JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Июни 2021 09:49

Давлатҳои миллӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ (андешаи муқаддимотӣ)

Муаллиф: Нусратуллои Назариён

      Вазъи сиёсии чаҳони муосир, пайдоиши падидаҳои номатлуби аср, аз ҷумла терроризм ва эктремизми байналмилалӣ ақлу хуши ҷаҳониёнро ба сӯи худ кашонд ва баҳри дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари ҳалли чунин масъалаҳо водор сохт. Чиҳати инкишофи ҷомеаи муосир бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ, ба роҳ мондани низоми нави сиёсӣ, ки ҷаҳонро ба сӯйи муттаҳидшавӣ баҳри ноил шудан ба мақсадҳои муштарак мебарад, инқилоби наверо дар ҳаёти инсоният ба вуҷуд овард. Баҳри таъмини сулҳу амнияти башарӣ, икишофи баробари иқтисодӣ, некуаҳволии одамони сайёра аснои раванди ҷаҳонишавӣ умеди башариятро  ба ояндаи ҷаҳон нек намуд. Баъд аз низоъ ва ҷангҳои пурталотуми асри гузашта, ки аҳолии ҷаҳонро хаста ва ташнаи сулҳ намуда буд, раванди ҷаҳонишавӣ василаи тасаллӣ ва ҳам роҳи хуби таъмини сулҳу амнияти башарӣ ба шумор мерафт. Ин буд, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо шиорҳои муттаҳидшавӣ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазироӣ шуд. Таҳия ва қабули барномаҳои хусусияти глобалидошта ба сиёсати ҷаҳонӣ тобиши дигар бахшид ва ҷиҳати бо суръати баланд доман паҳн намудани мавҷи чаҳонишавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

      Шаклгирии вазъи сиёсии ҷаҳон давлатҳоро ба сӯйи муттаҳидшавӣ кашонд, ки дар натиҷа баъзе  аз ғояҳои раванди ҷаҳонишавӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ воқеӣ гашт. Акнун ғояҳои ҷаҳонишавӣ ба сифати як раванди мақсадноки таърихӣ мавқеи худро дар муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуда, ба умқи тамоми соҳаҳои сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи иқтисоду фарҳанг фурӯ рафт. Арзишҳои умумибашарӣ, ки ҷавҳари раванди ҷаҳонишавиро ташкил медод, дар зеҳни ҷаҳониён муҳимияти худро касб намуд ва дар аснои муайян намудани сиёсати давлатҳо принсипи асосӣ ба ҳисоб рафта,  ҷомеаи ҷаҳониро чун узви як оила баҳри сулҳу якдигарфаҳмӣ раҳнамун месохт. Зуҳури баъзе аз паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳоро ба тағйир додани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ водор сохт. Зери таъсири ин омилҳо давлатҳо ба тағйири самти фаъолияти афзалиятноки хеш дар асоси арзишҳои миллӣ бо ҳамбастагӣ ба санадҳои байналмилалӣ пардохтанд. Функсияҳои давлатҳои имрӯза мазмуни бештар гуманитариро касб намуданд. Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин паймонҳои байналмилалии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба зиммаи давлатҳо вазифаҳои махсусро дар рафти муайян намудани самтҳои сиёсати давлатӣ вогузошт. Дар рафти вусъати ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, таҳдидҳо ва хатарҳои нави глобалӣ ва аз тарафи дигар, амалӣ намудани андешаҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар самтҳои фаъолияти сиёсати давлатҳо таҳаввулоти наверо эҷод намуд. Хусусан, дар ҷараёни муайян намудани сиёсати давлатӣ онҳо мазмуни миллиро касб намуданд. Такя намудани давлатҳо дар як вақт ҳам ба санадҳои байналмилалӣ, ки дар он арзишҳои умумибашарӣ инъикос ёфтаанд ва манфиатҳои миллӣ масъалаи басо мураккабест. Нигоҳ доштани тавозун бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ ба тағйирёбии самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо боис гардид. Масъалаи асосиро дар рафти амалӣ намудани сиёсати давлатӣ бо такя ба санадҳои байналмилалӣ пос доштани арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ ташкил медиҳад. Бозсозӣ ва ташаккули мафкураи ҷомеа, ки аз фарҳанг ва маънавиёти миллӣ сарчашма мегирад, аз як тараф ва ба сатҳи миллию байналмилалӣ мутобиқ сохтани он, аз тарафи дигар, вазифаи аввалиндараҷаи давлатҳои миллии имрӯзӣ ба шумор меравад. 

      Бо пайдоиши вирус ва батадриҷ доман паҳн намудани он дар миқёси сайёра вазъи сиёсии ҷаҳонро бакуллӣ тағйир дод. Басташавии сарҳадҳо ва қатъ гаштани муносибатҳои иқтисодӣ гӯё таъсири манфӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ расонид. Ба андешаи бисёре аз коршиносони ҷаҳонӣ, вирус ва ҳолати карантинӣ раванде муқобили ҷаҳонишавист. Чунин як андеша аз басташавии сарҳадҳо ва қатъ гаштани муносибатҳои иқтисодӣ маншаъ мегирад. Вале ин тавр нест. Агар мо ба моҳияти ин масъала дуруст сарфаҳм биравем ва натиҷаи тағйирёбии сиёсати ҷаҳонро дар аснои COVID-19 эҳсос намоем, ин, аслан ба нафъи раванди ҷаҳонишавист. Ин вирус мисли дигар барномаҳо пардаест болои ҳадафҳои раванди ҷаҳонишавӣ, ки зери он бо истифода аз вазъияти бамиёномада онҳоро пиёда месозад. Масъалаи муҳимро дар ин самт буҳрони ҷаҳонӣ касб менамояд, ки ҳолати бавуҷудомада ба паҳн гаштани вирус ва басташавии сарҳадҳо рабт дорад. Ин вазъияти буҳронӣ баъзе давлатҳоро баҳри тағйир додани самтҳои афзалиятноки сиёсати хеш водор сохт. Ҳарчанд ин давлатҳо бо эҳсоси хатари ҷаҳонишавӣ фарҳангро дар сиёсати дохилӣ ва берунии давлат самти афзалиятнок қарор доданд, бо сар задани буҳрон масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муҳиммияти худро касб намуд.

     Тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон зери таъсири коронавирус дар асл, ба нафъи раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, зеро вазъи бади иқтисодӣ ва буҳрони ҷаҳонӣ сиёсати давлатҳои миллиро ноустувор намуда, сиёсати фарҳангии ин давлатҳоро рахна месозад, ки дар натиҷа, ба омезиши тамаддунҳо ва таҳвили фарҳанги глобалӣ ба сари давлатҳои миллӣ оварда мерасонад. Фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои динӣ ҷиҳати пиёда гаштани ҳадафҳои раванди ҷаҳонишавӣ монеаи ҷиддие ба шумор меравад. Аз дигар тараф, муттаҳидшавии ҷаҳон бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ ва ахлоқи ягонаи глобалӣ зери таъсири давлатҳои миллӣ фалаҷ гашт. Аз ин рӯ, ҷоннок намудани ин ҳадафҳо ба воситаи таъсиррасонӣ ба мафкураи инсонҳо ва бо роҳи заиф намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ авлавият касб менамояд. Дигар ин ки аз тариқи таъсиррасонии мафкуравӣ ва фарҳангӣ пружаҳои сиёсию геополитикӣ дар ин ва ё он минтақа роҳандозӣ мегарданд. Давлатҳои миллии ҷаҳони имрӯзаро зарур аст, ки дар аснои тағйирёбиҳои сиёсию геополитикӣ пояҳои фарҳангии давлатҳояшонро мустаҳкам намуда, аз таҳвили фарҳанги бегона ба мафкураи миллӣ як навъ ҷилавгирӣ  намоянд.

Нусратуллои Назариён

донишҷӯйи соли сеюми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ

 

Хондан 2065 маротиба