JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 28 Марти 2022 08:26

Наврӯзи аҷам

Муаллиф:

Наврӯзӣ

Наврӯзи зебо гардун, 

Наврӯзи куртагулгун.

Файзу баракати ту,

Беҳтар зи чархи гардун.

                                      Наврӯзи мо қашанг аст,

                                      Рӯяш,ки лоларанг аст,

                                      Ӯ як вале ҳазорон.

                                       Аз ишқи вай ба ҷанг аст.

Ҳар фасли соли олам,

Некӣ кунед ба одам.

Зинда шавад ба наврӯз,

Сад мурдае ба ҳар дам.

                                       Ҳар кас агар ба наврӯз,

                                       Дорад агар,ки зодрӯз.

                                       Як даста гул барояш,

                                       Ҳадя зи мо дар он рӯз.

 

Ҳар фасли сол ба одам,

Ояд накуву хуррам.

Он аст фасли наврӯз,

Ай бандаи мукаррам.     

 

  Кашфи ҳақиқати Наврӯз аз китоби “Наврӯзнома”и  Умари Хайём

  Кашфи ҳақиқати Наврӯз  ба мулки Аҷам наздиктарин кадом рӯз будаасту  кадом подшоҳ  ин номро ниҳодааст. Сабаби номгузории Наврӯз, он будааст, чун донистанд,ки Офтобро ду давр бувад, яке он,ки се саду шасту панҷ рӯз аз шабонарӯз  ба аввал дақиқаи Ҳамал яъне боз ояд ба ҳамон вақту рӯз,ки рафта буд. Бо ин дақиқа натавонад омадан, Чун Ҷамшед он рӯзро дарёт Наврӯз ниҳод ва ҷашн оин овард. Пас аз он шоҳони дигар низ ба ӯ пайравӣ карданд. Чун Каюмарс дар Аҷам ба тахти шоҳӣ нишаст, хост,ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист он рӯзи бомдод Офтоб ба аввал дақиқаи  Ҳамал омад. Мубадони Аҷамро ҷамъ овард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд  ва чунин гуянд,ки чун Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро ( чун даври Офтоб бигашт дар муддати  се саду шасту панҷ рӯз) ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахшро  си рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод ва фариштае бозбаст, аз он дувоздаҳ фариштае,ки Эзиди табораку таъоло эшонро бар олам бошад. Наврузи бузург  аз нав гаштани аҳволи олам бошад. Ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузарад.

   Бо ташаббус ва пешниҳоди  асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ шуд

   Пешвоё давлатат поянда бод,

     Номи неку кори некат зинда бод

     Чеҳраат бошад шукуфон ҳамчун гул

      Доимо ан-дар лабонат ханда бод

  Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гашт.  19 феврали 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард,ки  тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Баъд аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад, яъне аз 21март-24 март – дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

  Наврӯз – рӯзи нав, баробаршавии шабу рӯз, дар 21-март, бедоршавию аз нав зиндашавии табиат, оғози баҳори хуррам, Иди Садда яъне 100-рӯз ба мондани наврӯз онро низ мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз мегирем, пас аз он наврӯзи хуҷастапайро. Нишонаи наврӯз ин аввалин гулҳои баҳорӣ яъне бойчечак, сиёҳгуш аз замин сар мекашанд, аз омад-омади баҳор мужда медиҳанд.

 Баҳор омад, баҳор омад

Гули савсан қатор омад

Ба деҳқон вақти кор омад

Баҳори нав муборак бод.

 Дар ҳақиқат  фасли деҳқон аст, марди деҳқон дар ин фасл каланд бар  даст гирифта, ба киштукори баҳорӣ сар мекунад, пирони деҳа якҷо шуда, даст ба дуо мебардоранд ва ба марди деҳқон барори кор мехонанд. Аз оғози кор,  то ба анҷоми кор ба деҳқон бобарориҳо мехоҳем.

 Модарон ба тозаю озода намудани хонаҳои худ, аз ҷумла курпаҳоро  ба офтоб мебароранд, гилему намадҳоро мешӯянд , тамоми хонаҳоро рӯбучин менамоянд. Гандум ҷудо намуда суманак мегузоранд, майсаи гандум сар мекашад ва сарсабзиҳо меорад, занҳо  суманакро куфта ба дег андохта, аз таги дег  алов монда, шеърҳои баҳори аз ҷумла

Суманак дар ҷӯш мо дафча занем,

Дигарон дар хоб мо кафча занем

Суманак зеби баҳорай

Меваи шабзиндадорай –гӯён то субҳгоҳон шеърхонӣ

менамоянд, ва ҳар ки агар  кафгирро ба даст гирад, нияту орзуҳои нек мекунад, ба духтаракон низ тавсия медиҳанд занҳои калонсоли деҳа ки деги суманакро кофта орзуҳо кунанд.    Кудакон гулгардонӣ мекунанд,ба ҳар хонадон рафта гулҳо тақдим менамоянд, бонувони хона аввало гулро ба дидаҳо молида, бо сад умеду орзу ба онҳо шириниҳо тақдим менамоянд.   

 Дар Наврӯз хони Наврӯзи мекушоянд, ки ба он ҳафтсину ҳафтшинро мегузоранд.

 Хафтсин: Суманак, сир, синҷит, сипанд, себ, сабза, сикка     

 Ҳафтшин: Шона , ширинӣ,  шакар,шакароб, шамъ,шир, шарбат  

 Дар рӯзи Наврӯз асосан дар деҳот, хони наврӯзӣ мекушоянд, аввалин чизе,ки ба  болои дастархон гузошта мешавад ин суманак аст. Хурокҳои  бомаззаи миллӣ аз ҷумла далда,ки дар базе маҳалҳо дангича, гандумкучак, боч, мегуянд, гандумро як рӯз пеш куфта бо нахуду лубиё ҳамроҳ намуда, бо калаю почаки гов ё гусфанд, якҷо намуда  аз субҳгоҳҳон модарон аз таги дег алав мемонанд, ки то қиёми руз нағзакак пазад, боз оши бурида( яъне оши туппа), оши палов.  Духтари тоҷик  бо пушидани куртаи атласу адрас, куртаҳои чакани ҳарранга, дар сар тоқичаи аҷаб зебанда, дар наврӯзу баҳори дилкаш ба сайру гашт мебароянд. Ҷавонписару духтарон гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба шеърхонию гулгардонӣ  машғул мешаванд,хабари бузкашӣ аз як деҳа ба деҳаи дигар паҳн мегардад човандозҳо ба бузкашӣ мераванд мардум аз тамошои он ба завқ меоянд, дар кунҷи дигар мардон давра сохта, ба кабкбозӣ ва хурусҷанг машғул мешаванд, кабкҳои дарӣ қақразанон  аз омад- омади баҳор хабар медиҳанд. Агар ба мардуме,ки ба тамошою сайри Наврӯз мебароянд,  хоҳ дар деҳ, хоҳ дар шаҳр ба чеҳраи ҳар яки онҳо бодиққат назар андозем дар онҳо хоксорӣ дили беғаш, беғамӣ бепарвоӣ осудагию дилгармиро нисбат ба ин Ватани биҳиштосо мушоҳида менамоем ,ки бигузор доимо тинҷию оромӣ ҳукумфармо бошад.  Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, дар чаҳор фасли сол сарсабзу хуррам, гуё баҳор аст ва Наврӯзро мемонад.Чунончӣ шоир бар бораи баҳору ошиқон чунин гуфтааст:

                         Толиби ту манам

Мавсими навбаҳор шуд, ошиқи гулбасар манам,

Ғунчаи навшукуфта ту, блбули нағмагар манам.

Дилбарако дар ин чаман, лолаи сурхрӯ туӣ,

Сабза, ки пеши пои ту, ниҳодааст сар манам.

Он,ки ба ҷилва меравад, чун сарви бустон туӣ,

Он,ки назорат кунад, аз дили пуршарар манам.

Он,ки зи номи маъшуқи карда фаромушам туӣ,

Он,ки ба ёди рӯи ту шабро кунад, саҳар манам.

Он.ки зи дасти Вайсиддин ба ишва дил рабуд туӣ,

 Як сухане зи меҳр гӯй толиби ту нигар манам.

  Ба тоҷикону Тоҷикистониён!

 Ҳамватанони азиз Наврӯзро ба хонадони ҳар яки Шумо   муборакбод бод гуфта, ба ҳамаи Шумоён қалби пок, файзу баракати беандоза, ба модари тоҷик рӯзғори осуда,бигузор чун гулҳои баҳорӣ доимо хандон ва чун Хуршеди тобон дурахшон бошанд.

Сайфуддинова Р.З

Одинаев Ф.Р.

Кормандони институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ

 

Хондан 1845 маротиба