JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 23 Июни 2022 05:07

Эмомалӣ Раҳмон нобиғаи нотакрори сиёсии халқи тоҷик

Муаллиф:

 

 Андаршинохти шахсият ва симои сарвари давлати навини тоҷиикон -  Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти ҷаҳонӣ ва ватанӣ афкори ниҳоят фароху зиёди арзанда ва воқэъбинона  ироа шудааст. Рисолати таърихии ӯ дар ҷодаи иҷрову ба сомон расонии бисёр масоили глобалии ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу татбиқ карор дорад. Рисолати  аввалиндараҷа ё калидии эшон, дар дилбастагии бекарон ба мардуми шарифи худ, хизматҳои содиқона ба манфиати миллату Ватан, фурӯтанию ҳамеша бо онҳо будан ва аз зиндагии тамоми  қишрҳои ҷомеа огоҳи доштан, сарпарасти кардан ба ятимон, тифлони маъюби ҷисмию руҳӣ, фардони бекасу барҷомонда, ёрии маънавию моддӣ расонидан ба онҳо зоҳир гаштааст. Ҷомеъаи имрӯзаи мо дар  натиҷаи  сиёсати  «дарҳои боз», ҷаҳоннамо шудааст ва ба музаффариятҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шикастани чаҳорчӯбаи суннатии ба равандии таърихии имрӯза номатлуб ва амсоли онҳо соҳиб шудааст. Аҳамиияти байналмилалии сулҳи тоҷиконро ташкилоти бонуфузтарини ҷаҳон Созмони Миллали Мутаҳид ба ҳайсӣ таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ пазируфт. Муншии умумии пешини СММ Кофе Анан (1997-2006) ва дигар абармардони сиёсии ҷаҳонӣ ин падидаро «таҷрибаи беназир ва муваффақ» номбар карданд  [1, с. 3].  

   Пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷмаи Умумии СММ дар бахши қабул кардани барномаҳо: соли 2003 «Соли байналалии оби тоза» барои солҳои 2005-2015; Даҳсолаи баёналмилалии «Об барои ҳаёт»;  соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об»  ва солҳои 2018-2028 –ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об бароии рушди устувр» ба ҷумлаи масоиле ворид мешаванд, ки бевосита ба баромадани ҷаҳон аз вартаи касодии экологӣ ва таъмин намудани эҳтиёҷоти бештар аз 1 миллиард аҳолӣ ба оби тозаи  нақши муассир мегузоранд. Ингуна пешниҳодҳои манфиатбор ва бо шеваи наҷибона роҳрав гардонидани орзӯву ниятҳои худ, Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон ба симои   бонуфузи ориёисолорӣ табдил додаанд. Чуноне, ки ӯ  дар   олами исломӣ дюмин бор аст, ки  ба ҳайати 500 шахсиятҳои бузургтарин ворид гаштааст [ 2, с. 3].

  Дар ин росто бояд иқдому даъвати олиҳимматонаи Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи якҷоя истифода бурдани оби кӯли Сарез низ ёдовар шуд.  Истифодаи ин манбаъи нодир, ки 62 км дарозӣ, тахминан 3,3 км паҳно ва ҳаҷми оби он тақрибан 17 миллиард метри мукааб буда вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тона баробар аст. Оби  аълосифати нӯшокӣ дошта метавонад эҳтиёҷоти    аҳолии Оламро дар давоми як сол бо ин неъмати нодир таъмин созад. Ин лоиҳаи хайрона дар навбати аввал барои мардуми Осиёи Марказӣ басо судманд аст. Дар партави ин пешниҳодҳо, дар соли 2016 бо эҳтимоми дабири кӯли СММ ва Президенти Гурӯҳи  Бонки ҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд дар бахши масоили об созмон дода шуд ва сарвари ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии номбурда, Эмомалӣ Раҳмон дар қатори сарварони 11 давлат: Маврикия, Мексика, Австралия, Бангладеш, Маҷористон, Урдун, Нидерланд, Перу, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Сенегал ба он шомил сохт [4, с. 6].

  Мартабаю манзалати Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми Тоҷикистон чунон боло рафтааст, ки тамоми дастовардҳои меҳнатӣ ва тағйиротҳои беназири зиндагии худро дар тӯли 30  соли охир,  бо боварии қомил, муҳаббати саршор  ва мамнунияти бепоён аз шарофати роҳбарии хирадмандонаву одилонаи ӯ мебинанд [6, с. 1-2].   

  Тасдиқи ин гуфтаҳо, ҳангоми сафарҳои кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояту ноҳияҳо корхонаву ташкилотҳо воқеъона собит мегардад.  Мардум ӯро бо хурсандиву самимияти ба худ хос пешвоз мегиранд. Вохӯрии боиззати ҳамагонӣ ташкил намуда, фикру мулоҳизаҳои онҳоро шунида ҳамеша баҳри ҳалли мушкилоти мардум камари ҳиммат мебанданд. Пирони рӯзгордида, бо дилбастагиву  чеҳраи кушода даст ба сӯи осмон бардошта, аз Худои мутаъол ба ӯ тандурустӣ, умри дарози файзбор, зиндагии бобарор,  дар касбу кораш матонат, шӯҷоъат, шарфмандӣ ва саодатмандӣ таманно мекунанд. Тифлони наврас ӯро бобо мехонанду ба ӯ гулдастаҳо тақдим мекунанд, бо лаҳни ширину дилнавоз шеъру сурудҳо мехонанд. Мактаббачаҳо савганд ёд мекунанд, ки дар иҷрои фармудаҳо, нақшаҳо ва гуфтаҳояш устуворонд ва ҳамеша дар ҳолати  омодагӣ қарор доранд. Ин саҳнаҳо бе муболиға ифодакунандаи воқеияти яктанию якдилии мардуму сарвари кишвар  мебошанд.

  Ба хотири хизматҳои шоистааш Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум бо унвоҳои пуршараф  «Асосгузори давлати навин», «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», «Қаҳрамони Тоҷикистон», «Пешвои миллат», «Кафили сарҷамъӣ, таъмини субот ва ояндаи дурахшони кишвар» сазовор дониста шудааст. Дар ин радиф, воҷиб аст ёдовар шавем, ки мардуми ориёитабори Хуросон, Суғд ва мусулмонони Ироқ дар солҳои 750-755 Пешвои худ Абӯмуслими Хуросониро, дар мубориза барои озод гаштан аз  ҳукумати 100 солаи бани  Умая  бо иззату эҳтиром бо унвонҳои зерин: «Боабдураҳмон», «Боабдуллоҳ», «Бӯмуслим», «Амири  Оли Муҳаммад», «Амири Хуросон», «Амири фахрӣ», «Амири Аъзам», «Пешвои дини Ислом», «Сипаҳсолори Халифат» ироа карда буданд.

  Ҳурмату эҳтиром кардан ва арҷ гузоштан  ба мақому манзалати шоҳону сарварони адолатпешву раъиятгаро русуми қадимаи мардуми ориётабор  аст.  Ин мерос аз овони Ҷамшед ба роҳ баромада буд. Мунаҷимону ҳакимон ва тамоми раият ӯро бо унвони «Ҷам» - «Хуршед», «Меҳр» ва равшангарӣ нерӯи  зиндагӣ меномиданд. Шоҳони Каёниро «Хусрав» - «Олимансаб», «Олирутба» мегуфтанд. Воқеан чунин будааст, ки пайғабари ориётаборон Зардушт ин расмҳои кавмҳои худро пиндори нек, гуфтори нек,  кирдори нек шуморида, ба ояндагон низ  ҳидоят кард.

  Мардуми шарифи Тоҷикистон, низ аз заҳматҳои сарвари худ, ки онҳоро ба соҳибистиқлолии комил расонидаву ба  рӯзгори шоиста сафарбар карда истодааст, фахру истиқбол доранд, ӯро муътабар  мешуморанд ва гиромӣ медоранд. Ӯ дар хотири мардум, сурудаҳои шоирон, таснифҳои адибону рӯзноманигорон, баромадҳои олимон, пажӯҳишҳои муҳаққиқон,  дарсҳои омӯзгорон, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоиста ёфтааст. Фардҳои некбин,  дар тавсифотҳои худ дар оғоз ӯро бо эҳтиромона  бо номбурди «Пешвои муззам», «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» муарифи мекунанд, сипас уро бо сифатҳои чидашуда: созанда, бунёдкор, тозакор, миллатдӯст, ватанхоҳ, боадолат, инсондӯст ва дигар фазлиатҳо сазовор барраси мекунанд[6,с.1-2].  Сиёсатшиносон,  коршиносони соҳаҳои мухталиф сифат кардаанд, ки  Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои азимро дар сиёсати дохиливу берунӣ тариқи хислатҳои сабӯрӣ, таҳамулпазирӣ, дӯрандешӣ, доштани иродаи қавии сиёсӣ дастраси миллат гардонидааст. 

  Илҳом Алиев Президенти Ҷумҳурии Озорбойҷон фармудааст: «Сиёсатмадорро бо сифатҳое чун хирадмандиву ҷасурӣ, ҳадафмандӣ ва, аз ҳама муҳимаш, бо такя доштанаш ба дастгирии халқ мешиносанд». Вале боз омили дигари муҳим, ба андешаи ман, ин накӯи мебошад, ки дар чашмони Эмомалӣ Раҳмон рӯшан аён аст. Муҳаббат ба халқи хеш, майли беҳсозии некӯаҳволии онҳо, фаъолона ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ворид наудани Тоҷикистон ва таъмини ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми он мақсаду мароми уст.

  Офтоби Асғар профессори Донишгоҳи Панҷоби Покистон ёдовар шудааст: Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буду умед мекашид, аз Мовароуннаҳр боз фарде пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форсу тоҷик – даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар сарвари давлати тоҷикон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст».

  Коршиноси масоили сиёсӣ, Абдуллоҳи Раҳнамо фаъолияти созандагии Эмомалӣ Раҳмонро дар 10 дастоварди бунёдӣ шарҳу эзоҳ додааст. Олимони маъруфи ДДОТ Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва Саидмуроди Хоҷазод диққати хонандаро ба 6 сифатҳои вижаи Сарвари давлат ва самарҳои мактаби давлатдории ӯ равона кардаанд.

  Шоири халқии тоҷикистон Камол Насрулло сари таҳлили мантиқиву маънавии хитобаи писандидаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳамдигарро дӯст доред!» фикррони карда, эшонро чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ҳомии тинҷию амонӣ, сулҳу салоҳ, дурахшдиҳандаи ҳидоятҳои пайғамбар Зардушт, бо ибораву вижаҳои навин; «кинаву кудуратро аз дил бароред», «нектинату», «некбину» «некхоҳ» бошед, тавсиф кардааст. Шоир афзудааст: «Ҳамдигарро дӯст доред, як хитобаест, ки ба худ як нури муҷаллое мебарорад, ки роҳи зиндагиро мунаввар месозад, барои убур аз ҳама мушкилоти зиндагӣ ёрӣ мерасонад».

 Воқеан, ин хитоба ва ба он монанд ҳидоятҳи бисёри дигар борҳову борҳо  дар баромадҳои бешумори Пешвои миллат, такрор шудаанду мешаванд. Онҳо бе тафсилоту ташреҳоти иловагӣ рамзи рисолати сиёсатмадорӣ, шеваи некманишонаи давлатдорӣ, муҳаббат ба инсон дар алоҳидагӣ, ба башар дар умум, муҳаббат ба табиат ва зебоиҳо, касбу ҳунарҳои мардумӣ, фахр кардан аз таърихи гузаштаву ояндаи миллат, дифоъ кардани осорҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангии гузаштаю ояндаи он, ба шумор мераванд.

 Раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони  Тоҷикистон, профессор Сайфулло Сафаров доираи хидматҳои содиқонаи ин абармарди арсаи сиёсатро боз ҳам фарохтар шарҳ доштааст: «… бояд таъқид намоям, ки  қудрату қувваи ягон сиёсатшинос дар даҳсолаҳои наздик барои баҳо додан ба фаъолияти Президенти кишвари мо намерасад. Ҳатто онҳое, ки солҳо дар барашон кор мекарданд, имконияти фарогирии тамоми фаъолияти ӯро надоранд. Ҳатто дар китобҳои  бисёрҷилдаи худашон ва чанд китобе, ки дар он фаъолиятҳои он кас ҷамъбаст шудаанд, корҳои барои миллат кардаашон пурра инъикос наёфтаанд» [9, с. 7].

  Воқеан чуниин аст. Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои таърих дар чунин шароите ба саҳнаи сиёсӣ расид, ки кишвари кӯчаки аз лиҳози иқтисодӣ ниҳоят заиф, дар ҳолати ҷанги шадидан фоҷиаборӣ шаҳрвандӣ ва парокандашавии сиёсӣ қарор дошт. Ӯ ба вазъияти ногуворе дучор омад, ки гиру дорашро ақлҳои солим бо пуррагӣ тасаввуру таҳлил  карда наметавонистанд. Сулҳ баста шуд, вале сарони таҳмилдиҳандаи ҷанг воситаҳои нави ба соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон муқобилро эҷод мекарданд. Ин  талвосаҳо чанд соли дигар давом карданд ва ҳоло ҳам фардоне вуҷуд доранд, ки ба дигар кардани маҷрои зиндагӣ  дар Тоҷикистон умедвору ҳавасманданд. Дар чунин  ҳолат  баровардани кишвар ба  пояи тараққиёти ҷаҳишнок ва таъмин намудани амнияти мардум, ки барои пешрафти устувор гуворо бошад, берун аз идроки фитрӣ  ва тасаввури  инсон  аст. Аз ин лиҳоз муҳақиқон, дар асарҳои худ, новобаста ба қобилияти баланди зеҳнӣ ва эҷодии доштаашон, тамоми ҷузъиёти ҳодисаҳои сипаришударо, дар доираи бекаронии фаъолият, заковат ва  истеъдоди фавқулодаи Пешвои хуҷастаи миллат фаро гирифта натавонистаанд ва наметавонанд.

  Рисолати дигари пураҳамияти таърихии Эмомали Раҳмон дар таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа, дар партави тамаддуни ориёӣ зоҳир шудааст. Эшон сараввал дурахши дастаи нуқрафому бо зар оро ёфтаи ориёиҳоро, ки бо тақозои таърих солиёни зиёд аз ҷило монда буд, ба парчами давлатии Тоҷикистон табдил доду онро парафшон кард. Ба манзури арҷ гузоштан ба мероси  таърихиву фарҳангӣ ва сарватҳои моддиву маънавии дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи ниёгони миллати тоҷик ва нишон додани арзиши ин фарҳанги асил ва беназир барои наслҳои имрӯзу фардо ва ҷаҳониён соли 2006-ро «Соли бузургдошти  тамаддуни ориёӣ» эълон кард. Ва ҳамзамон «2500-солагии Истаравшан», «2700-солагии Кулоб», «3000-солагии Ҳисор», «5500-солагии шаҳри Сарразм» соли 2020 бо шукӯҳу шаҳомот гузаронида шуданд. [7, с. 3].

  Ба хотири он, ки  ёдгораҳои таърихии Сарразм, ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Тахти Сангин ва ғайраҳо дар тамаддуни ориёӣ нақши хоси худро доранд,  ҳифзу рушд ва нумӯи онҳоро ба ҳимояи давлат қарор дод ва  сайъу талош намуд, ки ба Феҳрести мероси ғайри моддии ЮНЕСКО шомил гардонида шаванд. Хатгардону тарҷумаҳои  осорҳои хаттии ниёгӣ ба забони миллӣ ба таври васеъ суръат ёфт. Акнун месазад қайд кунем, ки бо таваҷҷуҳ ва руҷӯи Пешвои миллат тамаддуни аз миён рафтаистодаи ориёӣ аз нав ба роҳ баромад ва пояи воқеии худро ишғол кард.

  Албатта Эмомалӣ Раҳмон ва ӯ барин нобиғаҳои таърихӣ дар роҳи шараф аз худ хотираву меросе мондаанд, ки ба тавсифу сифати аз ҳад зиёди дӯстон ниёз надоранд ва аз таънаву маломати муғризонаи мунофиқон коста намегарданд. Ба ин монанд,  зиндагиву фаъолияти Пешвои миллати мо  ба мактабе табдил ёфтааст, ки маҷмӯъи томи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ватандӯстӣ, мардумгароӣ, адолату саховат ва ғайраву ғайраҳоро фаро гирифтааст. Аз ҷониби дигар, бо сабабе, ки баъзе ҳолатҳо аз раванди зиндагии   ӯ  ба назар нарасидаанд, ҳатто ифшо намудани   як ҷузъи хурде аз тору пуди феълии ӯ, шарҳи як ибора, як вожа, як сухани бадоҳатан ва ба маврид гуфтаи эшон, метавонад ангезише барои баёни садҳо андешаву афкори тоза бидиҳад  шинохти ин нобиғаи бузургро боз ҳам муккамал гардонад.  Ба ин хотир, пойгузории мо олимон бояд дар ҳамин шоҳроҳ қарор гирад.

 

 

ОДИНАЕВ ШАФҚАТ

унвонҷӯи  факултети  таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

                                     Адабиёт:

      1.Ӯ бо халқу халқ  бо ӯ // Рӯз. “Ҷумҳурият”,16 ноябри соли 2019. Нашри махсус.

  1. Худо умри обат диҳад // Рӯз. “Ҷумҳурият”, 19 ноябри соли 2019. Нашри махсус.
  2. Насруло К. Ҳамдигарро дуст доред!  // Рӯз. “Ҷумҳурият”, 19 ноябри соли 2019. Нашри махсус.
  3. 10 дастоварди бунёдии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати тоҷикон // Рӯз. “Мароми пойтахт”, №38 (6227), 21-уми октябри соли 1920.
  4. Абдуфатоҳ Ш., Заробиддин Қ. Фархундапай.-Душанбе, 2014-336 с.
  5. Арзи садоқат ва рамзи эҳтирому муҳаббат // Маҷ. “Илм ва ҳаёт”, 2020, №4.
  6. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Рӯз. “Минбари халқ”. 4 ноябри соли 2020, №45 (1286).
  7. Раҳмонов Э. Мардуми Тоҷикистон ба зиндагии шоиста сазоворанд // Маҷ. “Маорифи Тоҷикистон”.-2018, №1.

       9.Сафаров С. Роҳи шараф. // Рӯз. “Минбари халқ”. 12 августи  соли 2020, №33 (1274).

 

Хондан 1023 маротиба