳои куҳани мардуми форсу тоҷик Сада ба унвони ҷашну ойини бостонии устуравӣ, миллӣ ва фаслӣ муаррифӣ мешавад ва мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷойгоҳи вижа бархӯрдор аст. Нуктаи меҳварӣ дар ҷашну ойинҳои миллӣ, аз ҷумла Сада он аст, ки ҳамагӣ ба нуру рӯшноӣ ва меҳру фурӯзандагӣ тавъаманд. Гузашта аз ин, онҳо бо замин ва аносири заминӣ – замину хок (Наврӯз), об (Тиргон), боду осмон (Меҳргон) ва оташу рӯшноӣ (Сада) робитаи ногусастанӣ доранд. Маҳз ҳамин нуктаи калидӣ – ба аносири заминӣ ва материалӣ-унсурӣ часпиши бевосита доштани иду ҷашнҳои бостонии миллӣ онҳоро миёни қавму милали ҷаҳонӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯза зинда нигаҳ доштааст. Аз сӯйи дигар, ин ҷашнҳо тараннумгари ҳамбастагию ҳамзистии мардум, новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ва қавмӣ буда, қавмияту миллиятҳои гуногунро муттаҳид мекунанд. Ҳамин махсусият ё вижагии ҷашнӣ ва маросимӣ Наврӯзу Меҳргон ва Ялдову Садаро аз як минтақа ба минтақаи дигар, аз як ҷуғрофиё ба ҷуғрофиёи дигар, аз як тамаддун ба тамаддуни дигар, аз як муҳит ба муҳити дигар интиқол дод ва дар либоси фарҳангҳои мутанаввеъ тобишҳои рангоранг ба бар намуд.

   Сада аз лиҳози луғавӣ, тибқи таъкидоти муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Меҳрдоди Баҳор, маънои «зоҳир ва ошкор шудан», «пайдо шудан», «зуҳур кардан»-ро дорад. Ақидаҳои маъмулӣ дар ин росто ҳокӣ аз онанд, ки вожаи «сада» аз шумораи «сад» баргирифта шудааст, аммо муҳаққиқон ва устурашиносоне мисли Меҳрдоди Баҳор ва Ҳошим Разӣ бар мабнои вожашиносии форсӣ-тоҷикӣ тафсири дигареро манзур сохтаанд, ки дар боло ба он ишора шуд. Ба ин тариқ, манзур аз Сада пайдо шудан ва зуҳур кардани меҳру хуршед аст. Аз рӯйи боварҳои қадимӣ, мардум барои бадар омадан аз ҷаҳаннами зимистонӣ гулхан меафрӯхтанд ва меҳру хуршедро даъват менамуданд. Бархӯрди фарҳангӣ, ойинӣ ва фикрӣ бо сардию зимистон, ки дар симои Деви сардӣ ва ё Ҷаҳаннами зимистонӣ тасвир гардидааст, дар фарҳанги миллӣ  ҷойгоҳ дорад. Ба ҳамин маъно шоир  фармудааст:

Агарчи деви сармо қасди мо кард,

Зуҳури Меҳр гармиро ато кард.

   Сада ба шаҳриёри пешдодӣ Ҳушанг иртиботи бевосита дорад ва аз ин ҷост, ки ҷашн симои устуравӣ касб мекунад. Дар асотири куҳани иронӣ падид омадани ин ҷашн ба иллати муборизаи Ҳушанг бо мор сурат гирифтааст. Ҳушанг, чун морро мебинад, ба тарафаш санг ҳаво медиҳад ва санг ба мор барнамехӯрад ва ба санги дигар бархӯрда, оташро ба вуҷуд меоварад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, дар қисмати шаҳриёрии Ҳушанг (ҷилди аввали «Шоҳнома») ба ҷашни Сада боби махсусе таҳти унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» ихтисос медиҳад. Боби мазкур, ҷамъулҷамъ, 30 байтро фаро мегирад ва дар 15 байти аввалӣ иллати ба вуҷуд омадани ҷашни Сада ва маросимоти марбути онро ба тасвир мекашад. Ба манзараи падид омадани оташ ва фурӯғи рӯшанӣ аз бархӯрди ду санг дар тасвири зебои Фирдавсӣ таваҷҷуҳ мекунем:

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг шуд аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Ки аз табъи санг оташ омад фароз.

       Дақиқтараш, дар 4 байти ахири силсилаи понздаҳбайтии аввалӣ  зуҳури ҷашни Сада, маросимот ва ба номи Ҳушанг ихтисос ёфтани он мавриди тасвир қарор гирифтааст:

Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

 Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

 К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

  15 байти ахирӣ ба мавзӯи ихтироот ва кашфиёти Ҳушанг, ки бар мабнои ихтирои оташ иттифоқ афтодаанд( оҳангарӣ, кишоварзӣ, обу корезӣ, боғдорӣ ва дарахтшинонӣ ва амсоли онҳо), иртибот мегиранд. Аз ин ҷо афрӯхтани оташ символ ё рамзи даъват намудани Хуршед ва ба марҳилаи гармию рӯшанӣ расидани инсон аст. Минбаъд ба таври тадриҷӣ оташафрӯзиҳо ва дар гирди гулханҳо сурудани суруду таронаҳо, рақсу бозиҳо, пардохтани қиссаву достонҳо, базлагӯйиву зарофатофарӣ, шӯхтабъию болидахотирӣ ба ҳукми анъана даромада, аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, то ба даврони мо расидааст. Мувофиқи таҳқиқоти мардумшиносон, нишонаҳои возеҳи ҷашни Сада ва маросимоти он дар баъзе шаҳрҳои Ирони имрӯза, аз ҷумла Кирмон боқӣ мондаанд. Расме дар ин минтақа бо номи «Садасӯзӣ»  роиҷ аст ва дар ин маросим бад-ин мазмун ишораҳо ва нуктаҳо гуфта мешаванд: «Садаи деҳқонӣ, чиҳил кунда сӯзонӣ, ҳанӯз  гӯйи зимистонӣ». Ин аст, ки мардуми форсу тоҷик бо таҷлили ҷашни Сада зуҳуру ҳузури Хуршедро ба арсаи зиндагии моддӣ ва маъанавӣ истиқбол ва барои марҳилаи ҷадиди фасли зиндагӣ – ба гармо ва Наврӯз расидан омодагӣ мегиранд.

  Нуктаи муҳим дар ин баҳс ин аст, ки ихтирооту кашфиёт ва ба кору фаъолияти созанда ҷалб шудани инсон ва ҷомеа маҳаки ҷашни Садаро ташкил медиҳад. Ҳанӯз дар бистари асотири куҳан ба кори созанда даст задани тамоми табақоти иҷтимоӣ, аз шаҳриёр шурӯъ карда, то ба инсони одӣ ифода ёфтаанд ва кашфиёту ихтироот маҳсули фаъолиятҳои созандаи инсон аст. Бинобар ин, инсон дар тамоми фасли сол барои омода ва мутобиқ кардани худ ба фазою муҳити табиӣ тадорук ва тасмимоти зарурӣ мегирад ва маҷмӯаи тадорукоти худро дар қолаби барномаҳои ҷашну ойниҳои миллию мардумӣ тарҳрезӣ ва пиёда менамояд. Аз ҷониби дигар, мардум бо такя ба имконоту тавонмандиҳои фикрӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҷисмӣ-биологӣ худро дар баробари хатарҳои табиӣ ва глобалӣ худкифо меҳисобад ва дар доираи ҷашну маросимот ҷиҳати рафъи камбуду мушкилоти иҷтимоӣ ва табиӣ саъю талош меварзад.

  Ҳадафи Сада ва маросимоти марбути он, ки вобаста ба шароити зистӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва табиӣ тағйир ёфтаанд, дар бунёди боғу корезҳо, шинонидани дарахтон, ободу зебо кардани маҳаллу кишвар ва билохира ба ободкорию созандагӣ даъват намудани мардум зоҳир гардида, ба ин тартиб ҳамоҳангию ҳамбастагии иҷтимоӣ таъмин карда мешавад.

            Нозим Нурзода

 

Хондан 1858 маротиба