JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 21 Июни 2022 04:40

Техникаи корҳои назоратӣ – тафтишотӣ ва ташкили онҳо

Муаллиф: Расулов Туйғун, Рауфова Рузигул

  Ташкили назорати дохилӣ дар шакли аудити дохилӣ ташкил карда мешавад. Интихоби шакли назорати дохилӣ аз мураккабии сохторҳои муассисаҳо, шакли ҳуқуқӣ, намуд ва шакли фаъолият, муносибати роҳбарияти муассисаҳо бо  назорат ва баҳодиҳии бевоситаи  фаъолияти менеҷерҳо дар тамоми дараҷаҳои идоракунӣ вобастагӣ дорад.

   Ба ғайр аз вазифаҳое, ки хоси аудити дохилӣ мебошад, инчунин иҷроиши  санҷишҳои иқтисодӣ, коркарди стратегияи молиявӣ, гузаронидани тадқиқотҳои маркетингӣ ва корҳои  машваратӣ – идоракунӣ ба он вобаста аст.

   Ташкили низоми назорати дохилӣ дар худ чунин чорабиниҳоро фаро мегирад: ҷорабиниҳо оид ба сари вақт ошкоркунӣ ва огоҳӣ додан оиди нодуруст гузаронидани амалиётҳо дар ҳисобгирӣ ва тартибдиҳии ҳисобот.

Барои гузаронидани корҳои назоратӣ тафтишотӣ дар марҳилаи шиносоӣ бо объектҳо тафтишотчӣ тамоми ҳуҷҷатҳоро тафтиш карда, ба ҳолати онҳо баҳо медиҳад.

Низоми назорати дохилӣ барои таъмини риояи сиёсати ҳисобдорӣ, стратегияҳои роҳбарият, нигоҳдории амвол ва ахборот, сари вақт ва ба таври пурра омодакунии ахборот, риояи талаботҳои қонунгузорӣ равона карда шудааст. Асосан вазифаи низоми назорати дохилӣ  огоҳ кардан аз ғайрисамаранок истифодабарии дороиҳои корхона, хусусан нигоҳдорӣ аз сарфи зиёдатии  воситаҳо, ошкоркунии шахсони гунаҳкор оиди  ғайримақсаднок истифодабарии захираҳои иқтисодӣ  мебошад.

Дар ҳамаи ҳолатҳо дар мувофиқа бо амалияи байналҳалқӣ низоми назорати дохилӣ дар худ чунин қисмҳои таркибиро фаро мегирад:

  • муҳити назоратӣ;
  • низоми ҳисобҳои молиявӣ;
  • интизоми бевосита ва усулҳои назорат.

Масъалаҳои иқтисодӣ рӯз аз рӯз  ба тағйирёбиҳо ва дигаргуниҳои дучор шуда истодааст. Назорат низ дар  баробари ин самту равияҳои гуногунро баҳри ҳаллу фасли ин масъалаҳо бояд таъмин карда тавонад. Назорати иқтисодӣ маҷмўи чораҳоеро дарбар гирад, ки бо истифода аз онҳо пуррагӣ ва мушаххасии корҳои назоратиро таъмин карда тавонад. Тафтиш яке аз элементҳои марказии назорати иқтисодӣ эътироф гардидааст. Бо истифодаи нишондиҳандаҳои исботкардашудаи тафтиш ахбороти дуруст кор карда бароварда мешаванд. Инчунин  онҳо дар шакли  лоиҳа барнома мукаммал гардида шуда, барои таъмин намудани назорати  иқтисодӣ ҳамчун далелҳои ҳақиқӣ баромад менамоянд.

Хусусияти хоси тафтиш дар низоми назорати иқтисодӣ бо он асос меёбад, ки бевосита ба амалия ва усулҳои ҳақиқӣ  сару кор дорад. Мавқеи тафтиш дар омўзиши сатҳи ҳодисаҳо, далелҳо ва ғайра муайян  карда мешавад, ки   кафолати ҳақиқии фаъолияти иҷрогардидаро ошкор месозад.

Барои хизмати назоратӣ –тафтишотӣ дар ҷараёни фаъолияти худ нақшаи ҷорӣ ва нақшаи дурнамо тартиб медиҳанд. Нақшаи дурнамои назоратӣ дар муҳлати аз 3 то 5 сол ва аз ин ҳам зиёд сохта мешавад, ки дар худ ташкили ҷорабиниҳо оид ба ташкили корҳои назоратӣ – тафтишотӣ, омодакунии кадрҳо дар самти корҳои назоратӣ  ва дигар чорабиниҳоро дарбар мегирад.

Ўҳдадории асосии кормандони назоратию тафтишотӣ ин гузаронидани тафтиши фаъолияти ҳоҷагидорӣ ва иҷтимоӣ дар соли ҳисоботӣ аз руи нақшаи тасдиқгардида мебошад.

Баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои аввалия - ҳуҷҷатҳои аввалия, ки  барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ҷамъбастӣ ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд, набояд аз мадди назари назорат дар канор бошад.

Ба расмият даровардани натиҷаҳои тафтиши ҳуҷҷатҳо. Баъд аз тафтиши ҳуҷҷатҳо назоратчиён ва тафтишчиён хулосаи худро нисбати тартиби ба расмият даровардан ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва ҷамъбастӣ, инчунин тартиби дурусти сабти амалиётҳо дар ҳуҷҷатҳо бароварда, нисбати фаъолияти муассиса дар самти ҳуҷҷатнигорӣ санади худро тартиб медиҳанд. Маънои ба тартиб даровардани натиҷаи назорат ва тафтиши ҳуҷҷатҳои корхона ва муассисаҳо ин сохтани санади тафтишотӣ мебошад, ки натиҷаи тафтиши гузаронидашударо дар санади мазкур баён мекунад.

Таснифоти роҳҳои махсуси назорати ҳуҷҷатӣ ва ҳақиқӣ.

Назорати ҳуҷҷатӣ – дар асоси тартиби муайяншуда амалиётҳои ҳоҷагиро назорат намуда, оиди тамоми ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва ҷамъбастию ҳисоботӣ тафтиши бевоситаро амалӣ мекунад. Мақсад аз амалӣ кардани фаъолияти назоратӣ аз ҷониби назоратчӣ дар самти ҳуҷҷатҳои корхонаю муассисаҳо  ин санҷиши қонунии риояи қонунгузориҳо, тартиби ба расмият даровардан ҳуҷҷатҳо, сабти дурустии амалиётҳо дар ҳуҷҷатҳо ва дигар роҳҳои муҳимро дарбар мегирад.

Назорати ҳақиқӣ - барои муайянкунии ҳолати ҳақиқии объектҳои тафтишшаванда ҷорӣ карда мешавад. Дар ҷараёни назорати ҳақиқӣ таркиби ҷорабиниҳо баҳри амалӣ кардани назорати ҳақиқии объектҳои тафтишшаванда равона карда мешавад. Назорати ҳақиқӣ барои муайян кардани бақияи молу амвол ва масолеҳи қимматбаҳо бо нишондоди аслӣ ва ҳолати ҳақиқии онҳо гузаронида мешавад.

Усули назорати ҳуҷҷатӣ – амали алоҳидаи назоратӣ – тафтишотӣ мебошад. Дар амалияи корҳои назоратӣ ва тафтишотӣ ба тариқи конкретӣ усулҳо барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ё амалиётҳои ҳоҷагӣ коркард нашудааст. Бинобар ин барои гузаронидани назорати ҳуҷҷатҳо, ҳатто барои ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ маҷмўи усулҳоро истифода мебаранд.

Барои таҳлили мунтазами гардиши ҳуҷҷатҳо назоратчӣ ё ревизиор тамоми пайдарпаии ҳуҷҷатҳоро омўхта, дар интиҳо ҳуҷҷати нав тартиб медиҳад.

Дигар усулҳои дар назорати иқтисодӣ истифодашаванда метавонад дар ҷараёни худи фаъолияти тафтишотӣ –назоратӣ амалӣ карда шаванд. Ба монанди назорати фаъолияти шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул тамоми нусхаҳои корҳои номумкин, ки аз ҷониби хазинадор ё дигар шахсон ҷорӣ шудааст, нишон дода мешавад.

 

Расулов Туйғун,

Рауфова Рузигул

 Муассисаи давлатии илмии «Маркази  таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии

Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 Адабиёти:

        1.Қонун дар бораи молияи давлатӣ. -Душанбе, 2012

  1. Мирзоева Е.Ш. Идораи молияи давлатӣ.-Душанбе, 2014
  2. Белуха Н.Т. Теория финансово – хозяйственного контроля М: Финанс и статистика, 1991.
  3. Наринский А.С.,Гаджиев Н.Г. Контроль в условиях рыночной экономики. М: Финансы и статистика, 1994, 
  4. Радионова В.М., Шлейников В.И. Финансовый контроль. М:ФБК – ПРЕСС, 2018.

 

Хондан 1388 маротиба