JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 22 Октябри 2022 16:10

Ҷанбаҳои байналмилалӣ - ҳуқуқии Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олӣ

Муаллиф: Насруллоев Хайриддин

 Аз сабаби он, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ба саҳнаи низоъҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуда буд, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар Иҷлосияи тақдирсоз 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шуд [1,30-31]. Иҷлосияи мазкур таҳкими минбаъдии суботи сиёсӣ ва қонунгузориро дар кишвар замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон  ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Баъзе аз ин санадҳои қабулгардида ҷанбаъҳои байналмилалӣ-ҳуқуқиро доро буд, ки дар таърихи халқи тоҷик омили асосӣ барои хотима бахшидани низоъи дохилӣ, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон шуд.

 Дар раванди иҷлосия Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун ва қарорҳое, ки аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, имзо гузоштанд, ки ҷанбаъҳои байналмилалӣ- ҳуқуқиро доро буданд. Аз ҷумла:

  -24 ноябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон»-ро имзо намуд, ки  дар он асосҳои  ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии онҳо муқаррар карда шуда, баргардонидани гурезагон ба макони доимии зисташон, инчунин интиқоли ройгони аҳли оила ва молу мулки онҳо кафолат дода шуд. Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муроҷиат намуда, изҳор карда буд: «То охирин гурезагони иҷбориро ба Ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро дар барқарор шудани сулҳ дар ҳар хона ва дар ҳар оила равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон содиқона меҳнат мекунам». Ин ҷумлаҳо бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

  Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи  ҳамин рӯз раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дустӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад. Ҳангоми қабули нишони давлатӣ, ки акси шер дошт, баҳсҳои зиёд сурат гирифт. Онро вакилон пазируфтанд, вале дар моҳи декабри соли 1993 он акс аз нишон бардошта шуда, ба ҷойи он нишони кунунии давлатӣ аз тасвири тоҷ, ҳафт ситора, хуршеди тобон, кӯҳҳои сарбаланд, китоби бозшуда дар болои лавњ, хӯшаҳои гандум ва шохаҳои шукуфтаи пахта қабул гардид.

  - 25 ноябр Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ќабул карда шуд. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 фасл, 4 боб ва 154 модда иборат буд. Кодекси мазкур қоидаҳои умумиро оид ба фаъолияти гумрукӣ, интиқолу рухсатдиҳии молҳо ва дигар ашё аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати гумрукӣ, боҷу андозҳои гумрукӣ, ба расмиятдарории гумрукӣ, тартиби аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани ашёи ташкилоту намояндагиҳо ва шахсони хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзоти гумрукӣ доранд, қочоқу вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, баррасии парвандаи қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, ихтиёрдории молу ашёи дигар, мағозаи савдои бебоҷ, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти музди меҳнат, таъминоти моддию маишӣ ва ҳифзи иҷтимоии мансабдорони мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим даровард.

  Бо мақсади  хотима додан ба низоъҳои дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои  гуруҳҳои  гуногун,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои  сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ, Шӯрои Олӣ бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ, 26 ноябр бо раисии Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992, ки дар низоъҳои  дохилӣ ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» -ро ба имзо расонид.

   - 26 ноябр Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ имзо гузошт, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзуи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлолият ва эҳёи давлатдории худ аз байн барад, эҳсос намуда, низоъи дохилиро (ҷанги бародаркушро), ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда, мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли мафкуравӣ ва амсоли он эътироф намуда, масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳоданист, дарк карда, баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд».

   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон барои ҷалби кӯмакҳои созмонҳои байналмилалию минтақавӣ барои бартараф сохтани низои тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нақши калидиро бозид. Маҳз баъди анҷоми ин иҷлосияи тақдирсоз раванди ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада ранги дигар гирифта, бо ташаббусҳои ояндасози Раиси Шӯрои Олӣ роҳҳои осоиштаи ҳалли низоъ бо истифода аз кӯмаку дастгирии  созмонҳои  байналмилалӣ пайдо гардид [2].

   Дар ҷараёни кори иҷлосия ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои судманди тарафайн дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тарафдори таъмини ҳаёти осудаҳолона ва шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад [3,111]. 

   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти сиёсати  хориҷии  кишвар  аҳамияти  махсус  дода  буд. Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шӯрои Олии Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистонро устувор намуд [4].

   Бояд гуфт, ки дар Иҷлосия Созишномаи авиатсияи граждании байналмилалӣ аз 7 декабри соли 1944 (Чикагои ИМА) ва Шартнома дар бораи бехатарии дастаҷамъии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз 15 майи соли 1992 (ш.Тошканд) тасдиқ карда шуд.

  Як қатор фармонҳо, аз ҷумла фармон  дар  бораи Сафири  Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Исломии Афғонистон ва ИМА таъин  намудани Мерганов Совлатшо ва Мирзоев М. аз ҷониби раиси тозаинтихоби Шӯрои  Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор  шуданд.

   Ҳамин тавр, бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса намуд, ки дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллат пешгирӣ карда шуд, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат муайян шуд, мавқеи  байналмилалӣ  ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои чаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Насруллоев Хайриддин

ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи

байналмилалии ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ 

 

         Адабиёт:

 

  1. Раҳимзода Маҳмад Забир, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор. «Доир ба баъзе масъалаҳои заминаҳои ҳуқуқии таъмини Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Самаранокии татбиқи ҳуқуқ ҳамчун омили таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ. Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе 14 июни соли 2022. С.30-31).
  2. Муҳаммадизода М., омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва нақши созмонҳои байналмилалӣ дар таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. (захираи электронӣ)  hgu.tj санаи муроҷиат -25.09.2022.
  3. Сафаров С., муовини Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ. Аҳамияти байналхалқии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон. Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. №4 (33) Душанбе-2012. С.108-120
  4. Сангинов Д.Ш., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон. (захираи электронӣ) http:///news/social/i-losiai-16-umi-sh-roi-ol-va-sarnavishti-to-ikiston / javonon.tj - санаи муроҷиат - 25.09.2022.
  5. https://www.apa.tj/%D0%B0%D2%B3%D0%B0%D0%BC%D0%B8%D1%8F%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D2%B7%D0%BB%D0%BE%D1%81%D0%B8%D1%8F%D0%B8-xvi-%D1%83%D0%BC%D0%B8-%D1%88%D3%AF%D1%80%D0%BE%D0%B8-%D0%BE%D0%BB%D3%A3-%D0%B4%D0%B0%D1%80/ 
Хондан 1033 маротиба