JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 05 Феврали 2018 02:44

Густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар марҳилаи таҳаввулот

Муаллиф:

  Омӯзиши таҷрибаи татбиқи равандҳои таҳаввулотӣ дар фаъолияти СММ дар равандҳои муосири байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳими илми сиёсатшиносии байналмилалӣ  ба шумор рафта, аз масоили хеле ҷолиб  мебошад ва  пеш аз ҳама, дар таҷрибаи амалии дпломатии  кишварҳое монанди Тоҷикистон амри рӯз ва зарурати муҳим ба ҳисоб  меравад. Дар ин раванд, пеш аз ҳама, бояд осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳқиқоти илмӣ ва таҳлилҳои олимони пешсафи соҳа, монанди О.В.Метелина, Г.И.Курдюков, Р.М.Тимербаев, А.Н.Калядин, П.В.Комаров, А.А.Арбатов, Е.Примаков,  Бзежинский З., Коэн А., инчунин Назаров Т.Н., Олимов Р., Маҳмадов А.Н., Раҳматуллоев Э., Юлдошев И., Қосимов  Э., Саидов З., Верлин Е., Мамаев Ж., Дубовитский В.  дар мавриди меъёрҳои ҷорӣ ва марбут ба таҳаввулоти фаъолияти СММ, ҳамкориҳои СММ бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор гиранд. Хусусан, ҳамкориҳои кишвар бо ташкилоту муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ баъди  таҳия ва татбиқ гардидани “сиёсати дарҳои кушод” густариш ва тобиши бештаре пайдо кард.

  Тоҷикистон бо эъломи ҳувият ва истиқлолияти худ дар соли 1992 ба роҳи демократии рушд қадам гузошта, фаъолона ба самти ҳамгироӣ бо кишварҳои ҷаҳон ҳаракат намуда, дар ин соҳа таҷрибаи ҷиддии мусбиро касб карда истодааст. Узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) яке аз муҳимтарин воқеаҳо дар ташаккул ва татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳисоб рафта, барои кишвар иштирокро дар кори муҳимтарин маркази ҷаҳонӣ ва қабули қарорҳои дорои аҳамияти ҷаҳониро муҳайё намудааст.

  Ҷаҳони тағйирёбанда ба фаъолияти кишварҳои дунё ва ташкилотҳои байналмилалӣ бетаъсир намонда, воқеоти фарогирандаи тамоми ҷаҳон ба он оварда мерасонанд, ки ҳатто чунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ монанди СММ низ мақому мартабаи худро мувофиқи таҷрибаи андӯхтаи хамкориҳои байналмилалиаш дар соҳоти гуногуни татбиқи муносибатҳои байналмилалӣ ва густариши дастгириву кумакҳои башаргароёна ба давлатҳои ҷаҳон мавриди боздид қарор диҳанд. Чунин тадбир  талаби замон буда, адами чандирӣ дар масъалаи мазкур натанҳо сабаби нокомии кишвару ташкилотҳои байналмилалӣ, балки дар натиҷаи маншаи барҳамхурӣ аз арсаи байналмилалӣ нопадид шудани онҳо шуда метавонад.

  СММ яке аз бонуфузтарин созмони байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки усули асосии фаъолияташ иборат аз барқарор намудани мақоми баробарҳуқуқии кишварҳои аъзо буда, дар фаъолияти он тамоми кишварҳои ҷаҳон дар ҳошияи узвияти худ имконияти воқеии иштироки фаъолонаро дар кори он, дар шароити баробарӣ ва заминаҳои ҳампоя, эҳтироми комили ҳувият ва шарафи миллии ҳамдигар доранд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми марти соли 1992 ба таври эътирофи умум узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, имконият ба даст овард, ки дар мавриди ташкил шуданаш ҳамчун давлати мустақил ва комилҳуқуқ бо ташаббус ва ибтикороти худ, ки ифодагари бевоситаи манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва таъмингари амнияти миллии он мебошанд, баромад намояд.

  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар барқияҳои табрикии худ ба муносибати 25-умин  солгарди узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон кишваре мебошад, ки воқеан, масъалаҳои вобаста бо рушди устувор ва идоракунии захираҳои об баромад менамояд».

  Таърихи навини тоҷикон бо ташаннуҷи шадиди сиёсӣ ва буҳронҳо оғоз шуда бошад ҳам, Истиқлолияти сиёсӣ, давлатӣ ва фикрие, ки соли 1992 насибамон гашт, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва қабули қарорҳои тақдирсоз дар он ба расмият даромад.  Аҳамияти ин воқеаи таърихӣ, бешубҳа, нақши абадӣ дошта, бояд ягон лаҳзаи он аз хотираи мардум зудуда нашавад. Зеро дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ нақши бунёдӣ ва сохторӣ доштанд.

  Истиқлоли моро ҳамагӣ 26 сол аст, ки ин муддат марҳилаи ободонӣ, ҳувият ва фарҳангсозӣ, ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ гардидани тоҷикон  гардид. Бо баргузории Иҷлосияи  ваҳдатофари ХУI  Шӯрои олӣ  16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд,  пеш аз ҳама, нишонаҳои давлат ва давлатдории тоҷикон таҳия ва қабул гардид, ки баъди ташкили давлати мустақил аввалин нишонаҳои давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз қарорҳое ба тасвиб расиданд, ки минбаъд барқарор намудани сохти конститутсионӣ, муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, андешидани тадбирҳои мукаммали баромадан аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, нуктаҳои таъмини амнияти он, меросбарии фарҳанг ва тамаддуни қадимаи тоҷиконро муайян намуда фароҳам овард. Иҷлосия мидоди дасти тоҷикон шуд, ки оғоз ба таҳрири таърихи навтарини худ кард.[1]

  Мусаллам аст, ки солҳои ахир сохтори геосиёсии ҷаҳон бамаротиб дигар шуда, дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ низ навовариҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Ин, пеш аз ҳама, дар падидаи ба сиёсат ворид шудани акторҳои нав ва татбиқи сиёсати байналмилалии кишварҳои ба тозагӣ истиқлол пайдокарда,  махсусан Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад. Намунаи возеҳи раванди ҷаҳонишавӣ ва натиҷаи инқилоби иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ ба вуҷуд омадани “тамаддуни нави умумиҷаҳонӣ” мебошад, ки намояндагони он дар забони гуфтугӯи сиёсӣ-дипломатии худ, ба ҷуз аз мафҳуму истилоҳоти анъанавии дипломатӣ (Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961) калимаву ибораҳои навро мавриди истифода қарор медиҳад.[2]

  Дипломатҳо дар замони муосир ва умуман, дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун шахсони расмӣ эътироф шудаанд, ки муаррифгари манофеи давлат, ё масъулони ташкилотҳои байналмилалӣ мебошанд.

  Созмони Милали Муттаҳид – ташкилоти байналмилалие, ки соли 1945 ташкил шуда, идораи марказиаш дар Ню-Йорки ИМА қарор дорад. СММ аз тарафи кишварҳои ғолиб ва асосан, бо раъйи онҳо, баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон таъсис ёфт. Вазифаҳои онро Оиннома чунин муайян менамояд: «Нигоҳдории сулҳи байналмилалӣ ва амният ва ба ин хотир қабули қарорҳои муассири муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани хатари барҳам додани сулҳ... Рушди муносибатҳои дӯстона байни миллатҳо дар асоси эҳтироми принсипи баробарӣ ва худмуайянкунии миллатҳо... барои таъмини ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва башарӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати густариши эҳтироми инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама, бидуни нажод, ҷинс, забону эътиқод».

  СММ дар симои ҶумҳурииТоҷикистон ҳамкори ташаббускореро мебинад, ки хоҳони сулҳ ва инкишоф аст. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди ҳамкориҳои созанда бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони идораи СММ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ин ҳамкории самаранокро баҳои баланд дод ва самти созандаи онро барои рушду нумӯи Тоҷикистон ва ба таври баробарҳуқуқӣ воридшавии кишварҳои тозаистиқлол ва худмухтори ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуд. Дар мактуби ҷавобии худ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба узвияти СММ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои эътирофи ҳувият ва истиқлолияти ин кишварро аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дунё густариш дода, заминаи мустаҳкамеро нисбати пайдо намудани мақому мартабаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон фароҳам овард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид меафзояд, ки «Тоҷикистон нақши таърихии Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди барқарории сулҳ ва осудагӣ дар кишвар, истиқрори амният ва ваҳдати миллӣ хеле арҷманд меҳисобад».

  Дар замони таъсири фарогири ҷаҳонишавӣ таъсири он ба ҳамаи сохтору ташкилотҳо, аз ҷумла ба созмонҳои байналмиллалӣ эҳсос гардида онҳоро мувоҷеҳ ба дигаргун ва нав кардани фаъолиятҳояшон менамояд. Ҳамин тавр, глобализатсия СММ-ро низ ба тағйироти сохтор ва стратегияи фаъолияти байналмилалиаш водор намудааст, ки ин раванд бояд мавриди омӯзиши дақиқ қарор бигирад.

  Мақоми ИМА дар мавриди зарурати ислоҳот дар СММ иборат аз чанд нукта аст, ки муҳимтарини он- истифодаи самаранок ва мақсадноки буҷети СММ, аз ҷониби СММ татбиқ гардидани барномаҳои глобалии башарӣ дар баробари аз «кишварҳои бой талаб накардани маблағгузориҳои иловагӣ»  мебошад. [3] ИМА, гарчанде ислоҳоти СММ-ро бештар аз дигарон фаъолона талаб менамояд, дар мавриди механизмҳои ба ҳамаи аъзо мувофиқи ин гуна ислоҳот қадаме ба манфиати умум намехоҳад гузорад.[4]

  Соли 1993 дар Душанбе Миссияи нозирони СММ дар Тоҷикистон (МНОООНТ) ба фаъолият оғоз кард, ки барои пеш бурдани раванди сулҳофарӣ дар кишвар таконе ворид намуд, барои расонидани кӯмак ба татбиқи раванди сулҳофаринӣ ва расонидани кӯмаки фаврии башарӣ замина офарид. Ин буд, ки солҳои 2000 то 2007 бо ташаббуси собиқ Котиби генералии СММ Кофи Аннан фаъолияти Бюрои СММ оид ба ҳамкории сулҳофарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (БООНСМТ) ташкил гардида, он ба ҷиҳати мустаҳкам кардани бунёди сиёсии давлати тоҷикон мусоидат намуд.

  СММ яке аз муҳимтарин созмонҳои байналмилалие ба ҳисоб меравад, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди захираҳои об ва истифодаи босамари об дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ намудааст. Декабри соли 2016 Ассамблеяи генералии СММ бо назардошти пешниҳоди Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018-2028)-ро эълон намуд.  Ташаббуси Тоҷикистон оид ба об, ки аз тарафи СММ ва кишварҳои дигари ҷаҳон дастгирӣ ва пазириш пайдо намудаанд, нисбати рушди устувор ва ҳалли масъалаҳое вобаста бо захираҳои об дар ҷаҳон равона гардидаанд. Собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун дар паёми худ нисбати ин масъала ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози итминон намудааст, ки «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба об ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои он, ки барои рушди устувори захираҳои об равона шудаанд, мусоидат хоҳанд кард».

  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СММ як қатор чорабиниҳои муҳимро татбиқ менамояд, ки мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуда, дар айни замон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати ҳалли мусбии масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти ҷаҳонӣ - камбизоатӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ноустувориву ноамнӣ, хатари ташаннуҷафканӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ ва ҳоказо ба вуҷуд овардааст. Равандҳои интегратсионӣ ба сӯйи пайванд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва  пеш бурдани манфиатҳои миллии кишвар дар ҳудуди СММ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки  ҳамкориҳояшро бо ташкилоти махсус, барнома ва фондҳои он мустаҳкам намояд. Намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон ва ҳамкориҳои фаъоли он бо сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, омили муҳими воридшавии он ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мусоидат ба рушди маънавӣ ва интеллектуалии шаҳрвандони Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ дар ҷомеа, омода кардани шароити оптималии гузариши давлат ва ҷомеа ба сӯйи идоракунии демократӣ ва муносибатҳои бозорӣ мебошад.

  Ҳамин тавр, ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли СММ масъалаҳои асосиро ҳал карда тавонист, ки иборат аз воридшавии сазовор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати ҳамкори баробарҳуқуқ, инчунин пеш бурдани манфиатҳои миллии худ дар ҳудуди фаъолияти СММ мебошад.

  Дар замони муосир нақши СММ дар ҳаёти инсон бамаротиб меафзояд. Сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Тоҷикистон ва мавқеи устувори он дар мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби замони муосир   имконияти фарохеро барои иштирок дар фаъолиятҳои СММ ва ташкилотҳои махсуси он медиҳад. Бинобар ин барои Тоҷикистон муҳим аст, ки масъалаи узвияташро ба сохторҳои СММ ҳамчун Шӯрои амният, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОС), Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон пешбарӣ намояд. Иштирок дар кори сохторҳои интихобии СММ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, то эътибор ва нақши худро дар қабули қарорҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардорад.

  Татбиқи тадбирҳо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар сатҳи олӣ аз ҳар як кишвари узви СММ ҷиддияти комил, омӯзиши  ҳаҷми бузурги маводи иттилоотӣ, босуръат ворид шудан ба соҳаи  иқдомҳои масъулиятноки сиёсиро дар мавриди воқеоти дар ҷаҳон зоҳиршаванда талаб менамояд. Мақсаду ҳадафҳои нави фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳудуди СММ бояд доимову пурра дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27-уми январи соли 2015 қабул шуда, дар он ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳои босамари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ ифодаи худро пайдо намудааст, дарҷ гардад.

  Як идда саволҳои мубрам, монанди «оё Консепсияи нав то чӣ андоза барои ба марҳалаи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ мусоидат менамояд?», «Мақсад ва ҳадафҳои Тоҷикистон дар панҷ-ҳафт соли оянда дар ҳудуди СММ чӣ гуна хоҳанд буд?» ва ғайраҳо бинобар ҷамъбасти таҷрибаи 25-солаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар рафти таҳқиқоти мазкур бояд ҳал гарданд.

  Боз ҳам эътибори худро афзудани СММ дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи сулҳофаринӣ мубрамияти мавзӯи моро меафзояд. Дар айни замон минтақа сол то сол мавқеи манфиат ва сиёсати фаъолонаи дигар кишварҳои ҳамҷавор ва дуру наздик гардида, мувоҷеҳ ба таъсироти бештари ҷаҳоншумулӣ, ҳадафҳои зери назар ва ғайриоддии дохиливу хориҷӣ шуда истодааст, ки дар байни онҳо мубрамтаринаш рушди радикализми динӣ ва экстремизм, терроризм ва кибертерроризм, интиқоли маводи мухаддир ва рушди ҷиноятҳои марбут ба он, хавфу хатарҳои манфии характери глобалидошта ба шумор меравад.

  Омилҳои мазкур, аз ҷумла, ҷанги ба дарозо кашидаи Афғонистон ва хатари афзудаистодаи терроризм, экстремизм, кибертерроризм, ифротгароии динии вобаста бо он, ки дар зуҳури чунин мушкилоти глобалӣ, монанди дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ҷойгир шудани ДИИШ ва афзудани нақши таъсири он ба минтақа, аз ҷумлаи зуҳуроти мубраме ба ҳисоб мераванд, ки онҳоро бидуни иштироки СММ ва сохторҳои таркибии он ҳал кардан ғайриимкон аст. Вазъияти Афғонистон, ки дар шароити қисман берун шудани Қувваҳои эътилофи ғарбӣ дар соли 2014 боз ҳам муташанниҷ шуда, аз таҳти назорат баромада истодааст, таъсирашро боз ҳам бештар ба кишварҳои ҳамҷавор - Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, инчунин Чин ворид намуда, ҳар чӣ бештар сифати манфиати миллии ин кишварҳоро ба худ касб менамояд.

Дар ин робита ҳамкориҳои СММ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба хеле муҳим ба назар мерасад.

 Маҳмадҷонова М.Т.

доктори илмҳои фалсафа

 Раҳмонова Р.Э.

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№1 (9), 2018

Адабиёт

  1. Саидов З. Республика Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявления политики «открытых дверей». Душанбе, 2015. -346с.
  2. Юлдашев К. Эмомали Рахмонов-основатель дипломатии и внешней политики суверенного Таджикистана. Душанбе, 2001. -30с.
  3. Сазонова К.Л. Таҳлили мавқеи кишварҳои абарқудрат дар мавриди ислоҳот дар СММ // Вестник Башкирского университета. 2008. Т.13. №3 (ISSN1998-4812).-С. 673-674.
  4. Финлеттер, Т. К. Сила и политика. М., Издательство иностранной литературы, 1956, -С. 297.
  5. Рахмонова Р.Э. Асосҳои хизмати дипломатӣ. Душанбе, 2017. -312с.
  6. Раҳмонова  Р.Э. Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаи дарк ва ҳимояти онҳо.// Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ, № 3(1) 2017. ISSN 0235-005Х. -С. 79-84.
  7. США готовы помочь возглавить усилия по реформированию ООН//Международные информационные программы.  Режим доступа: http://usinfo.state.gov/russian/Archive/2005/Jun/21-754114.html
  8. Нешнер, А. Планы реформирования ООН: достижения и неудачи. Режим доступа: http://www.voanews.com/russian/archive/- 2005-09/2005-09-30-voa3.
  9. Маҳмадҷонова М.Т. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такомули ҳувияти муосири тоҷик//Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон. М. 2017. -С. 37-46.
  10. Маҳмадҷонова М.Т. Иҷлосияи таърихии ХУ1-ум сароғози ташаккули ҳувияти тоҷик//Иҷлосияи ХУ1 Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу суббот. Душанбе, 2017 . -С. 160-179.
  11. Маҳмадҷонова М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва ҳувияти миллии тоҷикон.//Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа. Душанбе, 2017. -184с.
  12. Маҳмадов А.Н. Хоперская Л.Л. Национальное примирение: перспективы развития суверенного таджикского государства. Душанбе, 2017.-С.168.
  13. Махмаджонова М.Т. Независимость Таджикикстана-выбор пути развития//Истиқлолияти давлатӣ-таҳкимбахши низоми давлатдории миллӣ. Душанбе, 2016. –С.54-68.
  14. Шарифзода З., Маҳмадҷонова М. Информационные и коммуникационные технологии: новые вызовы и угрозы// Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ, № 1 2017. ISSN 0235-005Х. –С. 117-120.

[1] Маҳмадҷонова М.Т. Иҷлосияи таърихии ХУ1-ум сароғози ташаккули ҳувияти тоҷик//Иҷлосияи ХУ1 Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот. Душанбе, 2017. –С.107.

[2] Раҳмонова Р. Асосҳои  хизмати дипломатӣ. Душанбе, 2017. –С.6.

[3] Сазонова К.Л. Таҳлили мавқеи кишварҳои абарқудрат дар мавриди ислоҳот дар СММ // Вестник Башкирского университета. 2008. Т.13. №3 (ISSN1998-4812).-С. 673-674.

[4] Финлеттер, Т. К. Сила и политика. М., Издательство иностранной литературы, 1956, С. 297. США готовы помочь возглавить усилия по реформированию ООН//Международные информационные программы. Режим доступа: http://usinfo.state.gov/russian/Archive/2005/Jun/21-754114.html Нешнера, А. Планы реформирования ООН: достижения и неудачи. Режим доступа: http://www.voanews.com/russian/archive/- 2005-09/2005-09-30-voa3.

Хондан 2650 маротиба