JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 19 Январи 2024 04:13

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ

Муаллиф: Юсупов Сӯҳроб Зафарҷонович

 Сиёсати хориҷи яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, самти инкишоф ва роҳи давлатро дар фаъолияти байналхалқӣ муайян менамояд.

 Сиёсати хориҷӣ маҷмуи мақсад ва воситаҳои фаъолияти давлат дар соҳаҳои муносибатҳои якҷояи он бо давлатҳои дигар, халқу миллатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ бо роҳу воситаҳои дипломатӣ мебошад. Мақсади асосии сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар он зоҳир мегардад, ки бехатарии онро таъмин созад, шароити мусоиди сиёсати хориҷиро барои инкишофи самтҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат фароҳам оварад, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода, онҳоро ҳифз намояд.

  Самти сиёсати хориҷии ҷумҳурии мо дар марҳилаи кунунӣ дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти ҶТ ба маҷлиси олии Ҷумҳурӣ муайян мегардад. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ Э. Раҳмон таъкид намудаанд: “Асоси сиёсати хориҷии кишварро сиёсати дарҳои боз, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳама субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад”.

  Яке аз рукнҳои асосии сиёсати хориҷиро ривоҷ додани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои дигар, умумиятҳои калони иҷтимоӣ ва воҳидҳои иҷтимоию маъмурӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари уҳдадориҳои байналмиллалӣ бояд салоҳияти дохилии давлат дар пайвастагӣ бо вазифаҳои хориҷии он таҳким ёбанд. Аз ин лиҳоз, вазифаҳои муҳимтарини давлатро таъмини амнияти миллӣ ташкил медиҳад.

 Дар илми сиёсӣ мақсад ва вазифаҳои умумии сиёсати хориҷӣ ба тариқи умумӣ тарҳрезӣ гардидааст. Мақсади асосии давлатҳои мухталиф ин пеш аз ҳама ҳимояи манфиатҳо ба ҳисоб меравад. Умуман, метавон мақсадҳои сиёсати хориҷиро ба тариқи зайл гуруҳбандӣ намуд:

  • Таъмини бехатарии давлат;
  • Кӯшиши мустаҳкамнамоии қобилияти моддӣ, сиёсӣ, интелектуалӣ, ҳарбии кишвар;
  • Баланд бардоштани обрую эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ;

 Мавқеи геополитикии ҶТ, таркиби қавмию миллии он, сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он пеш бурдани сиёсати хориҷии фаъоли амалигаро ва мутавозину мутаносибро тақозо мекунад.

Самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҶТ  бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ муқаррар карда мешавад. Манфиатҳои миллии ҶТ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи наздик масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар;
  2. Таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ;
  3. Таъмини шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, амнияти иқтисодӣ ва экологии мамлакат;
  4. Ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ, ҳайсият ва манфиати шаҳрвандон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он;
  5. Инкишофи муносибатҳои боварӣ, дустӣ ва ҳамкории мутақобилаи судманд бо ҳамаи мамлакатҳои дунё;
  6. Таҳкими чеҳраи матлуб ва мусбати ҷумҳурӣ дар олам;
  7. Мусоидат ба тоҷикони дар кишварҳои дигар иқоматдошта.

  Заминаи ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ, усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хоирҷии ҷумҳуриро Конститутсияи ҶТ, Консепсияи сиёсати хориҷии ҶТ, Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ”, Консепсияи амнияти миллии ҶТ, Доктринаи ҳарбии ҶТ, Қонунҳо “Дар бораи хизмати дипломатӣ”, “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи шартномаҳои байналмиллалии ҶТ”, “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ”, “Дар бораи арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ”, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳад. Барои густариш ва инкишофи сиёсати хориҷии кишвар саҳми Пешвои миллат мӯҳтарам Э. Раҳмон аввалиндараҷа ба шумор меравад. Замоне, ки ҶТ Истиқлолӣ давлатӣ ба даст овард, воқеияти ҳол чунин буд, ки вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаб ва печидаи сиёсӣ касе аз сиёсатмадорони вақт ҳозир набуд, ки масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирад. Аз нухбагони сиёсии вақт нафаре ҳозир набуд, ки рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро анҷом диҳад. Дар чунин вазъи душвор, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои ҳақиқии миллат, ки дар ҷодаи сиёсат аз миёни мардум бархостанд, бо ҷасорат, дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватанхоҳӣ азми наҷоти Ватан, мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастии миллат карданд.

  Баъди ба мансаби раиси ШО ҶТ интихоб гардидани мӯҳтарам Э. Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба ҳамаи муаммоҳои вуҷуддошта бо нигоҳи дурнамои сиёсӣ роҳи ҳалли онро дарёфт намуданд. Сардори давлат дар суханронии хеш дар иҷлосияи XVIII ШО ҶТ дар таърихи 23 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими кансепсияи сиёсати хориҷии кишвар чунин ҳавзаҳои ҳамкориҳои беруниро муайян намудаанд:

Ҳавзаи якум – ИДМ аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба суи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад;

Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказӣ, ки кунун ру ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад:

Ҳавзаи сеюм – давлатҳои ҳамсояи форсизабон:

Ҳавзаи чаҳорум – доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои руҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд:

Ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмиллалиест, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба суи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд. [1, 21]

Бояд тазаккур намуд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро сиёсати “дарҳои боз” ташкил медиҳад. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти худ роҷеъ ба яксолагии узвияти Тоҷикистон дар СММ моҳи марти соли 1993 изҳор дошт, ки “Ҳамчун узви СММ Тоҷикистон дарҳои худро барои ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ кушодааст”. Сиёсати дарҳои боз аз тарафи роҳбари давлат дар соли 2002 пас аз қабул шудани консепсияи сиёсати хориҷии ҶТ ба вуқуъ пайваст.

Аз ҳамон руз ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи интихобкардаи Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан қадамҳои аввалин дар сиёсати прагматикӣ, санҷида ва устувори хориҷии онро эътироф намуд ва ҳусни эътимоди давлатҳои дуру наздик бо Тоҷикистон пайиҳам ба вуҷуд омад. Бе шубҳа, дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои сулҳофарӣ ва сарҷамъ кардани миллати пароканда, ҳамзамон, меъмори сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон гардиданд.  

          Сиёсати дарҳои боз ба мо имкон дод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, сафи ҳамёрони анъанавӣ ва доимиамонро афзоиш дода, муносибатҳои бйни ҳамдигарро ба роҳ монда, баҳри густариши давлату халқият бо созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ва давлатҳои дуру наздик ҳамкории қавӣ намоем.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон эътироф карда, бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмиллалӣ мебошад. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд марҳала ба марҳал намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъсис ёфтаанд, ки теъдодашон имруз 39 ададро ташкил медиҳад, ҳамчунин, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъин гардидаанд. Дар шаҳри Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагию дафтарҳои 57 созмони бо нуфузи байналмиллалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. [7]

Дар баробари ин ҶТ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мариди иҷро қарор додааст.

Дар марҳилаи ҳозира дар сиёсати хориҷии ҶТ доштани робитаи ҳасанаи наздик ва собит ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа ба хотири эҷоди камарбанди боварӣ ва амниятӣ дар тӯли марзҳои кишвар ва таъмини сулҳу ороми дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз авлавиятҳо ба шумор меравад.

Айни ҳол метавон зикр намуд, ки муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ва минта равнақ ёфта барои амалӣ гардидани сиёсати сулҳҷӯёнаи дуҷониба ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад, ки мисоли он ташкил ва баргузор гардидани намоиши молҳои Ӯзбекистон дар пойтахти кишвар, таҷлили рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон буда метавонад.

Маврид ба таъкид аст, ки бо назардошти равандҳои муосир сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар хусусият ва муҳтавои прагматикӣ ва воқекъбинонаро рушд медиҳад, ки он албатта, ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат мекунад. Махсусан, дар ду даҳсолаи охир Тоҷикистон якчанд тадбирҳоро роҳандозӣ кард, ки онҳо ба сифати омилҳои рушди сиёсати хориҷӣ ҷумҳуриро ба дастовардҳои муҳим дар ин раванд комёб гардонданд.  

Имрӯз бо ҳисси ифтихор метавон гуфт, ки тоҷикистон соҳиби панҷ ибтикори амалгароёнаи сатҳи ҷаҳонист, ки дар маҷмуъ, ҳар яки он бевосита ба тақдири инсоният алоқаманд буда, тақрибан ягон кишварро дар ҳалли онҳо бетараф гузошта наметавонад.

  Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-ум (1 октябри соли 1999), Иҷлосияи 55-уми Маҷмааи умумии СММ, ки 20 сентябри соли 2000-ум баргузор шуд, соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардид. Дар пайи татбиқи ин иқдом аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмиллалӣ дар мазӯи оби тоза баргузор гардид.

23 декабри соли 2003 Маҷмааи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005 – 2015 – ро Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Маросими оғози “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар қароргоҳи UNESCO  дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 бо иштироки фаъоли ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии СММ қатъномаи дахлдорро қабул кард, ки тибқи он солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид. Ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни ҳамоиши ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея манзури ҷомеаи байналмиллалӣ гардида буд. [7]

Густариши сиёсати сулҷуёнаи хориҷии кишвар боиси таҳкими сулҳу субот, амну оромии мардум ва шароити хуби зиндагии ҷомеа гардида, суботу оромии кишварро таҳким мебахшад.

 Инак дар марҳилаи кунунӣ барои пешрафти сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур меояд, ки сиёсати сулҳпарваронаву дустонаи худро бозҳам густариш дода, бо давлатҳзои абарқудрати ҷаҳонӣ муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар тақвият бахшад.

 

 

Юсупов Сӯҳроб Зафарҷонович

Ассистенти кафедраи

Муносибатҳои байналхалқии

ДДҲБСТ

 Адабиёт:

  1. Мирзоев Н., Шарифов А. Асосҳои дипломатия. – Душанбе, 2015. – 280 сањ.
  2. Сатторзода А., Назаров.Т. Дипломатияи муосири тоҷик. – Душанбе: 2006. - 224 саҳ.
  3. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Ба 20-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида мешавад. Душанбе-2011. -320 саҳ.
  4. Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 2012.
  5. 25-қадам дар паҳнои олам. Ба 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ бахшида мешавад. Зери назари С. Аслов. - Душанбе, 2016. – 219 саҳ.
  6. Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон: prezident.tj
  7. Сомонаи расмии ВКХ: mfa.tj. (Мақолаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидди Муҳриддин бахшида ба “Нақши пешвои миллат дар раванди ташаккулёбии сиёсати хориҷӣ”).

 

Хондан 1337 маротиба