JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 17 Марти 2022 09:36

Нек кун, то нек пеш ояд туро

Муаллиф:

    Дар ҳунар кўш, ки зар чизе нест,

     Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.

  Улугхоҷаева Махсуда Яҳёевна 15-маи соли 1946 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1953 ба мактаби №15 ба синфи 1-ум рафта соли 1964 мактаби номбурдаро хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна  худи ҳамон сол  1964 ба факултаи физикаи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳозира Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат месупорад, бо сари баланд, донишҷўи ин даргоҳи бомаърифат мегардад.  Соли 1969 донишгоҳро бомуваффақият хатм менамояд, бо роҳхати донишгоҳ ба институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови  АИ ҶТ ҳозира АМИТ фиристонида мешавад. Дар лабораторияи нимноқилҳо ба ҳайси лаборанти калон ба кор шурўъ мекунад. Соли 1976 бошад, барои иҷрои корҳо   Улугхоҷаева М.Я. ба вазифаи ходими хурди илмӣ гузаронида мешавад, то соли 1996 дар ин вазифа кор кардааст.  Солҳои 1976-1982 иштирокчии якчанд конференсияҳои умумииттифоқии даврони Шуравӣ дар мавзуъи  пайвасти нимноқилҳо аст. Улугхоҷаева М. ҳамммуаллиф дар 5- мақолаи илмӣ дар мавзўъи эвтетикӣ дар асоси пайвастагиҳои нимноқилӣ дар солҳои 1980-1984 мебошад. Аз соли 1996 то соли 2010 ходими хурди илмии Маркази омӯзиши татбиқи манъбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти номбурда кор кардааст.

  Соли 2011 бошад ходими илмии  Маркази омӯзиши манъбаҳои барқароркунандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров. Улугхоҷаева М. ҳаммуаллифи зиёда аз 30-мақолаи илмӣ ва 3 ихтироъ мебошад. Бо маслиҳатҳои муфиду роҳнамоии муаллима бо ҷавонон, барои пешбурди  корҳои илмӣ ва дифои рисолаҳои илмӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Дар тули солҳои корӣ ҳамчун аъзои иттифоқи касаба, аз соли 2016 то инҷониб  ҳамчун муҳандиси пешбар ва мутассадии амвол шуда кор  ва фаъолият дорад.  Меҳнатҳояшро ба назар гирифта, бо ифтихорномаҳои Институт ва АМИТ қадрдонӣ   карда шудааст. Ҳамин хислатҳои неку софдилонаи ин зани меҳрубонро ба назар гирифта, маъмурияти Институт  ба гирифтани медали зиёда аз 50 соли фаъолияти дар як корхонаи илмӣ бефосилаи пурсамар дар АМИТ пешниҳод намуданд,ки ин ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон мувофиқ  омад, барои фаъолият ва корҳои дилсофонааш бо медал сарфароз гардонида шуд.

 

 Бо қарори

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Аз “25” октябри соли 2021,

№113

бо медали “50 соли фаъолияти бефосилаи пурсамар дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Кормандони институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ хурду калон Махсуда Яҳёевнаро ҳамчун  зани фаъол, кушодарўй хоксору меҳрубон  ҳурмату эҳтиром менамоянд.

Ба ин зани меҳнатдўст, инсони заминӣ, ки ба сину соли худ нигоҳ накарда дар тамоми  корҳои илмию ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд, аввало саломатӣ умри дарози бобаракат, рузѓори обод,муваффақиятҳои бепоёнро таманно дорем.

Шамъ шав, шамъ,ки худро сӯзӣ

То бад-он базми касон афрӯзӣ.

Абр шав, то ки чу борон резӣ,

Бо гулу хас ҳама яксон резӣ.

 

Сайфуддинова Робия Зайниддиновна

муҳандиси лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ

институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ

Хондан 1380 маротиба