JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Феврали 2022 10:24

Синтези сафеда - раванди муҳими биологӣ

Муаллиф: Бобур Наҷодов

    Ҳаёт бе сафеда вуҷуд дошта наметавонад бисёри олимон мавҷуд будани ҳаётро ба сафеда алоқаманд месозанд. Бинобари ин синтези сафеда яке аз равандҳои муҳими биологи дар тамоми ҳаёти организимҳо мебошад. Дар раванди аввал оғоз аз кислотаи дезексирибонуклеинӣ (КДН)→ ба→ (КРН) кислотаи рибонуклеини ба→ сафеда интиқол дода мешавад. Чунин ҳодисаро мо дар ситоплазмаи ҳуҷайра дар дохили ҳаста ва бо иштироки рибосомаҳо мушоҳида карда метавонем. Ситез сафеда дар зери назорати КДН-, ки дар дохили ҳаста (ядро) мавҷуд буда он  оғоз ва  имкони ҳосилшавии сафедаро фароҳам месозад.

   Пеш аз он, ки мо дар бораи чи гуна  гузаштани раванди синтези сафеда сухан кунем мо бояд  сохти комплементарӣ спирали дузанҷираи кислотаи дезексиробонуклеинӣ КДН-и (Уотсон ва Крик)-ро ёдовар шавем. Тартиби комплементарӣ дар пайдарпаи нуклеотидҳо боиси гузаронидани ахбор аз (КДН) ба кислотаи рибонуклиенӣ (КРН) мегардад. (Расми 1.)

    

Як қисми занҷири молекуллаи КДН дар КРН ҳамчун қолаб (матритса) барои синтезе сафеда хизмат мекунад, ки ин боиси ба вуҷуд омадани кислотаҳои аминӣ яъне сафедаҳо дар ҳуҷайра  мегардад (расми 2) . Назария оиди гузаштани раванди синтези сафедаро бори аввал соли 1928 олим,  биолог Н.К. Кольцов пешниҳод карда буд. Расми 2.

  Бо кадом тарз аз гени синтези (КДН) бо КРН- ба амал омадани нусхагирӣ (копия)-ро мо каме дар боло кайд намудем ин аз аз рӯи пай дар пайи нуклеотидҳо (последоватетельности ДНК) дар генҳо ба вуҷуд меояд. Дар раванди синтези сафеда як қисми занчири КДН ба КРН мегузарад ва ҳамин тариқ ахборе, ки дар ген ҷой гирифтааст  як  қисми занҷири он  дар КРН- навишта нусхабардори карда  мешавад, ки ин ҳолатро нусхабардори ва ё бо истилоҳи руси  транскрипсия меноманд. Бисёри вақт рибосомаҳо низ бо  чунин раванд  номгӯи бо тартиби аминокислотаҳои дахлдорро ба вуҷуд меоранд вале ин нисбатан  кам ба назар мерасад.

Баъди анҷом  ёфтани нусхагири (копия) дар ҳучайра ҳодисаи раванди КРН' н-и  нақлиёти  яъне бурда расонидан барои ба вуҷуд омадани синтез хизмат мекунад, ки инро бо истилоҳи русӣ (т-РНК - транспортная РНК) меноманд. Кодонҳои КРН-и ахбориро аз рӯи қитъаҳои антикодони комплементарие, ки дар канори молекуллаи мутақобилаи аминокислота ҷойгир шудаанд  муайян мекунад. Кислотаҳои майдамолекулаи гурӯҳои аминӣ  барои ба вуҷуд овардани сафеда бо якдигар пайваст мешаванд, ба аминокислота имконияти синтези кардани сафедаро медиҳад. Ҳар кадом аминокислота ба рибосома ҳамроҳи КРН-и махсуси нақлиёти (КРН-н) дохил мешавад. Аминокилотаи аланинро КРН-и нақлиётии аланинӣ, аминокислотаи валинро КРН-и нақлиётии валинӣ нусхабардори мекунад ки синтезаи 20 аминикислотаҳои дар сефеда буда ҳамин тавр давом меёбад.

 

 

Гузаштани синтези сафеда дар рибосома

     Раванди синтези сафеда дар рибосома низ ба амал меояд. Ахбор дар бораи сохти сафеда ба рибосома тавассути КРН-а интиқол дода мешавад. Рафти ҳамин ҳодисаро «транслятсия» яъне кучидан ё кучонидан  меноманд. Механизми кӯчиш дар тавре ба амал меояд, КРН, яъне аз алифбои 4 ҳарфа ба алифбои 20 ҳарфаи силсилаи сафеда гузаронида мешавад. Ин раванд бо иштироки рибосома, КРН-и ахборӣ ва КРН-и нақлиётӣ мегузарад. Ин таъсири дутарафа аз рӯи принсипи комплементарӣ ба амал меояд. Чунон чӣ қайд намудем  агар порчаи силсилаи КРН-и ахборӣ, ки дар ҷои муайяни рибосома воқеъ аст , тартиби нуклеотидии ГУУ (Гуанин,Уратсил,Уратсил) дошта бошад, пас ба ин триплет силсилаи КРН-и нақлиёти, ки дар қитъаи худ триплети САА дорад, ба тариқи комплементарӣ пайваст мешавад. Чунон ки маълум аст, ба молекуллаи КРН-и нақлиёти дорои ҳамин гуна триплети САА фақат аминокислотаи валин пайваст шуда метавонад, бинобар ин триплети ГУУ  низ  пайваст шуда метавонад.

   КРН-и ахборӣ ба рибосома даромадан ва аз рӯи принсипи комплементарӣ маҳз ба валин пайвастани КРН-и нақлиётиро муайян мекунад. Сабаби ба триплети силсилаи (КРН-а) мувофиқ омадани аминокислотаи муайян дар ҳамин аст. Рибосома дар КРН-а аз триплет ба триплет мегузарад, аммо ин на ба таври муттасил, балки бефосила, қадам ба қадам ба амал меояд. Баъди кӯчонидани як триплет вай ба триплети ҳамсоя ҳаракат мекунад  ва лаҳзае боз меистад. Амали кӯч «транслятсия» дар муддати хеле кўтоҳ ба анҷом  мерасад ва силсилаи полипептидӣ ба андозаи як банд дароз мешавад. Минбаъд рибосома «қадам ба қадам» ба триплети ҳамсоя мегузарад, боз андак ором мегирад ва ҳамин тавр то охири роҳи КРН-а такрор меёбад. Бояд қайд кард, ки дар рибосома ба ғайр аз молекуллаи КРН-н, ки ба он аминокислота овезон, боз як молекуллаи КРН-н аст. Вале бар хилофи молекуллаи КРН-н бо нӯги худ ба нӯги силсилачаи сафедае, ки дар раванд синтез мебошад, васл шудааст. Якҷоя шудан дар ҷараёни ахбор ва ҷараёни материал дар ҳиссаҳои синтезкунандаи сафедаи ҳуҷайра-рибосомаҳо лаҳзаи асосии раванди биосинтези сафеда мебошад.

 Бобур Наҷодов 

Магистранти курси дуюми кафедраи генетика ва селексияи

Донишгоҳи давлатии аграрии

 Академияи кишоварзии шаҳри Москва ба номи К.А. Тимирязев

Хондан 5995 маротиба