JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Августи 2020 11:28

Истиқлолият – неъмати бебаҳои кишвар

Муаллиф: Халифаева Шоҳина

  Халқи бузурги тоҷик давоми ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд кардаву новобаста аз ҳар гуна ҳолатҳои сиёсӣ забон, фарҳанг ва тамаддуни хешро аз даст надодааст. Дар давоми ин асрҳои бисёр мо на ҳамеша соҳиби давлату сарзамини худ будем, лекин миллати баномуси тоҷик ҳамеша мекӯшид мустақилияти худро дошта бошад.

 Пош хурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, ки зодаи бузургтарин инқилоби асри ХХ ба шумор мерафт, ба бунёди давлатҳои миллии соҳибистиқлол асос гузошт. Дар баробари давлатҳои дигар ба кишвари куҳанбунёди тоҷикон низ насими тозаи озодиву истиқлол вазид ва дар ҳаёти мардуми мо давраи нав оғоз гашт. Орзуи деринаи халқи тоҷик оиди истиқлолияти миллӣ ҷомаи амал пӯшид, таърих тӯҳфаи бебаҳову деринтизорро чун мустақилият ато кард.

 Мардуми тоҷик ҳанӯз нӯши истиқлоли миллиро фурсати чашидан наёфта ба хатари ҷонкоҳе рӯ ба рӯ гашт, ки хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шуданро таҳдид мекард. Чунин суръат гирифтани ҷараёни таърих вобаста ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ, маданию миллии давлатҳои тозаистиқлол ба муқобилияти оштинопазири сиёсӣ ва дар охир ба задухурдҳои мусаллаҳона ва ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

 Вале душманони миллати мо ба мақсадашон нарасиданд, бо шарофати абармарди баномуси тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу истиқлол дар фазои мамлакати мо аз нав танинандоз гашт. Дар давоми қариб ин се даҳсолаи соҳибистиқлолии кишвар, Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфти шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллат эътироф гардид.

 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохт.

 Барои расидан аз ҳама ҷиҳат ба  мустақилияти пурра ҳалли масъалаҳои мазкурро ҳадафи асосии худ қарор дод: таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ саноатикунонии босуръати кишвар.

 Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳҳои обии хурду калон сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерўгоҳҳои барқи  обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд, ду агрегати НБО Роғун ба истифода дода шуд ва онҳо алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1, 2 ба  истифода  дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани  хатти  500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

 Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ,  нақби Шаршар  ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам  омад,  ки  ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад. 

 Имрӯз барои мо бонувони замони истиқлол имкониятҳо барои кору таҳсил, машғул шудан ба таҳқиқоти илмӣ фарохтар гашт. Занҳову бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои қишри ҷомеа кор ва фаъолият мебаранд. Мо метавонем на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он таҳсил намоем, ба корҳои илмӣ машғул шавем ва дар конфронсҳои бонуфузи илмӣ ширкат варзем , дар ин замина сатҳи забондонӣ ва донишамонро сайқал диҳем.

 

Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна,

 докторанти (PhD) соли якуми

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1276 маротиба