JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 01 Ноябри 2023 15:55

Терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби асри муосир

Муаллиф: Худойбердизода Саидмири Убайдулло

  Шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад. Дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст. Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно. Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад. Агар нафаре, гурӯҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавонбине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори аммо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем. Ин амали ноҷавонмардонаи террористон ҳикояи машҳури «Сангпушт ва каждум»-ро пеши назар меоварад. Яъне, муқтазои табиати ин тоифа неш задан асту ноором сохтани давлатҳову миллатҳои ором.

РУҶӮИ ТАЪРИХӢ, Ё ХУД АНДЕШАҲО

ОИД БА АВВАЛИН АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Дар байни муҳаққиқон доир ба пайдоиши терроризм ақидаҳо гуногун аст. Ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай анҷом дода шуд. У. Пакер бар ин ақида аст, ки ҳама гуна куштори сиёсӣ терроризм аст ва дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа (қадим, кӯҳан-Ш.Ш.) марбут медонад. Гурӯҳи дигар, терроризмро зуҳуроти охири асри ХХ медонанд. Таърихнигори фаронсавӣ М. Ферро терроризмро бо фаъолияти махфии исмоилиҳо (махсусан асатинҳо) дар асрҳои 11-12 алоқаманд медонад. Н. Неймарк пайдоиши ин зуҳуроти номатлубро ба давраи пас аз истилоҳоти наполеонӣ вобаста медонад. Нависанда ва драматурги бузурги рус, Анатолий Королёв қайд мекунад, ки ҳанӯз 340 сол пеш аз мо падари Искандари Мақдунӣдар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расидааст. Таҳлилгарони дигар аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри 1-и то милод дар Яҳудия амал мекард, эътироф менамоянд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони донишманди яҳудиро, ки мехостанд, бо римиҳо сулҳ баста шавад, ба дуршавӣ аз дин ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ гунаҳгор дониста, ба қатл мерасониданд. Онҳо ба сифати силоҳ, ханҷар, ё «сику» шамшери кӯтоҳро истифода мебурданд. Дар фаъолияти сикариевчиён унсурҳои фанатизми динӣ ва терроризми сиёсӣ ба чашм мерасид. Таърихнигорон бар ин назаранд, ки дар асрҳои миёна ташкилоти террористие, ки дар инкишофи тактикаи пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ чун воситаи иҷрои мақсад нақши бориз гузоштааст, ин созмони асасинҳо мебошад. Тақрибан соли 1090-милодӣ Ҳасан ибни Саббоҳ қалъаи Аламутро, ки дар дараи кӯҳии самти шимоли шаҳри Ҳамадон (воқеъ дар Эрон-Ш.Ш.) ҷойгир аст, ишғол менамояд ва ба қароргоҳи худ табдил медиҳад. Аъзои ин ташкилот фаъолияти худро дар ҳудуди баҳри Миёназамин то халиҷи Форс густариш дода, дар муддати тӯлонии амалиёти худ шумораи зиёди халифаҳо, султонҳо, рӯҳониёни бонуфуз ва мансабдорони баландмақоми давлатиро ба қатл расонидаанд. Мисоли ин гуфтаҳо қатли сарвазири дарбори Салҷуқиён, олими машҳур Низомулмулк шуда метавонад. Бо ин амалҳои хеш ин ташкилоти террористӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони он замон тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда буд. Коршиносон терроризмро ба ду гурӯҳ-дохилӣ ва байналхалқӣ ҷудо намуданд. Терроризми дохилӣ, вобаста ба субъектҳои худ ба терроризми давлатӣ, терроризми мухолифӣ ва терроризми байниҳизбӣ тасниф меёбад. Терроризми байналхалқӣ бошад, ба давлатӣ ва ѓайридавлатӣ ҷудо мешавад.

РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваи ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад. Хусусан, нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаи мубрами рӯз бояд калон бошад. Ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои  ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба  ваъдаҳои бепоя ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар-Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.Вазъи имрӯза зарурати муборизаи  ҷиддиро ба муқобили ин қувваи ифротӣ ба миён меорад. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан, чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Амалҳои ин қувва барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла, Тоҷикистон наметавонанд, бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан, мо-ҷавонон, дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошем. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо, сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватани худ аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем. Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми сабаб ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад”. Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар ҷаҳони имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Дар вазъияти муташанниҷи замони муосир ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Ин зуҳуроти на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳнандозӣ намуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханронии худ қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Хулоса, кӯшиш ба харҷ диҳем то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеаи ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ҶАҲОНӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрўз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурўҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад». Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррўз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарўза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рўҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем. Бинобар ин, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҳамкориро бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дуруст ба роҳ монанд.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14 апрели соли 2000 дар конгресси Х-уми Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҷазо додани ҷинояткорон, ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткории трансмиллӣ дар мавзўи «Таҳдидҳои нав дар асри XXI» нисбати терроризми байналмилалӣ чунин изҳори назар намуданд. Имрўз тамоми ҷомеаи ҷахон аз он, ки терроризми байналхалқӣ, ҷудоиандозӣ ва зуҳуроти дигари экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, навъҳои дигари хатарноки ҷиноят, инчунин ҳиҷрати ғайриқонунӣ дар қаламрави на фақат давлатҳои алоҳида, балки минтақаҳои том беш аз пеш доман паҳн мекунад, ҷиддан ба ташвиш омадааст.

Ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ дар охири асри XX ва аввали XXI ба асри навин таҳдидҳои нав мекунад. Он хусусияти умумӣ пайдо карда, ҳам ба ҳар мамлакати алоҳида ва ҳам ба тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳдид дорад. Баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки доираи зуҳуроти ҷинояткории муташаккилона пайваста васеъ мешавад. Мусаллам аст, ки мубориза алайҳи ин шарр бояд самти аввалини ҳамкории байналхалқӣ ва ҷидду ҷаҳди мувофиқшудаи мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ гардад. Сарварон ва иштироккунандагони фаъоли ҷамъиятҳои ҷинояткорон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт ва сохторҳои молиявию бонкӣ таъсири манфӣ расонда, сармояҳои зиёди ғайриқонунӣ ба вуҷуд оварда, манфиатҳои худро дар сохторҳои қонунгузор, иҷроия ва идора ба мадди аввал гузошта, ба фаъолияти мақомоти давлатӣ cap медароранд ва бо ҳамин қабули қарорҳои барои худ манфиатбахшро таъмин мекунанд. Онҳо дар авҷ гирондани экстремизм, дар додани ихтилофоти сиёсию миллӣ ва минтақавӣ иштирок карда, бо роҳи террори ҷисмонию маънавӣ ба системаи ҳифзи тартиботу қонун беш аз пеш муқовимат нишон дода, хеле бисёр ҷавононро фосид карда, ба ҷинояткорӣ ҷалб менамоянд.

Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият  бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ, ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст. Муоҳидаҳои байналхалқии қаблан роҷеъ ба ин масъала имзошуда масъалаи терроризмро ҳамчун масъалаи алоҳида ҷудо накарда, балки онро дар баробари масъалаҳои дигари дорои характери ҷиноӣ баррасӣ менамоянд. Бо таассуф гуфтан лозим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол дар бораи мафҳуми терроризм хулосаи ягона набаровардааст. Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ ба терроризм муқобил баромада, ҳамзамон терроризми байналхалқиро дар мамлакатҳо ва минтақаҳои дигар ба ин ё он восита дастгирӣ намуда, террористонро муборизони роҳи озодӣ ва ҳуқуқи инсон қаламдод кардани мешаванд. Бинобар ин имрўз тартибу таҳия ва имзои муоҳидаи ягонаи Мукаммал зарур мебошад, ки мафҳуми терроризм, пеш аз ҳама терроризми минтақавиро муайян карда, дар ин самтҳои мушаххаси ҳамкории имконпазири байналхалқӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар намуда муҷозоти муқобили давлатҳое, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ мекунанд ва гурўҳҳои террористро дастгирӣ менамоянд пешбинӣ карда, ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари иловагии нормативиеро имконпазир мегардонанд, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризмро ба низом медароранд. Ҳамчунин дар қонунҳои миллӣ терроризмро маҳз ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафи сиёсӣ маънидод карда зарур аст. Ба назари мо, дар амал татбиқ намудани ин ва пешниҳодҳои дигаре, ки дар ин ҷамъомад дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ба миён гузошта мешаванд, муқаррар намудани шаклу усулҳои самрабахши ҳамкории давлатҳо дар соҳаи ба роҳ андохтани муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ҷиноятҳои минтақавӣ иқдоми муҳим гардида метавонанд. Пешгирии терроризм вазифаи ниҳоят душвор аст, зеро ин падида бо сабабҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, равонӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Ин гуна сабабҳо бояд объекти дахолати пешгирикунанда бошанд, аммо ин кор аслан осон нест, зеро қисми муҳими сабабҳои номбаршуда бо ба даст овардани ҳокимияти давлатӣ ва ғасби он, тақсими амвол, ташвиқ ва ҷорӣ намудани идеологияи «худ», тағйир додани сохтори миллӣ ё иҷтимоии ҷомеа ва ғайра алоқаманданд. Бо ин ҳама, терроризм, тавре ки дар боло қайд кардем, рафънопазир аст, зеро он як навъ ҷинояти вазнин ба муқобили башарият мебошад. Тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ҷўяндагони ҳақиқат ва адолат, ки омодаанд худро ва дигаронро барои хушбахтии умумӣ ё гурўҳи иҷтимоӣ ё миллӣ қурбон кунанд, ҳамеша аз рўи замин нопадид шаванд; тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки дар рўи замин дигар одамоне ба дунё намеоянд, ки бо роҳи терроризм вазифаҳои ғаразноки худ ва на танҳо вазифаҳои моддӣ, ҳамчунин баробарии ҳамаро дар ҷомеа ҳал мекунад.

Дар воқеъ, масъала умуман дар бораи пурра нест кардани терроризм дар ҷаҳон намеравад, алахусус агар мо зуҳуроти гуногуни онро дар хотир дорем. Ҷомеаи мутамаддин бояд саъй намояд, ки паҳншавии онро пешгирӣ кунад ва таҳдиди саривақтиро муайян кунад. Пешгирии терроризм бояд ҳамзамон дар якчанд самт амалӣ карда шавад: 1) таъсир ба падидаҳо ва равандҳои умумиҷаҳонӣ, ки таъсири террористӣ доранд. Ин самтро метавон стратегӣ номид ва табиист, ки агар пешгўии дарозмуддати фаъолияти муҳимтарини террористӣ бо муайян кардани субъектҳои имконпазири онҳо пеш гирифта мешуд; 2) муайян ва пешгирии амалҳои террористие, ки дар ояндаи наздик содир шуда метавонанд. Ин муайян кардани субъектҳо ва объектҳои терроризм, сабабҳо, усулҳо ва ҳолатҳои дигари онро дар бар мегирад; 3) пешгирии содиршавии терроризм ва амалҳои террористии зидди ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дастгир кардани гунаҳгорон ва ба суд додани онҳо.Ҷазо додани на танҳо иҷрокунандагон ва шарикони оддӣ, балки ташкилкунандагон ва таҳриккунандагони терроризм хело муҳим аст;  4) огоҳкунӣ, бартарафкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳои ба терроризм монанд, ба мисли гаравгонгирӣ, генотсид, таҳрибкорӣ, сўйқасд ба ҳаёти шахсе, ки адолати судӣ ё тафтиши пешакиро анҷом медиҳад ва ғайра. Дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мубориза бо терроризм созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи махсус доранд, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои гуногун дар огоҳкунӣ ва пешгирии ин бадӣ хос аст. Илова бар самтҳои зикршудаи мубориза бо чунин падида, ба мисли терроризм, бояд то ҳадди имкон самаранок ва дар сатҳи қонунгузорӣ мубориза барем, қонунгузории танзимкунандаи мубориза бо терроризмро такмил дода, тағйироту иловагиҳои зуриро ворид намоем. Дар асоси таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои терроризми байналмилалӣ нисбати шахсоне, ки чунин ҷиноятҳоро содир кардаанд, чунин таклифҳоро пешниҳод менамоем:

  • терроризм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст;
  • имрўз терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст;
  • мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.;
  • мо тарафдори ақидаи олимоне ҳастем,ки ҷиноятҳои хусусияти террорисидоштаро дар як боби алоҳидаи Кодекси ҷиноятӣ ҷой доданро пешниҳод менамоянд;
  • бо мақсади густариш додани мубориза бо терроризм дар сатҳи Созмони Ҳамкории Шанхай, пешниҳод менамоем, ки меъёрҳо доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои терроризм дар кодексҳои ҷиноятии кишварҳои аъзои СҲШ – Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рўи мазмун мувофиқат кунонида шаванд.

 Худойбердизода Саидмири Убайдулло.

Номзади илмҳои техникӣ, ходими калони илмии озмоишгоҳи

“Маводшиносӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази таҳқиқоти

технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

 

 

https://www.tajmedun.tj/tj/akhbor/?ELEMENT_ID=22813 

https://iutet.tj/?p=3653 

https://apa.tj/хатари-терроризм-ва-экстремизм-ба-ҷом/ 

https://hkhdtkhatlon.tj/jaihun/view-news.php?view=29486 

https://www.hgu.tj/news/post/rohhoi-peshgirii-terrorizm-va--ekstremizm-dar-sharoiti-muosir.html 

https://hgu.tj/news/post/rooi-pesgirii-terrorizm-va-ekstremizm-dar-saroiti-muosir.html  

https://m.facebook.com/kumitaijavononvarzish/photos/a.1071934852952166/2574372506041719/

 

 

 

 

 

http://hkhdt.tj/news-single/1124 

https://mort.tj/терроризм-пайдоиш-ва-роҳҳои-пешгирии/

 

 

 

Хондан 1266 маротиба