- Илм додан – яъне, ба касе дониш омӯзонидан, таълим додан ба як кас. Дар ин шоха метавон омӯзгоронро мисол овард, ки онҳо дар раванди фаъолияти касбии худ ба хонандагон ва таълимгирандагон дониш медиҳанд.
- Илм доштан – яъне, соҳиби маълумот будан, дониш доштан. Ин шоха ба шахсоне мансубият дорад, ки онҳо соҳиби маълумот, яъне варақаи нишондиҳандаи дараҷаи таҳсилот (аттестат, диплом) доранд.
- Илм омӯхтан – яъне, таҳсили илм кардан, дарс хондан, соҳиби илму дониш шудан. Ва ин ришта мансуб ба хонандагон, донишҷӯён ва дигар шахсони таълимгиранда мебошад, ки онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ таҳсили илм мекунанд.
- Аҳли илм – яъне, олимону донишмандон. Ба ин табақа олимону донишмандон ва умуман аҳли зиё дохил мешаванд.
Ҳамин тавр шохаҳои илм то ба дараҷаи баландтарин инсонро оварда мерасонад. Илм ба ғайр аз ин боз дорои дараҷаву унвонҳо низ ҳаст. Яъне номзади илм, доктори илм, дотсент, профессор ва унвони баландтарини илм ин академик мебошад.
Яъне шахси донишманд ва соҳиби илму дониш натанҳо дар ин дунё балки дар назди Яздони пок низ соҳиби иззату каромат аст. Илм молу сарватест, ки ҳеҷ касе онро аз ҳеҷ кас гирифта наметавонад.
Мардуми соҳибхираду соҳибтамаддуди тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба илму дониш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд, мекунанд ва хоҳанд кард. Муттафакирони бузурги мо Абуалӣ Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берӯнӣ ва дигарон далолат аз ин гуфтаҳои боло мекунад. Дар риштаи илми тиб Абуалӣ Ибни Сино беҳтарин табибу донишманд буд, ки то ҳол тамоми олимону муҳаққиқони ҷаҳон китобҳои ин донишманди тоҷикро тарҷума карда, истифода мебаранд. Дар саҳни маҷмааи яке аз бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, муҷассамаи чаҳор донишманди бузурги форсу тоҷик қомат афрохтааст, ки ин аз бузургии илми тоҷик шаҳодат медиҳад. Нажоди форс (тоҷик) бо илму фалсафа, ҳикмату мантиқ, фарҳангу санъат ва дигар суннатҳои волои миллии худ аз қадим шуҳраи офоқ гардида буд.
Дар замони ҳозир низ илми тоҷик дар ҳоли тараққӣ қарор дорад. Бо зиёд шудани гимназияву литсейҳо, муассисаҳои миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ шумораи хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон ва номзадҳову докторҳои илм низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Албатта, ин ҳама пешравиҳо бо заҳматҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати пешгирифтаи худ маорифро дар ҷойи аввал гузоштааст, ба даст омадааст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ илм нақши калидиро мебозад. Зеро пешравии давлат аз рушди иқтисодиву иҷтимоии он вобастагии ногусастанӣ дорад. Маориф пояи ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Шикасти маориф ин шикасти давлат аст ва пешравии маориф ин пешравии давлат аст. Бинобар ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм диққати аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат буд, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 адади пеш аз даврони истиқлол ба 41 адад дар ҳоли ҳозир баробар шуд. Ин гувоҳи аз он медиҳад, ки илми тоҷик дар даврони истиқлолият босуръат пеш рафта истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки ба хотири пурзур намудани қобилияти эҷодии ҷавонон, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои илмиву бадеӣ, тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, барои солҳои 2020 – 2040” – ро дар соҳаи маориф пешниҳод менамоям. Ин иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли зиёи кишвар бо хушнуди пазируфтанд ва ба хотири амалишавии ин бистсола конференсияҳову мизҳои мудаввари сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва чорабиниҳои илмиро дар ҷумҳурӣ баргузор намуда истодаанд.
Озмуне, ки тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон гузоронида мешавад - “Фуруғи субҳи доноӣ” ба шердониву хондани асарҳои адибони ватанӣ ва хориҷӣ бахшида шудааст. Ва ҳар сол бо тантана аз тамоми гӯшаҳои кишвар хонандагону донишҷӯёни болаёқат ҷамъ омада, дар сабқат иштирок мекунанд ва бо мукофотпулиҳои калон сарфарозонида мешаванд. Шоҳҷоиза низ сол аз сол меафзояд. Баъд аз чунин ба даст овардани чунин натиҷаи бой ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмуни нави ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Илм – фурӯғи маърифат” пешниҳод намуданд. Ин озмун бештар ҷавонони болаёқатро дар соҳаи техникаю технология, илму инноватсия ҷалб хоҳад кард. Эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи олимонро афзун намоем ва иштироки бештари донишҷӯёну омӯзгоронро дар озмуни мазкур таъмин намоем. Ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус дода, бо истифода аз имконият барои донишомӯзиву рушди илм дар Академия шароити муосир фароҳам оварем”. Воқеан ҳам озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” калиди пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони муосир, ки илм дар он мақоми шомиху ногусастанӣ дорад, ҳар як фарди кишарро зарур аст, ки ба илм рӯ оварда, ба хотири ба як ҷомеаи илмӣ табдил додани ҷомеаи кишвар саъю талошҳои хешро дареғ надорад. Имрӯз илми тоҷик дар ҳоли пешравист. Зеро дастовардҳои илмии олимону донишмандони тоҷик дар соли 2020 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Рӯ овардани хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва унвонҷӯёну докторант ба илму технологияи навин яке аз пешравиҳои илми тоҷикро дар солҳои охир нишон медиҳад. Эълони озмуни мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Ин ташаббуси беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи кишвар бо хушнуди пазируфта шуда, мардуми соҳибхиради тоҷик ба озмуни мазкур омодагӣ дида истодаанд. Ҳамчунин бояд таъкид дошт, ки озмуни мазкур василаи муҳим барои пайвастан ба ҷаҳони муосир мебошад. Имрӯз пешрафти ҳама кишварҳои ҷаҳон аз сатҳи илму дониши аҳолии он вобастагӣ дорад. Бинобар ин мо метавон бо чунин иқдомоти беназири Пешвои оқилу хирадмандамон ба пешравиҳои беназир расидагӣ намоем. Масъалаи омӯзиши фанҳои табиӣ – риёзӣ дар солҳои охир дар кишвар хеле паст гардида буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳояшон аз масъалаи мазкур нигаронӣ зоҳир менамуданд. Зеро мо ҷавонони даврони истиқлол бояд ба пешравиҳо ноил гардем на ин ки ба пастравиҳо. Илм омӯзем, то дар оянда ба муваффақиятҳову музаффариятҳо расем ва насли ояндаро низ дар чунин рӯҳия таълиму тарбия намоем. Омӯхтан ва аз худ кардани илмҳои табиӣ – риёзӣ имрӯзҳо ба масъалаи меҳварии ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Зеро барои ба як ҷомеаи комилан илмӣ табдил додани ҷомеаи кишвар бояд ҳукумати мамлакат барои рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ мусоидат намояд. Бинобар ин баргузор намудани озмунҳои ба мисли “Илм-фурӯғи маърифат” барои пайдо намудани кадрҳои аз нигоҳи илмӣ қобилиятнок, донишманд, чусту чолок ва ҳушёру зирак мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки ин иқдоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле заруриву саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Чунки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон танҳо ба танҳо бо роҳи илмомӯзӣ иқтисодиёти хешро вусъат бахшанд. Ҳар як падару модар бояд дар таълиму тарбияи фарзанд саҳми муносиби хешро гузорад. Яъне шавқу ҳаваси кӯдаконро нисбат ба илму дониш зиёд кунанд. Ҳама шахс аз кӯдакӣ дар дилаш шавқу ҳавас дорад ва онро кӯдак танҳо ба шахси наздики худ мегӯяд, ки шахси наздики ӯ албатта, ки падару модараш ба ҳисоб мераванд.
Озмуни мазкур аз нигоҳи илмӣ паёмадҳои мусбии хубе дорад. Яке аз паёмадҳои он – ин пайвастан ба илми муосир аст, яъне рӯҳияи илмии наврасону ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа бедор мегардад. Насли наврас бошад дар фазои илмӣ ташаккул меёбад ва ин боиси он мегардад, ки насли наврас илмро дарк мекунаду ба илмандӯзӣ машғул мешавад. Озмуни мазкур адабиётҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисиро дар бар мегирад, ки ин боз як паёмади хубест. Зеро аҳли ҷомеа асарҳои илмиву бадеии ҳам тоҷикӣ ва ҳам рӯсиву англисиро мутолиа карда, ҳам забонро меомӯзанд ва ҳам аз илми хориҷа огаҳи пайдо мекунанд. Паёмади дигари озмун дар он арзёби мегардад, ки ин озмун калиди пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Яъне мо тавассути илмомӯзӣ иқтисодиёти давлатро метавон ба дараҷае боло барем, ки ин боиси баланд шудани иқтисодиёти мамлакат мегардад.
Бояд гуфт, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд хоҳанд гузошт.
Раҳмонов Раҳмон
- н.и.х., дотсент, мудири лабораторияи Иститути химияи АМИТ
Абдураҳмонов Абдулхайр
– узви ИЖТ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Сарчашмаҳо
- https://tg.wikipedia.org/wiki/Илм
- https://halva.tj/tj/news/ozmuni_ilm_furu_i_marifat_ozmuni_ilmu_innovatsiya_meboshad_/
- https://khovar.tj/2021/02/yvayvaozmuni-ilm-fur-i-marifat-vodor-mesozad-ki-beshtar-ba-ilm-tava-u-zo-ir-namuda-safi-olimonro-afzun-namoem/
- https://khovar.tj/2021/01/payomi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-mu-taram-emomal-ra-mon-ba-ma-lisi-olii-um-urii-to-ikiston-dar-borai-samt-oi-asosii-siyosati-dohil-va-hori-ii-um-ur44/