Натиҷаҳое, ки олимон дар ин ҷо ба даст оварданд, фақат барои асарҳои бадеӣ ва иқтисодӣ буданд. Аз ҳамин нуқтаи назар дар ин мақола маълумот оид ба таҳқиқоти муайян кардани муаллифи асарҳои таърихӣ-сиёсӣ бо воситаи басомади вохӯрии триграммаҳои рамзӣ оварда мешавад. Масъалаи шинохти матн, дар асл, аз он рӯзе, ки хат пайдо шуд, ба миён омадааст. Дар муддати тӯлони, он танҳо бо яке аз “рӯя”-ҳои худ, ки дар он зарурати муайян кардани иҷрокунандаи асари навишташуда ифода меёфт, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додбиграма мешуд. Минбаъд, пас аз лаҳзаи ихтироъ шудани “китобчопкунӣ”, дар ин масъала, рӯяи нави муҳими дигари он – зарурати муайян кардани муаллифи маводи чопӣ ба миён омад. Дар марҳилаи кунунӣ маҳз ҳамин “рӯя”-и дуюм, мазмуни мундариҷаи асосии ин масъаларо ташкил медиҳад.
Дар кори зерин ба сифати инструменти таҳқиқотшаванда таснифгари Усмонов З.Ҷ. санҷида мешавад, [3-5].
Маълумот оид ба коллексияи матнҳо. Асарҳои муаллифҳои зерин гирифта шуданд ва дар дохили қафс шакли кӯтоҳ карда шудаи онҳо, ки барои ҷойгиркунии ҷадвалҳои 1 ва 2-и поёни лозим буд, оварда шудаанд: А. Дюма (АД) “Граф монте кристо 1” (ГМК1) ва “ Граф монте кристо 2” (ГМК2) [6, 7], А. Хуш (АХ) “Шӯриши Усмон 1” (ШУ1) ва “ Шӯриши Усмон 2” (ШУ2) [8-10], М. Шакурӣ (МШ) “Садри Бухоро” (СБ) ва “Хуросон аст инҷо” (Х) [11, 12], С. Айни (СА) “Ёддоштҳо 1” (Ё1) ва “ Ёддоштҳо 2” (Ё2) [13, 14], Ҷ. Икромӣ (ҶИ) “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро” (ДБ) ва “Он чи аз сар гузашт” (О) [15, 16]. Ба омӯзиши ин масъала ҳамагӣ 5-муаллиф ва 10-асар гирифта шуд.
Таснифгари матнҳо. Ба сифати тавсири рақамии асарҳои таърихӣ-сиёсӣ басомади вохӯрии триграммаҳои рамзӣ дида баромада мешавад. Барои муайянкунии муаллиф як метод – таснифгари матнии Усмонов З.Ҷ. истифода бурда шуд. Моҳияти тавсифи ин метод дар татбиқ ба масъалаҳои илми забоншиносӣ дода мешавад, [3].
Барои муфассалтар хондани мақолаи мазкур метавонед бо худ гиред (pdf): Муайянкунии муаллифи асарҳои таърихию сиёсӣ бо воситаи триграммаҳои рамзӣ