JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 22 Декабри 2022 11:11

Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо

Муаллиф: Насруллоев Хайриддин

   Маврид ба ёдоварист, ки 3 марти соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда буданд. Дар видеоконфоронси сатҳи баланд ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Призиденти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об», Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ суханронӣ намуда, бо овардани далелҳои илман асоснокшуда ҳам ба иштирокдорони ин Ҷаласаи сатҳи баланд ва ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуда буданд, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ба мушоҳида мерасанд ва ҳамзамон, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд. Пешвои миллат вобаста ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тӯли чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд.

    Зиёд будани шумораи ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

   Дар баромади пурмуҳтавои сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захираи пиряхҳоро манбаи асосии оби нӯшокӣ баён намуда, омили асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карда буданд. Ҳамчунин зикр намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

   Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ - пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Таҳқиқҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

   Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар бораи эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Дипломатияи об ё риштаи  ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд.

  Итминони комил дорем, ки бо татбиқи пурсамари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат нуфузу эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло рафта, барои ҷомеаи байналмилалӣ рушди устувору иқтисоди сабз ва барои наслҳои баъдии инсоният зиндагии шоиставу муҳити зисти солим таъмин мегардад.

  Мусаллам аст, ки дар даҳсолаҳои охир инсоният ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ дучор гардид: инҳо тағйирёбии иқлими сайёра ва бар асари он зиёдшавии фалокатҳои табиӣ, обхезӣ, яхчу тармафароӣ, обшавии пиряхҳо, проблемаҳо оид ба таъминоти об бинобар зиёдшавии босуръати аҳолӣ, хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва ғайра мебошанд.

    Дар робита ба оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд.

   Видеоконфронс, ки таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас ба вуқуъ пайваста буд, пешниҳоди Сарвари давлати моро оид ба эълон намудани соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо қобили қабул дониста, ҳамчунин пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷиккистон оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро низ мавриди таҳлилу омӯзиши васеъ қарор дода буд.

  Ҳамин тариқ, зимни омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи пешниҳоди Президенти давлати мо, боиси хушнудист, ки 14-уми декабри соли равон, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишвари аъзои ин созмони бонуфуз қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуд. Иқдоми наҷиби саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ гарму ҷӯшон дастгирӣ ёфт.

   Зикр намудан бамаврид аст, ки СММ бо мазмуни зерин қатъномаро қабул кард, ки дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ таҷассум ёфтааст:

  • Мутобиқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид;
  • Аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад;
  • Мутобиқи қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад;
  • Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

   Қатъномаи мазкур муҳимияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Ҳамчунин дар санади мазкур таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.

Насруллоев  Хайриддин 

ходми илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии

ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Хондан 1441 маротиба