JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 03 Январи 2023 05:18

Об –мушкилоти глобалии замони муосир

Муаллиф: Бобоев Комрон

 «Қадру қимати об аз қадру қимати  нафт, газ, ангиштсанг ва намудҳои дигари сузишворӣ ва  манбаҳои энергетикӣ кам нест…» Эмомалӣ Раҳмон

  Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштааст, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

  Имрӯз ҳарчанд об дар сайёраи мо хеле зиёд аст, бо вуҷуди он дар бисёр минтақаҳо сайёраамон аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодуруст ба табиат мувозинати муҳити зист номураттаб гардид ва офатҳои гуногуни табиӣ афзуданд. Сол то сол хушксолиҳои харобиовар бештар рух дода, обхезиҳо пурзӯру мудҳиштар мешаванд ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ мушкилтар мегардад [1, c.54-58].

  Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шуда ни пиряхҳои куҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол  90%-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд. нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешаванд.
  Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти ҶТ солҳои 2005-2015 даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм (баъд аз Русия) қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад.
  Мутаассифона, қисми зиёди обҳои ҷумҳурӣ тавассути дарёҳо ба ҳудуди дигар кишварҳо ҷорӣ шуда, заминҳои давлати бегонаро шодоб менамоянд. Анқариб 70%-и оби дарёҳои бузургтарини Осиёи Миёна, яъне Сирдарё ва Амударё дар ҳудуди Узбекистон ва Туркманистон истифода мешавад. Гарчанде Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳо воқеъ аст, вале садҳо ҳазор гектар заминҳо ҳамчун заминҳои лалмӣ боқӣ монда, обёрӣ намешаванд[2, c.74-75].

   Яке аз проблемаҳои экологии минтақавӣ ин муаммои баҳри Арал мебошад. Вобаста ба он ки солҳои охир оби Амударё ва Сирдарё қариб пурра дар заминҳои Узбекистону Туркманистон барои обёрӣ истифода шуда, ба баҳри Арал об хеле кам ҷорӣ мешавад, бухоршавии об дар ин баҳр хело ҳам зиёд аст. Мувофиқи маълумоти оморӣ баҳри Арал дар масоҳати 30000 км2 хушк шудааст ва он бо суръати тез идома дорад

  Сарвари давлат Эмомали рахмон дар мубохисаи умумии ичлосияи 64-ми Мачмааи умумии СММ махсусан кайд карданд , ки «Аз ин минбари баланд мехохем масъалаи марбут ба хушкнашавии бахри Аралро хотирнишон созем.Сабаби асосии ин фочеаи экологи аз худкунии микёсан зиёди замин барои зироатхои обталаб ба монанди пахта ва шоли мебошад.Дар айни хол рахои аз вазъи ба амал омада, ки мучиби шур задани заминхо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз чониби мамлакатхои минтака андешидани тадбирхои мушаххас доир ба сарфаи об тавассути баркарорсозии шабакахои обтаъминкуни ва замин, чори кардани технологияхои навини обёри, ки ба халли масъалахои марбут ба бухрони озукавори низ мусоидат хохад кард».

  Вокеъан хам об яке аз сарватхои бебахои табиат буда, сарсабзию шукуфои ва пойдории олам ба он сахт марбут аст.Бешубха дар он чое, ки об вучуд дорад, нишонаи хаёти зинда, абади ва хушбахтиву комрони низ дида мешавад.Об дар ташаккули чинс накши мухим дошта, махз ба василаи он мубодилаи моддахо ба амал меоянд.Даркурраи замин 3-хисса обу 1-хисса хушкист .Вале кисмати зиёди ин об шуру талху корношоям ва ба талаботи экологи чавобгуй нест.Танхо як фоизи он ширин буда, ба эхтиёчоти ошомиданиву кишоварзи ва истехсолии чахониён ба кор бурда мешавад.Ва ин хам дар кисматхои курраи арз нобаробар чой гирифта.

  Хушбахтона Точикистон аз дороии захирахои об яке аз чойхои намоёнро  ишгол  менамояд.Эхёи хар катра оби мусаффои кишвар шоиста буда  далели рисолати тафаккури ачдодист.Агар мо обро самаранок мавриди истифода карор дода, софии онро таъмин созем, хеч гох ба касалихои гуногун дучор нахохем шуд .Тарзи солимии зиндаги ба маданияти баланди худи инсон вобаста аст.Инчунин рангорангии табиати сехрангез, хандаи гулхои тар, сарсабзии растани, навои обшор, мавчи сабзи талу теппахо ба шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

  Обро мардуми точик мукаддас мешуморад, ки ин нукта хам аз Куръон ва ривоёти исломи сарчашма мегирад.(Зимнан посдориву арчгузории чахор унсур дар Авастохам вучуд дорад).Мо низ чун узви комилхукуки чомеъа бояд оби чашмаву дарёххоро пок нигох дорем.Дар поку беолоиш нигох доштани онхо сахмгузор бошем.Фаромуш набояд кард, ки оби тоза асоси хаёти солим ва неъмати бебахои худододро поку беолоиш нигох доштану ба ояндагон мерос мондан карзи хар як инсон аст.

  Ба эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ дар давоми бист соли охир Тоҷикистон ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

  Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муааззаму мукаррами кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва кули мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз қайд намуданд, “ мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

   Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташабуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор  2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Аз ҷумла, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”   баргузор мегардад, ки мақоми хоса дошта, аз обрўи сатҳи байнамилалии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

 Бобоев Комрон

докторанти Институти химия ба номи В.И.Никитин АМИТ 

                    Адабиёт:

  1. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан Генеральное консульство Республики Таджикистан в Уфе.[Электронный ресурс]–Режимдоступа: http://tajgenconsul-ufa.ru/news/129.html (дата обращения 19.02.2018)
  2. Об манбаи ҳаёт. https://tj.allinweb.ru/mavzui/339
  3. Об – ҳаёт дар рӯи замин. https://soi.tj/?p=3909&lang=tg
  4. Об-манбаи ҳаёт. https://mort.tj/1754-2/
  5. Об – неъмати бебаҳо. http://www.javonon.tj/news/social/ob-nemati-beba-o/
  6. Р.Ғ.Забиров., Экология: китоби дарси барои донишҷўёни мактабҳои олӣ. Душанбе “Эр-граф” 2013, 480с.
Хондан 1276 маротиба